МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
АСОСӢ / Таърихи тоҷикон / Тоҳириён (Тохириён 821–873)

Тоҳириён (Тохириён 821–873)

Ниёгони Тоҳириҳо шаҳри Фушанҷи вилояти ҳиротро дар дасти худ нигоҳ медоштанд. Сарсилсилаи ин хонадон ҳокими Фушанҷ Тоҳир ибни ҳусайн буд. Дар вақти қоиммақоми Хуросон будани Маъмун, ки баъдтар ба маснади хилофат расид, Тоҳир дар дарбори ӯ нуфуз ва эътибори калон пайдо намуд. Соли 811, дар ҷанги байни ду бародар, яъне ворисони ҳорунаррашид– Амин ва Маъмун, дар талоши ҳокимият Тоҳир лашкари Маъмунро сардорӣ кард. Ӯ дар соли 813 Бағдодро забт намуда, барои ба тахти хилофат соҳиб шудани Маъмун ба таври ҷиддӣ кӯмак расонд. Пас аз чанд вақт дар Бағдод сардори тамоми қувваи ҳарбии халифа буд ва баъд аз он, дар соли 821 ҳокими Хуросон таъйин гардид[1].

Тоҳир мамлакати Хуросон ва вилоятҳои Осиёи Миёнаро ҳамчун ҳукмрони мустақил идора мекард. Вай дар соли 822 ҳатто фармон дод, ки дар хутбаи намози ҷумъа номи халифаро ёд накунанд. Ин бо Бағдод қатъи алоқа кардани ӯро ифода менамуд. Пас аз чанд рӯзи ин воқеа Тоҳир вафот намуд. Нисбат ба ин марги ногаҳонии Тоҳир чунин фикре мавҷуд аст, ки ӯро ҷосусони халифа заҳр дода куштаанд.

Агарчанде Тоҳир майли тамоман ошкорои мустақилшавӣ дошт, халифа Маъмун ба ҳокими Хуросон писари ӯ Талҳаро (822-828) тасдиқ намуд. Писари дигари Тоҳир – Абдуллоҳ (830-844) дар ҳеҷ сурат худро мутеи хилофат надониста, Хуросонро бо ихтиёри худ идора мекард. Дар замони ӯ қароргоҳи Тоҳириён шаҳри Нишопур гардид. Халифа Мӯътасим (833-842) Абдуллоҳро хеле бад медид, вале барои саркӯбӣ ва мутеъ кардани ӯ ҳеҷ як чора ва имконияте надошт. Кӯшиши ба воситаи заҳр ҳалок сохтани Абдуллоҳ ҳам барор нагирифт.

Тоҳириҳо барои ташкил кардани ҳукумати мутамаркази қавӣ ва ба тартиб андохтани умури зироат тадбирҳои қатъӣ пешбинӣ намуданд. Онҳо та-риқи беҳтар истифода бурдани обро ҷорӣ карда, наҳр ва каналҳои нав сох-танд. Мувофиқи супориши Абдуллоҳ машҳуртарин қонундонҳои мамлакат қоида ва мизони баҳрабарии обро дар корҳои зироат таҳти мутолиа қарор дода, китобе дар ин бора таълиф намуданд, ки муддати дусад сол дар ҳалли мубоҳиса ва моҷарои соҳаи об ва обёрӣ ҳамчун дастуруламал хидмат кард.

tijoratНомаи Тоҳир ибни ҳусайн ба писараш Абдуллоҳ маҳфуз мондааст[2]. Дар он ба тариқи панду насиҳат масъалаҳои давлатдорӣ, муносибат бо фуқаро, усулҳои андозгирӣ ва амсоли ин баён ёфтааст. Тоҳир ба писараш маслиҳат медиҳад, ки андозро аз рӯи адлу инсоф бигирад ва аз он на бойҳо ва на наздиконашро озод накунад. Асли маънии ин «мувозибат» дар худи нома равшан ифода шудааст: «Бидон, ки сарват даромаде намеорад, агарчи фузун бошаду дар хазина бимонад, вале баръакс, мефизояд ва зиёдатар мегардад, вақте ки ба зарурати фуқаро, барои адои ҳаққи онҳо ва аз ташвиш озод шуданашон сарф шавад; рафоҳи ҳоли халқ бо ҳамин восита таъмин мегардад, ҳокимонро ин зеб медиҳад, шукуфонии даврон аз ҳамин аст, шӯҳрат ва қудратро ҳамин мебахшад… Дар айни вақт ту ба шарофати ин барои ҷамъоварии миқдори лозимаи андозаи замин имкон меёбӣ ва боигарии ту афзун мешавад ва ин тариқа ту қуввае пайдо мекунӣ, то барои худ қӯшун нигаҳ дорӣ ва ба мардум дасти саховати худро боз намуда, ҳамаро аз худ шод гардонӣ».[3] Тоҳир ин ҷо ҳамчун ҳимоякунандаи манфиати синфи худ баромад карда, дар айни замон чун шахсе, ки ба ҷуз хонахароб кардан ва аз иқтидори пардохти молиёт маҳрум намудан дигар нафъе надоштани зулму истисмори мардумро мефаҳмид, ба назар менамояд. Ӯ маҳз аз рӯи манфиатҳои синфи худ ба истисмори «оқилона» даъват мекунад. Абдуллоҳ ҳам васиятҳои падари худро то андозае дар амал татбиқ намуд.

Абдуллоҳ инчунин кӯшиш намуд он худсариҳоеро, ки дар маҳалҳо заминдорони калон ва маъмурони давлат нисбат ба барзгарон раво медоштанд, то ҳадди имкон маҳдуд гардонад. Ӯ фармони махсус бароварда, аҳволи барзгаронро қадре ба сомон овард. «Худо ризқи моро бо дасти онҳо мерасонад,– гуфта мешуд дар фармони Абдуллоҳ, – ба забони онҳо моро табрик мекунад ва ранҷонидани онҳоро манъ кардааст».

Худ аз худ маълум аст, ки Абдуллоҳ як шахси ҳимоякунандаи манфиати барзгарон набуд; вай фақат манфиати заминдорони калон ва бозургононро дар назар мегирифт. Ӯ «наранҷонидани» зироаткунандагонро танҳо аз ҳамин сабаб талаб мекард, ки бидуни ин ба таври маъмулӣ дохил шудани молиёт ба хазинаи давлат мумкин набуд.

Вазъияти аҳолӣ ва хусусан барзгарон дар замони Тоҳириҳо низ хеле вазнин буд. Онҳо аз тарафи заминдорони калон сахт истисмор шуда, дар ҳамин ҳол маҷбур буданд, ки ба давлат андозҳои аз ҳад зиёд бидиҳанд. Чунончи, дар соли 844 маблағи молиёте, ки аз барзгарон ситонида шуда буд, 48 миллион дирҳамро ташкил мекард. Шӯриши барзгарони Систон қариб ҳеҷ қатъ намешуд.

Тоҳириҳо барои маъмул гардидани дини ислом кӯшиш карда, чунин ният доштанд, ки рӯҳониёни исломро дар бобати сиёсати марказият додани давлат ба такягоҳи худ мубаддал намоянд. Дар аҳди Талҳаи Тоҳирӣ дар Уструшан, ки оини зардуштӣ нисбатан бештар маҳфуз монда буд, низ дини ислом ҷорӣ карда шуд. Абдуллоҳи Тоҳирӣ дар соли 840 ба ташкили мурофиаи ҷиноятӣ бар афшини собиқи Уструшан ҳайдар, ки пас аз қабул кардани дини ислом яке аз сардорони ҳарбии халифа Мӯътасим гардида буд, мусоидат намуд. Афшин ҳайдар дар вақти муҳокима ба он гунаҳкор карда шуд, ки ӯ барои пинҳон доштани асли мақсади худ дини исломро қабул карда, дар амал барои шӯриши Уструшан дар талаби истиқлол ва оини қадима тадорукот медид[4]. ҳангоми мурофиаи суд маълум гардид, ки уструшаниҳо фақат дар зоҳир дини исломро қабул кардаанд, аммо дар амал ба пайравии оини қадимаи худ давом медодаанд.

Давлати Тоҳириҳо ба миқдори зиёди амалдорони босавод эҳтиёҷ дошт. Аз ин ҷост, ки Абдуллоҳ кӯшиш мекард назар ба давраи гузашта дониш ва омӯзишро бештар дастраси оммаи васеи аҳолӣ гардонад. Абдуллоҳ низ монанди падари худ шоир буд. Бародарзодаи ӯ Мансур, ки Марв, Омул ва Хоразмро идора мекард, бо асарҳои фалсафии худ шӯҳрат пайдо карда буд. Писари Абдуллоҳ Тоҳири II (844-862) саъй мекард, ки дар ҳар бобат ба падараш тақлид намояд. Умуман, замони ҳукмронии Абдуллоҳ ва Тоҳирро метавон оғози эҳёи маданияти маҳаллӣ номид[5]. Аммо ин протсесс хеле мураккаб ва ихтилофомез буд. Гап дар сари ин аст, ки худи намояндагони сулолаи Тоҳириён, хусусан Абдуллоҳ ибни Тоҳир, ба маданияти араб ва тамоми зуҳуроти он ихлос доштани худро бо исрор таъкид мекарданд[6]. Дар асри IХ ва ибтидои асри Х дар Эрон ҷамоатҳои зардуштӣ нашъат пайдо карда, маҳз дар ҳамин вақт чунин асарҳои зардуштӣ, аз қабили «Бундаҳишн» ва «Денкарт», инчунин як қатор таълифоти ғайридинӣ ба вуҷуд меоянд[7]. Тоҳириён ҳамаи инро ба эътибор нагирифта наметавонистанд, хусусан, ки аз ҷиҳати сиёсат душмани асосиашон хилофати Аббосӣ буд ва худи онҳо ба ҳамон вилоятҳое такя мекарданд, ки аксари аҳолиашон эронизабон буданд. Маҳз аз ҳамин сабаб Тоҳириён ба шоирон, алалхусус, мӯътақидони шуубия иҷозат медоданд, ки онҳоро бо подшоҳону қаҳрамонони Эрони пеш аз ислом қиёс карда, ситоиш намоянд. Дар дарбори Тоҳириён дар қатори забони арабӣ забони форсӣ ҳам мустаъмал буд. Дар Марв китобхонае вуҷуд дошт, ки асарҳои ба забони паҳлавӣ навишташуда нигоҳ дошта мешуд.[8]

Бояд эътироф намуд, ки роли бузургро дар тараққии маданияти маҳаллӣ на Тоҳириҳо, балки Саффориҳо бозиданд.

[1] Барои тафсили воrеаҳои сиёсии аҳди Тоҳириён ва Саффориён ниг.: Бартольд В.В., 1963 б, с. 265; инчунин ниг.: Spulӯr В., 1952, в. 59 ва мобаъд.

[2] Шмидт А.Э., 1925, с. 127–137.

[3] Шмидт А.Э., 1925, с. 132–135.

[4] Доир ба ин ҳодисаҳои аҷиб ниг.: Бартольд В.В., 1963 б, с.269; Sadighi G.H., 1938, р.287-305; Hӯrzfӯld Ӯ., 1948, s.138-152; Wright Е.М., 1948. р.124-131; Spulӯr В.,1952, s.62-67; Неъматов Н.,1957, с.140-150. Муҳимтарин мулоҳизаҳои доир ба баъзе масъалаҳои ба ин ҳодисаҳо алоrамандро дар асари {еннинг метавон дарёфт: Hӯnning W.В.,1965 а.

[5] Spulӯr В., 1952, 8. 68-69, 231-235.

[6] Ӣosworth С.Е., 1969 а.

[7] Петрушевский И.П., 1960, с. 36-37; Fryӯ К. N., 1963, р. 238-241.

[8] Ӣosworth С.Е., 1969 ӣ.

Назди admin

Инчунин хонед инро

hulbuk

ШАҲРҲОИ ОСИЁИ МИЁНА ДАР АСРҲОИ ХI–ХII

Тараққиёти босуръати шаҳрҳо, истеҳсолоти молӣ ва тиҷорати пулӣ аз муҳимтарин аломатҳои давраест, ки мо ба …