МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
Тархун

Тархун

Тархун — ин гиёҳро ба забони тоҷикӣ тархонӣ мегӯянд. Тару тозаи онро мардуми сарзамини Эрон монанди кабудиҳои дигар чун: наъноъ, пудина, таратезак (индов) ва монанди инҳо бо нон, ҷурғот, панир ва ғайра мехӯранд. Ин растанӣ навъҳои бӯстонӣ ва саҳроӣ дорад. Онро бо усули киштани тухмаш ва қаламчаи шохашро шинонидан месабзонанд. Ба забони русси онро инчунин «Тархун» ё «Эстрагон» меноманд.

Дар таъми он тезӣ, гирандагӣ, тунҷӣ ва камтар ширинӣ ҳам мавҷуд аст. Агар инро батанҳоӣ ба дили наҳор бихоянд, дарҳол ба забон карахтӣ меоварад. Бинобар ҳамин пеш аз оби давоҳои исҳоловар ҷӯшонидашударо нӯшидан, тархунро бо ҷав якҷо мехоянд, ки таъми он давоҳо дар даҳан махсус нагардад. Решаи тархуни саҳроӣ ҳамон оқирқирҳо мебошад. Тархунро ба русӣ эстрагон меноманд. Мардумони пешаи деҳқонӣ мегӯянд, ки агар тухми испандро дар сиркои кӯҳна тар намоянд, то он ки нам кашад, баъд бикоранд, тархун мегардад. Ва инчунин он тухмро дар миёни турб ҷо карда бикоранд, низ тархун мерӯяд. Беҳтарини тархун тару тозаи он аст.

Мизоҷи тархуни саҳроӣ дар дараҷаи севум гарм ва хушк аст, вале бӯстониашро дар дараҷаи якум гарм ва хушк гуфтаанд. Хислатҳои шифобахши он: хусусиятҳои умумии тархун: парокандакунандаи бодҳо ва ахлоти часпак, кушояндаи гиреҳҳои дохили бадан, қувватбахши меъда, барангезандаи иштиҳо, хушккунандаи рутубатҳои зиёдатӣ ва зарарнок.

Инро бихоянд, даҳанро хушбӯй мекунад, ҳисси таъмро дар даҳан тағйир медиҳад ва узвҳои даруни даҳанро карахт мегардонад. Агар онро хоида, муддате дар даҳан нигоҳ доранд, барои дарди гулӯ фоида дорад, ба ҷиҳати ислоҳи ҳавои вабоӣ ва тоун даво мешавад.

Оби гиёҳи тару тозаи онро бо шароби кодӣ, ки дарахти хушбӯйи ҳиндист, ҳал карда бинӯшанд, баромадани обила (нағзак) ва сурхичаро манъ мекунад ва намегузорад, ки дигар иллати вабойӣ бирасад.

Тархунро хоида, баъд об бинӯшанд, он об лазиз мегардад. Вале тархун ба одамони гарммизоҷ зарар дорад. Агар онро бардавом бихӯранд, хунро месӯзонад, ҳатто қуввати боҳро қатъ мегардонад. Дар ин гуна маврид кабудиҳои сардмизоҷ бояд бихӯранд, то он ки зарари он ислоҳ ёбад. Инчунин узвҳои даруни синаро шахшӯл мегардонад — дар ин ҳолат асал бихӯранд, ислоҳи ҳол менамояд. Тархун ҳамчун ғизо дерҳазм аст ва барои осон намудани ҳазми он карафс ё бо карафс бояд бихӯранд. Агар ба тархун тухми арпабодиёнро ҳамроҳ карда бихӯранд, қуввати онро зиёда мегардонад.

Назди admin

Инчунин хонед инро

Бемории простата

Табобати Аденома простата, дору барои бемории мардон!

Аденомаи простата ё худ онро гиперплазияи ғадуди простатаи безарар мебошад, ки яке аз маъмултарин бемориҳои …