МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН

Таҳлили қанди хун

Бояд ҳар як нафар одам, баъзан вақт аз таҳлили қанди хун гузарад. Ҳатто агар шумо худатонро хеле хуб ҳис кунед ҳам. Ҳеҷ гуна ташвиш ва ноқулайӣ надорад, аммо манфиаташ ба ҳама аён аст. Тестҳо барои санҷидани дараҷаи қанди хун хеле зиёданд: ҷамъоварии хун аз вена, аз нӯги ангушт, бо сарборӣ (кори ҷисмонӣ) ва бе сарборӣ ва ҳатто чунин «даррандаи » тамоман номаълуме ба мисли гемоглобини гликогенӣ. Чӣ гуна ва барои киҳо ин зарур аст ва натиҷаҳои онҳоро чӣ хел фаҳмидан мумкин аст?

АЗ РӮИ КАДОМ АЛОМАТҲО БАЛАНДШАВИИ ДАРАҶАИ ҚАНДИ ХУНРО МУАЙЯН КАРДАН МУМКИН АСТ?

Тахлили канди хун

Нишонаи классикӣ – ташнагии доимӣ. Зиёдшавии миқдори пешоб низ касро ба таҳлука меандозад (аз ҳисоби дар он пайдо шудани глюкоза), беохир хушк мондани даҳон, хориши пӯст ва пардаҳои луобӣ (аксар вақт дар узвҳои таносул), беқувватии умумӣ, мондашавӣ, даммалҳо. Агар шумо ҳатто як нишонаро пай бурда  бошед, махсусан агар якҷоягии якчандтои онҳоро – пас беҳтар аст, ки фол дида нашинеду зудтар ба назди духтур равед. Ё ин ки ҳамту пагоҳӣ бо шиками гурусна барои таҳлили қанди хун, аз нӯги ангуштатон хун супоред.

СИРРИ ПАНҶ МИЛЛИОН

Дар Россия ба таври расмӣ зиёда аз 2,6 миллион одам бо диабети қанд ба қайд гирифта шудаанд, дар баробари ин 90% -и онҳо ба  диабети намуди 2-юм гирифтор ҳастанд. Аз рӯи маълумотҳои тадқиқотҳои назоратӣ-эпидемиологӣ, миқдори ин гуна беморон ҳатто 8 миллионро ташкил медиҳад. Аз ҳама ногувораш он аст, ки – аз се ду ҳиссаи одамони ба диабет гирифтор буда (зиёда аз 5 миллион) оиди ин мушкилоти худ пай намебаранд (намедонанд).

Ҳангоми ба диабети қанди намуди 2-юм гирифтор будан дар нисфи одамони бемор нишонаҳои хоси ин беморӣ ба назар намерасанд. Аз ин мебарояд, ки барои ҳама зарур аст, ки баъзан вақт ба таври даврӣ дараҷаи қанди хунашонро бисанҷанд?

Бале. Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ВОЗ) тавсия медиҳад, ки баъди  40 солагӣ, пас аз ҳар як се сола барои таҳлили қанд, хун супорида шавад. Агар шумо ба гурӯҳи хавфнок тааллуқ дошта бошед (вазни барзиёд, хешовандони гирифтори диабет доред) он гоҳ бояд ҳар сол хун супоред. Ин имконият медиҳад, ки ба хурӯҷи беморӣ роҳ надиҳед ва онро то дараҷаи оризаҳо оварда нарасонед.

ЧӢ ГУНА НИШОНДИҲАНДАҲОИ ДАРАҶАИ ҚАНДИ ХУН МЕЪЁРӢ ШУМОРИДА МЕШАВАНД?

Агар шумо аз нӯги ангушт хун супорида бошед  (дар дили наҳор/бо шиками  гурусна): 3,3–5,5 ммоль/л – меъёрӣ аст, новобаста аз синну сол; 5,5–6,0 ммоль/л – предиабет (саршавии диабет), ҳолати мобайнӣ/муттавассит.  Онро инчунин вайроншавии бардошткунии глюкоза (нарушением толерантности к глюкозе (НТГ)) ё гликемияи вайроншуда дар дили наҳор низ меноманд  (нарушенной гликемией натощак (НГН)); 6,1 ммоль/л ва аз он болотар – диабети қанд. Агар хунро аз вена гирифта бошанд (инчунин дар дили наҳор), меъёр тахминан 12% зиёдтар аст – то 6,1 ммоль/л (агар аз 7,0 ммол/л  болотар бошад – пас кас диабети қанд дорад).

Кадом таҳлил дақиқтар аст – экспрессӣ ё лабораторӣ?

Дар як қатор марказҳои тиббӣ таҳлили қанди хун  бо усули экспрессӣ (бо глюкометр) иҷро карда мешавад. Ба ғайр аз ин бо глюкометр чен кардани қанди хун дар шароити хона низ хеле қуллай мебошад. Аммо натиҷаҳои таҳлили экспрессӣ тахминӣ шуморида мешаванд, онҳо назар ба таҳлилҳои дар таҷҳизотҳои лабораторӣ гузаронидашуда камтар дақиқ ҳастанд. Барои ҳамин ҳангоми аз меъёр берун будани он зарур аст, ки боз барои таҳлили лабораторӣ аз нав хун супорида шавад (одатан барои ин кор хуни вена истифода бурда мешавад). 

Оё натиҷаҳо ҳамеша дақиқ ҳастанд?

Бале. Агар нишонаҳои назарраси диабет маълум бошанд, санҷиши якмартагӣ кифоя аст. Аммо агар нишонаҳо мавҷуд набошанд, ташхиси «диабет» дар он ҳолате гузошта мешавад, ки дараҷаи қанд 2 маротиба (дар рӯзҳои гуногун) зиёда аз меъёр маълум шуда бошад.

БА ТАШХИСИ ГУЗОШТАШУДА БОВАР КАРДА НАМЕТАВОНАМ, ОЁ ЯГОН УСУЛИ АНИҚ КАРДАНИ ОН МАВҶУД АСТ?

Боз як тести дигар ҳаст, ки дар як қатор ҳолатҳо барои ташхиси диабет гузаронида мешавад: намунаи санҷишӣ бо «сарбории (вазнинии) қандӣ». Дараҷаи қанди хунро дар дили наҳор (бо шиками гурусна) муайян мекунанд, баъдан шумо 75 г глюкозаро дар шакли сироп менӯшед ва пас аз 2 соат боз аз нав барои таҳлили қанд хун месупоред ва натиҷаашро месанҷед, то 7,8 ммол/л меъёр, 7,8  – 11,00 ммол/л – саршавии диабет, болотар аз 11,1 ммол/л – диабет. Пеш аз тест ба мисли муқаррарӣ хӯрок хӯрдан мумкин аст. Дар давоми 2 соати байни таҳлили якум ва дуюм хӯрдан, сигор кашидан, нӯшидан мумкин нест; сайру гашт кардан (сарборӣ (кори ҷисмонӣ)/машғулиятҳои ҷисмонӣ дараҷаи қандро паст мефароранд) ё баръакс  хоб рафтан ё дароз кашидан дар рӯи кат низ  номатлуб аст (зарурат надорад) – чунки ҳамаи инҳо натиҷаҳоро барғалат карда метавонанд.

КАМ КАРДАНИ ВАЗН –  БОЗДОШТАНИ ДИАБЕТ АСТ

Барои то кадом дараҷа кам кардани вазн, формулаи тахминӣ чунин талқин мекунад: — қад (бо см) – 100 кг. Таҷрибаи амалӣ нишон медиҳад, ки барои беҳтар кардани аҳволи саломатӣ ба миқдори 10-15% кам кардани вазн басанда аст.

Формулаи боз ҳам дақиқтар:
Нишондиҳандаи (индекси) Массаи Бадан (ИМТ) = массаи бадан (кг) : қад дар  квадрат (м2).
18,5–24,9 – меъёр;
25,0 –29,9 – вазни барзиёд  (зинаи 1-уми фарбеҳшавӣ);
30,0–34,9 – зинаи 2-юми фарбеҳшавӣ; хавфи (риски) гирифторшавӣ ба диабет;
35,0–44,9 – зинаи 3-юм; хавфи гирифторшавӣ ба диабет.

Чиҳо ба натиҷаи таҳлил таъсир мерасонанд?

Ҳама гуна таҳқиқу муоинаҳои дараҷаи қанд бояд дар ҳошияи хӯрокҳои муқаррарӣ гузаронида шаванд. Риоя кардани ҳеҷ гуна парҳезкунии (диетаи) махсус, аз шириниҳо даст кашидан зарурат надорад, дуруст аст, ки албатта пас аз шабнишинии пурдабдабае низ дар пагоҳирӯзӣ ба лаборатория рафтан кори хуб (лозим)  нест. Набояд таҳлилҳо дар ҳошияи ягон ҳолати вазнин, аз қабили  шамолхӯрӣ/ (хунукзадагӣ), ҷароҳат  (травма) ё  инфаркти миокарда гузаронида шаванд. Ҳангоми ҳомиладорӣ низ критерияҳои ташхисгузорӣ дигар хел хоҳанд буд.

Барои чӣ таҳлили гемоглобини гликогенӣ (агиштобагӣ) зарур аст (HbA1c)?

Нишондиҳандаи HbA1c дараҷаи миёнаи шабонарӯзии қанди хунро дар 2-3 моҳи охир инъикос мекунад. Ҳоло ин таҳлилро аз сабаби мушкилотҳои стандартигардонии усулҳо барои ташхиси диабет истифода намекунанд. Ба бузургии нишондиҳандаи HbA1c иллатнокии гурдаҳо, дараҷаи липидҳои хун, мавҷудияти гемоглобини аномалӣ ва ғайра таъсир карда метавонанд. Нишондиҳандаи аз меъёр баландшудаи  гемоглобини гликогенӣ  метавонад на фақат диабет ва баландшавии бардошткунӣ ба глюкозаро нишон диҳад, балки масалан анемияи камчинии оҳанро низ нишон диҳад. Бинобар ин тести HbA1c барои онҳое зарур аст, ки дар онҳо аллакай диабет дарёфт шудааст. Тавсия дода мешавад, ки ин гуна таҳлил пас аз гузоштани ташхис супорида шавад ва баъдан дар ҳар як 3-4 моҳ (тавассути дар шиками гурусна аз вена хун супоридан) аз нав супорида шавад. Ин як намуди баҳодиҳии он мешавад, ки шумо чӣ тавр дараҷаи қанди хунатонро назорат мекунед. Зимнан (дар омади гап) натиҷаи таҳлил аз усули истифодашаванда вобастагӣ дорад, барои ҳамин барои он ки тағйирёбии гемоглобин назорат карда шавад, шумо бояд донед, ки дар лаборатория аз кадом усул истифода кардаанд.

ЧӢ БОЯД КАРД, АГАР ДАР МАН САРШАВИИ ДИАБЕТ (ПРЕДИАБЕТ) ПАЙДО ШУДА БОШАД?

Саршавии диабет – ин саршавии вайроншавии мубодилаи карбогидратҳо мебошад, сигнал дар бораи он ки шумо ба минтақаи хавфнок ворид шудаед. Пеш аз ҳама бояд фавран аз вазни барзиёд халос шавед (одатан дар ҳамин хел  беморон ин гуна мушкилӣ ҳаст), дуввум бояд оиди паст кардани дараҷаи қанд чораҷӯйӣ намонед. Вагарна боз камтари дигару – он гоҳ дер шуда мемонад. Хӯроквориатонро то ба 1500 – 1800 ккал дар як шабонарӯз маҳдуд намоед (вобаста ба вазни аввалӣ ва хӯроки муқаррарӣ), аз кулчақандҳо, қонфетҳо, самбӯсаҳо даст кашед; хӯрокҳоро бо буғ пазед, обпаз кунед ва беравған пазед. Танҳо тавассути иваз кардани ҳасибчаҳо — ба ҳамон миқдори баробари гӯшти обпазшуда ё гӯшти лаҳми мурғ, иваз кардани майонез ва қаймоқи серавған бо салат – ба йогурти ширтуруш (ҷурғот) ё қаймоқи беравған, ва ба ҷои равғани маска – ба нон гузоштани бодиринг ё помидор, вазн партофтан мумкин аст. Дар як рӯз 5-6 маротиба хӯрок хӯред. Маслиҳат кардан бо диетолог – эндокринолог оиди хӯрокхӯрии дуруст низ хеле фоиданок аст.

Фитнеси ҳарӯзаро низ ба ин илова кунед: шиноварӣ, аквааэробика, пилатес… Барои одамоне, ки хавфи бемории ирсӣ, фишори баланди артериалӣ ё  дараҷаи баланди холестерин доранд, ҳатто дар зинаи саршавии диабет доруҳои пасткунандаи дараҷаи қанд таъин мекунанд.

Ба саволҳо Олег УДОВИЧЕНКО, номзади илмҳои тиббӣ, духур-эндокринологи Маркази тиббиии «Прима Медика» посух гардонид.

Назди admin

Инчунин хонед инро

xirs

ҲИКОЯИ ХИРС ВА ОН АБЛАҲ, КИ БАР ВАФОИ Ў ЭЪТИМОД КАРДА БУД

Хирс ҳам аз аждаҳо чун вораҳид Во-н карам з-он мард мардона бидид. Чун саги асҳоби …