АСОСӢ / Таърихи тоҷикон / Тақсимоти иҷтимоӣ ва молумулкӣ

Тақсимоти иҷтимоӣ ва молумулкӣ

Аллакай дар охири ҳазораи III ва аввали ҳазораи II пеш аз милод дар Туркманистони ҷанубӣ тақсимоти молумулкӣ равшан ба назар мерасад. Дар Теппаҳисор ном осори эронӣ, ки ба ҳамин давраҳо тааллуқ дорад, қабрҳои ниҳоят бои сардорон ёфт шудааст. Дар Туркманистони ҷанубӣ ин гуна қабрҳои боён нестанд, вале дар қатори гӯрҳои муқаррарӣ гӯрҳое ҳастанд, ки фарқи калон доранд. Масалан, чунин аст қабри коҳинае, ки бо ангуштарини тилло ва шаддаи зебо гӯронда шудааст (дар Олтинтеппа). Паҳн шудани мӯҳр ҳам аз инкишофи тақсимоти молумулкӣ ва иҷтимоӣ далолат мекунад. Ёфт шудани хазинаҳо нишони он аст, ки сарватандӯзӣ аз тарафи намояндагони баъзе хонаводаҳо сар шудааст.[1] Сохтмони қасру коху маъбад барин биноҳо аз мавҷудияти ҷамъияте шаҳодат медиҳад, ки аз афти кор, аллакай ба синфҳо тақсим шудааст.

Тақсимоти молумулкӣ ва иҷтимоӣ дар ҷануби Осиёи Миёна, аниқтараш дар Туркманистони ҷанубӣ нисбат ба дигар ноҳияҳои ҳамсоя хеле барвақттар оғоз ёфтааст. Сабаби ин гуна «барвақтии» инкишофи Туркманистони ҷанубӣ гуногун мебошад. Аз ҷумла, яке аз сабабҳо ҳамин, ки дар Туркманистони ҷанубӣ барои зироати обии қадимӣ шароити аз ҳама қулайтар (дар Осиёи Миёна) фароҳам омадааст. Аз дигар тараф, Туркманистони ҷанубӣ дар бобати робита бо дигар тамаддунҳои шаҳрии Шарқ авзои муносибтаре дошт.

Инкишофи ҷамъияти синфӣ дар Туркманистони ҷанубӣ аввал мунтазам боло рафта, вале дар мобайн ва дар нимаи дувуми ҳазораи II пеш аз милод суст шудан гирифт. Ин ҳолат беихтиёр шимоли ҳиндустонро ба хаёл меоварад. Дар бораи хусусияти дигаргуниҳои иҷтимоӣ, ки дар он давраҳо дар ҷамъияти Туркманистони ҷанубӣ ба вуқӯъ меомаданд, фақат тахминан гап задан мумкин аст. Шакке нест, ки аллакай дар оянда дар он давра тақсимоти калони иҷтимоӣ ва молумулкӣ вуҷуд дошт. Инчунин мавҷудияти дизҳо (манзилҳои мустаҳками аркдор) низ ҷолиби диққат аст, ки онҳо дар охири ҳазораи II ва аввали ҳазораи I нафақат дар Туркманистон, балки дар Бохтар низ маълум буданд. Чунин суханони Ф.Энгелсро пурра ба онҳо нисбат додан мумкин аст: «Беҳуда нест, ки дар атрофи шаҳрҳои нави мустаҳкамгардида деворҳои даҳшатовар қомат рост кардаанд: дар хандақҳои зери ин деворҳо гӯри абгори сохти авлодӣ намоён шуда меистад; бурҷҳои онҳо бошанд, то ба тамаддун расидаанд».[2]

odejda-mujchin-tajik

Дар нимаи аввали ҳазораи I пеш аз милод тақсимоти молумулкӣ, иҷтимоӣ ва пайдоиши синфҳо бо қувваи нав авҷ мегирад. Ҷиҳати нави ин падида ҳамин, ки он акнун тамоми ноҳияҳои асосии Осиёи Миёнаро фаро мегирад. Инъикоси онро дар «Авесто» ва ҳатто дар қисмҳои қадимтарини он дидан мумкин аст. Ба ақидаи муаллифони «Авесто», сарват, пеш аз ҳама, чорво мебошад. Паҳлавони таҳамтан Хумо соҳиби «галаҳои хуб» будааст; «ҳавлиҳое» зикр шудаанд, ки «аз чорво бой будаанд». Ба худи Зардушт шахсе даҳ модиёни тойчадор ва як шутурро инъом карданӣ шудааст ва чи тавре В.И.Лившитс ҳаққонӣ қайд мекунад: «ба гумон, ки ин одам зироаткори оддӣ бошад».[3]

Дар бораи сохти иҷтимоии Осиёи Миёна дар миёна ва нимаи дувуми ҳазораи I пеш аз милод маълумот ниҳоят кам аст. Фақат баъзе ишораҳо оид ба тақсимоти иҷтимоӣ ба назар мерасаду бас. Масалан, дар байни бохтариҳо ва суғдиён «наҷибтаринҳое» (noӣilissimi) будаанд, ки бо «наҷобати», худ аз дигарон фарқ доштаанд (Квинт Куртсий, VII, 10, 4; Арриан, VII, 6. 3). Дар Осиёи Миёна ғуломдорӣ ҳам расм будааст. Масалан, дар сарчашмаҳо ривояте ҳаст, ки сокинони ноҳияи ғарбии давлати ҳахоманишиҳоро «ғулом гардонда» ба Осиёи Миёна кӯчонда овардаанд. Ана ҳамин тавр сокинони Барка ном шаҳри юнониёнро (воқеъ дар шимоли Африка) дар Бохтар муқимӣ кардаанд (Геродот, IV, 204). Форсҳо юнониёни ионии шӯришбардоштаро метарсонанд, ки худашонро ғулом карда, духтарони онҳоро ба Бохтар муҳоҷир хоҳанд кард (Геродот, VI, 9). Аз афти кор, ғуломонеро, ки аз ноҳияҳои ғарбии давлати ҳахоманишиҳо меоварданд, одатан дар Бохтар маскун мекарданд. Вале ин ғуломон ғуломони подшоҳ буданд. Дар бораи ғуломони хусусии ин давра маълумот камтар аст. Масалан, танҳо як хабар ҳаст, ки (ҳамон ҳам комилан аниқ не) Спитамани суғдӣ ғулом (sӯқvғs) доштааст (Квинт Куртсий, VIII, 3, 9). Дар айни замон дар маъхазҳо ишорат меравад, ки дар ташкили иҷтимоии аҳолии ондавраи Осиёи Миёна падидаҳои сохти авлоду қабилавӣ ба назар мерасанд. Шояд ба ҳамин сабаб аҳолии яке аз шаҳрҳои шимоли Суғд қабила ё авлоди (gӯns) момакон номида шудаанд (Квинт Куртсий, VII, 6, 17).

Аъёну ашрофи Суғд ва Бохтар дар замони Искандари Мақдунӣ соҳиби сарвати азим буд. Бевосита набошад ҳам, ба ин, масалан, кирдори ҳуриён ном шахсе далолат мекунад, ки тамоми лашкари мақдуниёнро дар муддати ду моҳ бо хӯрокворӣ таъмин карда тавонистааст (Арриан, IV, 21, 10). Портии  машҳур аз авлоди Сурен, ки Крассро торумор карда буд, ба қавли Плутарх («ҳаёти Красс», 21), «одаме будааст бағоят нодир, ҳам дар сарват ва ҳам дар наҷобат ва ҳам дар шӯҳрат нафси сонӣ баъди шоҳ… Бидуни тӯша, ки бори ҳазор шутур будааст ва бидуни дусад ароба канизак ба сафар намебаромадааст. ҳазор паҳлавони зиреҳпӯш ва аз ин беш сарбозони мусаллаҳ ӯро мушоият мекардаанд, тамоми нӯкару саворагону ғуломони вай аз даҳ ҳазор меафзудааст». Мусофире қайд кардааст, ки дар Даван «ҳавлиҳои пурсарват» ва «калоншавандаҳо» ҳастанд; бойҳо захираи фаровони шароб доштаанд. Бойҳои усуниҳои кӯчманчӣ галаҳое доштаанд, ки ҳар яке 4–5 ҳазор сар будааст.

[1] Массон В.М., 1967 б, с. 187.

[2] К. Маркс ва Ф. Энгельс. Асарҳо, т. 21, с. 164.

[3] ИТН, I, с. 145-146.

Назди admin

Инчунин хонед инро

hulbuk

ШАҲРҲОИ ОСИЁИ МИЁНА ДАР АСРҲОИ ХI–ХII

Тараққиёти босуръати шаҳрҳо, истеҳсолоти молӣ ва тиҷорати пулӣ аз муҳимтарин аломатҳои давраест, ки мо ба …