МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН

Турбуд

Турбуд — ин решаи гиёҳест берунаш моил ба сиёҳӣ, дарунаш сафед ва сабук, миёнхолии наймонанд, ду тарафи он шилмак дорад. Ин гиёҳ дар сарзамин ва кӯҳҳои Осиёи Марказӣ низ мерӯяд. Гиёҳаш поядор, баргаш монанди барги лӯбиё ва печаки калон аст, гирдҳои он борик, гулаш осмонгуну дар пояаш мебошад. Самараш монанди тухми дарахти забони гунчишк (шунг).

Агар даруни решаи он сиёҳ ё зард буда, низ ковок набошад, заҳр аст. Беҳтарини он даруни решааш сафеди ковок, шилмакдор, кирмнохӯрда, дар ғафсӣ ва борикӣ миёна, софҷавҳари суфта, зудшикан ва осон кӯфташаванда, береша ё камреша, бо андак тезии таъм ва ба сатҳи забон нуфузкунандаи покиовар бошад. Агар ин гуна сифатҳоро надошта бошад, раддӣ аст, ки ба истеъмол намеравад.

Мизоҷаш дар авали дараҷаи севум гарм ва дар охири ҳамин дараҷа хушк аст. Вале муаллифи китоби «Шифо-ул-асқом» мизоҷи инро дар охири дараҷаи дувум гарм ва хушк гуфтааст.

Хислатҳои шифобахши он: хусусияташ         исҳолкунандаи балғам ва рутубати рақиқ (суюқ), инчунин дафъкунандаи миқдори ками сафро аст; ахлоти (моддаҳои) сӯхтаро дафъ мекунад.

Агар инро бо занҷабил, ки қувватбахши феъли он аст, бихӯранд, балғами часпак ва ғафсро меканаду хатто аз ҷоҳои дур ва чуқури бадан дафъ мекунад; майна, меъда ва бачадонро аз балғамҳои гуногун пок месозад ва гиреҳҳои дар он пайдошударо мекушояд; барои фолиҷ, бемориҳои асабонӣ, сурфаи ҳодис ба иштироки рутубатҳои меъда ва ирқуннасо (радикулит) даво мешавад; инро бо равғани бодом ё бо тухми загир бихӯранд, сурфаи кӯҳна ва дарди узвҳои даруни синаро дафъ мекунад; бо пӯсти ҳалилаи кобулӣ бихӯранд, барои молихулиё, девонагӣ ва саръ даво мешавад. Ба қавле, чун ҷирми хомашро кӯфта бихӯранд, балғамро назар ба сафро зиёдтар хориҷ менамояд. Вале агар онро дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд, баръакс, сафроро зиёдтар аз балғам дафъ мекунад. Лекин сазовор ва лоиқи он аст, ки  дар об ҷӯшонида ва ё кӯфта истеъмол карданӣ бошанд, бисёр ҷӯш надиҳанд ва маҳин накӯбанд, то он ки ба пашмакҳои меъда ва рӯдаҳо начаспад. Агар инро ба маъҷун дохил кардан хоҳанд, бояд ки маҳин бикӯбанд.

Кӯфтаи онро бо занҷабил ва шакар истеъмол карданӣ шаванд, бояд ки бо оби гарм бихӯранд. Агар инро бо намак хӯрданӣ бошанд, ҳатман бояд бо оби хунук истеъмол шавад. Камтареро аз он бо занҷабил ва набот ба тариқи қаҳва пухта, бояд ки гарм-гарм ва андак-андак биёшоманд, барои сурфаи тар ва зиқ-ун-нафас даво мегардад.

Вале турбуд дар одамони гарммизоҷ ва дилашон гарм ба рӯдаҳо зарар мекунад, беҷо (беҳузур) шудани дилро ба амал меоварад, ғамгин мекунад. Дар ин ҳолатҳо пӯсти сиёҳи онро тарошида дур намуда, бо равғани бодом ё равғани писта чарб карда бихӯранд, безарар мегардад. Инчунин бо катиро бихӯранд, зиёнаш ислоҳ меёбад. Аммо, ба шарте ки чарбаш мӯътадил бошад, равғани бисёр набояд андозанд. Зеро ки аз ҳад зиёд чарб намоянд, ҳол ва феъли онро суст мегардонад. Сабаби тарошида дур кардани пӯсти сиёҳи он аз ҳамин иборат аст, ки гамбуски алокузанги заҳрнок бо он пӯстлох мебошад. Миқдори як бор хӯрдан дар як рӯз аз турбуд то 10,5 грамм аст ва агар дар об ҷӯшонида, он обро нӯшиданӣ бошанд, то 17,5 грамм андозанд.

Ба ҷойи турбуд ба ҳамин вазн пӯсти решаи тутро истеъмол фармоянд, раво мебошад.

Назди admin

Инчунин хонед инро

Пиёзи Ансул

Пиёзи ансул

Пиёзи ансул (Анзур ба русс.) — Номи инро барғалат «анзур» мегӯянд, ки ҳатман таҳриф аст. Ин …