МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / ТОВУС дар Канзи Шифо (Китоб)
Товус
Товус дар сурат (расм)

ТОВУС дар Канзи Шифо (Китоб)

Товус парандаест, машҳур ба зебоӣ ва хушранг бо рангҳои гуногун, думаш бисёр дароз ва чун бардорад, чатрӣ мегардад, хусусан думи нари он бисёр дароз ва парҳои зебо дорад. Мизоҷи гӯшташ дар дараҷаи дувум гарм ва хушк аст.

Хислатҳои шифобахши он: гӯшташ бисёр сахт ва бадҳазм, хӯрдани он хилти (моддаи) ғализ дар бадан пайдо мекунад, вале ба меъда қувват мебахшад. Гӯшташро бе масолеҳи дигар шӯрбо карда бихӯранд, дарди паҳлӯ ва зот-ул-ҷанб (варами пардаҳои даруни сина)-ро шифо мебахшад.

Хӯрдани гӯшт ва чарбуи он боҳро қавӣ мегардонад. Гӯшташро бо судоб шӯрбо пухта бихӯранд, дарди меъдаро, ки аз хунукӣ ҳодис шуда, кулинҷ (колит), бодҳои ғализ ва дарди буғумҳоро дору мешавад. Равғани онро бар камар, закар ва мақъад (махраҷгоҳ) бимоланд, боҳро қувват мебахшад.

Чарбуашро об карда, бо об, судоб ё бо асал даромехта бимоланд, қулинҷ ва дарди меъдаро ба ибро меоварад. Хунашро бо анзарут ва намак даромехта бимоланд, решҳои бадфиоли раддиро, ки хӯрандаи узв гашта бошанд, шифо мебахшад. Саргинашро бимоланд, доғҳои пӯстро пок мекунад, озахҳоро хушк карда мерезонад. Устухонашро сӯхта, бо асал сиришта бимоланд, доғи кунҷидакро дафъ менамояд, ранги песро дигар месозад.

Заҳрри товусро ба қадри як грамм ба танҳоӣ ё бо сиканҷабину (сиркоасал) оби гарм биёшоманд, барои боздоштани пешоб ва манъ кардани исҳоли хунини кӯҳна давои хубест. Агар инро бо сирко даромехта бимоланд, газидани ҷонварони заҳрнок ва захмҳоро шифо мебахшад, доғҳои пӯстро дафъ мекунад; бо анзарут сиришта ба чашм бимоланд, гули чашмро дур месозад. Агар заҳраашро сӯхта бипошанд, даҳани ҷароҳатҳоро ба ҳам оварда сиҳат мебахшад. Ин сӯхтаи онро ба дандои бимоланд, онро сахт ва мустаҳкам мегардонад ва аз чирк пок месозад.

Мегӯянд, ки чун дунболаи онро дар кӯза андохта, бисӯзонанд, аз 450 грамми он қариб 4,5 грамм фулуззе монанди тилло ҳосил мешаванд. Ҳамин фулузро чун сурма ба чашм кашанд, гули чашм ва ҳамаи бемориҳои чашмро дафъ мекунад. Мизоҷи гӯшташ бисёр гарм аст ва инро бо ҳазмкунандаи таом занҷабил, мурч, зира ва ғайра бихӯранд, ислоҳ мегардад.

 

Назди admin

Инчунин хонед инро

tarkibi-xun

Таркиб ва вазифаҳои хун ва плазмаи он

Аҳамият ва вазифаҳои хун. Хун ҳамчун моеъи дохилии организм дар системаи махсуси худ ҳаракат карда, …