МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
АСОСӢ / Таърихи тоҷикон / Уструшан (Истаравшан)

Уструшан (Истаравшан)

Дар маъхазҳои хитоӣ ин ноҳия Сао (Саои шарқӣ), ё худ Су-дуй-ша-на (Sғо-tuâi-şа-nâ)[1] номида шудааст. Маълумоти маъхазҳо дар бораи ин ноҳия ниҳоят кам аст. «Тан-шу» хабар медиҳад, ки қароргоҳи малик дар ёнаи шимолии кӯҳи Боси (ё Поси) мебошад (эҳтимол, қаторкӯҳи Туркистон бошад.– Б.Ғ.). Ин маҳал дар қадим ба шаҳри Арши, яъне Фарғона тобеъ буд. Ши (Тошканд) ва Кан (Самарқанд) аз ин ноҳия дар масофаи баробар воқеъ буданд. Тухоло (Тахористон) андак дуртар дониста мешуд. Йе-ча ном шаҳре низ буд, ки он ғори сарбастае дошт ва ба ин ғор соле ду бор қурбонӣ медоданд. Мардум ба даҳони ғор омада, рӯбарӯи он меистанд ва дуде, ки аз он зада мебаромад, одами аз ҳама наздик истодаро мекушт.

Дар солҳои 618–626 дар Су-дуй-ша-на малики ҷавоне ҳукмронӣ мекард. ҳамроҳи Кан (Самарқанд) ин малик ба Хитой ҳайъати сафорат фиристодааст.[2] Ба ақидаи Э. Шаванн, шаҳри Су-ду ҳам аз они ҳамин ноҳия буд.

Сюан-сзан ин ноҳияро Сутулисена номидааст ва хабар медиҳад, ки андозаи гирдогирди он 1400 ё 1500 ли мебошад (нисбат ба ноҳияи Чоч 1,5 баробар калонтар ва нисбат ба ноҳияи Самарқанд андак камтар.–Б.Ғ.) Сарҳадди шарқии ноҳия дарёи калонест (номи хитоии Сирдарё оварда шудааст, вале дар ин маврид Сюан-сзан ғалат рафтааст, яъне Сирдарё сарҳадди шимолии Уструшан аст, на сарҳадди шарқии он). Хӯрду хӯрок ва расму одати мардум айнан ҳамонест, ки дар Чоч аст. Аз он даврае, ки дар Сутулисена подшоҳ ҳаст, ноҳия ба туркҳо тобеъ мебошад. Дар тарафи шимолу ғарбии ноҳия биёбони бекароне ҳаст, ки на об дораду на алаф.[3]

Ба ҳамин тариқ, ҳудуде, ки ин ноҳия дар асрҳои VI–VIII дошт, аниқ маълум аст ва маркази он ҳавзаи Ӯротеппаю Шаҳристон буд. Дар ҷануб ноҳияи болооби Зарафшонро дар бар мегирифт ва, аз афти кор, то ба ёнаҳои шимолии қаторкӯҳи ҳисор тӯл мекашид. Дар шимол ҳудуди ноҳия Сирдарё буд, дар шарқ бошад, сарҳадди ноҳия мулкҳои Хуҷанд ҳисоб мешуд (тахминан), дар шимолу ғарб бошад, мулкҳои Самарқанд (ба маънои васеи Самарқанд) ҳудуди ноҳия дониста мешуд. Дар бораи номи ноҳия ҳаминро гуфтан лозим, ки транскрипсияи хитоии он аз талаффузи аслии он хеле дур аст. ҳатто географҳои асримиёнагии арабу форс ҳам номи ноҳияро ҳар яке ба тарзи худ навиштаанд ва ин ҳолат боиси ҳамин шуд, ки даъвоҳои беасосу нодуруст ба миён омад ва баъзе олимони ҳозиразамон иддао карданд, ки «Усрушан навиштан дурусттар мебошад.[4] Вале ин гуна олимон ба назар намегирифтанд, ки ҳам дар навишти хитоии ном ҳарфи «т» ҳаст ва дар талаффузи имрӯзаи тоҷикӣ ҳам ноҳия «Истравшан» («Истаравшан») аст, яъне «т» дорад.

istaravshan-qalai_mug_00

Ниҳоят ҳуҷҷатҳои Қалъаи Муғ ҳам қатъиян исбот карданд, ки дар ибтидои асрҳои миёна вилоят Уструшана[5] ном дошт, вале сонитар ҳарфи «т» соқит гардид. ҳокимони Уструшана соҳиби унвони «афшин» буданд.[6]

Дар майдони Уструшана ҳафриёти зиёде гузаронда шуд. Қароргоҳи афшинҳои Уструшана андак дуртар аз посёлкаи ҳозираи Шаҳристон воқеъ буд. Дар ин ҷо, дар соҳили ғарбии сойи Шаҳристон, дар ҷои баланд димнаи Қалъаи Қаҳқаҳа ҷой дорад, ки деворҳои он нағз боқӣ мондаанд. Вусъати димна 5 га аст. Димна аз ду қисм иборат мебошад – дар тарафи ғарб 8–10 м болотар аз майдони димна теппаи арк қад афрохтааст.

Аз арк қасри афшинҳои Уструшан ёфт шуд. Аз ҷумлаи хонаҳои қаср толори ниҳоят азим (вусъаташ 230м2) мақоми махсус дорад, Ин толор се қабат ва айвончае дорад, ки дар он тахт меистод. Дар шафати он толор боз як толори қабул ҳаст, ки он хурдтар мебошад, вале вусъати ҳамин толори «хурд» ҳам 95м2 аст. Дар ин ҷо инчунин ибодатхонаҳо, хонаҳои хоб, ошхона, нонвойхона, қӯрхона ва ғ. ҷойгир шудаанд. Так-таки деворҳои толор ва долон суфаҳои дароз сохта шудаанд ва дар даҳлезҳо, рӯбарӯи дари даромад, суфаҳо барҷаста пеш баромадаанд ва як навъ «эстрада»-ро ба вуҷуд овардаанд. Барои нигоҳ доштани озуқа дар фарши хона хумҳои бисёре шинонда шудаанд, ки зарфияти умумии онҳо қариб 10м3 мебошад. Девори толорҳо ва долонҳо саросар бо нақшу нигори назаррабо ва лавҳаҳои чӯбии кандакоришуда пӯшида шуда буданд.

Қаср муддати дароз вуҷуд дошт ва ниҳоят тӯъмаи оташ гардид. Ба касофати сӯхтор аксари ороиши он нобуд шуд, вале ҳамон қисми ночизе, ки то ба рӯзҳои мо расидааст, аз санъати баланди Уструшани давраҳои қадим шаҳодат медиҳад.

Дар қисми поёнии долоне, ки кӯндаланг тамоми иншоотро бурида гузаштааст, силсилаи расмҳои аҷоиб ба назар мерасад. Дар тарафи чапи расм марде тасвир шудааст, ки дар болои кати қолинфарш нишастааст. Андак дуртар аз ин мард расми як зану як мард менамояд, ки кӯдакеро дудаста дошта истодаанд. Дар паҳлӯи онҳо боз расми як мард ҳасту дар қафои вай як чизи «дарёмонанд» кашида шудааст ва дар рӯи он як махлуқи моҳибашара тасвир ёфтааст. Баъди ин чанд одам хира менамоянд, ки ба тарафи чап, ба тарафи «дарё» рафта истодаанд. Ин қисми расм хеле зарар дидааст ва қариб базӯр менамояд. Ниҳоят, баъди ин одамон расми модагурги калоне ҳаст, ки сарашро ба рост гардонда, ба қафояш менигарад ва ду кӯдак синаи модагургро макида истодаанд.

Н.Н.Неъматов аввал пайдоиши ин расмро андак рӯякӣ шарҳ додааст ва гумон кардааст, ки расми мазкур ба ин ҷо дар асрҳои V–VII эраи мо аз соҳилҳои баҳри Миёназамин омадааст, вале гуфтан даркор, инчунин қайд кардааст, ки дар Осиёи Миёна «барои азхудкунии анъанаҳои асотирии насронияи Ғарб заминаи муайяни динӣ вуҷуд дошт»[7].

Дар нашри русии китоб мо таъкид карда будем, ки халқҳои гуногуни Осиёи Миёна ва Марказӣ ривоятҳое доранд, ки ба ривояти машҳури этрусскуримӣ хеле монанд аст. Сабаби дар Осиёи Миёна вуҷуд доштани ин расмро бояд дар ҳамин донист, ки ривояти модагургро макида ба воя расидани шоҳзода (ё шоҳзодагон) дар Шарқ дар давраҳои ниҳоят қадим пайдо шуда буд.[8] Н.Н.Неъматов дар асарҳои минбаъдааш ақидаи худаш ва ақидаи моро дар ин бобат хеле инкишоф дода, фикри худро хеле мукаммал намуд,[9] вале гуфтан даркор, ки оид ба якчанд нуктаҳои муҳим ҳоло ҳам ақидаи вай баҳснок мебошад.

Дар толори хурд пораҳои расмҳое гирд омадаанд, ки аз унсурҳои алоҳидаи тамоми композитсия маълумот медиҳанд. Масалан, чунин аст расми се савори дартоз, ки дар бар либоси ҷангӣ доранд ва ба тарафи чап рафта истодаанд. Дар таги суми аспҳо мурдаи душман тасвир ёфтааст. Инчунин расмҳои якчанд олиҳаву худоҳо ба назар мерасанд, масалан, расми худои чордаста, расми олиҳаи ҳоладор, ки дар болои шери лаҷомзада нишастааст, боз як расми дев менамояд, ки дандонҳояшро гиз карда истодааст. Боз як расми олиҳаи чордастаи шерсавор ҳаст, ки ба тарафи вай ҷанговаре савори ароба давида истодааст ва ба ароба аспҳои болдор қӯш карда шудаанд. Худи ҷанговарон низ ҳама бол доштаанд. Бисёр дигар расмҳое низ ба даст омадаанд, ки дар онҳо манзараҳои муҳорибаҳо ва зисту зиндагонии мардум (масалан, расми духтари уднавоз) инъикос гардидаанд. Расмҳо бағоят аниқу дақиқ, равшану возеҳ ва бо маҳорати комил кашида шудаанд. ҳама расмҳо бисёррангаанд, тобиши рангҳо ниҳоят гӯё буда, бештар ранги кабуд ва зарду сурхча истифода шудаанд.[10]

Н.Н.Неъматов менависад, ки аз харобаҳои қаср қариб 200 пораҳои чӯбҳои кандакорӣ ёфт шуданд. Аз ҷумла «…якчанд ҳайкалчаҳои одамону парандагон ва варақаву лавҳаҳои зиёде дастрас гардидаанд, ки соҳиби манзараҳои мукаммалсюжет буда, дар онҳо расми одамон, ҳайвонот, парандагон, коҳинон тасвир шудаанд. Инчунин арақаи аҷоиби таги равоқ ёфт шуд, ки дар он расми одамон сабт гардидааст. Боз як пештоқ (тимпан) ба даст омад, ки ҳамто надорад.

Дар вусъати ин пештоқ ривояти қадимиэронии муборизаи бадию некӣ инъикос шудааст, ки дар он образҳои шоҳзода Фаридун, Коваи оҳангар ва шоҳ Заҳҳоки одамхӯри мордаркитф таҷассум ёфтааст.[11] Ин пештоқ ва умуман, тамоми осори санъати шаҳристон барои тадқиқи маданияти бадеӣ, асотир ва зисту зиндагонии Осиёи Миёнаи аввалҳои асрҳои миёна аҳамияти ниҳоят калон дорад.

Андаке дуртар аз димнаи номбурда теппаи дигар ҳаст, ки онро қалъаи Каҳқаҳаи II мегӯянд. Тарҳи ин қалъа тамоман дигар аст. Майдончаи (210х230 м) ҳамвори чоркунҷа гирдогирд девор дорад. Дар яке аз гӯшаҳои майдонча теппае ҳаст. Маълум шуд, ки дар таги ин теппа харобаҳои бинои сеошёнаи қасрмонанд ниҳон будааст. Дар ин ҷо ҳам бисёр толорҳои ташрифот ва хонаҳои истиқоматӣ ёфт шудаанд. Шифти хонаҳо хиштини гунбазӣ ва муқаррарии болорпӯши сутундор мебошанд. Бинои ёфтшуда қасри истеҳкомдор буда, деворҳояш пур аз нақшунигор ва болору шифту сутунҳояш кандакорӣ шудаанд.[12]

Дигар ёдгории Шаҳристон — Чилҳуҷра, ки дар қарибии андароби Кулқутан ва сойи Шаҳристон воқеъ аст, чунон хуб боқӣ мондааст, ки кас дар ҳайрат мемонад. Ин бинои дуошёнаи қасрмонанд мебошад. Иморат таърихи дурударози мураккаб дорад ва борҳо аз дигар сохта шудааст. Вале сарфи назар аз ин хонаҳои ошёнаи якум ва қисми хонаҳои ошёнаи дувум чунон хуб боқӣ мондаанд, ки дар бораи сохти аслию аввалаи иморат ба мо маълумоти пурра медиҳад.[13] Қасри Ӯртақӯрғон, ки дар қарибии Чилҳуҷра воқеъ аст, низ ҷолиби диққат мебошад.

Мо расму суратҳо ва чӯбҳои кандакории иморатҳои Уструшанро дар боло зикр карда будем. Ин расму суратҳо дар айни ҳол ёдгории маданияти бадеӣ мебошанд, онҳо инчунин маъхазе мебошад, ки дар асоси он дар бораи идеологияи уструшаниҳо, аз ҷумла дар бораи дини уструшаниҳо тасаввуроте ҳосил кардан мумкин аст. Мувофиқи баъзе мадракоти мавҷуда, масалан, аз рӯи мурофиаи ҷинояти ҳайдар ном афшин (асри IХ), ки гуноҳаш пинҳонӣ парастидани дини ниёгони қадимааш будааст, ба чунин хулоса омадан мумкин, ки дар Уструшан равияи осиёимиёнагии зардуштия ҷараён доштааст[14] ва ин равияи зардуштия аз зардуштияи суғдӣ фарқи казоие надошт. Масалан, маълумоте ҳаст, ки маросими дар оссуарий дафн кардан маъмул буд.

Забони уструшаниҳо яке аз лаҳҷаҳои забони суғдӣ мебошад. Дар Чилҳуҷра ҳуҷҷатҳое ёфт шуданд, ки бо ранги сиёҳ дар тахтачаҳо сабт гардидаанд. Яке аз ин ҳуҷҷатҳо пурра ба дасти мо расидааст ва онро В.А.Лившитc хондааст. Ин ҳуҷҷат ҳам мисли ҳуҷҷатҳои суғдӣ мебошад. Мазмуни он чунин аст: «Бипурсидам, ман Чийус, дар 39-ум рӯзи ҳсар карда] аз рӯзи ватӣ ҳрӯзи 22-юми моҳи суғдӣ] моҳи вағониҷ ҳмоҳи 8-уми соли суғдӣ] харҳоро. Фарнарч овард онҳоро барои ман аз ҳдеҳаи] Атрипазмак ҳва 30 тан] байни онҳо якто ҳам бадаш набуд». Дар қафои тахтача чунин ибора ҳаст: «Нависанда Гушнаспич бо супориши Фарнарч». Услуби хат ба услуби хати ҳуҷҷатҳои Қалъаи Муғ хеле монанд аст.[15]

Ҷолиби диққат аст, ки чунон ки дар Суғд мебинем, дар Уструшан ҳам котибони касбӣ будаанд ва акнун мо номи яке аз он котибонро медонем. Аз дигар тараф, номи одамон хоси номи зардуштиён аст

Дар бораи равнақу ривоҷи косибӣ, зироат ва ғ. низ маълумот ба даст омадааст. Ҳамаи ин материалҳо шаҳодат медиҳанд, ки дар ибтидои асрҳои миёна Уструшан маданияти баланде дошт ва бисёр падидаҳои ин маданият ба маданияти Суғд хеле наздик ва баъзан айнан ба он монанд буд.

[1] Су-дуй-ша-на боз як чанд вариантҳои дигар дорад, ки дар бораи онҳо ниг.: Chavannӯs Е., 1903, р. 138.

[2] Бичурин, II, с. 138; Chavannӯs Ӯ 1903, р. 37, 99, 136–139, 312.

[3] Веаl S., 1906, I, р. 31–32. Дар тарҷимаи ҳоли Сюан-сзан («Тhе Lifӯ of Hsuan-Тsang», 1959, р. 47) ягон маълумоти дигар ба назар намерасад.

[4] Неъматов Н., 1957, с. 16.

[5] Лившиц В.А., 1962, б, с. 87. 29

[6] Бартольд В.В., 1964, с. 497.

[7] Неъматов Н. Н., 1968, с. 33–34.

[8] Оид ба тадrиrи муфассали ин масъала ниг.: Ӣindӯr G., 1964; инчунин таrризеро, ки оид ба ин китоб баромадааст, ниг.: Assmussӯn J., 1967; Ӣivar А.D.Н., 1967, р. 512. Мадракоти пурарзиш дар маълумотномаи зерин ҳам ҳаст: Тhоmpson S., 1955.

[9] Неъматов Н.Н., Соколовский В. М., 1975.

[10] Неъматов Н.Н., 1973.

[11] Неъматов Н.Н.,Соколовский В. М., 1975, с. 438-439.

[12] Неъматов Н.Н. ва Хмелницкий С.Г., 1966.

[13] Пӯлодов Ӯ.П., 1968.

[14] Пӯлодов Ӯ.П., 1968, с. 20-21.

[15] Chavannes Е., 1903 Р- 148.

Назди admin

Инчунин хонед инро

hulbuk

ШАҲРҲОИ ОСИЁИ МИЁНА ДАР АСРҲОИ ХI–ХII

Тараққиёти босуръати шаҳрҳо, истеҳсолоти молӣ ва тиҷорати пулӣ аз муҳимтарин аломатҳои давраест, ки мо ба …