МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
АСОСӢ / Таърихи тоҷикон / Вазъияти кишвари Туркистон 1905 — 1907
rusho_hujum

Вазъияти кишвари Туркистон 1905 — 1907

Ба ҳукуматдорони подшоҳӣ муяссар гардид, ки муваққатан ғолиб омада, аввалин револютсияи русро буғӣ кунанд. Аммо онҳо зиддиятҳои оштинопазиреро, ки пояи империяи калони подшоҳиро суст мекарданд, ҳеҷ бартараф карда наметавонистанд. Ин зиддиятҳо бағоят тезу тунд гашта, боиси хурӯҷи нави револютсионӣ гаштанд. Соли 1910, чун дар Россия, дар Осиёи Миёна ҳам мавҷи муборизаи синфӣ боло хест. Масалан, худи ҳамон сол дар вулуси Конибодом коргарони кони нефти «САНТО» корпартоӣ карданд. Муборизаи муттафиқу мутташаккили коргарон маъмуриятро маҷбур сохт, ки ба талаби коргарон розӣ шавад, дар натиҷа музди кор зиёд ва муддати он кӯтоҳ карда шуд. Худи ҳамон сол ангиштканони Сулукта корпартоӣ карданд ва ба онҳо коргарону хизматчиёни стансияи Драгомирово ҳамроҳ шуданд (дар ин ҷо корхонаҳои таъмири конҳои Сулукта ва маъмурияти кон ҷойгир буд; ҳозир ин ҷо посёлкаи Пролетар). Шӯру ошӯбҳои деҳқонон ҳам авҷ гирифт. Соли 1912 дар вулуси Нов деҳқонони қарздор ба ҳавлии судхӯри калон ҳамла карда васиқаҳои қарзро сӯхта партофтанд[1].

Меҳнаткашони аморати Бухоро, ки аз зулму асорати гӯшношуниди бойҳои маҳаллӣ ба танг омада буданду ин бойҳоро ҳукуматдорони Петербург дастгирӣ мекарданд, махсусан бо қаҳру ғазаб шӯру ошӯб бардоштанд. Ин шӯру ошӯбҳо ба дараҷае вусъат ёфтанд, ки ҳукуматдорони империяи Россия ҳам ба воҳима афтоданд. Кор ба ҷое расид, ки «масъалаи Бухоро» ва роҳҳои «танзими» он (маълум, ки бо таъбири амалдорони подшоҳ) мавриди ташвишу тараддуди зиёд ва муҳокимаи махсуси амалдорони олимартаба қарор ёфт.

Соли 1909 нашр шудани «Кишвари беҳуқуқӣ. Аморати Бухоро ва авзои имрӯзаи он» ном китоби Д.Н.Логофет ба ин моҷаро таконе гардид. Муаллифи ин китоб чанд сол дар Осиёи Миёна зиндагӣ карда буд. Дар байни дараҷоти мансабҳои маҳаллӣ мартабаи баланд ҳам дошт– сардори идораи Округи гумрукии Туркистон буд. Логофет чизи навиштаашро нағз мефаҳмид ва ҳукуматдорон ҳам ҳеҷ баҳонае надоштанд, ки ӯро дар «тарғиботи револютсионӣ» муттаҳам намоянд. Аслашро гирем, мавқеи Логофетро мавқеи ҳамдардию ғамхорӣ нисбат ба меҳнаткашони тоҷику ӯзбек гуфтан ҳам ҳеҷ мумкин набуд. Логофет фақат ғами ҳаминро мехӯрд, ки обрӯю эътибори ҳамон тартиботи маъмурию сиёсӣ, ки ҳукумати подшоҳӣ дар Осиёи Миёна ҷорӣ карда буд, паст нашавад. Вале дарвоқеъ, «Кишвари беҳуқуқӣ» ин ҳукми сахтест ба тамоми он худсарию бедодиҳои феодалӣ, ки дар аморати Бухоро ҳукмфармо буданд ва онҳоро табақаҳои ҳарбию феодалии Россия бевосита дастгирӣ мекарданд. Корманди дар ихтиёри генерал-губернатор буда – генерал-майор Дрягин дар бораи ин китоб ба генерал-губернатори Туркистон маърӯзае ирсол намуда навишта буд, ки «ин китоб аз бедодиҳои дохилии Бухоро, аз худсариҳову бемаззагиҳои маъмурони Бухоро, ки барои кирдори худ ҳеҷ гуна ҷазое намебинанд, сухан меронад»[2].

Д.Н.Логофет менависад, ки тамоми амалдорону маъмурони амир қариб 50 ҳазор нафар мебошанд (ба ин ҳисоб сарбозон дохил не) ва ҳеҷ кадоми онҳо аз ҳукумат маош нагирифта, фақат аз ҳисоби толону тороҷи аҳолӣ зиндагӣ мекунанд. Амир ба баъзе одамон оила-оила одамонро пешкаш намуда, қариб ба ғуломӣ медиҳад ва иҷозат ҳам медиҳад, ки сеяки даромади он оилаҳо кашида гирифта шавад. Барои адои қарзу ҷарима савдои музоядаро бисёр истифода мебаранд ва баъзан дар баробари молу мулк зану фарзанди қарздорро ҳам ба фурӯш мемонанд. Боварии кас намеояд, ки дар асри ХХ, дар он сарзамине, ки таҳти «васояти» империяи Россия мебошад… ғуломдорӣ ҳасту ривоҷ дорад. ҳукумати амир миқдори андозу хироҷро торафт зиёд мекунаду барои эҳтиёҷи мамлакат як пули сиёҳро дареғ медорад ва асосан пулро барои таъмини лашкар сарф мекунад, зеро он барои андозу хироҷҷамъкунӣ даркор мешавад. Аммо пулҳои ниҳоят калон зери пардаи «тӯҳфа»-ю «пешкаш»-ҳо барои ришваи амалдорони маъмурияти генерал-губернатории Туркистон ва калонони Петербург сарф мешавад. Расман даромади Бухоро 2,5 млн. сӯм аст, ки 1,5 млн.-и он барои лашкар, 900 ҳазораш барои амир ва 100 ҳазораш барои қозиву муллоҳо харҷ мегардад. Вале аслан, мегӯяд Логофет, аз мардум соле 18 млн. сӯм пул ситонда мешавад, ки ҳамаи онро худи амир ва нӯкарони калону хурди вай – қушбегию парвоначию беку амлокдор ва ғайраву ва ҳоказои вай нӯши ҷон мекунанд. Логофет гапашро давом дода мегӯяд, ки мардум ба ҳадди қашшоқию бенавоӣ расидаасту рӯзи сериро намебинад ва ба мурданаш кам мондааст, бинобар ин таклиф мекунад, ки филҳол ба ҷои тартиботи маҳаллии маъмурӣ тартиботи умумироссиягиро ҷорӣ карда, амирро фақат ҳамчун намояндае мондан даркор.

Вазъияти шадиди аморати Бухоро, ки эҳтимоли таркиданаш дур набуд, дар Тошканд дар маҷлиси махсуси машваратӣ муҳокима карда шуд, ки дар он генерал-губернатори Туркистон-Мишенко, ёрдамчии вай -Кондратович, сардори штаби Округи ҳарбии Туркистон-Рихтер, гумоштаи сиёсии Россия дар Бухоро-Лютш ва дигарон иштирок доштанд. Масъалаи якум, ки диққати ҳамаро ҷалб карда, ниҳоят кушоду равшану луччаку пӯстканда таъбир карда шуд, ин тавр буд: «Дар бораи ба гардани аҳолии аморати Бухоро беҳад зиёд бор шудани андозҳо, ки ба туфайли ниҳоятдараҷа бевиҷдон будани ҳукуматдорони маҳаллӣ ба аҳолии аморати Бухоро бағоят гарон меафтаду миёншикан аст». Акнун инаш иддаои кадом -як «нависандаи бенӯхта» набуд, ки китобаш ба ходимони давлатӣ маъқул нашуд. Инаш акнун муҳокимаи махсусу расмии пӯшидаи масъала буд, ки дар айни он фикру ақидаҳои расмӣ ба таври кушоду равшан изҳор гардиданд ва минбаъд дар мактуби комилан махфии генерал-губернатор, ки ба вазири ҳарбӣ ирсол дошта буд, зикр ҳам ёфтанд. Хӯш, ин шӯрои олии мансабдорони олимартабаи Туркистон чиҳо гуфт? Иқрори онҳо ба дараҷае аҷиб аст, ки барои зикри онҳо мақоми муносиб додан даркор. Дар шартномаҳои солҳои 1868 ва 1873-уми байни Россия ва Бухоро моддаҳое низ буданд, ки мувофиқи онҳо амир бояд ғуломдорӣ ва ғуломфурӯширо бекор мекард, вале дар ин бобат дар Бухоро ҳеҷ кор карда нашуд. «Ба шарофати ҳокимияти русҳо ҳокимони Бухоро хеле бурд карданд, зеро пештар воҳимаи ҳуҷуми душманони берунӣ онҳоро маҷбур менамуд, ки ба ин ё он роҳ лутфу садоқати табааи худро ба даст оваранд ва бедодию худсарии бекҳову амлокдоронро камтар кунанд. Акнун бошад, амир тамоман ба умеди ҳимояти сарнайзаҳои русҳо мебошад ва парвои кору бори мамлакатро надорад…»

Албатта, ҳозирон ҳама мағз андар мағз подшоҳпараст буданд, ба ин сабаб имони комил доштанд, ки сабаби бадбахтии халқи тоҷик ва дигар халқҳои аморати Бухоро фақат «парвои кору бори мамлакатро надоштани амир» аст. Сарфи назар ба ин, онҳо маҷбур шуданд иқрор намоянд, ки мардум «батамом ба ихтиёри маъмурони ҳарис партофта шудааст, ба маорифи халқ касе аҳамият намедиҳад, роҳҳову пулҳо… ҳама фатарот шудаанд, нархи чизҳои зарурӣ ба касофати хироҷҳои бешумор ниҳоят баланд мебошанд ва мардум рӯз ба рӯз бенавотар мешавад».

Масъалаи даромади амир ҳам диққати ҳамаро ҷалб кард. Гумоштаи сиёсии Россия дар Бухоро таъкидан гуфт, ки маблағи даромади амирро махфӣ нигоҳ медоранд, вале мувофиқи «гуфтаи баъзе одамон» ин даромад соле ба 7.350 ҳазор сӯм мерасидааст. Дар матни қарори маҷлиси машваратӣ чунин як таъбири такдор ба назар мерасад: «Агар фарз кунем, ки амир аз замин ба ҳисоби миёна соле 5 млн. сӯм меғундорад, ҳамин маблағ ҳам аз маблағе, ки тамоми аҳолии маҳаллии кишвари Туркистон медиҳаду илова бар ин нисбат ба аҳолии Бухоро шумораашон ду маротиба бештар аст, чор маротиба зиёдтар мебошад». Агар ҳаминро ба назар гирем, ки нӯкарони ҳукумати подшоҳӣ меҳнаткашони Туркистонро чанд қабат пӯст меканданд, пас тасаввур кардан муҳол аст, ки аҳволи табааи «аълоҳазрат амири Бухоро» то ба кадом дараҷа табоҳ буд.

eneral_gubernatorАгар ба умеди он шавем, ки генерал-губернатору муқаррабони вай ҷиддан дар ғами ислоҳи вазъият мешаванд, сахт саҳв хоҳем кард. Дарвоқеъ, ин калоншавандаҳо бедодию худсарии ваҳшиёнаи ҳукуматдорони Бухороро таъкид намуда, ғуломвор мутеъ будани халқро изҳор дошта, ба чунин қарор омаданд, ки… ба гумоштаи сиёсии дар Бухоро буда, супурда шавад, ки дар бораи иқтисод ва андозҳои маҳаллӣ чунин маълумотҳоро гирд оварад[3]. Иттиҳоди синфии истисморгарони мухталифу гуногунмиллати империяи Россия, ки зидди истисморшавандагон равона шудааст, ана ҳамин тавр кушоду равшан зоҳир шуд.

Пас аз якчанд моҳ, тирамоҳи соли 1909 дар Тошканд барои муҳокимаи вазъияти Бухоро боз ҷамъомаде баргузор гардид ва иштирокчиёни он ҳам хеле гап доданд, ки «дар аморат дигаргуниҳо мувофиқи мақсад мебуд», пас аз ин масъаларо ба ихтиёри Маҷлиси махсуси машваратӣ оид ба вазъияти Бухоро ҳавола карданд, ки он дар Петербург 28 январи соли 1910 шуда гузашт. Аз дараҷаи эътибори ин маҷлис ҳайъати иштирокчиёни он шаҳодат медиҳад. Маҷлиси машваратӣ дар таҳти раёсати раиси Совети вазирон ва вазири корҳои дохилии Россияи подшоҳӣ-Столипин мегузашт, дар он вазири молия Коковсев, вазири корҳои хориҷӣ Изволский, вазири ҳарбӣ Сухомлинов, сардори штаби генералӣ Гернгрос, ёрдамчии вазири корҳои хориҷӣ Сазонов, генерал-губернатори Туркистон Самсонов ва дигарон иштирок карданд. Инҳо хеле гапфурӯшӣ карданд, ки «ба сабаби дар кишвар набудани хоҷагии ботартиби пулӣ» ва набудани ёрии тиббӣ «аҳволи табааи Бухоро бениҳоят хароб аст», лашкари сершуморе вуҷуд дорад, ки барои таъмини он 1 млн. сӯм даркор ва ғайраву ва ҳоказо. Ба «гӯшаи дурдасти аморат» – ба Бухорои шарқӣ мароқи махсус зоҳир карда шуд, алалхусус, ки дар бораи ин ноҳия ҳукуматдорони подшоҳӣ хабари ночизе мегирифтанд. Ин маҷлиси машваратӣ ҳам ғайр аз бозори гапфурӯшӣ дигар чизе нашуд. Пеш аз ҳама сабаб ҳамин буд, ки иштирокчиёни маҷлисро ҳатто ба гӯшаи хаёлашон намеомад, ки бо чӣ роҳ «ба соҳибихтиёрии комили шоҳаншоҳ», яъне амир дахолат кардан мумкин будааст. Самсонов дар як шакли ҳаросону ларзони нодилона барои муҳокима таклифе пеш ниҳод, ки дар аморат баъзе дигаргуниҳо кардан даркор, вале фақат баъди ин ки ягон вақт аморат ба Россия ҳамроҳ карда шавад, вале ҳамин таклифи нимҷонро ҳам Столипин рад кард. Столипин қатъиян гуфт, ки «хомдаррон кардан лозим не… хусусан дар чунин замонаи нотинҷ, ки тамоми қувваи империя барои такмили дохилии мамлакат равона шудааст». Маълум, ки Столипин револютсияи солҳои 1905-1907-ро дар назар дошт, ки баъди он аппарати давлатии ҳукумати подшоҳӣ хеле вақт ба ифоқа омада натавонист. Самсонов боз аз номи маҷлиси машваратии Тошканд лоиҳаи ноқису думбурридаи баъзе ислоҳотро – дар Бухоро ҷорӣ кардани «бюҷети ботартиб», дигар кардани тартиби андозҳо, ё кам кардани лашкарро низ пеш ниҳод, вале ҳамаи онро аркони ҳукумат фавран рад карданд.

Намояндагони вазорати корҳои хориҷӣ бо дастгирии дигар иштирокчиёни маҷлис таъкидан гуфтанд, ки «ба ҳисобу китоби пули амир дахолат карда, аз вай тартиб додани ин ё он гуна бюҷетро талаб кардан ва ҳамчунин кам кардан шумораи лашкарро низ тақозо намудан, бешак, таҳрифи истиқлоли вай ва тақсири эътибори вай мебуд». Бинобар ҳамин ҷамъомади ин подшоҳпарастони гузаро чунин қарор баровард: «Масъалаи бюҷет, масъалаи лашкар, масъалаи тағйири тартиби андоз бардошта нашавад, роҳи ба мо мақбули беҳдошти вазъияти Бухороро муайян карда, онро рӯирост не, балки тадриҷан ба иззати нафси амир нарасида, номаълум ба вай фаҳмондан даркор ва ба худи вай имкон додан лозим, ки аз номи худаш ва бо роҳу усулҳои ба шароити маҳаллӣ мутобиқу муносиб он тадбирҳоро ба амал барорад». Маънои ин фақат ҳамин буд, ки лом нагуфта аз гуноҳи тамоми он селаи даррандагони Бухоро гузаштанд ва хунрезию кушокушиҳои онҳоро таҳсин гуфтанд.

Маҷлиси машваратӣ қобили қабул донист, ки «минбаъд он одати то ба ҳол дар Бухоро мавҷударо бояд бекор кард, ки мувофиқи он агар мансабдорони рус ин ё он кору вазифаи ба амир вобастаро иҷро намоянд, амир ҳатман ба онҳо тортуқ медиҳад» (аслан ин ришваю порадиҳии рӯирост буд, ки аз ҳисоби толону тороҷи меҳнаткашон карда мешуд) ва дар ин бобат як қарори муҷмал қабул ҳам карда, ба вазири ҳарбӣ супориш дода шуд, ки «инро мавриди назари марҳаматбори аълоҳазрат император созад, то роҷеъ ба ин, маншури мубораке шавад, ки ба муассисаҳои мутааллиқ чун дастурамал ирсол гардад»[4].

Хуллас, тамоми амалдорони хурду калону пасту баланди подшоҳӣ аз худсарию бедодиҳои гӯшношунид, ваҳшиёна толону тороҷ шудани меҳнаткашон, ки дар аморати Бухоро ҳукм меронд, воқиф буданд, аммо ба меҳнаткашони бадбахти Бухоро (ва маълум, ки ҳам ба меҳнаткашони Осиёи Миёна ва умуман ҳам ба меҳнаткашони тамоми империяи Россия) дасти ёрӣ дароз намекарданд ва парвое надоштанд. Аҳволи мардум сол ба сол табоҳтар мешуд. Дар баробари ин даромади аппарати феодалию клерикалии амир сол ба сол меафзуд. Аз ҳисоби арақи ҷабину хуни меҳнаткашони тоҷику ӯзбек ва ғайра на фақат бойҳои Бухоро киса пур мекарданд, балки табақаҳои буржуазию помешикии Россия ҳам насибаи худро зада мегирифтанд. Дар ин бобат такопӯю даводавию ташвишу тараддудҳои аркони молия, соҳибони банку корхонаҳо ва умуман қаллобу каззобони олимансаб, ки бо дарбори худи подшоҳ қаробат доштанд, ҷолиби диққат аст.

Соли 1915 дар Бухоро ғайр аз шӯъбаи Банки давлатӣ боз 7 шӯъбаи банкҳои хусусӣ буд, ки ҳамаи онҳо бо сармояи хориҷӣ алоқаманд буданд. Ин банкҳо дар дасти консессионерҳои калон буданд ва онҳо бо иҷозати ҳукумати амир барои консессияи ирригатсионӣ заминҳои бисёреро мегирифтанд. Масалан, гумоштаи Банки Русу Осиё-Стовба соли 1913 дар бекии Қабодиён 10 ҳаз. десятина заминро ба муддати 99 сол ба консессия гирифта буд (қитъаи «Гавҳаралӣ»). ҳукумати Бухоро аз соли 1912 то соли 1915 ҷамъулҷамъ то 300 ҳаз. десятина заминро ба консессия дод. Ғайр аз қитъаи «Гавҳаралӣ» боз ду консессияи дигар дода шуд– соли 1914–«Айваҷ» 5 ҳаз. десятина заминҳое, ки дар қарибии ба Аму рехтани Кофарниҳон воқеъ буданд ва соли 1915 «Қӯрғонтеппа» 65 ҳаз. десятина замин (ин заминҳо ҳозир дар ҳудуди РСС Тоҷикистон мебошанд).

Амири Бухоро ва амалдорони вай ғайр аз ситондани андозу хироҷу закоту пораву ришва ҳаннотию савдогарӣ ҳам мекарданд. Хазинаи давлат тамоман кисаи худи амир шуда монд. Дар ин бора устод Айнӣ дар «Материалҳо оид ба таърихи инқилоби Бухоро» маълумоти аҷоиб овардааст. Соли 1913 даромади амир 30 млн. сӯми тилло буд, ки ин тавр харҷ мешуд:

Таъмини сарбозон – 1 млн. сӯми тилло.

Таъмини нӯкарҳо – 100 ҳаз. сӯми тилло.

Харҷи тортуқҳо – 1 млн. сӯми тилло.

Хароҷоти  гуногун–100 ҳаз. сӯми тилло.

Маорифи халқ ва тандурустӣ – ягон тин ҳам не.

Тамоми хароҷот 2200 ҳаз. сӯми тилло. Тамоми пули аз ин боқӣ, яъне зиёда аз 27 млн. сӯми тилло барои зиндагию айшу ишрати амир сарф мешуд. Ҳамаи ин далолат мекунад, ки дар аҳди амири охирин — Олимхон толону тороҷ шудани мардум ба авҷи аъло расид. Саросари аморат қаҳатию гушнагию касалиҳо ҳукмфармо шуданд. Аммо ҳукуматдорони Бухоро ба ин парвое надоштанд, на дар ғами маорифи халқ буданду на дар ғами нигоҳдории тандурустии мардум, ҳатто оддитарин намудҳои хизмати тиббӣ набуд.

Авҷ гирифтани фаъолияти миллатчиёни буржуазӣ

Робитаи миллатчиёни буржуазии Туркистону Туркия ҳанӯз дар охири асри ХIХ сар шуда буд (дар ин кор миллатчиёни тотор ҳам саҳм гузоштаанд), яъне дар ҳамон даврае сар шуда буд, ки панисломия ва пантуркия идеологияи расмии империяи Усмония гардид ва ин робитаҳо пас аз  револютсияи соли 1908-уми ҷавонтуркон ниҳоят вусъат ёфт. Пешвои ҷавонтуркон — Анварпошшо, Талъатпошшо, Ҷамолпошшо ва дигарон ақидаҳои пантуркияро бо ҷидду ҷаҳд тарғибу ташвиқ менамуданд, тамоми халқҳои «мусулмон», аз он ҷумла, халқҳои Поволжя, Кавказ, Закавказия, Осиёи Миёнаро даъват менамуданд, ки дар як «давлати усмонӣ» муттаҳид шаванд. Ходими намоёни пантуркия Зиё Гукалп нияту мақсади асосии онҳоро ба як шакли муайян оварда гуфта буд, ки «ватани турконна Туркияву Туркистон, балки кишвари абадзиндаву бекарони Тӯрон аст»[5]. Пешвои аслии ҷавонтуркон Анварпошшо ҳам ба нияти таъсиси «Тӯрони Қабир» аҳамияти калон медод. Вале кор фақат бо ният анҷом намеёфт. Аз Туркия ба Осиёи Миёна ҷосусони пантуркия меомаданд, кору бори пайравони худро тафтиш мекарданд, роҳу равиши кору амалиёти минбаъдаро нишон медоданд, бо адабиёти лозима таъмин менамуданд.

Гарчанд ҳукумати подшоҳӣ ба интишори шиорҳои пантуркия дар Туркистон бо хавф менигарист ва ҷосусони онро сахт ба назорат мегирифт, ба ҳар ҳол, бисёр ҷосусон аз доираи назорат берун мемонданд.

Баъди дар Истамбул охири соли 1909 таъсис ёфтани «Ҷамъияти Бухоро оид ба интишори дониши муфид дар байни ом» омаду рафти ҷосусони пантуркия аз Туркия ба Осиёи Миёна хеле зиёд шуд. Ин ҷамъият дар таҳти назорати махсус ва ҳимояти шӯъбаи маорифи партияи ҷавонтуркон «Иттиҳод ва тараққӣ» ва роҳбари он, ходими намоёни пантуркия доктор Нозим амал мекард. Генерал-губернатори Туркистон ба мулкҳои осиёимиёнагии Россия чаққа шудани Туркияро дида, ба ташвиш афтод ва 24 августи 1910 ба Раиси Совети вазирон ва вазири корҳои дохилӣ Столипин навишт, ки соли 1910 «омаду рафти туркҳо ба кишвар ақаллан нисбат ба соли гузашта хеле зиёд шуд, фақат дар нимаи якуми ҳамин сол нисбат ба тамоми соли 1909 ду маротиба зиёдтар туркҳо омада рафтанд».[6]

Аллакай соли 1910 бо имдоди «Ҷамъияти Бухоро оид ба интишори дониши муфид дар байни ом» мактабҳои олии Истамбул аз Туркистон ва давлатҳои Осиёи Миёна қариб сад студент қабул карданд. Дере нагузашта дар Истамбул «Клуби студентони мусулмони Россия» кушода шуд. Ин клуб ҳам мисли «Ҷамъияти Бухоро…» маркази одамгирӣ, тайёркунӣ ва фиристодани ҷосусон ба Осиёи Миёна буд, ки дар ин ҷо ҳам ин қабил ташкилот таъсис кардани буданд. Масалан, ҷадидони Бухоро бо ташаббуси худ барои мадад ба мусулмонони «доништалаб» муассисаи хайрияе кушоданӣ шуданд. Гумоштаи сиёсии Россия дар Бухоро 11 июни соли 1912 навишта буд, ки ҳайъати муассисон нияти ба тамоми Осиёи Миёна паҳн кардани нуфузи ин «муассисаи хайрия» далолат менамояд, ки он «дар банди саъю кӯшишҳои миллатпарастӣ» мебошад. Гумоштаи сиёсӣ дуруст тахмин карда буд, ки ин ҷамъият бо ҷамъияти Истамбул бояд алоқа дошта бошад.[7]

Яке аз сарварони намоён ва роҳбарони ғоявии ҷадидони Осиёи Миёна Мунавварқорӣ Абдурашидовро сардори ҷавонтуркони ҷосуси партияи «Иттиҳод ва тараққӣ» дар Тошканд гуфтан мумкин аст. Мунавварқорӣ мудири яке аз мактабҳои ҷадид буд, дар нашрияҳои панисломия фаъолона ширкат мекард, журналу китобҳои туркиро тарҷума ва нашр менамуду пулашро ба Истамбул ба фонди «Ҷамъияти имдоди миллӣ ба флоти Усмонӣ» мефиристод. Дар ҳавлии Мунавварқорӣ мунтазам маҷлисҳои пӯшидаи ҷадидон, ки зоҳиран, ба зиёфат мемонд, баргузор мешуд ва дар ин ҷамъомадҳо оид ба усулҳои тарғиботи пантуркия мубодилаи таҷриба мекарданд, инструкторҳои аз Туркия омада дастурҳо медоданд. Худи Мунавварқорӣ борҳо ба Фарғонаву дигар вилоятҳои Туркистон рафта кору бори ҷадидонро тафтиш карда_ меомад. Фаъолияти Мунавварқорӣ чунон вусъат гирифт, ки Шӯъбаи ҳимояти ноҳиявии Туркистон ӯро ба зери назорати худ қарор дод.

Ҷадидон дар шаҳрҳои гуногуни Осиёи Миёна ҳар гуна «ташкилотҳои имдоди Туркия» таъсис медоданд, ки онҳо ба фоидаи Туркия ташвиқоту тарғибот мебурданд, барои иҷрои маросимҳои гуногуни динию дунявӣ пул меғундоштанд. ҳатто ҳоҷиҳои Туркистон ҳам ба тарғибу ташвиқи ғояҳои панисломия сафарбар мешуданд. Ба ононе, ки ба ҳаҷ мерафтанд, таъкид карда мешуд, ки «султон халифи муслимин асту ба вай итоати комил бояд кард» ва онҳо пас аз ҳаҷ бояд дар ҳамон ҷо ғояҳои «иттиҳоду ваҳдати тамоми мусулмонон»-ро паҳн мекарданд.[8]

Дар солҳои Ҷанги якуми ҷаҳонӣ як гурӯҳ пайравони пантуркизм, ки ба онҳо Юсуф Оқчурӯғлӣ роҳбарӣ мекарду ҳамаашон аз Россия муҳоҷират карда буданд, фаъолияти худро ниҳоят вусъат доданд. Ин миллатчиҳо, ки худро «намояндагони тамоми мусулмонони Россия» мехонданд, ба пойтахти давлатҳое рафтуомад доштанд, ки бо Россия меҷангиданд ва дар ҳама ҷо ҷор мезаданд, ки дар Россия «давлатҳои соҳибихтиёри исломӣ» ташкил кардан даркор. Дар ин бобат «фаъолияти» яке аз миллионерҳои калонтарини Осиёи Миёна, пайрави ашаддии пантуркизм Миркомил Мӯъминбоев ҷолиби диққат аст. ҳанӯз соли 1911 маъмурияти маҳаллии Андиҷон хабар дошт, ки Миркомил ба манфиати пантуркия кор мебарад. Мувофиқи маълумоти муассисаи хуфия Миркомил сардори «ташкилоти мусулмононе» буд, ки ният дошт зидди русҳо шӯриши мусулмононро бардорад. Соли 1914 пеш аз оғози Ҷанги якуми ҷаҳонӣ вай ба Берлин рафта «бо амалдорони Германия нақшаҳои зидди Россияро муҳокима кард». Дар арафаи ҷанг ба Қустантания омада бо Анварпошшо мулоқот кард ва ба Туркия маблағи калонеро хайр намуд.

Моҳи июли соли 1915 аз хонаи Миркомил 31 дона варақае ёфтанд, ки аҳолии маҳаллиро ба муборизаи зидди Россия ва тарафдории Туркия даъват мекарданд. Дар шаҳрҳои гуногуни Осиёи Миёна чандин гурӯҳҳои пайравони пантуркизм буданд, ки зарурати «ғазовоти зидди кофирон» онҳоро муттаҳид менамуд. Ҷолиби диққат аст, ки амалиёти пайравони пантуркизми Осиёи Миёнаро разведкаҳои хориҷа таҳрику дастгирӣ мекарданд.[9]

Ҷидду чаҳди ҷадидону пайравони пантуркизму панисломия, ки аз номи «тамоми мусулмонон» гап заданӣ мешуданд, авомфиребии маҳз буд. Миллатчиёни буржуазӣ куҷо буданду меҳнаткашон куҷо буданд – тафовут аз замин то осмон буд – миллатчиён аз орзуву умеду мақсаду нияти меҳнаткашони Осиёи Миёна басо дур буданд. Камбағалони тоҷику узбек, туркману қирғиз ақидаи ҷадидонро намепазируфтанд, ба он ҳамрайъӣ набуданд, онро тарафгирӣ намекарданд. Пролетариат ва деҳқонони Туркистон медидиданд, ки миллатчиёни буржуазӣ душманони синфии онҳо мебошанду ғайр аз толону тороҷу зулму истисмор дигар чизро намедонанд ва аз истисморгарони дигар миллатҳо ҳеҷ фарқ надоранд.

[1] Каримов Т.Р., 1966, с. 86–87

[2] ЦГА Узб. ССР, И-18, оп. 2, д. 251, л. I

[3] ЦГА Узб. ССР, И. 2, д. 251, лл. 65–68

[4] ЦГА Узб. ССР, И-3, оп. 2. 467, лл. 149-204

[5] Иrтибос аз китоби Alp Tӯkin, 1915, S. 16.

[6] ЦГА Узб. ССР, п. 1, оп. 31, д. 648, л. 1.

[7] ЦГА Узб. ССР, 4, 2, оп. 2, д. 439, л. 5-6.

[8] Ниг.: газ. «Гюнаш», ки дар Боку нашр мешуд, № 10–12, 12 январи с. 1911.

[9] Бобохонов М., 1970, с. 171–172.

Назди admin

Инчунин хонед инро

hulbuk

ШАҲРҲОИ ОСИЁИ МИЁНА ДАР АСРҲОИ ХI–ХII

Тараққиёти босуръати шаҳрҳо, истеҳсолоти молӣ ва тиҷорати пулӣ аз муҳимтарин аломатҳои давраест, ки мо ба …