МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
АСОСӢ / Тандурустӣ / Таркиб ва вазифаҳои хун ва плазмаи он

Таркиб ва вазифаҳои хун ва плазмаи он

Аҳамият ва вазифаҳои хун. Хун ҳамчун моеъи дохилии организм дар системаи махсуси худ ҳаракат карда, вазифаҳои зеринро иҷро мекунад: нақлиётӣ, нафаскашӣ, кимиёвӣ, ҳуморалӣ, ва ғайраҳо.

Таркиби хун. Дар организми одами калонсол қариб 5 литр хун мавҷуд аст. Хун ҳамчун бофтаи пайвасткунанда аз ду қисм иборат мебошад. Ҳангоми хунро ба пробирка гирифта ба асбоби чархзананда (сентрифуга) давр занондан, ба ду қисм ҷудо шудани хунро дидан мумкин аст. Қисми болоии онро плазма ва қисми поёнашро ҳуҷайраҳои хун:эритроситҳо, лейкоситҳо

ва тромбоситҳо ташкил мекунанд. Таркиби плазмаи хунро қариб 90-92% об ва 8-10% моддаҳои узвӣ, сафедаҳо, чарбҳо, глюкоза, ташкил мекунанд. Аз моддаҳои ғайриузвӣ намакҳои минералӣ, ба монанди натрий, калий, калсий, магний ва ғайраҳо ба таркиби хун дохил мешаванд. Таркиби плазмаи хун доимӣ буда, дар ҳолати тағйирёбии он организм ба ҳалокат дучор мешавад. Моддаҳои зиёдатие, ки дар организм ҳосил мешаванд, тавассути узвҳои ихроҷ аз организм дур карда мешавад: хун дар шуш аз гази карбонат ва дар гурда аз оби зиёдатӣ ва намаки минералии дар он ҳалшуда озод мешавад.

tarkibi-xun

Лахташавии хун. Дар вақти осеб дидани рагҳо хун лахта шуда, организмро аз хунравии зиёд эмин медорад. Хун оҳиста-оҳиста лахта шуда, ҷои зарардидаи рагро мебандад ва бо ҳамин хунравиро боз медорад. Бо гузаштани вақт девори раги хун сиҳат шуда, лахтаҳои хун нест мешаванд.

Сафедаи ҳалнашавандаи нахҳои фибрин асоси лахташавии хунро ташкил медиҳад, ки вай аз сафедаи дар плазма ҳалшудаи фибриноген таркиб ёфтааст. Барои ҳосилшавии нахҳои фибринӣ омилҳои узвӣ, сафедаҳо ва моддаҳои ғайриузвӣ, хусусан ионҳои калий роли муайянро иҷро мекунанд. Мўҳлати лахташавии хун аз ҳарорати муҳит вобаста аст. Масалан, дар ҳарорати гармӣ хун дар давоми 3-5 дақиқа лахта мешавад. Дар таркиби лимфа фибриноген низ ҳаст.

Баъзе одамон бемории модарзодӣ доранд, ки хунашон умуман қобилияти лахташавӣ надорад, ки онро гемофилия меноманд. Чунин одамон ҳангоми каме захмдор шудан аз сабаби хунравии зиёд ба ҳалокат гирифтор мешаванд. Барои барқарор кардани ҳолати муқаррарӣ маҳлулҳои физиологӣ – NaCl, CaCl ва ғайра интиқол карда мешаванд.

Саволҳо:

  1. Хун кадом вазифаро иҷро мекунад?
  2. Вазифаи нақлиётии хун дар чист?
  3. Таркиби хун аз кадом қисмҳо иборат аст?
  4. Дар таркиби плазмаи хун кадом моддаҳо мавҷуданд?
  5. Кадом ҳуҷайраҳои хунро медонед?
  6. Лахташавии хун чист ва кадом омилҳо онро ба амал меоранд?
  7. Оё лахташавии хунро пешгирӣ кардан мумкин аст?
  8. Гемофилия чист?

Назди admin

Инчунин хонед инро

sutunmuhra

Аҳмияти машқҳои ҷисмонӣ барои мушак ва скелет  

Инкишофи системаи такягоҳ ва ҳаракати одам. Скелети мушакҳодар бачагӣ ва наврасӣ инкишоф меёбад. Мушакҳо дар …