МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
АСОСӢ / Таърихи тоҷикон / ТАЪРИХИ СИЁСИИ АСРҲОИ IХ-Х

ТАЪРИХИ СИЁСИИ АСРҲОИ IХ-Х

Қувват гирифтани ашрофи феодалии маҳаллӣ

Шӯришҳои пай дар пайи халқҳои Мовароуннаҳр, ки аз замони мавриди ис-тилои хилофат қарор гирифтани Осиёи Миёна сар карда, ба муқобили ҳукм-ронии арабҳо давом менамуд, пас аз хобонидани шӯриши Муқаннаъ ҳам қатъ нагардид.

Дар соли 806 шӯриши бузурге бо сардории Рофеъ ибни Лайс ба амал омад. Шӯришиён қоиммақоми халифаро дар Самарқанд ба қатл расонида, муддати чанд вақт шаҳрро ба дасти худ гирифтанд. Дар ин шӯриш хусусан аҳолии Фарғона, Хуҷанд, Бухоро, Уструшан, Хоразм, Чағониён ва Хатлон фаъолона ширкат намуданд. Туркҳои бодиянишин ҳам ба кӯмаки шӯришиён омаданд.

Ин шӯриши калони халқ дар соли 810 фурӯ нишонда шуд ва ин ҳам фақат ҳамон вақт ба арабҳо муяссар гардид, ки сардори шӯришиён Рофеъ ибни Лайс дар нозуктарин лаҳзаи мубориза хиёнат карда, ба тарафи душман гузашт.

Дар солҳои минбаъда гоҳ дар Суғд, гоҳ дар Уструшан ва Фарғона шӯришҳои нав ба вуқӯъ меомаданд.[1]

Ин ҳама шӯришҳо гувоҳӣ медоданд, ки қоиммақомҳои халифа Мовароуннаҳр ва Хуросонро фақат бо қувваи аслиҳа дар сари итоат нигоҳ дошта наметавонанд. Идора кардани ин мамлакат танҳо ҳамон вақт ба онҳо мумкин мешуд, ки аъён ва ашрофи маҳаллиро ҳарчи бештар ба корҳои давлатӣ ҷалб намоянд.

abbosiyon
Аббосиён бо роҳи беш аз пеш ба умури идораи давлат кашидани намояндагони ашрофи маҳаллӣ ният доштанд, ки ҷидду ҷаҳди онҳоро барои истиқлолият суст намуда, дар мубориза ба муқобили шӯришҳои халқ ба онҳо такя кунанд. Бинобар он аз вақти ҳукмронии халифа Абӯҷаъфар ал-Мансур (754-775) сар карда, дар замони ворисони ӯ халифа Маҳдӣ (775-785) ва ҳорунаррашид (786-809) вилоятҳои гуногуни Мовароуннаҳрро асосан намояндагони ашрофи феодалии маҳаллӣ, дар навбати аввал, вазирони насли Бармакиҳо ва Сомониён идора мекарданд. Вале ин тадбир боиси дар Осиёи Миёна мустаҳкам шудани ҳокимияти хилофат нагардида, баръакс, шароит ва имкониятҳои мусоиди аз таҳти ҳукмронии арабҳо озод шудани ин сарзаминро хеле инкишоф дод.

Дар ҳамин вақт дар Эрон ва Осиёи Миёна неҳзати (зиддиарабӣ, эронпарастии) ба истилоҳ шуубиён бисёр вусъат пайдо намуд.[2] Аз миёнаҳои асри IХ шуубия асоси идеологии неҳзати халқии зидди хилофат мегардад (вай бештар дар муҳити деҳот паҳн гардида буд). Шуубия дар байни доираҳои маърифатноки аҳолии маҳаллӣ, ки бо ҳар васила бартарии мадании худро нисбат ба арабҳо таъкид мекарданд, низ шӯҳрати муайяне дошт. Дар айни замон фаъолияти он гурӯҳҳои ашрофи маҳаллӣ, ки ба иқтидори худ боварӣ дошта, барои комилан ба даст даровардани ҳокимият ва мустақил шудан аз хилофати араб саъй мекарданд, рӯз аз рӯз қувват мегирифт.

ҳорунаррашид дар шахсияти Бармакиҳо беш аз пеш пурқувват шудани таъсири иқтисодӣ ва сиёсии ашрофи ғайриарабро дида ва аз он хавф бурда, амр кард, ки тамоми намояндагони хонаводаи Бармакиҳоро ба қатл расонанд.[3]

Вай бо мақсади ба такягоҳи худ табдил додани рӯҳониёни ислом мавқеи онҳоро хеле баланд бардошт. Ӯ заминҳои зиёдеро ба рӯҳониён тақсим кард. Дар баробари ин вай сиёсати ба тарафи хилофат кашидани аъён ва ашрофи маҳаллиро низ давом дод. Аммо маҳв карда шудани насли Бармакиҳо, ки муддати 50 сол чи дар хилофат ва чи дар байни аҳолии маҳаллӣ нуфуз ва эътибори бузурге доштанд, нисбат ба идора кардани вилоятҳои шарқӣ сиёсати хилофатро тағйир надод. Вилоятҳои шарқӣ ҳамоно монанди аввала бо ёрии намояндагони аъён ва ашрофи заминдори маҳаллӣ идора мешуданд. Мавқеи ин аъёну ашроф махсусан аз соли 821, яъне вақте ки дар Хуросон ва Мовароуннаҳр сулолаҳои маҳаллӣ – аввалан, Тоҳириҳо ва сониян, Сомониён ба сари ҳукумат нишастанд, хеле пурқувват гардид.

[1] Rодирова Т., 1965, с. 138–147.

[2] Петрушевский И. П., 1966, с. 248–250.

[3] Ӣarthold W., 1913, Бартольд В.В., 1966 в; Ӣouvat L., 1912; Sourdӯt D., 1959, I, р. 127–182.

Назди admin

Инчунин хонед инро

hulbuk

ШАҲРҲОИ ОСИЁИ МИЁНА ДАР АСРҲОИ ХI–ХII

Тараққиёти босуръати шаҳрҳо, истеҳсолоти молӣ ва тиҷорати пулӣ аз муҳимтарин аломатҳои давраест, ки мо ба …