МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
АСОСӢ / Таърихи тоҷикон / ТАМАДДУНИ ДАВЛАТИ СОМОНИЁН

ТАМАДДУНИ ДАВЛАТИ СОМОНИЁН

Хоҷагии қишлоқ

Аксари аҳли меҳнат машғули зироат ва чорводорӣ буд. Зироати обӣ дар Осиёи Миёна ва дар Хуросон ба ғояти равнақ расид, шабакаи пурвусъати анҳору каналҳо ва иншооти мураккаби обёрӣ самараи зироатро ниҳоят афзун гардонданд. Барои тавсифи хоҷагии ин давра таъини ҳамин ҷиҳат хеле муҳим мебошад, ки дар асрҳои IХ-Х нисбат ба давраҳои пешина дар миқдори заминҳои кишт ва шумораи иншооти обёрӣ тағйироти ба назар намоёне шуда буд ё не. Азбаски дар асрҳои IХ-Х давлатҳои калони муташаккил таъсис ёфтанд, ба ҳамин сабаб барои сохтмони иншоотҳои калони обёрӣ ҳам имконият фароҳам омад ва чунин имконият дар давраҳои пеш аз оғози истилои арабҳо вуҷуд надошт, зеро Осиёи Миёна ба бисёр мулкҳои алоҳида-алоҳидаи аксаран ниҳоят хурд тақсим шуда буд. Ба ин сабаб мебоист, ки равнақу ривоҷи зироати обӣ дар асрҳои IХ-Х, нисбат ба асрҳои VI-VII ба давраи нав, ба давраи хеле баландтар мебаромад. Вале барои исботи ин даъво мадракоти конкрет дар даст надорем[1]. Масалан, алҳол фақат ҳаминаш маълум, ки дар аҳди халифа Мӯътасим (833-842) дар Шош канали нав канда буданд. Инчунин тарзи идораи шабакаҳои калони обёрӣ низ дигар гашта, ин гуна шабакаҳоро аз як ҷо идора мекардагӣ шуданд. Масалан, чунин маълумот ба даст омадааст, ки дар ҳавзаи Мурғоб ва инчунин дар ҳавзаи Зарафшон тамоми шабакаи обёрӣ дар ихтиёри як кас буд. ҳанӯз дар аҳди Абдуллоҳ ибни Тоҳир (830-844) дар боби танзими истифодаи корезҳо қонунҳои махсус қабул шуда буданд.

paleolitВале ин маълумотҳои пароканда имкон намедиҳанд, ки дараҷаи равнақу ривоҷи зироати обӣ дар ин ду давра бо ҳамдигар муқоиса ва таҳлил карда шаванд ва он дигаргуние, ки бешак, дар асрҳои IХ-Х ҷой доштанд, маълум гарданд. Аммо умед ҳаст, ки ба туфайли дар вақтҳои охир хеле авҷ гирифтани ҳафриёти соҳаи таърихи обёрӣ ва, инчунин тадқиқи ҳуҷҷатҳои қадимӣ санаи аниқтари сохтмон ё худ таъмири мукаммали бисёр каналҳоро муайян кардан мумкин мешавад. Алҳол мо метавонем дар бораи зироати обии асрҳои IХ–Х Осиёи Миёна ва Хуросон фақат ҳамон тавсифотеро зикр намоем, ки В. В. Бартолд дар асоси мадракоти хаттӣ бо меҳнату машаққати зиёде ҷамъ оварда буд. Баъдтар ба ин маълумоти В.В. Бартолд маълумоти дигар муҳаққиқон зам гардид, ки дигар ҷойҳои ин ноҳияро тадқиқ кардаанд.

Ду калонтарин дарёи Осиёи Миёна–Аму (ғайр аз поёноби он, ки дар воҳаи Хоразм воқеъ аст) ва Сир бевосита барои обёрӣ қариб истифода намешуданд ва обро на аз худи дарё, балки асосан аз шохобҳои онҳо мегирифтанд. Қисми асосии заминҳои обӣ дар водиҳои шохобҳои шимолии Аму ва Панҷ (Сурхоб, Кофарниҳон, Вахш ва ғ.) ҷой гирифта буданд. Ба қавли Мақдисӣ аз Сурхоб қадре об мегирифтаанд, ки баъзан дарё то Аму намерасидааст. Мувофиқи маълумоти маъхазҳо дар ноҳияҳои поёноби Аму–дар байни Тирмиз ва Омул танҳо воҳаҳои хурд-хурди ҷудогона вуҷуд доштанд, ки дар атрофи шаҳрчаҳои қариби убургоҳ воқеъ буданд ва обро ба воситаи канал аз худи Аму мегирифтанд. Умуман, аз рӯи шаҳодати Истахрӣ аз оби Аму фақат Хоразм баҳра мебардоштааст.

Оби Сир низ барои обёрӣ хеле кам ба кор мерафт. Заминҳои ҳосилхези Фарғона фақат аз шохобҳои он об мегирифтанд. Оби баъзе шохобҳои дарё пурра барои обёрӣ сарф мешуд ва то ба худи Сир намерасид. Географҳои араб аз об таъмин будани шаҳру деҳоти Фарғонаро мукаммал ба қалам дода, борҳо наҳру ҳавзҳои пуроб ва боғоти шодобро зикр кардаанд.

Дар асри Х дар ҳавзаи Сир ободтарин ҷо водии дарёҳои Элок (Оҳангарон) ва Парак (Чоргиз) ҳисоб мешуд. Дар тамоми Мовароуннаҳр дигар ягон маҳалле набуд, ки шаҳру деҳот дар як масоҳати хурд ин қадар зич ҷой гирифта бошанд. Маҳз дар нимаи аввали асри IХ дар ин ҷо канали нави калон сохта шуд.

Шабакаи обёрии ҳавзаи Зарафшон пеш аз истилои арабҳо ҳам ба дараҷае мукаммал ва пурсамар буд, ки дар давраҳои минбаъда ҳам бисёр тағйир наёфт. Барои давом кардани кори шабакаи мазкур кифоя буд, ки ба каналҳои мавҷуда андак нигоҳубин кунанд, каналҳои муваққатан аз кор мондаро ба кор дароранд ва баъзан ба сабаби паст шудани сатҳи оби дарё ҷои сари канал-ро дигар кунанд ва ғ. Аксар вақт баъди аз нав ба кор андохтани канали кӯҳна номи он ҳам дигар мешуд. Мисли давраҳои пешина дар асри Х ҳам асоси шабакаи обёрии Зарафшон дарғоти Варағсар буд. Аз ин дарғот се канал сар шуда, тамоми заминҳои ҷануби Самарқандро шодоб менамуд. Се канали дигари шимолӣ аз соҳили дигари Зарафшон, аз рӯбарӯи Варағсар об мегирифт. Ноҳияи Самарқанд аз ҷиҳати ҳосилхезӣ воҳаи ягона дониста мешуд. Яке аз волиёни араб соли 720–21 намонд, ки лашкари вай душманро таъқибкунон ба Суғд дарояд, то ин ки мабодо «бӯстони «амиралмуслимин» (яъне халифа) зарар ёбад. Воҳаи Бухоро ҳам анҳору каналҳои сершумори сероб дошт.

Шабакаи обёрии ҳавзаи Мурғобро низ қайд кардан лозим аст, ки дар он давраҳо хеле мукаммал буд. Ривояте ҳаст, ки шумораи коркунони ин шабака гӯё ба 10 ҳазор нафар мерасидааст.

Заминҳо дар Осиёи Миёна ва Хуросон асосан ба воситаи каналҳое обёрӣ мешуданд, ки аз дарё об гирифта, ба таври муқаррарӣ сохта мешуданд. Вале дигар тарзҳои обёрӣ низ вуҷуд дошт. Агар сатҳи замин ба кандани канали муқаррарӣ имкон надиҳад, дар он сурат корез месохтанд. Агар замин дар ҷои баланд бошад, обро ба он ҷо ба воситаи чиғир мебароварданд ва чархи чиғирро одатан бо ёрии шутур мегардонданд. Дар маҳалҳои доманакӯҳ одатан сойҳоро баста дарғот месохтанд ва оби баҳоронро ҷамъ карда, тобистон истифода мебурданд.

Вале бояд гуфт, ки заминҳои лалмӣ ҳам кам набуданд. ҳатто дар воҳаҳои сероб, масалан, дар Мурғобу Зарафшон он қадар заминҳои лалмӣ буданд, ки ҳосили онҳо як шаҳри калон ё худ деҳоти бисёреро пурра таъмин менамуд. Дар ҷойҳои дигар заминҳои лалмӣ барои ҳамин буданд, ки об намерасид. Масалан, дар поёноби ҳарируд барои обёрӣ об намерасид, ба ин сабаб дар ин ҷойҳо бештар чорводорӣ ривоҷ ёфт. Дар он ҷойҳое, ки оби дарё хусусан дар фасли гарми сол камӣ мекард, барои обёрии боғу полизҳо аз оби чоҳҳо истифода мебурданд.

Маъхазҳои хаттии асрҳои IХ–Х дар бораи шуғли зироаткорони музофоту ноҳияҳои гуногун ба тафсил маълумот дода, аксар вақт махсус қайд менамоянд, ки ин ё он маҳал бо кадом намуди зироат ном баровардааст. Мисли давраҳои пешина дар ин давра ҳам кишти ғалла дар ҷои якум буд. Пахтакорӣ низ хеле равнақу ривоҷ дошт. Дар ин бобат Осиёи Миёна дар тамоми Шарқи Наз-дик ва Миёна мавқеи махсусро ишғол мекард. Беҳуда нест, ки дигар вилояту шаҳрҳои хилофат маҳз аз Осиёи Миёна ба миқдори калон газворҳои пахтагӣ мегирифт. Аз ҳама бештар дар вилояти Марв (пахтаи ин ҷо, мувофиқи маълумоти маъхазҳо, чунон хушсифат будааст, ки ба сифати намуна хизмат мекардааст), дар атрофи Самарқанд, Бухоро, дар Шош, инчунин дар дигар ҷойҳо пахта мекиштанд. Боғҳо, токзорҳо, полизҳо дар атрофи шаҳрҳо майдонҳои бузургро ишғол мекарданд. Баъзе навъҳои мева, ангур ва сабзавот хеле дур аз ҳудуди давлати Сомониён шӯҳрат дошт, дар баъзе ҷойҳо рӯян ва заъфарон барин зироати нодир парвариш мекарданд.

Табиист, ки зироаткорон чорво ҳам доштанд. Дар маъхазҳо ишорат меравад, ки ҳатто дар атрофи шаҳрҳои калон чарогоҳҳои сералафро дидан мумкин буд. Вале чорводорӣ ҳамчун соҳаи махсуси хоҷагӣ ҳам вуҷуд дошт ва алалхусус дар хоҷагии маҳалҳои даштӣ ва кӯҳӣ хеле инкишоф ёфта буд. Вале қайд кардан лозим, ки як худи чорводорӣ эҳтиёҷоти аҳолиро пурра таъмин карда наметавонист. Ба ин сабаб додугирифт бо чорводорони кӯчманчӣ, ки дар шимолу шарқтари давлати Сомониён маскун буданд, аҳамияти калон дошт.

Истеҳсоли маъдан ва кӯҳкорӣ

Истеҳсоли маъдан низ хеле равнақ гирифт. Дар Фарғона оҳан, қалъагӣ, нуқра, симоб, мис, сурб ва, инчунин мум, сангпахта, фирӯза, навшодир ва ғ. истеҳсол мекарданд; аз Қарамазор, аз қарибии Хуҷанд нуқраи зиёде мегирифтанд ва ин кон бо номи Кӯҳи сим машҳур аст. Географи араб Ибни ҳавкал навиштааст, ки дар Уструшан дар қарибии шаҳри Марсманда ва дар рустоки Минк оҳан истеҳсол карда мешуд. Маҳсули ин кон на фақат эҳтиёҷоти Фарғонаро таъмин мекард, «балки ба Хуросону Ироқ ҳам кашонда мешуд».[2] Дар китоби «ҳудуд-ул-олам» гуфта мешавад, ки ҳар сол дар Марсманда бозори калоне мешуд ва аз ҳамон ҷо ба гирду атроф ашёи оҳанӣ паҳн мегашт.[3] Муаррихи араб ал-Истахрӣ дар Асбара (Исфара) будани конҳои калони ангиштро қайд карда менависад, ки: «он ҷо кӯҳе ҳаст аз санги сиёҳ ва он санги сиёҳ мисли ангишт месӯзад».[4] Худи ҳамин муаррих қайд мекунад, ки дар асри Х дар Осиёи Миёна дар кори ҳарбӣ нафт бисёр истифода мешуд – масалан, ҳангоми муҳосираи қалъа ба даруни он зарфҳои сӯзони нафт партофта, шаҳрро оташ мезаданд. Ноҳияҳои болооби Зарафшон маркази истеҳсоли оҳан, тилло, нуқра, зок ва Дарвозу Рушону Шуғнону Бадахшон маркази истеҳсоли тилло, нуқра, лаъл, лоҷувард дониста мешуд. Дар «Хуҷистон» ном ҷой (ҷои ҳозираи посёлкаи «Сольпром»-и райони Ашт) намак истихроҷ намуда ва бо он аҳолии Шош, Хуҷанд ва дигар шаҳрҳоро таъмин мекарданд.[5]

asri_birinji-jamiyatТамоми сарзамини Осиёи Миёна батафсил тадқиқ карда шуда буд. Ва дар ин кор ҳеҷ як шароити табиӣ монеа нашуд. Истеҳсоли маъдан, ҳатто дар Помири Шарқӣ дар кӯҳи Бозордаро равнақ дошт. Дар ин маҳал бошишгоҳи бузурги истеҳсолу истихроҷ ва хариду фурӯши маъдан вуҷуд дошт, ки онро археолог М.А.Бубнова тадқиқ кардааст; шояд ин маҳал худи ҳамон Самарқанд бошад, ки дар маъхазҳои хаттӣ номбар шудааст. ҳуҷҷатҳои хаттие, ки аз ин ноҳия ба даст омаданд, аниқу дақиқ шаҳодат мсдиҳанд, ки ҳам дар асрҳои миёна ва ҳам дар давраҳои хеле қадимтар аз ин дар Помири Шарқӣ фақат намояндаҳои халқҳои Осиёи Миёна сокин буданд.

Ба туфайли тадқиқоти муфассали археологӣ ва геологӣ мо алҳол аниқ тасаввур карда метавонем, ки авзои ҳақиқии кӯҳкории асрҳои IХ-Х чӣ гуна буд. Маъданшиносу кӯҳкорони тоҷик соҳиби таҷрибаи бои чандинасра буданд ва дар ҳамон шароити вазнину душвор тамоми он аломату нишонаҳоеро, ки ба вуҷуди ин ё он маъдан далолат мекунад, мукаммал медонистанд ва чунон конҳоеро кашф кардаанд, ки ҳатто геологҳои имрӯзаро дар ҳайрат мегузоранд. Вобаста ба навъу намуд ва шарҳу мавқеи маъдан конҳои хурд ва ё конҳои калон сохта мешуд. Баъзан конҳо чунон калон мешуданд, ки ҳозир ҳам касро дар ҳайрат мегузоранд. Масалан, чунинанд Кони Мансур, Кони Гут ва ғ. Барои истихроҷи маъдан аввал чоҳҳои чуқури рост ё моил мекофтанд, аз ин чоҳ баъд худи нақб канда мешуд, ки он то лаби маъдан рафта мерасид; агар маъдан рӯяк ҷой гирифта бошад, қабати хоки болои онро гирифта партофта, бо усули кушод истихроҷ мекарданд. Баъзе конҳо хеле чуқур шуда мерафтанд, масалан, дар Тоҷикистон кони асримиёнагие кашф шуд, ки чуқуриаш аз 250 метр бештар аст. Барои маъданканӣ одатан «усули оташкан» истифода мешуд, яъне маъданро бо ёрии оташ меканданд. Барои ин дар таги деворе, ки маъдан дорад, гулхан гиронда онро метасфонданд, ҳамин ки сахт тасфид, ба болояш об мерехтанд. Пас аз чандин бор такрор шудани ин кор сахттарин ҷинси кӯҳӣ кафида ҷудо мешуд ва баъди ин кандани он кори мушкил набуд. Олоти маъданканӣ ҳам вобаста ба сахтию мустаҳкамии он ҳар хел мешуд – асосан дар он давраҳо фонаҳои чӯбину оҳанӣ, зоғнӯлу метинҳои дастадору бедаста, каланду бел, тешаву табар, путку болға барин чизҳоро кор мефармуданд.

Кӯҳкорони асримиёнагии тоҷик барои сарфаи меҳнат ва осонии кор фақат ҳамон хокеро канда берун мепартофтанд, ки пеши маъданро гирифта бошад ва барои пеш рафтан имкон шавад. Ба ин сабаб тамоми он чоҳу нақбҳои конҳои қадима бениҳоят каҷу килебу печдарпеч мебошанд ва аз баъзе ҷойҳои нақб фақат хазида гузаштан мумкин аст. Дар айни замон чунин ҳолат ҷолиби диққат аст, ки конҳо бо ҳавсалаи тамом канда, маъдани онҳо покиза истихроҷ карда мешуд.

Аксар вақт сақфи конро бо тиргак мустаҳкам намекарданд, вале аз бисёр конҳо тиргакҳои қадимӣ ёфт шуданд. Масалан, чунин тиргакҳо дар Кони Мансур ёфт шуданд, ки аз ин кон дар асрҳои IХ–Х маъдан мегирифтанд. Набудани тиргак дар аксари конҳо маънои онро надошт, ки ба ин кор ақли кӯҳкорони он давра намерасид, балки сабаби асосӣ шароити иҷтимоию иқтисодии он замона буд, яъне ҳаёти кӯҳкор ягон арзише надошт ва тиргак фақат ба ҳамин шарт монда мешуд, ки бе тиргак чуқур кардани кон ҳеҷ имкон надошта бошад. Барои исботи маҳорат ва саводи баланди техникии кӯҳкорони қадимии тоҷик зикри ҳамин як мисол кифоя аст, ки аллакай дар ҳамон давраҳо тиргакҳои «чандар» ном навъи тиргакмонӣ истифода мешуд, ки онро илми ҳозира ҳам тавсия мекунад ва маҳз ҳамин усули тиргакмонӣ вазни фишори хокро бардошта, сақфи конро мустаҳкам нигоҳ медорад.

Даруни конро бо чароғи сиёҳ равшан мекарданд. ҳавои он бо чанд усул тоза карда мешуд. Асосан ҳаракати табиии ҷараёни ҳаворо истифода мебурданд ва қонуни аз даруни кон берун шудани ҳавои вайрон, ки баъдтар бори аввал М.В.Ломоносов кашф кардааст, ба кӯҳкории асримиёнагии тоҷик маълум буд. Барои дигар кардани ҳавои кон дигар усулҳоро низ кор мефармуданд. Масалан, дар лаби даромадгоҳи кон тахтаҳои махсус мешинонанд, ки онҳо дами шамолро гардонда, онро ба даруни ин кон равона мекард. Аз афти кор, дар ҳамон давраҳо ҳам усули зӯран дигар кардани ҳавои даруни кон истифода бурда мешуд.

Инчунин усулҳои берун кардани оби даруни кон ҳам вуҷуд дошт. Асосан барои берун кардани оби кон таҷрибаи якунимҳазорсолаи корезкобӣ истифода бурда мешуд.

Маъдани кандашуда аз кон ба воситаи сабад ё қавға (халтаи чармӣ) берун кашида мешуд. Дар ҷойҳои фарози баромади кон зинаҳо месохтанд. Барои аз чоҳ баромадан болорҳои поймонакдор ё нардбонро истифода мебурданд. Дар солҳои охир, инчунин осори ғарғараҳои боркашӣ ҳам ёфт шуд. Дар яке аз чоҳҳои Кони Мансур чархи калони чӯбини ғарғараи боркашӣ, танобҳои он ва ҳатто дар нӯги таноб чангак ҳам ёфт шуд, ки ба он сабад ё қавғаро илҳоқ карда, берун мекашиданд.

Маъданро аз кон бароварда аз даруни он пораҳои лозимаро чида мегирифтанд, баъд онро майда мекарданд (барои ин кор ҳам асбобу олати махсуси мураккабро кор мефармуданд), баъди майда кардан тоза мешустанд ва пас аз ҳамаи ин мегудохтанд. Кӯраҳои калони маъдангудозӣ вуҷуд доштанд, масалан, кӯраи калон аз Конжул ёфт шудааст.

Дараҷаи илму ҳунари маъданшиносӣ ҳам баланд буд. Муқоисаи маълумоти маъхазҳои хаттӣ ва осори қӯраҳои маъдангудозӣ, таҳлили дажғолу фулузоти тайёр далолат менамоянд, ки дар ҳамон давраҳо гудохтани маъданҳои сулфиди мис, бо усули купелятсия ҷудо карда гирифтани нуқра барин протсессҳои ниҳоят мураккаби маъдангудозӣ пурра азхуд карда шуда буданд.[6]

Истеҳсоли шиша ва сафололот

ҳангоми тадқиқи шаҳру деҳоти асримиёнагӣ бевосита дар болои хок ва ҳангоми ҳафриёти археологӣ дар мағзи қабатҳои археологӣ, андаруни вайронаи бинову хонаҳо, чуқуриҳои ахлотпартоӣ ва ғ. бисёр шишаи «томуғулӣ» вомехӯрад, ки санаи онро ба асрҳои IХ–ХII нисбат медиҳанд. Ин навъ шиша, ки дар ҷойҳои гуногуни Осиёи Миёна ёфт шудааст, дар музейҳои СССР ҳам бисёр мебошад. Гарчанде мақолаву рисолаҳои сершуморе дар ин бора ба табъ расида бошанд ҳам,[7] давраҳои инкишофи шишагарии Осиёи Миёна аз асри IХ то асри ХIII ба таври хронологӣ омӯхта нашудааст. Агар ҳангоми кофтуков ягон маснуоти шишагӣ ба даст ояд, санаи онро ниҳоят тахминию умумӣ таъин менамоянд, масалан, шишаи асрҳои Х–ХII ё Х–ХI мегӯянду мемонанд, ба ин сабаб онҳоро ба мақсади тавсифи аниқи вазъият ва хусусияти шишагарии асрҳои IХ–Х истифода бурдан кори маҳол аст. Шакке нест, ки дар тамоми шаҳрҳои калон ва ҳатто миёна аз асрҳои IХ–Х сар карда, истеҳсоли шиша вуҷуд дошт ва онро истифода мебурданд, вале маснуоти шишагие, ки маҳз ба асрҳои IХ–Х тааллуқ доранд, аз ҷумлаи тамоми он маснуоти шишагии асрҳои IХ–ХII аниқ ҷудо карда нашудааст.

Фақат шишаи чанд маҳалле, ки дастраси археологҳо гардид, бешак, маҳз дар асрҳои IХ–Х истеҳсол шудааст ва он маҳалҳо инҳоанд: димнаи Кулзортеппа (дар қарибии Самарқанд[8]), шаҳри асримиёнагии Нисо[9] дар яке аз гузарҳои шаҳри асримиёнагии Варахша[10] ва ғ. Дар байни маснуоти шишагии ин маҳал аз ҳама бештар зарфҳои шишагии рӯзгор ва зарфҳои атриёт ҳаст. Шаклҳои маъмули ин маснуоти шишагӣ чунинанд: ҷому қадаҳҳое, ки пояи борики баланд доранд, кӯзаҳои гуногуни тангдаҳану васеъдаҳан, ки баъзе дастадору баъзе бедаста мебошанд, косаву пиёлаҳои гуногуншакл, дӯлчаҳои дастадор, шишачаҳои носкадушакли дастадор ва ғ.

 shishaМаснуоти шишагӣ асосан аз шишаи беранг тайёр карда шудаанд, вале маснуоте низ ба даст омадааст, ки аз шишаи гуногунранг тайёр карда шудааст, шишаи рангаро барои ороиши дигар хел зарфҳо низ истифода мебурданд.

Дар асрҳои IХ–Х шишагарони Осиёи Миёна усули бо роҳи дамидан истеҳсол намудани зарфҳои тунукро комилан аз худ карда, тамоми нозукиҳои онро кор мефармуданд. Шишагарон усули дамиданро барои ороиши зарфҳо низ татбиқ менамуданд – дар ин сурат зарфҳо чунин дамида мешуд, ки нақши рӯи қолаб айнан ба рӯи зарф мегузашт.

Якрангии шакли зарфҳои ҷою маҳалҳои гуногун, тамоман набудан ё ниҳоят кам ва арзону осон будани ороиши зарфҳо, ба нудрат истифода шудани нақшкӯбӣ барин усулҳои хоси ҳар як зарф далолат менамоянд, ки дар асрҳои IХ–Х истеҳсоли зарфҳои шишагии рӯзгор шакли оммавӣ дошт ва барои оммаи васеъ истеҳсол карда мешуд. Дар ин бобат як чиз ҷолиби диққат аст: баъзе шаклҳои зарфҳои шишагӣ тақлидан ба зарфҳои сафолии асрҳои IХ-Х сохта мешуданд ва ин шоҳиди он аст, ки гарчанде масолеҳи зарф гуногун бошад ҳам, шакли онҳо ба як қолаби муайян дароварда мешуд ва ин протсесси хеле инкишофёфта буд.

ҳамин чиз ҳам хеле муҳим аст, ки дар асрҳои IХ–Х дар Осиёи Миёна шишаи тиреза месохтанд ва истифода мебурданд. Пораҳои шишаи тиреза (масалан, аз Нисо, аз Афросиёб ва ғ.), ки дастраси мо гардидаанд, аз шишаи беранг бо ҳамон усули дамиш тайёр карда шудаанд, ки дар истеҳсоли зарфҳои шишагӣ ҷой дошт. Шишагарони Осиёи Миёна ин усули маълумро ба кор бурда, махсус барои тиреза бо усули дамиш табақчаҳои паҳну шаффоф месохтанд ва ягона камбудии ин гуна шишаҳо ҳамин буд, ки мобайни он андак ғафс шуда мемонд. Вале ин камбудӣ қариб, ки ягон зарар надошт, зеро аздусар он табақчаҳои шишагиро ба порчаҳои гуногуншакл бурида, баъд дар кодокҳои гаҷӣ мешинонданд.

Шишаҳои тирезаи ёфтшуда ба кӯшку қасрҳо ва ё дигар иморатҳои пурдабдабаи мӯҳташам муносибате надорад. Аз афти кор, вай дар манзили шаҳриёни бой истифода мешуд. Умуман шишаи тиреза ихтирои прогрессивие буд ва шароити манзилҳои ондавраро хеле беҳтар мекард.

Истеҳсоли сафолот дар асрҳои IХ–Х, дар Осиёи Миёна басо мукаммал ва муфассал[11] тадқиқ шудааст, вале то имрӯз ягон асари ҷамъбасткунандае нест. Вусъати бузурги ҳафриёти археологӣ боиси он шуд, ки гузару маҳаллаҳои томи кулолон ошкор карда шавад, чандин навъу намуди даму қӯраву хумдонҳо низ ёфт шуданд, ҳатто чанд устохонаву дӯкони кулолон кашф гардид, ки дар дар он асбобу анҷоми кулолӣ, масолеҳи кулолӣ ва ҳатто зарфҳои сиҳат боқӣ мондаанд. Ба туфайли ин комилан тасаввур кардан мумкин аст, ки кулолони асрҳои IХ–Х аз аввал то охир, яъне аз худи тайёр кардани лой то сохтани олот чи гуна тарзу усулҳоро ба кор мебурданд. Кулолии асрҳои IХ–Х аз дигар нуқтаи назари технологӣ низ хеле муфассал тадқиқ карда шудааст. Масалан, муайян карда шудааст, ки чӣ гуна гил истифода мешуд, чӣ гуна онро ангоб медоданд, ба чӣ гуна ранг гул мепартофтанд, таркиби сир чӣ гуна буд ва ғ.

Анвои зарфҳои сафолии асрҳои IХ–Х низ ниҳоят гуногун буд — аз хумҳои калон то пиёлачаву табақчаҳо сохта мешуд. Нуқтаи олии комёбии санъати кулолии он давра истеҳсоли зарфҳои сирдор мебошад. Талабот ба зарфҳои сирдор хеле калон буд ва бинобар ин бисёр истеҳсол карда мешуд.

Кулолони асрҳои IХ–Х навъҳои гуногуни сирро тайёр карда метавонис-танд. Аввалҳо сири ишқориро ба кор мебурданд, баъд сире маъмул гардид, ки аз сурб тайёр мекарданд ва сифати ин сир хеле баланд буд. Сири сурбӣ худ ранг надошт, яъне шаффоф буд ва ин имкон медод, ки пеш аз андудани сир рӯи зарф бо нақшу нигори дилхоҳ оро дода шавад. Кулолони он давра ба таркиби сир ба миқдори муайян қалъагӣ ҳамроҳ карда, онро «рангдор» мекарданд, яъне сир дигар шаффоф нашуда, одатан сабзтоб ё ширатоб мешуд.

Дар асрҳои IХ–Х зарфҳои нақшини сирдор хеле гуногун буданд. Тайёр кардани ин гуна зарфҳо санъату маҳорати баландро тақозо дошт. Аввал худи зарфро дар чархи кулолӣ месохтанд ва баъди хушконидан рӯи онро барои нақш тайёр мекарданд – барои ин ба рӯи он ангоб мемолиданд. Ангоб лойобаи махсус мебошад, ки аз хоки ниҳоят маҳин бехташуда бо усули махсус тайёр мекарданд ва одатан ба он ранге меомехтанд. Дар асрҳои IХ–Х асосан ангоби сафед, сурх ва сиёҳро истифода мебурданд. Баъди молидани ангоб рӯи зарф хеле силиқу суфта мешуд ва барои гулпартоӣ заминаи мувофиқ ба вуҷуд меомад. Пас аз ин бори дигар зарфи ангобандударо хушконида, баъд ба рӯи он гул мепартофтанд, нақш мекашиданд ва охири охирон ба хумдон андохта мепухтанд. ҳамин ки пухт, баъди хушк шудан ба рӯи зарф сир медавониданд ва бори дувум мепухтанд. Барои тайёр кардани ин гуна зарф, барои ин ки шакли гулу нақш ва ё худ тобиши ранг вайрон нашавад, амиқу дақиқ донис-тан шарт буд, ки баъди ду бор пухта шудан дар таркиби масолеҳи зарф чи гуна тағйирот хоҳад шуд.

Дар байни зарфҳои нақшини сирдори асрҳои IХ–Х бештар аз ҳама косаву табақҳои гуногун буданд. Шакли онҳо аз ҳамдигир фарқи казоӣ надошт, фақат баъзе ҷузъҳои онҳо фарқ мекарданд ва асосан фарқ дар андозаи онҳо буд. Ғайр аз косаву табақ бо усули мазкур, инчунин кӯза, чароғи сиёҳ ва баъзе дигар ашёи майдаву чуйдаи рӯзгор истеҳсол карда мешуд.

Яке аз роҳҳои ороиши зарфҳои рӯзгор катиба буд. Катибаро асосан дар лаби пиёлаву коса, табақ ё худ дар мобайн ҷой медоданд. Катиба инчунин дар рӯи кӯзаву кӯзачаҳо ва чароғи сиёҳ ҳам дида мешавад. Катиба одатан бо хати зебову хоно, ки низ анъанаи худро дошт, анҷом дода мешуд. Мазмуни катибаҳо гуногун аст: «Хайроту баракот ба соҳиби ин чиз», «Баракот», «Хайрот», «Ош шавад» ва ғ. Дар баъзе ҷойҳо катиба умуман таъбирҳои гуногун аст: «Аввали дониш талх асту анҷомаш ширин», «Саховат пешаи мардон», «Саховат посбони ҳиммату давлат аст» ва ғ.

Аксаран нақши ин гуна зарфҳо нақши оддии ислимӣ – яъне тасвири печдарпечи шаклҳои ҳандасӣ ва наботӣ аст, вале тасвири махлуқот низ ба назар мерасад, масалан, тасвири мурғон бисёр аст.

Дигар навъи нақш рангубори мармарӣ мебошад. Барои офаридани ин нақш рангҳои гуногунро бе ягон тартиби муайян болои ҳам порча-порча мемолиданд ва дар ин ҳолат ягон нақши муайяни маънодор пайдо намешуд. Дар ин гуна нақш на шакли муайяни он, балки тобиши он, мувофиқати пораҳои ранг ва ҷилои он муҳим буд.

ҳамчун усули иловагии ороиши зарфҳои сафолӣ усули нақр, яъне харошида баровардани нақшро низ кор мефармуданд, ки он асосан дар зарфҳои нақшашон мармарӣ ё худ зарфҳои сирдори сабз дида мешавад. Ҷои харош бо сир пур карда мешуд ва дар заминаи сабзи рӯи зарф нақши барҷастае ба вуҷуд меомад, ки асосан аз тасвири шаклҳои ҳандасию наботӣ ва расми мурғон иборат буд.

Сафолоти асрҳои IХ–Х, бе шакку шубҳа, далолат мекунад, ки дар он давра ҳосилнокии меҳнат хеле ривоҷ ёфта, бисёр дигар тарзу усулҳои кор азхуд карда, таркибу сифати сир хеле такмил дода шуд, дар нақшу нигори зарф низ хеле комёбиҳо дастрас гардид ва миқдори истеҳсоли зарфҳои сафолӣ хеле афзуд.

Дигар намудҳои касбу ҳунар

Дигар намудҳои касбу ҳунар ва маҳсулоти онҳоро, ба мисли шишагарӣ ё кулолӣ, ин қадар муфассал тавсиф кардан аз имкон берун аст. Дар ин ҳолат мо асосан ба маъхазҳои хаттӣ истинод карда метавонем. Маъхазҳои хаттӣ бошад, аниқу дақиқ хабар медиҳанд, ки дар асрҳои IХ–Х бисёр касбу ҳунар равнақу ривоҷи аъло дошт ва маҳсулоти аксари касбҳо басо хушсифат буданд ва берун аз хоки Осиёи Миёна ҳам шӯҳрат доштанд. Чунин иддаои Истахрӣ низ беҳуда набуд, ки мардуми Мовароуннаҳр ба моли дигар мамлакатҳо эҳтиёҷ надоштанд, зеро ҳама чизи заруриро худ фаровон истеҳсол мекарданд.

Бофандагӣ низ хеле равнақу ривоҷ дошт – моли бисёре истеҳсол мешуд, анвои матоъҳо сершумор ва сифати онҳо хеле баланд буд.

Матоъ асосан аз абрешим, пахта ва катон бофта мешуд. Осиёи Миёна макони бисёр навъҳои олидараҷаи матоъ мебошад. Бофандагони Осиёи Миёна, инчунин истеҳсоли баъзе намудҳои газворҳои хориҷиро низ ба роҳ монда буданд.

tijoratДар байни навъҳои маҳаллии матоъ газвори пахтагии ведарӣ мақоми махсус дошт. Номи ин матоъ аз Ведар ном деҳае гирифта шудааст, ки дар қарибии Самарқанд воқеъ буд, вале ин гуна матоъ дар дигар маҳалҳои Осиёи Миёна ҳам бисёр бофта мешуд. Талабот ба ин матоъ на фақат дар худи Осиёи Миёна ниҳоят калон буд, балки берун аз хоки Осиёи Миёна ҳам бозори он хеле тез буд. Ба қавли Ибни ҳавкал, «онро набурида ба шакли пораҳои бутун ба тан мепечониданд ва дар Хуросон ҳеҷ амиру вазир, қозию бой, омию сарбоз набуд, ки аз болои либоси зимистонӣ матои ведарӣ напартояд, барбастани матои ведарӣ аломати назокат ва зинат буд, зеро ранги матоъ ба ранги зари холис майл мекунад ва бағоят назаррабо ва хушҷило аст, худи матоъ ниҳоят бадошт, вале суфтаву маҳини ҳарир мебошад ва як либосвории он аз ду то ба сӣ динор арзиш дорад, худи ман як либоси онро панҷ сол пӯшидам. Барои ин матоъ аз Ироқ (Бобул) меоянд ва ба он ҷо мебаранд ва аз пӯшидани он ифтихор мекунанд».[12]

Маҳсулоти корхонаи махсуси бофандагӣ, ки дар шафати арки Бухоро воқеъ буда, матои зебои сурх, сабз ва сафед мебаровард, шӯҳрати тамом дошт. Аз номи деҳаи Занданеи қарибии Бухоро номи карбоси машҳури занданечӣ баромадааст, ки дар бисёр дигар ҷойҳо ҳам бофта мешуд ва дар бисёр ҷойҳо ба фурӯш мерафт. Замоне карбоси занданечӣ аз абрешим бофта мешуд ва намунаи шоҳии занданечии он давраҳо дар баъзе музейҳои ҷаҳон маҳфуз мебошад. Дар паси яке аз ин намунаҳо хатти суғдӣ низ ҳаст (бо ранги сиёҳ андозаи матоъ ва номи он навишта шудааст). Тарзи бофт, ранг ва нақшу нигори занданечии асрҳои VII–VIII нағз тадқиқ карда шудааст.[13] Вале аниқ маълум не, ки занданечии асрҳои IХ–Х чи гуна буд, фақат тахмин меравад, ки тақрибан аз охири асрҳои Х сар карда, онро танҳо аз нахи пахта мебофтанд ва дар ин бора Наршахӣ ҳам ишорат мекунад: «Он чи аз вай (Зандане) хезад, онро занданечӣ гӯянд, ки карбос бошад, яъне аз деҳаи Зандане, ҳам некӯ бошад ва ҳам бисёр бувад».[14]

Дар маъхазҳо бисёр дигар навъҳои матоъ низ зикр шудааст (газворҳои пахтагӣ, абрешимӣ, зарбофт ва ғ.). Вале машҳуртарин он газвори Марв буд.[15] Ин газворҳо ба дараҷае хушсифату машҳур буданд, ки тақлидан ба онҳо дар дигар ҷойҳо ҳам истеҳсол карда мешуд ва миқдори зиёди он берун аз хоки Осиёи Миёна ба фурӯш мерафт.

Баъзе пораҳои хурди газвори асрҳои IХ–Х Осиёи Миёна то ба рӯзҳои мо омада расидаанд. Дар қабрҳои асримиёнагии Миср дар байни газворҳои қадимӣ чанд пора катони марвӣ низ боқӣ мондааст, ки дар асри IХ бофта шуда буд. Дар ин порчаҳо хат ҳаст, якеи он, ҳатто нақш ҳам дорад.

Пораи газвори миёнаҳои асри Х ҷолиби диққат аст, ки дар он номи соҳибаш навишта шудааст ва ӯ яке аз лашкаркашони сомонӣ будааст. Дар миёнҷои ин пора расми ду фил ва дар байни он ду фил, ду грифони болдор кашида шудааст.

Зеҳи матоъ иборат аз чанд навораи нақшин аст, ки дар онҳо ё хат навишта шудааст ё корвон тасвир ёфтааст. Тамоми ин нақшу нигор ва мавзӯи он худи ҳамон нақшу нигорест, ки дар давраҳои пеш вуҷуд дошт ва акнун бо тарзи андаке наву мукаммал такрор шуда буд.[16]

Маснуоти фулузӣ ҳам хеле маъмул буд. Як қисми он барои таъмини талаботи мардуми маҳаллӣ сарф шавад, қисми дигари он ба фурӯш мерафт. Аз ҷумлаи чунин маснуоти фулузӣ Мақдисӣ фонусҳои мисини Бухоро, зарфҳои қалъагии Рабинҷон, дегҳои мисин ва рикобҳои Самарқанд, қайчиву сӯзанҳои Шош, яроқу аслиҳаи Фарғонаву Исфиҷоб ва ғайраро номбар кардааст. Яроқу аслиҳаи Фарғона ба дараҷае шӯҳрат дошт, ки ба бисёр мамлакатҳо ва ҳатто то ба худи Бағдод бурда мешуд.

Бо фармони халифа ҳорунаррашид (786–809) фақат дар коғаз навиштан мумкин буд. Ба ин сабаб папирус ва дигар чизҳое, ки ба рӯяш хат менавиштанд, аз истеъмол баромад. Дар муддати мадид ягона шаҳре, ки тамоми мамлакатҳои хилофати арабро бо коғаз таъмин мекард, Самарқанди нимаи дувуми асри VIII ва аввали асри Х буд. Маҳз дар корхонаҳои ҳамин шаҳр коғази латтагӣ тайёр карда мешуд, ки онро коғази самарқандӣ (ва баъзан хуросонӣ) меномиданд. Номи шаш навъи ин гуна коғаз маълум аст. Дар асри Х тарзи тайёр кардани коғаз ошкор шуда, дар дигар ҷойҳо берун аз хоки Осиёи Миёна, то худи Сурия паҳн мешавад. Вале дар асри Х ҳам Самарқанд ҷои асосии истеҳсоли коғаз буд. Ал-Хоразмӣ ҳазломез менависад, ки яке аз дӯстонаш ба вай хат наменависад, зеро хонааш аз Самарқанд дур аст ва коғаз ба вай басо гарон меафтад.[17]

Чармгарӣ ва истеҳсоли маснуоти пашмӣ низ дар бисёр ҷойҳо равнақу ривоҷи тамом дошт ва аз чарму пашм маснуоти зиёде истеҳсол карда мешуд.

ҳоҷат ба он нест, ки тамоми навъҳои касбу ҳунарро як-як номбар кунем ва рости гап, дар маъхазҳои хаттӣ ҳам, на ҳамаи онҳо зикр шудаанд. Оё мо гуфта метавонем, ки дар ҳамон давраҳо ҷамъиятҳои муташаккили косибон вуҷуд дошт? Маъхазҳо бевосита ба ин ишорат намекунанд[18], вале далелҳои бевосита, аз ҷумла далелҳои таърихию топографӣ ба мо имкон медиҳанд иддао намоем, ки вуҷуд доштани чунин ҷамъиятҳо аз эҳтимол дур набуд.

Инаш хеле муҳимтар мебошад, ки хабари маъхазҳои хаттӣ дар бораи ба миқдори зиёд содир шудани маснуоти косибию ҳунармандӣ ва инчунин намунаҳои он маснуоти косибии асрҳои IХ–Х (сафолот, шиша, матоъ), ки ба мо дастрас шудааст, равшану возеҳ шаҳодат медиҳанд, ки дар он давра истеҳсоли молӣ хеле тараққӣ карда буд ва инкишофи қувваҳои истеҳсолкунанда низ ба дараҷае расида буд, ки барои хеле хушсифат баровардани на фақат молҳои нодири камистеъмол, балки молҳои маъмули серистеъмол ҳам имконият фароҳам меовард.

Бинокорӣ ва меъморӣ

Дар маъхазҳои хаттӣ хабар дода мешавад, ки дар асрҳои IХ-Х бисёр бинову иморатҳо сохта шуда буд, вале аз онҳо хеле кам то ба рӯзҳои мо омада расидаанд.[19]

Бисёр кӯшку қасрҳо, сарою дӯконҳо, масҷиду мадрасаҳову мақбараҳо сох-та шуда буданд. Масолеҳи бинокорӣ асосан гил, похса ва хишти хом буд. Чӯб ҳам бисёр истифода мешуд, сутуну болорҳои чӯбин барои меъмории асри IХ–Х хеле хос аст. Хишти пухта камтар истифода бурда мешуд. Вале маҳз дар ҳамин давра биноҳои мӯҳташам ба вуҷуд омаданд, ки аз хишти пухта сохта шуда буданд ва ин кор комёбии нав, комёбии муҳим ва прогрессивии замона буд.

Аз ҷумлаи биноҳои мӯҳташами асрҳои IХ–Х хубтар аз ҳама мақбараҳо тадқиқ шудаанд. Алҳол чор мақбараи он давра маълум аст – мақбараи Сомониён дар Бухоро, мақбараи Арабато дар Тим, мақбараи Мирсаидбаҳром дар Кармина ва мақбараи Оқ-Остонабобо дар қарибии Узун.

Мувофиқи эътирофи умум, мақбараи Сомониён осори беназиру беҳамтои санъати меъмории асримиёнагии Осиёи Миёна мебошад. Зоҳиран мақбара шакли мураккаб надорад – ин як иншооти мукаабшаклест, ки болояш бо гунбаз пӯшида шудааст. Андозаи мақбара ҳам калон нест, вале басо босалобат ва бошукӯҳ менамояд. Дар айни ҳол ниҳоят муносиб афтидани нақшҳои амудию уфуқи девор, зебу ороиши берунии бино тамоми иморатро бағоят нафису латиф нишон медиҳанд.

hulbukҲар чор намои бино якранг зеб доранд. Саросари болои деворро қатори равоқчаҳо печонида гирифтаанд. Поёнтар аз қатори равоқчаҳо худи девор сар шуда, масоҳати ҳар як намои он гӯё ба се қисм тақсим карда шудааст – дар мобайн як чоркунҷаи калон, ки дар миёнҷои он равоқ ва дари даромад ҷой гирифтааст, аз ду тарафи ин чоркунҷаи равоқдор боз ба масоҳати муайян девор тӯл кашида, то гӯшаи иморат мерасад, гӯшаи иморат бошад, ба шакли сутуни ғафсу мустаҳками як тарафаш бо девор пайваст сохта шудааст. Даромадгоҳ низ гӯё аз чанд қисм иборат аст–пеш аз ҳама, даромадгоҳ аз пеш як равоқ ва дар паси ин равоқ боз як равоқи хурдтаре дорад ва ду пояи ҳарду равоқ ба сутунчаҳо такя шудаанд – ҳамаи ин даромадгоҳи мақбараро хеле дарундор карда нишон медиҳад.

Аз дарун девори бино ба гунбаз бо шарафаҳое пайваста шудаст, ки ҳар як нӯги он ба кунҷе такя мекунад ва бо ҳамин чоркунҷа ба ҳашткунҷа мубаддал мешавад. Умуман даруни бино ҳам мисли беруни он ба пораҳои муайян ҷудо карда шудааст– боз худи ҳамон чоркунҷа, ки дар миёнҷои он дари баромад ҷой гирифтааст, боз ҳамон қатори уфуқии равоқчаҳои боло. Дар байни шарафаҳо ва қатори равоқчаҳои берун дар мағзи девор кодоки танге ҳаст, ки тамоми биноро печонида гирифтааст.

Воситаи асосии ороиши бино хишти пухта ва намуди асосии нақш тарзи гуногуни чидани хишт аст. Нақше, ки дар натиҷаи ба тарзи гуногун чидани хишт пайдо шудааст, басо оддӣ ва дар айни ҳол хеле зебо ва шинам аст.

Тақрибан ҳар як ҷузъиёти тарҳу лоиҳа ва нақшу нигоре, ки дар мақбараи Сомониён ҳаст, дар санъати меъмории қадимтари Суғд ҳам ба худ як шабеҳ дорад. Мақбараи Сомониён гӯё муҷассамаи равнақу ривоҷи санъати чандин-асраи меъморӣ буда, тамоми комёбиҳои онро дар бар гирифтааст. Дар айни ҳол, хишти пухта ба воситаи асосии бинокорӣ ва ороиш табдил ёфта, барои меъморон имкониятҳои нав фароҳам овард ва меъморон чунин имконро бо маҳорати тамом истифода бурданд.

Мақбараи Сомониён дар охири асри IХ ва аввали Х бино шуда буд, мақбараи Арабато бошад, мувофиқи хатти девори худи мақбара дар соли 977–78 сохта шудааст. Чи тавре мебинем, санаи иморати онҳо фарқи казоӣ надорад. Вале дар ҳамин муддати кӯтоҳ ҳам ҷустуҷӯи ҷиддии афкори меъморӣ боиси пайдоиши шакли нави мақбара гардид, ки онро мақбараи пештоқии гунбазӣ меноманд.

Мақбараи Арабато ҳам бинои мукаабшакли гунбазпӯш аст, вале фақат аз як тараф даромадгоҳ дорад ва тарафи даромадгоҳ бо пештоқи баланди мӯҳташам зинат дода шудааст, ки қади он аз қади девор ҳам баланд буда, ҳатто қисми зиёди гунбазро ҳам панаҳ кардааст.

Пештоқ саросар бо нақши зебои барҷаста оро дода шудааст, ки он пештоқро, ҳам боҳашамат ва ҳам назаррабо нишон медиҳад. Дар болои даромадгоҳ тоқчаҳои ороишӣ ба назар мерасанд. Тарҳи даруни мақбараро ҳам асосан ба се порча тақсим кардан мумкин (яъне сатҳи худи девор, қисми тараф ва баъди он худи гунбаз), лекин тарафи ин мақбара сохти дигар дорад ва он дуқабата мебошад. Барои ороиши мақбара масолеҳ ва воситаҳои гуногунро кор фармудаанд. Дар ороиши ин мақбара, ҳам усули бо чидани хишт нақш партофтан ва ҳам гаҷкорӣ ва ҳам гулпартоӣ бо хиштҳои сайқалӣ ва ҳам сабти катиба дар заминаи нақши ислимӣ ва ғ. истифода шудааст. Умуман дар сохту нақшунигори ин мақбара ҳам аломатҳои меъмории қадимии суғдиро дидан мумкин аст, вале бештар аз он нишонаҳои нав ба назар мерасанд, ки баъдтар хеле такмил ёфта, дар осори меъмории асрҳои ХI–ХII равшан муҷассам мегарданд.

Таҳлили таносуби ин ду мақбара нишон дод, ки онҳо аз рӯи лоиҳаи пешакӣ сохта шудаанд ва зотан ҳар як андозаи онҳо ба нисбати муайян мувофиқат мекунанд ва он нисбати тарафҳои чоркунҷа ба диагонали он аст. Ин қонунияти риёзӣ дар бисёр иморатҳои бошукӯҳ бо маҳорати тамом муҷассам гардида, намуди зебо ва мутаносиби Арабато ва алалхусус, мақбараи Сомониёнро таъмин намудааст.

Дар ин давра намуди ҳавлиҳои феодалӣ ҳам дигар шуда, ҷиҳати истеҳкоми он, яъне ҷиҳати мудофиавии он ба мадди сонӣ гузашта, ҷиҳати обод ва бароҳат будани он ба мадди аввал мегузарад. Яке аз чунин ҳавлиҳо ҳавлии Қирққиз мебошад, ки дар Тирмиз воқеъ аст. ҳавлӣ аз хиштҳои калон-калони хом ва аз хиштҳои муқаррарии пухта сохта шудааст. ҳавлӣ даҳҳо бинову иморатҳои гуногун дорад, ки дар ду қабат ҷой гирифтаанд ва бо гунбазу бомҳои гуногуншакл пӯшида шудаанд. Тарҳи Қирққиз низ чоркунҷаи мукааб аст ва дар ҳар гӯшааш бурҷе дорад. Вале девори ҳавлӣ на он деворҳои пештараи рахнанопазири ғафс аст. Даромадгоҳи ҳавлӣ ягон ҷиҳоз ё иншооти мудофиавӣ надорад, девор ҳам саросар пур аз тиреза буда, ҳатто дар бурҷҳо тиркаш нест.

Дар димнаи Афросиёб боқимондаи қасри Сомониён кашф шуд, ки он низ аз хишти хом сохта шудааст. Яке аз толорҳои қаср нақшу нигор доштааст ва аз он пораи идораву арақаи рангину нақшин ва инчунин пораҳои тасвири рӯи девор боқӣ мондааст. Изора иборат аз лавҳаҳои калони чоркунҷаест, ки дар миёнҷояш нақши колони ислимӣ дорад ва андаруни ин нақш боз нақши хурдтари наботӣ менамояд. Андоваи нақрдори қасри Сомониён далолат мекунад, ки гаҷбурони он давра соҳиби санъат, маҳорат ва завқи баланд будаанд.

Намунаи чӯбҳои кандакорӣ низ ҷолиби диққат мебошад. Дар ин бобат меҳроби масҷиди Искодар, сарсутунҳои Сангистон ва сутунҳои болооби Зарафшонро ном бурдан мумкин аст. Алалхусус меҳроби Искодар ҷолиби диққат мебошад – ин осори нодири санъат бе ягон мех ва ё ширеш сохта шуда, саросар кандакорӣ карда шудааст ва кандакорӣ аз ҳошияҳои катибаи куфӣ, нақши калон-калони занҷира ва резанақши ислимӣ иборат мебошанд. Сутунҳои Курут, Оббурдон ва Фатмев ва сарсутунҳои Сангистон ҳам хело хуштаносуб ва назаррабо менамоянд. Ин сутунҳо низ мувофиқи анъанаи қадимии санъати суғдӣ оро дода шуда бошанд ҳам, дар онҳо унсурҳои нав низ ба назар мерасанд. Бомаи ин сутунҳо бо усули чуқур кандакорӣ шуда, асосан аз нақши наботӣ ва тасвири шартии ҳайвонот таркиб ёфтааст. Тасвири шартии ҳайвонот (моҳӣ, парранда, гӯсфанд ва ғ.), алалхусус дар сутуни Оббурдон ва сарсутуни Сангистон зиёд аст.

Тиҷорат ва муомилоти пул

Калонтарин шаҳрҳои Осиёи Миёна дар асрҳои IХ–Х марказҳои тиҷорати дохили вилоятҳо, байни вилоятҳо ва баъзеи онҳо маркази тиҷорати байни мамлакатҳо буданд. Вале тиҷорат на фақат дар ин гуна марказҳои савдою ҳунармандӣ равнақу ривоҷ дошт, балки инчунин дар бисёр деҳаҳо низ (алалхусус, дар ҷое ки ин ё он намуди касбу ҳунар пеш рафта бошад) хеле инкишоф ёфта буд. Дар ин бобат маълумоте, ки Наршахӣ дар бораи деҳаҳои атрофи Бухоро овардааст, ҷолиби диққат мебошад. Дар ин деҳаҳо ҳафтае як бор рӯзи бозор мешуд ва дар ин рӯз мардуми зиёде ҷамъ меомад. Дар баъзе деҳаҳо бозорҳои солона ҳам мешуд, ки 10 ва ҳатто 20 рӯз давом мекард. Ба ин гуна бозорҳои солона аз ҷойҳои дур низ тоҷирон меомаданд ва на фақат барои таъмини эҳтиёҷи худ, балки асосан барои фурӯш моли бисёре мехариданд, зеро моли ин деҳаҳо, хусусан газворҳои онҳо берун аз хоки Осиёи Миёна ҳам нағз ба фурӯш мерафт. Савдогарони калони худи ин деҳаҳо ҳам ба андозаи зиёд тиҷорат мекарданд.[20]

Дар бораи вазъият, дараҷаи равнақу ривоҷ ва баъзе хусусиятҳои савдои дохилии онвақта тангаҳои он давраҳо, хоҷагии мукаммали пулӣ ва хусусияти аниқу дақиқи таърихии муомилоти пулӣ мадракоти пурарзиш медиҳад.[21]

tijoratТангаҳои тилло (динорҳо) дар давраи Сомониён хеле бисёр бароварда мешуд, вале миқдори бештари онҳоро берун аз ҳудуди Осиёи Миёна сикка мезаданд. Сиккахонаҳои Осиёи Миёна бошад, фақат гоҳ-гоҳ динор мебароварданд. Вале дигар ҷиҳати ин масъала ҷолиби диққат аст – мувофиқи хабари маъхазҳои таърихӣ ин динорҳо ба қимати мол роҳ доштанд, яъне мисли танга дона-дона кор фармуда намешуданд, балки фақат арзиши вазни онҳо ба назар гирифта мешуд. Ин иддаоро вазни худи динорҳо низ тасдиқ менамояд, яъне вазни динорҳо аз ҳамдигар он қадар фарқи калон дорад, ки донабайъ истифода шудани онҳо тамоман аз имкон берун аст.

Аммо тангаҳои тилло дар асрҳои минбаъда ҳам, яъне дар асрҳои ХI-ХIII донабайъ не, балки ба арзиши вазн истифода мешуданд, вале дар ин давраҳо онҳо, инчунин дар муомилоти ҳақиқии савдо низ ба кор мерафтанд. Дар асрҳои IХ–Х бошад, онҳо амалан воситаи муомилот набуданд. Дар омади гап гуфтан лозим, ки Истахрӣ ҳам дар бораи тангаҳои Бухоро сухан ронда менависад, ки: «дар Бухоро бо динор тиҷорат намекунанд». Ибни Фазлон ҳам, ки соли 921 ба Бухоро омада буд ва ба тадқиқи пулҳои Бухоро мароқи калон дошт ва онҳоро хеле муфассал тасвир карда буд, динорҳои тиллоиро, ҳатто номбар ҳам намекунад. Аз афти кор, динорҳои тилло фақат василаи андӯхт буданд, яъне онҳоро ҷамъ карда, дар хазина нигоҳ медоштанд. Агар дараҷаи нархҳои он давра ва миқдори тиҷоратро ба назар гирем, ҳатто калонтарин харидуфурӯшро бо пули нуқра, бо дирамҳо анҷом додан мумкин буд.

Дар асрҳои IХ–Х дар давлати Тоҳириён ва Сомониён намудҳои гуногуни дирамҳо сикка зада мешуд ва ҳар як дирам номи махсус ва қадри махсус дошт. Аз асри IХ, алалхусус аз асри Х сар карда, сиккаи мунтазами дирамҳои умумидавлатии нуқра оғоз ёфт. Дар ин дирамҳо ягон расме нест, фақат хати арабии куфӣ ҳасту бас. Дар асри Х ин тангаҳоро аз номи Исмоили Сомонӣ тангаҳои «исмоилӣ» меномидагӣ шуданд. Аҷоибаш ҳамин, ки тангаҳои «исмоилӣ» дар худи Осиёи Миёна кам ёфт шудаанд, ҳол он ки дар Европаи шарқӣ ва дар ноҳияҳои Назди Балтика садҳо ганҷинаҳои пули ин гуна дирамҳо ба даст омаданд. Аз ин бармеояд, ки пулҳои «исмоилӣ», пеш аз ҳама, воситаи тиҷорат буданд, гарчанде дар ҳаёти иқтисодии дохили мамлакат ҳам мақоми муайяне доштанд. Тадқиқи таркиби нуқраи он ва вазни он иддаои болоии моро тасдиқ менамояд. Аввалҳо меъёри он олӣ ва вазни ҳар як танга аниқ буд ва ин нишон медиҳад, ки пули исмоилӣ дар дохили мамлакат чун воситаи муомилот бояд донабайъ ба кор мерафт ва дарвоқеъ, чунин ҳам буд. Вақте маълум шуд, ки аксари тангаҳои исмоилӣ аздусар ба хориҷа мераванд ва дар хориҷа бошад, тангаҳо на донабайъ, балки аз рӯи вазни худ истифода мешаванд, ба ин сабаб ҳукумати Сомониён қарор дод, ки сиккаи онро камхарҷу осонтар кунад. Дарвоқеъ, сӣ сол ҳам нагузашта вазни дирамҳои исмоилӣ тамоман дигар шуд ва вазни тангаҳо аз ҳамдигар тафовути калон пайдо кард. Инчунин таркиби пули нуқра ҳам тағйир ёфт. Ин гуна тангаҳо дар дохили мамлакат донабайъ истифода шуда наметавонистанд ва ин бевосита набошад ҳам, равшан нишон медиҳад, ки дирамҳои исмоилӣ дар савдои дохилӣ мавқеи казоӣ надоштанд. Эҳтимол, онҳо ҳам, мисли тилло, фақат аҳён-аҳён дар бозори дохилӣ ба кор мерафтанд.

Воситаи асосии муомилоти пулӣ дар Осиёи Миёна дар асрҳои IХ–Х дирамҳое буданд, ки дар маъхазҳо дирамҳои хоразмӣ, мусайябӣ, муҳаммадӣ ё қитрифӣ номида шудаанд. Ин тангаҳо бар хилофи дирамҳои исмоилӣ хеле кам хат, вале хеле зиёд сурат доштанд. Сурати асосии рӯи ин тангаҳо чунин буд, дар як тарафаш сурати аз миён болои подшоҳ ва дар тарафи дигари он назргоҳи муқаддас бо оташу посбонон. Ин суратҳо тасвири схематикии суратҳои тангаҳои яке аз шоҳони Сосониён мебошад, ки дар асри V ҳукм меронд. Яке аз хусусиятҳои иқтисодиёти он давра ҳамин буд, ки хироҷ маҳз бо ҳамин се хели тангаи суратдор дода мешуд, вале ҳар як вилоят хақ надошт, ки бо кадом намуди ин тангаҳо хоҳад, бо ҳамон хироҷи худро диҳад, балки ҳар як вилоят ӯҳдадор буд, ки хироҷи худро фақат бо ҳамон навъи тангаҳо диҳад, ки барои он вилоят муқаррар шудааст. Масалан, вилояти Шош, ки конҳои зиёд дошт ва шаҳри Хуҷанд хироҷи худро фақат бо дирамҳои мусайябӣ бояд медод, ки таркиби нуқраи ин дирамҳо хеле тоза буд. Суғд ва маркази он Самарқанд, инчунин Фарғона чун хироҷ бояд дирами муҳаммадӣ медоданд. Бухоро бошад, фақат дирами қитрифӣ медод ва ғайра. Хироҷи вилояти Уструшан бошад, 48 ҳазор дирами муҳаммадӣ ва 2 ҳазор дирами мусайябӣ буд.

Аз ин мебарояд, ки ин се намуди дирам аз ҳамдигар фарқи калон доштаанд, вагарна ҳар як вилоят метавонист хироҷи худро ба ҳамон дираме диҳад, ки мехоҳад. Дар бобати фарқи дирамҳо ду ақида ҳаст – мувофиқи ақидаи якум фарқи дирамҳо фақат дар хати арабии онҳо мебошад,[22] мувофиқи ақидаи дувум бошад, фарқ дар таркиби онҳост[23]. Ақидаи дувумро баъзе маъхазҳо ҳам тасдиқ мекунанд. Мусайябӣ аз нуқраи холис сикка зада мешуд ва беҳуда Ибни ҳавкал низ нанавишта буд, ки мусайябӣ «ганҷинаи онҳост». Истахрӣ роҷеъ ба дирамҳои муҳаммадӣ менависад, ки таркиби онҳо оҳан, мис, нуқра ва ғайра дошт, яъне ин тангаҳо аз нуқраи холис набуданд. Тангаҳои қитрифӣ фақат аз биринҷӣ сикка зада мешуданд. Аз ин рӯ, қурби онҳо низ ҳар хел буд, яъне ба дирами мусайябӣ аз ҳама зиёдтар ва ба. дирами қитрифӣ аз ҳама камтар чиз фурӯхта мешуд. Вале яке аз хусусиятҳои аҷоиби муомилоти пулии асрҳои IХ–Х ин аст, ки ҳар се тангаи номбурда аз тангаи нуқраи давлатии исмоилӣ бақурбтар ба ҳисоб мерафтанд, яъне ҳатто тангаи биринҷии қитрифӣ аз тангаи исмоилӣ бақурбтар ҳисоб мешуд ва ба он бисёртар чиз харидан мумкин буд.

Дар савдои чакана пули сиёҳ, ё худ фулус ба кор мерафт. Миқдори муайяни фулус бо як тангаи нуқра баробар карда мешуд, вале ин миқдор дар ҳар ҷо ҳар хел буд. Масалан, дар Бухоро як тангаи нуқра 24 фулус буд. Фулус одатан дар худи ҳудуди вилоят ба кор мерафт, вале амалан аз ҳудуди вилоят берун ҳам истифода мешуд, лекин дар ин сурат қурби он андак паст мегашт. Чунончи, дар худи ҳамон соли 921 дар Бухоро ба як фулуси Самарқанд фақат 2/3 ҳиссаи он чизро харидан мумкин буд, ки ба як фулуси Бухоро ба фурӯш мерафт.

Хусусияти муомилоти дирамҳои мусайябӣ, муҳаммадӣ, қитрифӣ ва фулус далолат менамояд, ки ҳатто дар асри Х, дар аҳди давлати ба таври кофӣ мутамаркази Сомониён Осиёи Миёна аз ҷиҳати иқтисодӣ як чизи том набуд. ҳудуди вилоятҳои алоҳидаи иқтисодӣ равшан намоёнанд, ки ҳар яке соҳиби бозори худ буданд. Ин бозорҳои вилоятӣ ба равнақу ривоҷи равобити тиҷоратӣ нигоҳ накарда, муддате маҳдудияти худро пойдор доштанд ва ҳатто соҳиби пули махсуси худ ҳам буданд. Ба ин сабаб ҳукумат маҷбур буд, ки ин хусусияту анъанаҳоро ба инобат гирад.

Дар ин давра равобити тиҷоратии Мовароуннаҳр бо Шарқу Ғарб, алалхусус бо мамлакатҳои Шарқи Наздик, бо кӯчманчиёни шимолу шарқ хеле авҷ гирифт. Анвои моли тиҷорат, ки Мовароуннаҳр мебаровард, низ хеле зиёд шуд. Акнун бештар молҳое ба фурӯш мерафт, ки барои истеъмоли шахсии мардум ва барои эҳтиёҷи касбу ҳунар лозим буданд. Роҳи корвонгузар байни Шарқи Наздик ва Хитой аз Мовароуннаҳр мегузашт. Ин роҳ аз кишварҳои соҳили баҳри Миёназамин сар шуда, аз Бағдод, ҳамадон, Нишопур, Марв, Омул гузашта, ба Бухоро меомад ва аз ин ҷо давом ёфта, аз Самарқанд мегузашту Шом, Тароз, Балосоғун, Суйоб ва соҳили ҷанубии Иссиқкӯлро тай намуда, ба Муғулистон ва аз он ҷо ба Хитой гузашта мерафт.

Корвонҳо баъзан ниҳоят калон мешуданд. Масалан, Ибни Фазлон, ки солҳои 921–922 ба сифати котиби сафорати халифа Муқтадир ба мулки Булғор сафар карда буд, менависад, ки корвони сафир аз 5 ҳазор кас, 3 ҳазор асп ва уштури бешумор иборат буд.[24] Аммо корвонҳои муқаррарӣ ба ҳар ҳол ин қадар калон намешуданд. Аксар вақт ба корвон ғайр аз савдогарон, инчунин косибон, ҳунармандон, олимон, рассомон, сайёҳон ҳам ҳамроҳ мешуданд. Сафирон ҳам бо корвоне мерафтанд. Дар ин хел вақтҳо корвон, дар воқеъ, хеле калон шуда мерафт ва барои муҳофизати он дастаи махсуси мусаллаҳ низ ташкил мекарданд.

Равобити тиҷоратии Мовароуннаҳр бо Хуросону мулки Булғор низ хеле ривоҷу равнақ дошт.[25] Ибни Фазлон роҳи тиҷоратиеро, ки Осиёи Миёнаро ба кишварҳои ҷанубу шарқии Европа мепайваст, хеле муфассал ба қалам додааст. Пештар роҳи савдо аз Эрону Бағдод то мулки Булғор аз Кавказу мулки Хазар мегузашт. Вале дар ибтидои асри Х дар аҳди халифа Муқтадир муносибати халифаи Бағдод ва подшоҳи Хазар вайрон шуд, ба ин сабаб роҳи савдо аз Мовароуннаҳр кушода шуд. Ибни Фазлон менависад, ки роҳи савдо аз Бухоро гузашта, то ба Аму мерасид ва аз ин ҷо бо роҳи обӣ то худи маркази Хоразми ҷанубӣ — шаҳри Кат рафта, баъд то Урганҷ давом мекард ва аз он ҷо ҳам гузашта, ба воситаи Эмба дар худи мулки Булғор анҷом меёфт. Чи тавре мебинем, роҳи савдо аз паҳлуи мулки Хазар гузашта, қад-қади соҳили чапи Волга тӯл мекашид. Дар сари ин роҳ бисёр работу саройҳо бунёд шуданд, ки дар он ҷойҳо мусофирон истироҳат мекарданд. Миқдори зиёди дирамҳои исмоилии Сомониён, ки дар саросари Россия, ҳатто аз худи соҳилҳои Балтик ёфт шуданд, далолат менамоянд, ки робитаи тиҷоратии байни Осиёи Миёна ва давлати Рус хеле мустаҳкам ва бо равнақу ривоҷ буд[26]. Аз мулки Булғор ба Осиёи Миёна мӯина, чарм, масолеҳи чармгарӣ (ба муносибати дар худи Осиёи Миёна ривоҷ ёфтани чармгарӣ), чорво, асал, чормағз ва ғулом меоварданд. Аз Осиёи Миёна ба кишварҳои шарқии Европа биринҷ, меваи хушк, матоъҳои гуногун ва беш аз ҳама дирамҳои нуқраи исмоилӣ мебурданд.

[1] Мадракотро роҷеъ ба обёрии Осиёи Миёна дар асрҳои IХ-Х ниг. ба: Жуковский В.А., 1844, с.12; Бартольд В.В., 1965, а, с. 199; Uуломов Я.U., 1957, с. 125 ва мобаъд.

[2] Ибни {авкал, ВGА, II, с. 384.

[3] {удуд-ул-олам, 1930, в; вараrи 23 б.

[4] Истахрӣ, ВGА, I, с. 334.

[5] Маълумоти маъхазҳои хаттӣ оид ба истихроҷи маъдан дар Осиёи Миёна дар асарҳои В.В.Бартолд гирд оварда шудаанд (хусусан дар боби таърихию географии «Туркистон дар давраи истилои муuулҳо» ва М.Е.Массон (1934 б, 1047, 1953). Инчунин ниг.: Беленицкий А.М., 1953 а.

[6] Литвинский Б.А., 1950 а, 1954 в, 1956 а; Литвинский Б.А., Исломов О.И., 1959; Исломов О.И., 1955; Бубнова М.А., 1962; Буряков Ю.Ф., 1965.

[7] Абдураззоrов А.А. ва диг., 1963; Абдураззоrов А.А., Безбородов М.А., 1936.

[8] Ставиский Б.Я., 1960.

[9] Давидович В.А., 1949.

[10] Кабаков С.К., 1956.

[11] Аҳроров И., 1966; Большаков О.Г., 1958, 1963, 1966; Вактурская Н.Н., 1959; Лунина С.Б., 1962; Сайко Э.В., 1963; Тошхӯҷаев Ш.С, 1967 ва диг.

[12] Ибни {авкал, ВGА, II, с. 403. Тарҷумаи русии ин порчаро ниг. дар: Бартольд В.В., 1965, с. 441.

[13] Беленицкий А.М., Бентович И.Б., 1961, с. 61–78.

[14] Наршахӣ, Теҳрон, с. 17.

[15] Крачковская В.А., 1949, с. 4 ва мобаъд; 1958, с. 615 ва мобаъд.

[16] Дар бораи тадrиrи мукаммалу муфассали таърихи бофандагии Шарrи «исломӣ» ниг. ба: Sӯrjӯant R., 1946, vol. IХ–ХVI (дар бораи газворҳои Хуросон ва Осиёи Миёна –vol. ХI–ХII).

[17] Grohmann А., 1954, s. 74–76; Мец А., 1966, с. 363, 364.

[18] Lӯwis В., 1937, Spulӯr В., 1952, s. 398.

[19] Доир ба осори меъмории ин давра асарҳои зиёд таълиф шудааст, масалан, ниг.: Булатов М. С, 1953; 1962; Воронина В. Л., 1954; 1950; Денике Г.Л., 1954; Литвинский Б.А., 1953; Нильсен В.А., 1950; Писарчик А.К., 1944; Пугаченкова Г. А., 1960: 1963 б; Пугаченкова Г.А. ва Ремпель Л.И., 1955 ва диг.

[20] Наршахӣ, Теҳрон, с. 13 ва мобаъд.

[21] Давидович Е.А., 1966, с. 103–134.

[22] Markoff А., 1891; Лерх П. И., 1909; Walkӯr S., 1941; Массон М. Е., 1965 а ва диг.

[23] Давидович Е. А., 1966.

[24] Ковалевский А.П., 1956, с. 128.

[25] Якубовский А.Ю., 1932, с. 12-15.

[26] Оид ба тадrиrоти бозёфти тангаҳои Шарr дар Европаи шарrӣ ниг.: Янин В.Л., 1956.

Назди admin

Инчунин хонед инро

hulbuk

ШАҲРҲОИ ОСИЁИ МИЁНА ДАР АСРҲОИ ХI–ХII

Тараққиёти босуръати шаҳрҳо, истеҳсолоти молӣ ва тиҷорати пулӣ аз муҳимтарин аломатҳои давраест, ки мо ба …