МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
АСОСӢ / Таърихи тоҷикон / ҚАДИМТАРИН ТАСВИРҲОИ РӮИ САНГ

ҚАДИМТАРИН ТАСВИРҲОИ РӮИ САНГ

Тасвирҳои рӯи санг, ки барои дарк намудани тафаккури башари қадим ва тасаввуроти нисбат ба муҳит пайдокардаи ӯ кӯмак мерасонанд, мавриди таваҷҷӯҳи муҳаққиқони таърихи бостон қарор гирифтаанд.

Дар бисёр ноҳияҳои Осиёи Миёна ҳазорон тасвирҳои дар сахраҳо кандашуда мавҷуданд, ки машҳуртарини онҳо тасвирҳои Саймалитош дар Фарғона[1] ва Лангаркишт дар Помири ғарбӣ мебошад[2]. Дар Тоҷикистон ҳам чандин маҳалли ин қабил ёдгориҳоро метавон ном бурд. Чунончи, дар қадди соҳили Зарафшон ва шохаҳои он[3], дар силсилакӯҳи Қурама[4] ва дигар маҳалҳо миқдори зиёди тасвирҳои рӯи санг пайдо гардидаанд. Дар Помир тақрибан 50 маҳалли чунин ёдгорӣ қайд шудааст[5]. Аксари ин тасвирҳои рӯи санг ба даврони таърих ва қисман ба замони скифу сарматҳо тааллуқ дорад. Аз тадқиқи онҳо масъалаҳои хеле ҷолибе ба миён меоянд, ки эҳтимол, чанд насли донишмандон – археологҳо ва санъатшиносон ба ҳалли онҳо машғул хоҳанд шуд.

Вале аз ҳама ҷолибтар қадимтарин тасвирҳои рӯи сахраҳо офаридаи одамони асри санг мебошад. Ин қабил тасвирҳо ҳамагӣ фақат дар якчанд нуқтаҳо дучор омадаанд. Онҳо чи аз ҷиҳати мавзӯъ ва чи аз ҷиҳати тарзи офариниши худ аз чунин осори ҳунарии давраҳои баъд фарқ мекунанд. Яке аз фарқҳои муҳими тасвирҳои қадима ин аст, ки онҳо бо ранг кашида шудаанд.

rasmi_sangТасвирҳои хеле диққатангези Заравутсой (воқеъ дар Ўзбекистон) кайҳост, ки шӯҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардаанд. Дар байни ин тасвирҳо хусусан саҳнаи шикори говони ваҳшӣ, ки шикорчиён рӯи худро бо або пӯшидаанд, ҷолиби таваҷҷӯҳ мебошад. Дар натиҷаи тадқиқоти солҳои охир маълум гардид, ки ин суратҳо ба давраҳои неолиту энеолит тааллуқ дошта, эҳтимол, баъзе қабатҳои қадимтари онҳо ба замони мезолит ҳам рафта мерасида бошанд[6].

Чунин ба назар мерасад, ки қадимтарин тасвири рӯи санг дар Осиёи Миёна суратҳои мағораи Шахта мебошад, ки дар Помир кашф шудааст. Дар девори мағораи начандон калоне, ки дар баландии 4200м аз сатҳи баҳр воқеъ гардидааст, суратҳои ба ду ранг кашидашуда маҳфуз мондаанд. Тасвири одамони ба зери қаноти мурғон паноҳбурда, гурозҳо ва хирсҳо хеле хуб намоён аст. ҳайвонҳо дар лаҳзаи захмӣ шудан аз тири шикорчиён тасвир шудаанд. Бино ба сабки нигориши ин суратҳо, қазоват кардан мумкин аст, ки онҳо назар ба суратҳои Заравутсой қадимтаранд ва метавонанд ба давраҳои аввали неолит ё худ мезолит нисбат ёбанд[7].

Суратҳое, ки аз ду маҳалли дигари кӯҳистони Осиёи Миёна – дар наҳри Сариҷас[8] ва Куртикисои наздики мағораи Шахта ёфт шудаанд, ба давраҳои баъдтар, ба аҳди охири неолит ё биринҷӣ тааллуқ доранд[9].

[1] Бернштам А. Н., 1952.

[2] Ранов В.А., 1960 а.

[3] Дальский А. Н., 1949; Мандельштам А. М., 1956.

[4] Ранов В. А., 1960 б.

[5] Ранов В. А., Гурский А. В., 1960.

[6] Формозов А. А., 1966; 1969, с. 60–78.

[7] Ранов В. А., 1961.

[8] Окладников А. П., Рацек В. И., 1954.

[9] Ранов В. А.. 1961.

[10] Ранов В. А., 1961.

[11] Окладников А. П., Рацек В. И., 1954.

[12] Ранов В. А.. 1961.

Назди admin

Инчунин хонед инро

hulbuk

ШАҲРҲОИ ОСИЁИ МИЁНА ДАР АСРҲОИ ХI–ХII

Тараққиёти босуръати шаҳрҳо, истеҳсолоти молӣ ва тиҷорати пулӣ аз муҳимтарин аломатҳои давраест, ки мо ба …