МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
АСОСӢ / ГУНОГУН / Тухми хонагӣ ё бозорӣ хуб аст?

Тухми хонагӣ ё бозорӣ хуб аст?

Тухми хонагӣ чист? Тухми хонагӣ ин тухмест, ки аз мурғҳои дар ҳавлии мардуми ноҳияву қишлоқҳо ҳосилшаванда мебошанд.

Тухм аз ҳама ғизои боқуватарин ба ҳисоб мервад ва баъди он дар ҷойи 2-юм гушту савуму  чорум дигар ғизоҳои рӯзмара мебошанд. Бояд ба инобат гирифт, ки на ҳамаи  тухмҳо якхела қувва ё доранду ба бадани инсон таъсир мерасонанд. Тухмҳои хонагӣ аз нигоҳи килокалория бештар фоиданок аст ва тухмҳои бозорӣ ки онро фабрикагӣ низ меноманд нисбатан камтар таъсирбахшу хуштаъм аст.

Тухми хонаги

Тухмҳои хонагӣ аз тухмҳои бозори баъди пухтан ё ҷушонидан низ аз ҷиҳати ранг фарқият доранд. Инчунин бӯи тухмҳои фабрикагӣ хело суст ва қариб ноаён мебошанд. Тухмҳои хонагӣ баъди пухтанашон хеле сербуй мебошанд, ки нишона серғизогии онҳо мебошад.

Ба назар гирифт, ки бинобар сабаби тухмҳои фабрикагиро тариқи нимсунъӣ тавлид мешавад, ба саломатии инсон чандон мусбӣ таъсир намерасонад. Албата мурғҳои фабрика мисли мурғҳои хонаги сайру гашт дар офтобу ҳавои тоза ва боғу роҳи сералаф нестанд, ки истеъмоли хӯрокҳои табииро истеъмол кунанд. Мурғҳои фабрика асосан аз истеъмоли ғизоҳои хуш ва витаминҳо истеъмол мекунанд ва барои зудтар тухм кардани онҳо дору ва рушноии сунъии электрикӣ дода мешавад.

Чи хеле, ки маълум аст дар бозор қариб ки тухмҳои хонагиро дар фуруш ёфта намешавад ва ин сабабаш дар он аст,ки шумораи тухмҳои хонагӣ хело кам ҳастанд. Одатан тухмҳои хонагиро худи соҳибонашон истеъмол мекуннанд ва гоҳ-гоҳ мешавад, ки онро ба фуруш мебароранд.

Асосан тухмҳои хонагиро дар бозорҳои ноҳияҳои бештар ёфтан мумкин. Дар шаҳрҳо бошанд ва хусусан дар Душанбе тухмҳои хонагӣ ниҳоят кам дар фурушанд. Нархи тухмҳои хонагӣ дар бозор одатан 20-30 % қимматаранд ва соли ҷорӣ (2017) арзиши он аз 1 сомонӣ то 1 сомониву 40 дирам дар бозорҳо фурухта мешавад. Алабата тухмҳои хонагӣ аз тухмҳои фабрикавӣ каме вазнинтар мебошанд ва дарунашон ҷойи холӣ надорад.

Тухми хонагиро чих ел аз тухми фабрикагӣ фарқ кард?

Тухми хонагиро аз шакли руяш назар ба тухми фабрикагӣ фарқ карда намешавад. Фақат якчанд хусусиятҳое ҳастанд, ки тухми хонагиро аз тухми фабрикагӣ фарқ карда мешаванд, ки ҷумлаи онҳо чунинанд.

  1. Буйи тумхми хонагӣ боқуваттар аст;
  2. Дар тухмҳои хонагӣ штамп ё худ печат намезананд;
  3. Тухми хонагӣ одатан ҳаҷман калонтар мешавад;
  4. Баъди бирён кардан тухми хонагӣ ранги равшантар дорад;
  5. Вақти ҷумбондан / такондан тухми хонагӣ аз дохилаш овози ковокӣ намебарорад.

Назди admin

Инчунин хонед инро

Бофтахо

Бофтаҳо, аъзо ва танзими узвҳо

Бофта чист? Бофта ин Маҷмўи ҳуҷайраҳо ва моддаи байниҳуҷайравӣ, ки аз рўи пайдоиш, сохт ва иҷрои …