МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / ТУРШАК БАРОИ ДАРМОНИИ БАДАН
туршак

ТУРШАК БАРОИ ДАРМОНИИ БАДАН

Туршак — инро дар боғот зироат мекунанд ва дар ҳолати хомиаш мехӯранд. Таъмаш турш аст. Ин растаниро ба русӣ щавель меноманд. Мизоҷаш дар дараҷан якум сард ва дар дувум хушк аст. Хислатҳои шифобахши он: оби баргҳои туршакро дар даҳан гардонанд, дарди дандонро таскин медиҳад ва даруни даҳанро бод хӯрда бошад, шифо мебахшад.

Баргашро бихӯранд, хуморро дафъ мекунад, иллати қайкуниро, ки сабабаш ҷамъ шудани сафро дар меъда бошад, боз медорад, беҳузур (беҷо) шудани дилро, ки сабабаш бисёрии сафро бошад, манъ мекунад. Баъзе касон ба гил хӯрдан ва ҳамчунин чизҳои раддӣ истеъмол кардан одат карда бошанд, агар туршакро истеъмол фармоянд, ислоҳи ҳол мегардонад. Хӯрдани туршак зардпарвинро дафъ мекунад, ҷигари гарммизоҷро қувват медиҳад, тафси меъда ва ташнагиро таскин медиҳад, ба таом иштиҳо меоварад, заҳри каждумро аз бадан дафъ месозад.

Агар инро пухта бихӯранд, дарунро мулоим мегардонад ва бо татум ҳамроҳ карда бихӯранд, решҳои рӯдаҳо ва харошида шудани сатҳи дарун ва рӯдаҳоро шифо мебахшад.Инро дар об ҷӯшонида, он обро бо шароб даромехта бинӯшанд, зардпарвинро нафъ дорад. Туршакро пухта, баъд бо равғани зайтун бирён намуда, ба даруни он кашниз, андак зира ва оби анор дохил карда бихӯранд, даруни равонгаштаро мебандад.

Пухтаи онро бо шароб хамир карда гузошта банданд, иллати ханозер, варамҳои баногӯш, қӯтур, шукуфаи пӯст ва доғи песро шифо мебахшад; агар ба ҷойи шароб сиркоро ба кор баранд, иллатҳои сипурзро ба ибро меоварад. Туршакро кӯфта, бо равғани гули сурх ва заъфарон хамир сохта гузошта банданд, решҳоеро, ки рутубаташон ба асал мемонад, сиҳат мекунад.

Вале истеъмоли он ба дарун пушти камарро (боҳро) зарар дорад. Дар ин ҳолат шарбатҳоро истеъмол намоянд, ин зиёнаш ислоҳ меёбад.Миқдори як бор хӯрдан аз он дар як рӯз то 75 грамм аст. Мизоҷи тухми туршак дар дараҷаи якум сард ва дар дувум хушк аст.

Тухми инро бихӯранд, барои бемориҳои дил, меъда, ҷигар, рӯдаҳо ва дафъ кардани заҳрҳо дармон мешавад, инчунин дилтапакро, ки сабабаш ё зиёд шудани хун, ё афзудани моддаи сафро бошад, шифо мебахшад; тафсидани меъда ва зардпарвинро дафъ мекунад, захми рӯдаҳоро сиҳат месозад, қуввати заҳри каждумро дар бадан мешиканад. Агар инро бирён карда бихӯранд, исҳолҳои хунин, сафровӣ ва исҳоли аз ҷигар содиршавандаро манъ мекунад. Ва агар бисёр тар бирён карда бихӯранд, дарунро мебандад, ҳатто шах мекунад.

Ба зидди заҳри каждум ин давои ба дараҷае устувор аст, ки агар касеро, ки тухми инро хӯрда бошад, ӯ аз ин озор ва ранҷ намеёбад. Вале туршак ва қисмҳои онро ба дарун аз ҳад зиёд истеъмол кунанд, ба гурда ва сипурз зарар дорад. Дар ин маврид арпабодиён ва қанд бихӯранд, ислоҳи зарар менамояд. Миқдори як бор хӯрдан дар як рӯз аз тухми туршак то 7 грамм аст.

Агар решаашро бихӯранд, исҳоли хунинро манъ мекунад, харошида шудани сатҳи даруни рӯдаҳо ва зардпарвинро дафъ мегардонад, обравии бачадонро ислоҳ менамояд, ҳайзро қатъ мекунад.

Решаки ТуршакРешаи инро кӯфта гузошта банданд, қӯтури захмин, шукуфаи пӯст, милкак ва кафидани нохунро шифо мебахшад; агар бо орди ҷав сиришта гузошта банданд, хориши баданро барҳам медиҳад; вале инро пухта, бо сирко хамир карда, аз рӯ гузошта банданд, варами сипурзро таҳлил медиҳад. Ва онро танҳо ба гардан овезанд, ханозерро барҳам медиҳад. Решаи онро дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд, зардпарвинро, ки аз афтодани гиреҳ бошад, шифо мебахшад, санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад, ҳайзи бандшударо мекушояд, яъне равон мекунад.

Ин растанӣ навъи саҳроӣ низ дорад, ки инро тоҷикон шилха, қав ва аз ӯзбекӣ гирифта, откулоқ мегӯянд. Баргаш сербартар ва дарозтар, ки ба барги лаблабу шабоҳат дорад. Агар оби гиёҳи инро бинӯшанд ва ё баргашро пухта бихӯранд, харошида шудани сатқи даруни рӯдаҳоро, ки сабабаш хушкӣ ва афзудани сафро дар ин узв бошад, сиҳат мебахшад.

Решааш дар давогӣ қавитар аз решаи туршак аст. Агар инро бо набот бихӯранд, сурфаро дафъ мекунад ва агар кӯфта гузошта банданд, дарди буғумҳоро дармон мешавад, лат хӯрдани узвҳоро сиҳат мегардонад; ниқриси гармро, ки дард ва варам кардани ангуштони дасту поҳо аз ҷамъ шудани моддаҳои гарммизоҷ дар ин узвҳо бошад, шифо мебахшад.

Решаи инро бо решаи кавар якҷо сӯхта, ба дудаш бидоранд, донаи бавосирро хушк карда меафтонад. Шилхаи обӣ, ки ин низ як навъи шилха (қав) аст, вале он наздики обҳо, ҷӯйборҳо мерӯяд. Баргаш дарозак, монанди тагбаргҳои коснӣ аст. Тухмаш сиёҳи моил ба сурхӣ мебошад. Таъмаш монанди мазаи бӯстонии он аст.

Хислатҳои давогиаш қариб ба бӯстонӣ аст: хӯрданаш барои дилтапак (дилбозӣ), беҳузур шудани дил фоида дорад; бо шароб бихӯранд, ғамро дур мекунад, аз тарсончакӣ наҷот медиҳад; сустии мақъадро ислоҳ менамояд, фараҳ меоварад, табъро чоқ мегардонад. Решаи инро кӯфта гузошта банданд, қӯтур, ҷароҳатҳо ва решу захмҳои бадфиолро (злокачественные язвы)-ро шифо мебахшад, варамҳои гармро таҳлил медиҳад; намегузорад, ки захмҳо вусъат ёбанд. Чун тухм ва баргашро бихоянд, дарди дандонро сокин мекунад, бехи дандонро мустаҳкам месозад. Агар инро бардавом бихӯранд, зардпарвинро шифо мебахшад.

Назди admin

Инчунин хонед инро

tarkibi-xun

Таркиб ва вазифаҳои хун ва плазмаи он

Аҳамият ва вазифаҳои хун. Хун ҳамчун моеъи дохилии организм дар системаи махсуси худ ҳаракат карда, …