МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
АСОСӢ / ГУНОГУН / Усулҳои танзими функсияҳои организм

Усулҳои танзими функсияҳои организм

Дар организми одам ҳуҷайраҳо, бофтаҳо, аъзо ва системаи онҳо ҳамчун як чизи ягона ва бутун кор мекунанд. Кори онҳо бо ду роҳ: ҳуморалӣ (моддаҳои химиявӣ тавассути моеъи муҳити дохилии организм –хун, лимфа, моеъи байниҳуҷайра сурат мегирад) ва асабӣ танзим карда мешавад.

Моддаҳои кимиёвӣ ба ҳуҷайраҳо, бофтаҳо, узвҳо ва умуман дигар равандҳои организм таъсир расонида, кори онҳоро танзим менамоянд. Миқдори ками моддаҳо қобилияти баланди таъсиркунӣ доранд. Бинобар ин онҳоро моддаҳои фаъоли биологӣ меноманд, ки ҳуҷайраҳои махсуси организм аз худ ҷудо мекунанд. Ба ин узвҳо, пеш аз ҳама, ғадудҳои тарашшўҳи (секретсия) дохилӣ тааллуқ доранд.

органхои одам

Аз ҷиҳати тарашшўҳ онҳо ба ду гурўҳ ҷудо мешаванд. Ғадудҳои тарашшўҳи берунӣ маҳсули худро ба ковокиҳои бадан хориҷ мекунанд. Ғадудҳои тарашшўҳи дохилӣ маҳсули худро фақат ба хун медиҳанд. Ба ғадудҳои тарашшўҳи берунӣ ғадудҳои луоби даҳон, ашкбарор, арақҷудокунанда, ҷигар ва ғадудҳои меъдаю рўдаҳо дохил мешаванд.

Танзими асабии вазифаҳо. 

Мағзи сар ва ҳароммағз тавассути торҳои асаб тамоми узвҳои организмро бо ҳам алоқаманд мекунанд. Системаи асаб ҳам ба монанди ҳормонҳо ба узвҳо таъсир расонида, корашонро тез ё суст мекунад. Бинобар мавҷудияти мағзи сар организм аз тағйирёбии шароити муҳит мунтазам бохабар мешавад, чунки байни мағзи сар ва тамоми узвҳо алоқамандии тарафайн мавҷуд аст.

Танзимкунандаҳои асабӣ ва ҳуморалӣ алоқамандии дутарафа ва кори бо ҳам мувофиқи системаи узвҳоро амалӣ мегардонанд. Аз ҳамин сабаб организм ҳамчун як чизи бутун (том) амал мекунад. Ин ду система пойдории муҳити дохилӣ ва устувории тамоми вазифаҳои организмро дар натиҷаи худтанзимкунӣ таъмин мекунанд. Худтанзимкунӣ гуфта, ҳолатеро меноманд, ки ҳар як дигаршавии таркиби муқаррарии муҳити дохилии организмро системаи асабӣ ва ҳуморалӣ ба ҳолати аввалааш бармегардонад.  Мисол, дар вақти зиёд шудани миқдори қанд (глюкоза) дар хун системаи асабӣ ва ҳуморалӣ ба кор даромада, миқдори қандро кам мекунанд. 

Саволҳо

  1. Фаъолияти ба ҳам мувофиқи ҳуҷайраҳо, бофтаҳо, узвҳо ва системаи онҳо бо чӣ таъмин мегардад?
  2. Танзими ҳуморалӣ чист?
  3. Фарқи байни ғадудҳои тарашшўҳи берунӣ ва дохилӣ дар чист?
  4. Танзими асабӣ чист?
  5. Худтанзимкунӣ чист?

Назди admin

Инчунин хонед инро

kitob

КИТОБҲОИ ТОҶИКӢ — ЭЛЕКТРОНӢ

Хонандагони гиромӣ, дар саҳифаи мазкур ба Шумо китобҳо барои хондан-истифодаи шахсӣ бе пардохти ягон маблағ …