МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
АСОСӢ / Таърихи тоҷикон / Халқи тоҷик дар давраи салтанати Ғазнавиён

Халқи тоҷик дар давраи салтанати Ғазнавиён

Давраи ҳамчун як маркази сиёсӣ сар бардоштани Ғазнин ҳанӯз аз аввалҳои нимаи дувуми асри Х сар мешавад.[1]

Дар сарчашмаҳои таърихӣ Сабуктегин ҳамчун асосгузори сулолаи Ғазнавиён дар асри Х эътироф гардидааст.[2] Зеро Сабуктегин на фақат истиқлолияти Ғазнинро таъмин намуд, балки заминҳои ҳавзаи дарёи Кобулро ба он ҳамроҳ намуда, хоки давлати худро васеътар кард. Илова бар ин, ба ивази кӯмаке, ки ба амири сомонӣ Нӯҳи II расонида буд, ҳокимияти Хуросон низ ба ихтиёри ӯ гузашт. Сабуктегин дар соли 997 вафот намуд.

Маҳмуди Ғазнавӣ, ки писари бузурги ӯ буд, вориси қонунӣ ҳисоб мешуд. Лекин Сабуктегин дар вақти касалии худ писари хурдаш Исмоилро валиаҳд эълон намуд. Ба ин тариқ, пас аз вафоти ӯ Исмоил ба тахт нишаст. Аммо ҳукмронии ӯ зиёда аз 7 моҳ давом накард. Дар мамлакат саркашӣ ва исёнҳои феодалони маҳаллӣ бар зидди ҳокимияти марказӣ қувват гирифт. Маҳмуд аз вазъият истифода намуда, бо қувваи лашкар ба Ғазнин равон шуд ва Исмоилро шикаст дода, салтанатро ба дасти худ гирифт.

Вақте ки дар соли 999 давлати сомонӣ аз тарафи шимол ба ҳуҷуми Қарохониҳо дучор гардид, Маҳмуд ҳам аз тарафи ҷануб ба муқобили Сомониён бархоста, тамоми Хуросонро ба таҳти тасарруфи худ даровард.

Аз тарафи халифаи Бағдод шинохта шудани салтанати Маҳмуд ва ба ӯ дода шудани лақабҳои ифтихорӣ асоси ҳукмронии Маҳмудро хеле мустаҳкам намуд. Дар соли 1002 Маҳмуд Систонро ишғол кард.

Аввалҳо дарёи Аму ҳамчун сарҳади байни Ғазнавиён ва Қарохониён муқаррар гардида буд. Соли 1008 дар ноҳияи Балх муҳорибаи шадиде дар миёни қӯшунҳои ғазнавӣ ва қарохонӣ ба амал омада, бо ғалабаи комили Маҳмуд анҷом ёфт. Ин ҳолат мавқеи Маҳмудро дар тамоми Хуросон мустаҳкам намуд.

Дар айёми ҳукуматдории Маҳмуд (998–1030) давлати ғазнавӣ ба иқтидори бузурге соҳиб гардид.[3]

Султон Маҳмуди Ғазнавӣ аз соли 1002 то соли 1026 беш аз 15 маротиба ба ҳиндустон лашкар кашид. Асли мақсад аз ин ҷангҳое, ки дар таҳти шиори «ғазовот» бурда мешуданд, фақат ғорат кардани ҳиндустон ва ба даст даровардани сарватҳои ин сарзамин буд.

Ҳамаи ин лашкаркашиҳои Маҳмуди Ғазнавӣ барои халқи ҳиндустон харобӣ ва бадбахтиҳои аз ҳад зиёде овард. Сарбозони ӯ аҳолиро тороҷ мекарданд, ёдгориҳои гаронбаҳои таърихиро несту нобуд менамуданд. Маҳмуд на танҳо шаҳрҳоро вайрон карда ба яғмо мебурд, балки нисбат ба аҳолӣ низ аз ҳеҷ гуна ваҳшоният рӯй намегардонид. Масалан, ӯ дар соли 1019, пас аз ишғол кардани қалъаи Маҳован (ё худ Моҳобон), ба сабаби он ки ҳокими қалъа пеш аз омадани вай гурехтааст, тамоми сокинони онро қатли ом намуда буд.

Султон Маҳмуд дар лашкаркашии соли 1019 илова бар ҷавоҳирот ва дигар сарвати фаровон 350 фил ва 57 ҳазор ғулом ба Ғазнин овард. Чунон ки сарчашмаҳои таърихӣ қайд  мекунанд, миқдори асирони овардаи Маҳмуд то дараҷае зиёд буд, ки биноҳои мавҷудаи шаҳр кифоя накард ва барои ҷойгир кардани онҳо ба сохтмони биноҳои махсус шурӯъ намуданд.

Дар солҳои 1010–1011 Султон Маҳмуд ба сарзамини Ғур (вилояте дар Афғонистони кунунӣ) ҳуҷум оварда, ба ивази додани талафоти зиёд як қисмати онро ишғол кард. Ӯ дар соли 1017 аз кушта шудани Маъмуни Хоразмшоҳ истифода  бурда, Хоразмро забт кард ва онро низ ба давлати худ ҳамроҳ намуд. Инчунин дар соли 1024 бо лашкари зиёд ба Балх омад ва бо баҳонаи ин, ки мехоҳад зулми Алитегини Қарохониро аз сари аҳолии Мовароуннаҳр дур кунад, аз дарёи Аму гузашта Чағониён, Қабодиён, Хатлон ва баъзе ҷойҳои дигарро ба даст даровард. Илова бар ин, дар соли 1029 Райро ишғол намуда, ҳокими онро ба ҳабс гирифт ва ғаниматҳои дарёфт кардаашро ба Ғазнин фиристонид. Ба ин тариқа, аз қисматҳои шимолӣ ва шимоли ғарбии ҳиндустон сар карда, то Чағониёну Хоразм ва дар ҳудуди Эрони имрӯза то Исфаҳон ва Рай вилоятҳои сершумор ба давлати Маҳмуди Ғазнавӣ дохил гардиданд.

seljukskoe_gosudarstvo

Лашкаркашиҳои истилогаронаи Маҳмуди Ғазнавӣ, махсусан ҷангҳои дар ҳиндустон бурдаи ӯ, ки сарчашмаи асосии сарватмандии султон, гвардияи вай ва лашкариёнашро ташкил менамуданд, дар айни ҳол халқи меҳнатиро ба муфлисӣ ва маҳрумиятҳо гирифтор мекарданд. Дар арафаи ҳар як лашкаркашӣ аз аҳолии маҳаллӣ андозҳои бисёре ситонида мешуд. Ин тариқа, андозҳо то дараҷае зиёд буд, ки халқи заҳматкаш пас аз адо кардани он, ҳатто аз воситаҳои рӯзгузаронии худ низ тамоман ҷудо мегардид.  Аз ин сабаб хоҷагии мамлакат торафт рӯ ба вайронӣ ниҳода, воҳаҳои зироатӣ ва наҳрҳои обёрӣ дар аксарияти маҳалҳо аз кор мемонданд.

Дар натиҷаи паст рафтани хоҷагии қишлоқ соли 1011 дар Хуросон қаҳтӣ рӯй дод. Барвақт омадани сармои зимистон ва камборонии айёми баҳорон ба ниҳоят кам шудани ҳосил боис гардид. Ин аҳвол вазъияти душвори аҳолиро боз ҳам сахттар кард. Мувофиқи маълумоти воқеаномаҳои таърихӣ дар як худи Нишопур ҳазорон нафар одамон аз гуруснагӣ ҳалок шудаанд. Бо вуҷуди он ки баъзан дар Нишопур то 400 ман ғалла ба фурӯш нарафта, дар бозор мемонд, лекин аҳолӣ то андозае қашшоқ шуда буд, ки барои харидани он иқтидоре надошт. Дар соли қаҳтӣ мардум сагу гурбаҳоро кушта мехӯрданд ва дар баъзе ҷойҳо, ҳатто гӯшти одамхӯрӣ ҳам ба амал омада буд.

Маҳмуди Ғазнавӣ барои аз гуруснагӣ ва марг халос кардани аҳолии Хуросон тамоми васила ва имкониятҳоро дошт. Вале дар ин бора ҳеҷ як чораи қатъӣ надид ва фақат барои намуд ба ҳокими Хуросон амр дод, ки ба камбағалон як маблағи ночизе кӯмаки пулӣ расонад.

Султон Маҳмуд гоҳо баъд аз лашкаркашиҳои навбатии худ ба умрону обод намудани пойтахташ машғул мешуд, ки масҷид ва мадрасаи машҳури Ғазнин аз ҷумлаи бинокориҳои ӯст. Лекин сохта шудани ҳар як иморат ба сари аҳолӣ маҳрумият ва мусибатҳои зиёде меовард. Тахтасанги мармар ва дигар сангҳои пурқимате, ки дар тоқҳо ва саҳни масҷиди ҷомеи Ғазнин кор фармуда шудаанд, чи навъе ки сарчашмаҳо хабар медиҳанд, ҳама аз ҷойҳои дурдаст бо қувваи халқ кашонида шуда буданд. ҳатто хароҷоти ҳарсолаи боғи Дилкушои Маҳмуд, ки дар Балх воқеъ гардида буд, комилан аз тарафи аҳолии ин шаҳр адо карда мешуд.

Маҳмуд тамоми аҳолии мамлакатро ба ду гурӯҳ – ба қувваҳои мусаллаҳ ва халқи оддӣ тақсим мекард .Ӯ ба аскарон моҳона медод ва ба ивази ин аз онҳо талаб менамуд, ки ҳама гуна амри ӯро бо садоқат иҷро кунанд. Вай барои ин ки гӯё халқи мамлакатро бо қувваи аскари худ аз ҳуҷуми душманони хориҷӣ муҳофиза мекунад, аз аҳолии оддии заҳматкаш ҳам талаб мекард, ки ҳар як фармони ӯро бегуфтугӯ ба ҷо оранд ва илова бар ин, андозҳои давлатиро адо карда истанд.

Султон Маҳмуд марди хеле хасис ва дар масъалаи ҷамъ кардани молу сарват бағоят ҳарис буд. Ӯ он ҳама сарвате, ки аз ҳиндустон ва дигар гӯшаву канорҳои мамлакат бо роҳҳои гуногун ҷамъ карда буд, дар хазина нигоҳ медошт. Муаррихи асри ХV Мирхонд дар далели хасисӣ ва ҳирсу ози Маҳмуди Ғазнавӣ чунин ҳикояти аҷиберо овардааст: «Гӯянд, ки султон ду рӯз қабл аз вафоти худ фармон дод, то аз хазина дирам… ва динорҳои сурх ва анвои ҷавоҳири нафис ва ғайраро, ки дар айёми салтанат ҷамъ оварда буд, ҳозир карданд ва дар саҳни сафҳаи ариз (васеъ) ҳамаро бигустурданд ва он саҳн дар назари бинандагон бӯстоне менамуд, ки ба гулҳои мулавван аз сурх ва зард ва бунафш ва ғайра ороста бошанд. Султон ба чашми ҳасрат дар онҳо менигарист ва зор-зор мегирист ва баъд аз гиряи зиёд бифармуд, то ҳамаро ба хазина бибурданд ва фулусе аз он ҳама ҷинс ва нақд ба мустаҳиқе надод, бо он ки медонист, ки дар он ду рӯз ҷони ширин ба сад талхӣ хоҳад дод».[4]

mahmudi_gaznavi

Маҳмуди Ғазнавӣ дар лашкаркашӣ ва ҷангҳои ғоратгарона мақсади асосии худро бо шиори ғазовот – ҷанги муқаддаси ислом мепӯшонид, ки ба туфайли ин аз тарафи халифа ҳимоят медид ва хеле мусулмонони мутаассиби «ғазоталаб»-ро ба қӯшуни худ гирд меовард. Илова бар ин, ӯ худро пайрави мазҳаби суннӣ (ки дар он вақт мазҳаби ҳукмрони ислом буд) эълон намуда, ба муқобили ҳама гуна норозигиҳо ва ҳаракатҳои зидди тартиботи феодалӣ, ки беш аз ҳама дар сурати ақидаҳои бидъатомези қарматиҳо, исмоилиҳо, шииҳо ва аҳли дигар ҷараёнҳо зоҳир мегардиданд, мубориза мебурд. Вай молу мулки тарафдорони ин ҷараёнҳоро мусодира намуда, бо ин роҳ низ сарвати бисёреро ба дасти худ ҷамъ мекард. Ба ин тариқ, эътиқод ва тарафдории садоқатмандонаи Маҳмуд нисбат ба мазҳаби суннӣ фақат як воситае буд, ки бо ин роҳ ӯ мавқеи ҳокимияти худро мустаҳкам мекард ва сарваташро меафзуд.

Маҳмуди Ғазнавӣ ба корҳои таҷассуси давлатӣ ҳам ниҳоятдараҷа аҳамият медод. Ғайр аз ҷосусони махфие, ки дар ҳузури ҳар як ҳоким гузошта мешуданд, дар пеши ӯ маъмури махсус низ бо унвони «мушриф» кор мекард, ки аз вазъияти дохилӣ, кордорӣ ва аҳволи рӯҳияи ҳокимон хабар дода меистод. Султон Маҳмуд ҳатто аз паси фарзандони худ ва аз он ҷумла Масъуд, ки валиаҳди салтанат буд, ҷосус мегузошт.

Султон Маҳмуди Ғазнавӣ ба қӯшуни сершумори хуб ташкил ва мусаллаҳшуда такя мекард. Дар ихтиёри ӯ бисёр филҳои ҷангӣ, барои муҳосираи қалъа мошинҳои сангандоз, барои убури дарё пулҳои шиновар мавҷуд буданд. Нафароти зиёди қӯшуни султонро ғуломони зархарид ва таълими ҷангигирифта ташкил медоданд. Дастаҳои сарбозони ғулом аз туркҳо ва ҷанговарони дигар халқҳо фароҳам меомад, ки дар байни онҳо тоҷикон кам набуданд.[5]

Султон Маҳмуд ҳаққо, ки сарлашкари бузург ва ҳокими ғаюру соҳибиродае буд. Ӯ дар бораи ҳашмат ва шавкати зоҳирии давлати худ ғамхорӣ карда, биноҳои зебову муҷаллал месохт, ба шоирону уламои дарбор сарпарастӣ менамуд. Аммо вай дар роҳи тараққиёти хоҷагии қишлоқ ягон коре накард. Дар аҳди ӯ зироат ба харобӣ рӯ оварда, равобити иқтисодии байни вилоятҳои ҷудогонаи мамлакат заиф гардид. Ноустувории давлати барпокардаи султон Маҳмуд, хусусан пас аз вафоти ӯ (с. 1030), боз ҳам равшантар зоҳир шуд.

[1] Таърихи сиёсии Ғазнавиён дар ин асарҳо муфассалан баён шудааст: Бартольд В.В., 1963 б, с. 322 ва мобаъд; Eosworth С. Е., 1963, р. 35–47; 227– 268; очерки мухтасар ниг.: Массон В.М., Ромодин В.А., 1964, с. 242 ва мобаъд; Spuler В., 1952, 8. 111–124.

[2] Маълумоти оид ба аслу насаб ва давраҳои аввали зиндагии Сабуктегин, ки дар «Панднома» оварда шудааст, ба тавассути баъзе сарчашмаҳои асримиёнагӣ, аз ҷумла асари Муҳаммади Шабонrораӣ (асри ХIV), «Маҷма-ул-ансоб» (ба тариrи иrтибос) то замони мо расидааст. Дар ин асар гуфта мешавад, ки Сабуктегин аслан аз тоифаи барсхони Туркистон мебошад. Вай дар айёми ҷавонӣ ба дасти rабилаи турк-мани тухсӣ асир афтода, чор сол подаи онҳоро мечаронад ва пас ба тоҷирони Мовароуннаҳр фурӯхта мешавад (ЛО ИВАН СССР. С-372, вар. 144,145). Доир ба «Панднома» ҳамчун манбаи марҳилаҳои аввали таърихи Uазнавиён ниг.: Ӣosworth С.Е., 1965.

[3] Муфассалан ниг.: Якубовский А.Ю., 1934; Nasim М., 1931.

[4] Равзату-с-сафо, с. 38.

[5] Дар бораи яроrу аслиҳа, таркиб ва ташкили rӯшуни Маҳмуди Uазнавӣ ва ворисони наздики ӯ ниг.: Ӣosworth С.Е., 1960; 1963, р. 98–128

Назди admin

Инчунин хонед инро

hulbuk

ШАҲРҲОИ ОСИЁИ МИЁНА ДАР АСРҲОИ ХI–ХII

Тараққиёти босуръати шаҳрҳо, истеҳсолоти молӣ ва тиҷорати пулӣ аз муҳимтарин аломатҳои давраест, ки мо ба …