МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН

ТӮДАРӢ

Тӯдарӣ — ин тухми гиёҳест баргаш дароз, бепоя, шохҳои он сурхи сахт ва бо андак хоре; самараш дар ғилофе, ки борику нозук аст. Тухмаш аз тухми наск кӯчактар, андак паҳн. Муаллифони «Махзан-ул-адвия» ва «Муҳити аъзам» қайд кардаанд, ки ин се навъ аст: сурх, зард ва сафед. Вале соҳиби «Ихтиёроти бадеӣ» шаҳодат медиҳад, ки ин чор навъ аст: зард, сафед, сурх, гулгун. Тухми сафеди он аз қисмҳои сурх ва зарди он андак калонтар ва паҳнтар аст.

Мизоҷи тухмаш дар дараҷаи дувум гарм ва дар якум тар аст. Хислатҳои шифобахши он: хосиятҳои ҳамаи қисмҳояш ҳам қариб ба якдигар наздиканд. Агар бихӯранд, иштиҳо меоварад, қуввати боҳро афзун мегардонад, олоти мардиро ба ҳаракат меоварад, баданро фарбеҳ мекунад; агар дар узвҳои дохили сина ва шикам сардӣ афзуда бошад, ба ислоҳ медиҳад; ранги рӯйро сурх мегардонад, пӯсти баданро пок менамояд, моддаҳои савдовиро аз бадан дафъ мекунад, овозро мекушояд; сурфаеро, ки сабабаш зиёд шудани хун дар роҳи нафас бошад, шифо мебахшад, инчунин сурфаи хушкро дафъ месозад.

Агар онро дар сирко пухта бихӯранд, аъзои баданро фарбеҳ мекунад, ранги рӯйро соф мегардонад. Тухмашро кӯфта, бо об хамир карда, аз рӯ гузошта банданд, саратони дохилиро таҳлил медиҳад ва барад (жировик)-ро нест мекунад, варамҳои сахтро мегардонад. Агар инро маҳин соида, бо асал даромехта, ба чашм бикашанд, захми онро шифо мебахшад ва чашмро аз риму чирк пок месозад. Кӯфтаи онро бо асал хамир карда, лесида бихӯранд, ахлоти часпаки узвҳои даруни сина ва шушро пароканда менамояд.

ТӯдарӣИнро дар об ҷӯшонида, он обро бо шароб даромехта бинӯшанд, заҳрҳои гуногуни дар бадан дохилгаштаро дафъ мекунад. Тухми онро як шабонарӯз дар об тар карда, баъд дар ҳамон об ҷӯшонида, сонӣ полида соф карда, дар халтача баста, дар мағзи хамир гирифта, дар зери оташ пухта бихӯранд, ахлоти ғафси часпаки дар даруни сина ва шуш бударо ба воситаи қай ва дар намуди балғам дафъ мекунад; варамҳои сахти пушти гӯш, пистон ва хояҳоро таҳлил медиҳад, азияти давоҳои қотилро дафъ месозад.

Миқдори як бор хӯрдан барои дафъ кардани заҳр аз бадан аз 10,5 то 17,5 грамм аст. Дар дигар ҳолат миқдори як бор дар як рӯз хӯрдан аз 7 то 10,5 грамм аст. Гиёҳи ин растаниро бихӯранд, дарунро мебандад ва варамҳои дохилиро мегардонад.

Назди admin

Инчунин хонед инро

Мухаллас

Мухаллас дар Канзи Шифо (Китоб)

Мухаллас (лотинӣ: Dianthus tetralepis), (русӣ: гвоздика четырёхгранная ) —  Ин гиёҳ аз як реша то 15-20 соқ бармеоварад, гиреҳдор, …