МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
АСОСӢ / Таърихи тоҷикон / Вазъияти Тахористон дар асри VI – ибтидои асри VIII

Вазъияти Тахористон дар асри VI – ибтидои асри VIII

Номи «Тахористон» ба руси «Тахаристан» бори аввал дар як асари тарҷумавии соли 383 зикр мешавад.[1] Маъхазҳои хитоӣ ин мамлакатро «Тухоло» (Т’оu-hо-1о, Тоu-hо-1-о ё Тоu-hои-lо)[2] номидаанд.

Тахористон ноҳияҳои ҳозираи ҷануби Тоҷикистон, вилояти Сурхандарёи РСС Ӯзбекистон ва ноҳияи шимоли Афғонистонро дар бар мегирифт. Аслан, Тахористони ибтидои асрҳои миёна аз ҷиҳати масоҳат ба Бохтари қадим хеле шабоҳат дошт.

Таърихи сиёсии Тахористони асрҳои VI–VII ниҳоят пурғалаён буд. Давлати буферии ҳайтолиён, муборизаи зидди туркҳо ва ҳукмронии минбаъдаи онҳо, исёну шӯриш ва ҷангу ҷидолҳои дохилӣ таърихи Тахористонро басо мураккабу печдарпеч кардаанд. Лозим ба таъкид аст, ки ҷараёни зоҳирии таърихи Тахористон ба мо каму беш маълум аст, вале дарвоқеъ, он чизе ки мо медонем, гӯё танҳо сарлавҳаҳои китоби Тахористон мебошанд — мо хабар надорем, ки мазмуну мундариҷаи зери он ё ин сарлавҳа чӣ гуна буд, дар ин ё он ноҳияҳо чӣ гуна воқеаҳо ба вуқӯъ омаданд ва сабаб ҳамин ки дар маъхазҳо маълумот дар бораи ин таърих хеле кам аст. Бозёфтҳои нумизматӣ андаке маълумот доданашон мумкин – ҳангоми ҳафриёти Аҷинатеппа ва Кофир-қалъа бисёр тангаҳои тахористонӣ ба даст омаданд, вале онҳо то ба ҳол тад-қиқ нашудаанд.

Доир ба Тахористон чанд маълумоти маъхазҳоро зикр мекунем. Сон Юн ном сайёҳе ба Бо-хо (Вахон) омада будааст (соли 519). Вай менависад, ки кӯҳҳои ин ҷо осмонбӯс ва дараҳояш бетаг асту подшоҳи ин мулк дар шаҳре иқомат дорад, ки худаш бино кардааст. Сарулибоси мардум ниҳоят базебу шинам ва аксари он аз чарм. Иқлими кишвар беҳад хунук буда, мардуми оддӣ дар ғорҳо зиндагӣ мекунанд. Хусусан бӯронҳои барфӣ зиёд мешудааст. Дар ҷануби мамлакат кӯҳҳои пурбарфи баланд воқеъ будаанд.

Тахористон

Сон Юн роҳашро давом дода, ба кишвари е-да – ҳайтолиён расид, ки он Бадахшони ҳозира аст. Дар бораи кишвари ҳайтолиён менависад, ки ин сарзамини обод асту аз пеши ҳар як хона ҷӯйборе гузашта, тамоми сарзаминро шодоб менамояд (эҳтимол, ин рӯдҳои кӯҳӣ ва каналҳои обёрӣ бошанд). Либоси камбағалон аз пӯст аст, вале боён либосҳои аҷоиб дӯхта, бокарруфар мепӯшанд (масалан, либоси маликаи ҳайтолиён фаши дарозе дошт, ки онро аз қафо канизони махсуси барои ҳамин кор таъиншуда бардошта мегаштанд). Дар ин кишвар қолинҳои беандоза калон ҳастанд (масалан, чунин қолинҳо дар боргоҳи шоҳи ҳайтолиён будааст). Сангҳои қимматбаҳо шумор надоштаанд,[3] аспу шутур ҳам бисёр будааст. Пойтахти кишвар шаҳри Бадияи[4] мебошад (шояд ин ном талаффузи нодурусти Бадахшон бошад). Дар маъхази соли 590-ум вилояти Бодочан зикр шудааст, ки ин, бешубҳа, Бадахшон мебошад.[5]

Мадракоти солномаи Оли Суйшу ба ибтидои асри VII нисбат дорад. Вай низ аз Тухоло, яъне Тахористон ривоят мекунад, ки мардуми он бо ҳайтолиён «аралаш» будааст. Инчунин аз «сад ҳазор сарбозони қобили ҷанг» сухан меравад. Дар бораи полиандрия ҳам маълумот ҳаст.[6]

Сайёҳи асри VII Союан-сзан (қарибии солҳои 639–645) умуман Тахористонро тасвир карда, дар бораи бисёр мулкҳои вилояти он хабар медиҳад ва андозаи масоҳати ин мулкҳо ва шаҳрҳоро меоварад. Вай аз шимол омада, аз Дарвозаи оҳанин (аз кӯҳҳои Бойсун) гузашта, ба Тухоло – Тахористон расидааст. Ба қавли вай, арзи Тахористон нисбат ба тӯлаш се баробар зиёдтар будааст. «Наҳри аъзам (дар ин ҷо номи ҳамонвақтаи хитоии Амударё оварда шудааст) сарзаминро ба самти ғарб бурида гузаштааст». Ба гуфти Сюанс-зан, ба оли шоҳони Тахористон кайҳо қирон омада буд, бинобар ин якчанд ҳокимон дар маҳалҳои алоҳида зӯран ба сари ҳукумат баромаданд. Сарзамин аз рӯи сарҳадҳои табиӣ ба 27 мулк тақсим буду ҳамаи онҳо ба туркҳо итоат дошт. Иқлим ба назари сайёҳ басо нарму серрутубат намудааст. Сарулибоси мардум асосан пахтагӣ ва баъзан пашмӣ буд. Забони онҳо аз забони халқҳои ҳамсоя хеле фарқ дошт. Дар хатти онҳо асосан 25 ҳарф буд (ин хитоӣ, ки ба хатти иероглифӣ одат карда буд, тамоман моту мабҳут мондааст, ки бо роҳи таркиби ҳамин 25 ҳарф тамоми ашёву мафҳумотро ифода кардан мумкин будааст). Тахориён аз чап ба рост менавиштаанду мехондаанд. Адабиёти онҳо бой буда, нисбат ба тамоми адабиёти мавҷудаи Суғд бештар буд. Дар тиҷорат тилло ва нуқраро истифода мебурдаанд. Тангаҳои онҳо аз тангаҳои мамлакатҳои ҳамсоя фарқ дошт.[7]

Сипас, Сюан-сзан хеле мухтасар мулкҳоеро тасвир мекунад, ки дар ҳайъати Тахористон буданд. Аз ҷумлаи онҳо Да-ми (Тирмиз) ва Чи-о-ян-на (яъне Чағониён вилояте, ки шимолу шарқи водии ҳисорро дарбар мегирифт) зикр шудааст. Масоҳати пойтахти Чағониён нисбат ба пойтахти Тирмиз ду баробар хурдтар будааст. Инчунин Шу-ман, яъне Шумон ном бурда мешавад, ки дар асрҳои миёна ноҳияҳои марказӣ ва шарқии водии ҳисор чунин ном дошт ва аз афти кор, дар асри VII масоҳати бештареро фаро мегирифту ба ҷануб то ба Кофарниҳон тӯл мекашид. Махсусан қайд карда мешавад, ки шоҳи Шумон турк буд. Шумон бо Сзюй-хэ-ян-на (Қабодиён) ҳамсарҳад ва пойтахти он (номаш зикр нашудааст) тақрибан баробари пойтахти Чағониён буд. Дар шарқи Қабодиён вилояти Хо-ша (Вахш) ҷой дошт. Тӯли ин вилоят нисбат ба арзаш дуним баробар зиёдтар буд. Пойтахти он аз пойтахти Тирмиз монданӣ надошт. Шарқтари Вахш мулки Кэ-до-ло (талаффузи қадимаш Kғӯt-tғӯt Хуттал (Хатлон)[8] ҷойгир буд, дар шарқ ин мулк бо кӯҳҳои Сунлин (Помир) ҳамсарҳад аст ва он кишварест, ки нисбат ба тамоми мулкҳои мазкур калонтар мебошад. Пойтахти он баробари пойтахти Тирмиз буд.[9] Ба муносибати Хатлон боз дар бораи ду вилояти дигар гап задан даркор. Яке аз онҳоро Сю-ан-сзан О-ли-ни меномад ва он дар ҳар ду соҳили Панҷ ҷойгир буду шаҳри асосиаш хеле калон ҳисоб мешуд. Вилояти дигар По-ли-хо аст ва он ҳам мисли О-ли-ни дар сарзамини Тухоло ҷой дошт. Шаҳри асосии ин вилоят ҳам хеле калон буд.[10] С.Бил По-ли-хоро ҳамон Фархор мегӯяд, ки дар харитаи Вуд қайд шудааст (атрофи Кӯкчӣ)[11]. Маркварт ҳам ин гапро баҳснопазир мешуморад[12]. А.М.Беленитский исбот кард, ки И.Маркварт ғалат рафтааст ва хулосаи дуруст баровард, ки гап дар бораи Фархоре меравад, ки дар соҳили рости Панҷ воқеъ аст (ҳозира райони Фархори Тоҷикистон). Дар масъалаи О-ли-ни ҳаминро гуфтан лозим, ки ин бешубҳа, Архони муаллифони асри миёна мебошад ва дар ҳамон давраҳо дар соҳили рост ҷой дошт.[13] Ғайр аз ин, мулкҳои Сзюй-ми-то (Қумод, ки дар ким-куҷои ноҳияи Қаротегину Дарвозу Ванҷ воқеъ буд), Ши-си-ни (Шуғнон), Бодочуанна (талаффузи қадимааш pғat-d’ak-tsitang-nā (Бадахшон) ва Домоситеди (Вахон) номбар мешавад. Пойтахти Домоситеди Хунтодо[14] буд. Гуфта мешавад, ки иқлими ин маҳал ниҳоят сахт аст. Масалан, дар бораи Домоситеди[15] навиштаанд, ки замини онро кӯҳҳои пасту баланд чок кардааcту сатҳи он регзор ва санглох мебошад. Дар ин маҳал тундбодҳои сарди ҷонситон бо қувваи даҳшатоваре мевазидаанд. Ба қавли Сюан-юзан, дар Вахон андак гандуму лӯбиё мекиштанд. Вай аспҳои ҷойдориро бисёр таъриф мекунад – онҳо хурд бошанд ҳам, бағоят пуртоқат буданд ва масофаҳои зиёдро тай карда метавонистанд. Либоси мардум пашмӣ буд.

Дар айни тасвири Шуғнон гуфта мешавад, ки дар ин ҷо гандум, лӯбиё ва ҳатто камтар шолӣ мекоранд. Либоси шуғнониён аз чарм ва пашм буд. Хати ин ҷо ба хати тахориён монанд бошад ҳам, вале забони шуғнониён аз онҳо фарқ доштааст.[16]

Сюан-сзан пойтахти Тахористон По-хо  (Балх)-ро тасвир мекунад, ки он қалъаи дастнораси нисбатан камодаме буд; ғайр аз ин вай дигар ноҳияҳоеро, ки дар соҳили чапи Тахористон (дар хоки ҳозираи шимоли Афғонистон)[17] ҷой доштанд, тасвир мекунад.

Мувофиқи мадраки таърихи Тан – маъхази нимаи дувуми асри VII ва аввали асри VIII тахориён ҳамроҳи ҳайтолиён зиндагӣ мекарданд ва ҳаёти муқимӣ ба сар мебурданд[18]. Дар Шуғнон қароргоҳи шоҳ аввал шаҳри Куҳон буд, сонитар вай дар водиҳои гуногуни байни кӯҳҳо зиндагӣ мекардагӣ шуд. Тарҷумаи Н.Я.Бичурин чунин аст.[19] Э.Шаванн матни мазкурро дигар хел фаҳмидааст: «Аввал пойтахт дар шаҳри Куҳон буд, сипас  (мардум) дар дараҳои кӯҳӣ маскун шуданд». Дар панҷ водии калон панҷ волии соҳибихтиёр менишасту ҳамаи онҳоро якҷоя «панҷ шин» меномиданд. Мувофиқи хабари маъхаз, зироаткорӣ вуҷуд надоштааст.

Дар бобати Вахон таърихи Тан фақат гапҳои Сюан-сзанро такрор мекунад, масалан, ин таърих ҳам мегӯяд, ки чашми мардуми ин ҷо кабуд аст ва ғ. Вале бар хилофи Сюан-сзан маъхаз номи қароргоҳро дигар гуфтааст ва он Сайгашэн мебошаду аз шимолтари ин шаҳр дарёи Уху (Панҷ) мегузаштааст[20]. И.Маркварт талаффузи қадимии ин номро дар назар дошта, тахмин кард, ки ин шаҳр бояд Ишкошим[21] бошад, пас дар ҳамон давраҳо пойтахти Шуғнон дар соҳили чапи дарё воқеъ будааст. Э.Шаванн[22] ва дигар олимон ба ин фикр розианд. Ва он фикр, дар ҳақиқат, тамоман дуруст менамояд.

Инчунин тасвири Хатлон ҳаст, ки дар он давраҳо вилояти калоне буд. Пойтахти он Се-чу-кан ном дошт ва он қароргоҳи подшоҳ ҳисоб мешуд. Мамлакат аз аспҳои олиҷаноб ва палангҳои зардмӯй эҳтимол, шер ё бабр бошад, бой буд. Дар охир хабар дода мешавад, ки дар ин вилоят чор кӯҳи намак ҳаст[23] ва дар ҳақиқат, ҳоло ҳам дар қарибии Восеъ Хӯҷа Мӯъмин ном кӯҳи калони намак ҳаст.

Хой Чао ном дигар дарвеши буддоӣ, ки соли 726 ба Осиёи Миёна омада будааст, дар бораи Тахористон чунин маълумот медиҳад. Мамлакатро арабҳо забт намуданд. Подшоҳ аз онҳо гурехта, дар Бадахшон паноҳ бурдааст. Забони мардум аз забони дигар мамлакатҳо фарқи калон дорад ва андаке ба забони Каписа монанд аст. Барои сарулибос пашмина ва газворҳои пахтагиро истифода мебаранд. Дар сарзамин шумораи шутуру гӯсфанд, хачиру асп ва масоҳати пахтазору токзор зиёд аст. Хӯроки маъмули мардум аз хамир мебошад. Мардон сару ришу мӯйлаби худро метарошанд, занон баръакс, мӯйҳои дароз доранд. Подшоҳ, аъёну ашроф ва мардум пайрави тариқати хиноёнии мазҳаби буддоӣ мебошанд, дайру роҳибон зиёданд[24]. Дар Тахористон даҳ, панҷ, се ё ду бародар як зани умумӣ доранд[25] – ин ахбор далели ҳамин, ки дар ин ноҳияҳо полиандрия расм будааст, ки он бо сукунати ҳайтолиён алоқаманд мебошад.

Дар Хатлон (Хой Чао ин кишварро ҳам чунон тасвир кардааст, ки аксари нуктаҳои он ба тасвири умумии Тахористон қариб як аст) низ подшоҳ аз туркҳо буду нимаи мардум ху, яъне ҷойдорӣ, нимаи дигараш туркҳо. Мамлакат дар дасти арабҳо мебошад. Як қисми мардум ба забони тахорӣ, қисми дигар ба туркӣ ва боз як қисм ба шеваи маҳаллӣ гап мезананд. Дар Хатлон шутур, хачир, гӯсфанд, асп, гов, хар ҳаст; пахта мекоранд, ток мепарваранд, газвори пашмин мебофанд. Сарулибоси мардум аз газвори пахтагин ҳам мешавад, бисёриҳо пӯстин мепӯшанд. Сару рӯи мардон тарошида, занон кокулдароз. Подшоҳ, аъёну ашроф ва мардум пайрави тариқати хиноёнии мазҳаби буддоӣ мебошанд, дайру роҳибон бисёранд.

Дар Вахон подшоҳ заиф асту ба арабон дастнигар ва ҳар сол ба онҳо ба тариқи боҷ шоҳӣ медиҳад. Вахониён дар водиҳои кӯҳӣ дар кулбаҳои тангу торик ва дар ғорҳо зиндагӣ мекунанд. Аксари мардум қашшоқ аст. Пӯстину чакман мепӯшанд, сарулибоси подшоҳ шоҳию пахтагин. Забони мардум аз забони мардуми ноҳияҳои ҳамсоя фарқ дорад. Фақат нони танӯрӣ ва хӯроки хамирӣ мехӯранд. Ин сарзамин бениҳоят хунук аст, нисбат ба дигар ҷойҳо хеле хунуктар. Дар кӯҳҳо ягон гиёҳу набот нест. Гӯсфанду гов (зоти резаи ҷойдорӣ) ва аспу хачир ҳаст. Дар бораи эътиқоди мардум айнан ҳамон гапҳоеро мегӯяд, ки дар ҳаққи мардуми Хатлон гуфта буд.

Сайёҳ инчунин дар бораи «Нӯҳ мулки Шигинон» (Шуғнон) хабар медиҳад. Дар яке он малике бо лашкари худ меистод. Малики Шуғнон ба шоҳи Вахон тобеъ аст. Иқлими мамлакат бениҳоят хунук буда, худи он дар мобайни кӯҳҳои пурбарф ҷой дорад. Гӯсфанд, асп, гов ва хар ҳаст. Шоҳ ва аъёну ашроф либосҳои пахтагин доранд, пӯстин мепӯшанд; мардуми оддӣ аз пӯстак либос медӯзанд ва гоҳо чакман мепӯшанд. Забони онҳо аз забони мардуми атроф фарқ дорад. Дар Шигинон оини Буддо расм нест. Инчунин ривоят мекунанд, ки шоҳ барои тороҷи корвони тоҷирон дастаҳои махсус мефиристодааст.[26]

Таърихи сиёсӣ

Мо дар боло нақл карда будем, ки дар аҳди Туншаху (вафоташ соли 630) хоқонии ғарбии турк Тахористонро забт намуд. Сюан-сзан, ки андаке баъди ин воқеаҳо ба ин ҷойҳо омадааст, волии туркҳоро дид.[27] Мувофиқи хабари маъхазҳои арабию форсӣ волии ин ҷо унвони ҷабӯя ё ҷабғӯяро дошт, ки он ябғу[28] аст. Таърихи мулкҳои ҳайъати Тахористонро маъхазҳо беандоза мухтасар баён мекунанд.

Яке аз мулкҳои пуриқтидори Тахористон Хатлон буд.[29] Дар ин мулк, ба ҳар ҳол дар ҳудуди асрҳои VII–VIII, оли маҳаллие ҳукм мерондааст ва яке аз намояндагони он шоҳи Хатлон буд, ки номашро Табарӣ Ассабол[30] гуфтааст. Шояд ин ном муарраби ҳамон номи туркиест, ки дар дигар маъхазҳо Шаболо омадааст.[31] Хой Чао, ки дар аҳди Ассабол ба Осиёи Миёна сафар карда буд, рӯйрост менависад, ки шоҳи Хатлон аслан аз туркҳо буд.[32] Ассабол аз охири асри VII то ибтидои солҳои 30-юми асри VIII Хатлонро идора мекард. Маъхазҳои араб ӯро малик меноманд. Варосати тахт тартиби махсус дошт. Табарӣ аз забони Ассабол мегӯяд, ки тартиби варосати тахтро риоя кардан зарур будааст.[33]

Аз афти кор, вай аслан турк (ё туркшуда) бошад ҳам, намояндагони он унвони эронӣ – «Хатлоншоҳ» ё «Шери Хатлон»-ро доштанд, дар маъхазҳои арабӣ онҳо одатан малик номида мешаванд.[34] Дар айни ҳол онҳо мутеи ҳокимони умумитахористонӣ буданд. Дар як зиёфати волии араб — Қутайба ибни Муслим ҳокими умумитахорис- тонӣ ва чанд ҳокимони мартабаашон пасттар, аз ҷумла, Ассабол иштирок доштанд. Ин ҳокимон ҳокими умумитахористониро дида гуфтаанд: «Агарчанде вай душмани ман аст, вале меҳтар аз ман. Вай малик асту ман бандаи вай».[35]

Маъхазҳои аввали асри VIII хабар медиҳанд, ки подшоҳи Хатлон 50 ҳазор лашкар таҳия карда метавонад (мисли ҳокимони Шумон, Қубодиён, Шуғнон, Вахон барин мулкҳо) ,[36]

Таърихи подшоҳони минбаъдаи Хатлонро И.Маркварт ва алалхусус, муфассал А.М.Беленитский ва О.И.Смирнова тадкиқ кардаанд.[37] Ба зикри батафсили ҷузъиёти таърихи оли Хатлон ҳоҷат нест, зеро то ба ҳол мадракоти маъхазҳои гуногунзабон ба ҳам мувофиқ карда нашудаанд.

Дар бораи таърихи дигар мулкҳо ҳам маълумот ҳаст. Катибаи дар боло зикршудаи Афросиёб, ки ба Самарқанд омадани ҳайъати сафоратро хабар медиҳад, хеле ҷолиби диққат мебошад. Сафир мегӯяд, ки аз Тӯронтош – «шоҳи Чағониён» омадааст. Муҳаққиқи суратҳои рӯи девори Афросиёб В.А.Лившитс тахмин мекунад, ки ин тасвирот на сурати ҳуҷҷатии таърихи расмии шоҳони Суғд, балки инъикоси сюжети фолклорӣ мебошад. Модоме чунин бошад, катиба он гуна маъхазе нест, ки воқеаро аниқ тасвир намояд. Вале ҳамин ҳам бошад, аз ин катиба шамоли он воқеаҳои реалие меояд, ки эҳтимол, дар нимаи дувуми асри VII ба вуқӯъ омада буданд.

Пас аз он ки мо ин ақидаи худро изҳор намудем, муҳаққиқи суратҳои Афросиёб Л.И.Албаум онро гарму ҷӯшон тарафдорӣ кард. Вай ба нашри русии китоби мо истинод карда, чунин навишт: «Баъди аниқ шудани катибаҳо ва пурра ҳафриёт шудани толор мо ба чунин хулоса омадем, ки мавзӯи суратҳо воқеаҳои муайяни таърихиро инъикос менамоянд. В.А.Лившитс ҳам баъдтар ба чунин хулоса омад».[38]

Маъхазҳо ишорат мекунанд, ки ҳайтолиён Чағониёнро соҳиб буданд[39]. Дар ибтидои асри VIII, аниқтараш, соли 719 малики Чағониён Тиши Якчашма буд ва маъхазҳои арабӣ мегӯянд, ки худи ҳамин одам дар айни ҳол ябғуи Тахористон буд[40]. Аҷоибаш ҳамин, ки ин ном, бешак, эронӣ аст ва дар забони бохтарӣ ситораи Сириус чунин ном дошт[41]. Унвони маликҳои Чағониён «Чағонхудот» буд [42].

Гуфтан мумкин не, ки Тахористон умуман давлати мутамарказ буд, зеро дар сари ҳар як мулк ё ҳоким ё малике менишаст ва аниқтараш Тахористонро иттиҳоди давлатҳои қариб соҳибихтиёр номидан дурусттар мебуд. Аз дараҷаи соҳибихтиёрии онҳо ҳамин низ шаҳодат медиҳад, ки онҳо ҳам ба мамлакатҳои ҳамсоя ва ҳам ба мамлакатҳои дуртарин ҳайъати сафорат мефиристоданд.

Дар бораи сохти дохилии ин давлатҳо амалан ягон маълумот нест. Дар қиёси Суғд тахмин кардан мумкин, ки дар Тахористон ҳам идораи мукаммали маъмурӣ вуҷуд дошт. Дар катибаи суғдии Афросиёб унвони сафири Чағониён «дабирпат» (дабири котибон) навишта шудааст. Вале аз эҳтимол дур нест, ки сафир, дар ҳақиқат, соҳиби мансаби баландтар, масалан, соҳиби мансаби вазирӣ бошад.[43]

Обёрӣ. Хоҷагии қишлоқ

Аз афти кор, аксарияти мардуми Тахористон машғули зироат буд. Дар ривояти Сон Юн (ниг. ба боло) ба вуҷуди обёрӣ ишорате ҳаст. Албатта, дар водӣ шабакаи мукаммали обёрӣ буд: дар ноҳияҳои баландтар лалмикорӣ мекарданд. Ҳафриёти археологӣ имкон доданд тасаввур шавад, ки дар таҳияи шабакаи обёрӣ чӣ қадар меҳнати зиёд сарф мешудааст. Мувофиқи кашфиёти Т.И.Зеймал, дар давраҳои қадим ва дар асрҳои миёна чор канали магистралӣ кофта шудааст, ки аз Вахш об мегирифтанд. Дар замоне, ки мавриди диди мост, канали Кофир аҳамияти махсус дошт.

Боқимондаи ин канал дар соҳили чапи Вахш, 2,5 км ғарбтари посёлкаи ҳозираи Калининобод, падид омад. Канал аз Вахш сар шуда, то як масофаи муайян оби худро ба ҷое тақсим накарда ҷорӣ мешуду то ба деҳаи Мардот мерасид (заминҳои совхози ба номи Кирови райони Қӯрғонтеппа)  ва аз он ҷо таг-таги теппаҳои канории водӣ ба ҷануб тоб мехӯрд. Дар ин ҷо маҷмӯи ёдгориҳо (иборат аз 16 объект) ёфт шуд. Маркази ин маҷмӯи ёдгориҳо димнаи Чоргултеппа мебошад, ки дар ибтидои асрҳои миёна шаҳри қалъабанди мустаҳкаме буд ва андаке дуртар аз он дайри буддоии Аҷинатеппа ҷой дошт. Канал боз ҷанубтар рафта аз паҳлуи фалоти Оқғозӣ гузашта меравад. Аз ин ҳам ҷанубтар канал ба пасту баландии маҳал мутобиқ шуда, ба ғарб тоб мехӯраду ба тарафи теппаи Қизилтумшуқ ҷорӣ мешавад. Дар ин ҷо боқимондаи бошишгоҳҳои калон ёфт шуд, ки дар ибтидои асрҳои миёна вуҷуд дошт. Баландии девораҳои канал 1,5–2 м, бари маҷроаш то 6 м, махсусан намуди канал, ки дар 4–5 км ҷанубу ғарбтари Бешкаппа зоҳир аст, ҳайратангез мебошад. Дар ин маҳал канал бояд аз пастхамӣ мегузашт. Инак, бинокорон дар ин пастхамӣ аввал дарғоти азиме бардоштанду баъд аз болои он канал гузаронданд. Баландии ин дарғот қариб 8 м, бари таҳкурсии он то 50 м ва бари маҷрои канал, ки аз болои он мегузашт, 13–15 м буд. Ҳатто дар айёми мо ин гуна иншоот касро моту мабҳут мекунад. Баъди ин канал боз ба ҷануб ҷорӣ шуда, замини бисёр маҳалҳоро шодоб менамуду то ба атрофи райони Қумсангири ҳозира мерасид ва ба ҳамин тариқ, қисми асосии водии Вахшро бурида мегузашт.

Ду хусусияти ин каналро махсус таъкид кардан даркор: якум, канал аз ҷойҳои болотари доманаи теппаҳо мегузашт ва нисбат ба сатҳи водӣ болотар меистоду имкон медод, ки оби канал бо ҷӯйборҳо ба тарафи дилхоҳ худаш ҷорӣ шуда равад. Дувум, бинокорони қадим роҳи каналро чунон муайян кардаанд, ки боварии кас намеояд. Роҳи канали ҳозира, ки инженеру ирригаторҳои баландихтисос бо ёрии аэрофотосуратгирӣ ва асбобу афзори ниҳоят дақиқкору мукаммалтарини ҳозиразамони геодезӣ муайян кардаанд, аз рӯи самти худ ба самти роҳи канали кадима қариб ё комилан мувофиқ меояд.[44]

Ба ҳамин тариқ, ҳанӯз дар давраҳои қадим барои муайян кардани самти дурусти Кофирканал барин иншоотҳои мураккаби калон тарзу усулҳои махсусу пурсамари кор вуҷуд дошт.

Киштукор бо асбобу афзори ниҳоят содда анҷом дода мешуд. Заминро бо омочи позадор меронданд ва дар Аҷинатеппа позаи оҳанӣ ёфт шудааст. Дигар аслиҳаи зироаткорӣ белу каланд буд. Пораи доси оҳанин дар Мунҷиктеппа ба даст омад (райони Шаҳртуз). Гандумро дар дастос ва ҳованҳо орд мекарданд ва бисёр ҳовану дастосҳои хурду калон ёфт шуданд (ҳангоми ҳафриёти археологӣ дар поёноби Кофарниҳон, дар водии Вахшу Сурхондарё). Чунончи, дар дигар ҷойҳои Осиёи Миёна дар ин ҷо ҳам осиёб бояд бисёр бошад.

Дар бораи анвои зироат мо мадраки муфассал дорем. Дар даштҳо ғалла мекиштанд, лӯбиё мекориданд. Махсус таъкид карда мешавад, ки сифати пахтаи ин ҷо хеле хуб аст (дар омади гап, эҳтимол дар ин маврид сифат ба газворҳои пахта нисбат дошта бошад). Дар ин сарзамин токзор бисёр буд, як миқдор шолӣ ҳам корида мешуд.[45]

Ривоят ҳаст, ки соли 677 ябғуи турк ангури навъи махсуси донаҳояш дароз-дарози чилликмонанд фиристода буд[46] (шояд аз Тахористон бошад?). Аз Тахористон, инчунин бисёр гиёҳҳои нодири доруӣ меоварданд.[47]

Мадракоти археологӣ маълумоти маъхазҳои хаттиро тасдиқ менамоянд. Бисёр будани ҳовану дастос далолат мекунад, ки вазни қиёсии кишти ғалла хеле зиёд буд. Дар Балаликтеппа (дар қарибии деҳаи Анҳори вилояти Сурхондарёи РСС Ӯзбекистон) мавиз ёфт шуд. Ғайр аз ин дар ин ҷо донаҳои гандум, арзан, мош, донакҳои шафтолу, зардолу, олу, тухми ангур, харбуза, тарбуз, пӯстлохи чормағз, писта, бодом, ғӯза ба даст омад.[48]

Аспҳои Тахористон хеле машҳур буд. Аз афти кор, якчанд зоти асп буд – аспҳои резаҷусса, вале ниҳоят пурбардошти кӯҳӣ, ки масофаҳои зиёдро тай карда метавонистанд, инчунин зоти аспҳое, ки махсус барои ҷойҳои ҳамвор мувофиқ буданд. Дар бораи асп достонҳо мегуфтанд; ҳатто ба як навъ аспҳои осмонӣ эътиқод ҳам буд ва ин аспҳо саравлоди ҳамаи аспҳое будаанд, ки дар айёми ровиён вуҷуд доштанд.

Ғайр аз асп шутурҳо ҳам номбар шудаанд. Барои боркашӣ хачиру аспу[49] харро истифода мебурданд. Дар сарзамин подаҳои сершумори гову рамаҳои гӯсфандон буд, ки ба ин на фақат бевосита худи Хой Чао ишорат кардааст, балки ахбори зиёди сарчашмаҳо оид ба сару либоси пашмӣ ва қолинҳои пашмӣ далели ин аст.

Ҳунармандӣ ва тиҷорат

Дар Тахористон конковӣ хеле ривоҷ дошт. Аз рӯи хабари сайёҳон ва маълумоти содироти ин ё он мол[50] мо медонем, ки дар ин сарзамин сангҳои қиматбаҳо ва аз афти кор, пеш аз ҳама, лаъли машҳури Бадахшон, инчунин лоҷувард ва дигар хел сангҳои нимқиматбаҳо ва қиматбаҳо истихроҷ мешуд. Сон Юн навиштааст, ки дар Тахористон сангҳои қиматбаҳо шумор надорад. Санги та-пао истихроҷ мешуд, ки онро ақиқи сӯхта[51] тарҷума мекунанд, вале Шефер дуруст мегӯяд, ки ин ақиқи сӯхта не, балки «корнелиан» ном сангест ва аз ин санг ашёи зиёд низ сохта мешуд. Инчунин намак ҳам истеҳсол мекарданд[52]. Аз намаксанг баъзе асбобу анҷом месохтанд. Масалан, дар Балаликтеппа ҳайкалчаи шутур ба даст омад, ки аз як пора намаксанги гулобӣ тарошида шудааст. Намак, эҳтимол, чизи муқаддас ҳам ҳисоб мешуд, ба ҳар ҳол, нисбат ба Эрони сосонӣ дар ин бобат ҷои шубҳа нест, зеро дар маросими қасами ботантанаи шоҳони сосонӣ намак чун рамзи садоқат кор фармуда мешуд. Л.И.Албаум қайд кардааст, ки мувофиқи хабари сарчашмаҳои хаттӣ дар маслаки халқҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла, ҳайтолиён намак, эҳтимол, чун як чизи рамзӣ эътибор дошт.[53]

tijoratГарчанде мадракоти бевосита набошад ҳам, дар асоси маҷмӯи маълумотҳо роҷеъ ба Тахористон гуфтан мумкин, ки дар ин ҷо аз тилло сар карда[54] (барои сохтани ашёи заргарӣ, зинату ороиши ҳайкалу муҷассамаҳо ва ғ.), то оҳан (барои сохтани асбобу анҷоми меҳнату рӯзгор, яроқу аслиҳа, зиреҳу ҷавшан) маъданиёти гуногун истихроҷ мешуд. Маълум, ки корхонаву устохонаҳои гуногуни оҳангарӣ дар амал буданд. Дар он айёми пур аз ҷангу ҷидолҳои нотамоми беохир дар ҳунармандӣ яроқу аслиҳасозӣ мақоми муҳим дошт ва истеҳсоли он хеле равнақу ривоҷ ёфта буд. Аз маъхазҳои хаттӣ воқиф мешавем, ки дар асрҳои V–VII аҳли Тахористон бо камон, найза, жӯпин, гурз ва шамшер мусаллаҳ будаанд. Тани сарбозонро «зиреҳи балхӣ» ном зиреҳи баландсифати бофта муҳофизат мекардааст.

Материалҳои археологӣ ва иконографӣ имкон медиҳад, ки ин маълумот каму беш тафсил дода шавад. Тахориёни ҷанговар ғайр аз камони муқаррарӣ камони мураккаб доштанд.[55] Тиру камон пайкони вазнини оҳанини сепарра дошту баъзан неши он ба ду тақсим мешуд. Инчунин пайконҳои калони сепаррае низ буданд, ки дар нӯги найза шинонда мешуданд.[56] Аз рӯи расми тахористонии деворҳо маълум, ки мардон дар камар ханҷаре ҳамоил кардаанд. Ғилофи ханҷар баъзан бо пулакчаҳои тиллоӣ хотамкорӣ шудааст. Аъёну ашроф низ шамшер гирифта мегаштанд, вале чӣ гуна будани он маълум нест.

Дар маишати аъёну ашроф ҷому қадаҳҳои тиллоию нуқра бисёр истифода мешуд. Шакли ин ҷому қадаҳҳо бағоят нафису нозук буда, баъзеи онҳо пояи дарозу борики пурнақшу нигори серпечутоб ё таги суфтаву сайқалии хурде доштанд ва танаи худи он ҷому қадаҳҳо пур аз рахҳои амудӣ мебошад (қадаҳҳои рах-рах ном гирифтани онҳо аз ҳамин ҷост), лаби онҳоро бошад, ҳошияву лаблӯлаҳои мудаввар зинат медод. Шакли баъзеи онҳо ниҳоят мураккаб мешуду нақшҳои кандакории зиёде дошт.

Дар гардани одамоне, ки дар рӯи девори Балаликтеппа тасвир шудаанд, шаддаҳое менамоянд, ки аз тангаҳо таркиб ёфтаанд, дар дасти онҳо дастпона ва дар ангуштон ангуштаринҳо ба назар мерасанд. Дар гӯши одамони рӯи сурати девори Балаликтеппа ва дар гӯши аъёну ашрофи Аҷинатеппа гӯшвораҳои мураккаб ҳаст. Археологҳо дар айни ҳафриёт ангуштаринҳои оҳанин ё хотамкоришуда, дастпонаҳо ва дигар ашёи зебу ороиш меёбанд.[57] Инчунин асбобҳои хеле дилкашу хушнамои мисин ҳам буданд – масалан, ин гуна машрабаҳои мисин дар Балаликтеппа ёфт шудааст ва дар рӯи онҳо нақшҳои басо реалистонаи филҳо менамояд.[58]

Мо инчунин аз маҳсулоти ниҳоят хушсифату олиҷаноби заргарони Тахористон воқиф ҳастем. Масалан, дар нимаи дувуми асри VII онҳо «аз ақиқи сӯхта (ё худ аз корнелиан) ба шакли дарахт ду қандил сохтаанд, ки баландии ҳар яки онҳо қариб 1 м буд».[59]

Дар Тахористон шишагарӣ хеле равнақ дошт. Ба ин даъво ҳамин як воқеа далел аст, ки шишагарони Осиёи Миёна ба хитоиён тайёр кардани шишаи рангаро ёд доданд  (дар Хитой шишагарӣ дар давраҳои қадим пайдо шуда бошад ҳам, дараҷаи тараққиёти он хеле паст буд). Солномаи хитоӣ хабар медиҳад, ки соли 424 аз кишвари йуҷиҳои кабир, яъне аз Тахористон ба Хитой тоҷирону ҳунармандон омаданд. Онҳо гуфтанд, ки «аз санг шиша сохта метавонанд ва барои ин аз кӯҳ маъдан оварданд ва дар пойтахт онро гудохтанд. Баъди гудохтани он маъдан шишае пайдо шуд, ки аз шишаи мамлакатҳои ғарб хеле беҳтар буд» (шишаи мамлакатҳои ғарб гуфта, эҳтимол, шишае дар назар дошта шудааст, ки аз Сурия ва Искандария оварда мешуд ва беҳтарин шишаи дунёи қадим буд). Сипас, дар солнома навиштаанд, ки хитоиён санъати шишагариро аз устоёни Осиёи Миёна омӯхтанд. «Шишае, ки онҳо тайёр карданд, рахшону шаффоф буд, бинандаро дар ҳайрат мегузошт ва ҳама онро худоофарид мегуфтанд».[60] Вале хеле сонитар ҳам, дар ибтидои асри VIII аз Тахористон ба Хитой шишаҳои қирмизию зумуррадӣ мефиристонданд, ки боиси аҷобату ҳайрати бинанда мегардид.[61]

Дар Балаликтеппа намунаи ҳайратангези санъати шишагарӣ ба даст омад. Ин тӯмори шишагини сабзтоби гирдаест, ки бо усули рехтагарӣ сохта шудааст. Дар рӯи он зане тасвир ёфтааст, ки кӯдакашро сина медиҳад. Тӯмор чанбараки тунуки нуқрагин дорад. [62] Зарфҳои шишагини хурдакак – одатан, шишачаҳои тангдаҳон бисёр дучор мешаванд. Танаи ин гуна шишачаҳо рахи (ё тасмаи) мавҷшакл дорад ва ин раху тасмаҳо аз шишаи рангаш дигар буда, об карда, ба танаи шишачаҳо часпондаанд. Инчунин шаддаҳои шишагин истеҳсол карда мешуд.

Ҳунари бофандагӣ ҳам ба дараҷаи камолот расида буд. Маъхазҳои хаттӣ газворҳои пашмию пахтагӣ ва сарулибоси аъёну ашрофро зикр кардаанд, ки хеле мураккаб дӯхта мешуданд. Аз Хатлон шоҳии хушсифати гуногунранг меовардаанд.[63]

Материалҳои археологӣ ва иконографӣ имкон медиҳанд, ки ин тавсифот хеле васеъ карда шавад. Дар Балаликтеппа се хел матоъ ёфт шуд – газвори пашмини рах-рах (рахҳои зарду сурх), газвори пашмини гулдор (гулаш кабуди такаш зард) ва газвори шоҳӣ (ранги кабуд ё сабз)[64]. Ягон шакке нест, ки ин газворҳои пашмин (ё пахтагин) дар худи Тахористон истеҳсол карда мешуд. Барои исботи ин даъво ақаллан ҳамин як фактро овардан кофӣ будагист, ки дар байни осори Тахористон урчуқи (сафолӣ ё сангӣ) бисёр ба даст омад, ки дар танаи дук шинонда мешуд. Бо ёрии ҳамин олоти оддӣ ресмон ресида мешуд (то он даме, ки газворҳои фабрикӣ газворҳои дастбофро тамоман танг карда набароварданд, ин усули ресмонресӣ дар ҷойҳои гуногуни Тоҷикистон то давраҳои навтарин вуҷуд дошт). Маълум, ки модоме ресмон мересиданд, пас дастгоҳҳои бофандагӣ низ буданд, ки ба воситаи онҳо газворҳои пашмину пахтагин мебофтанд.

Дар масъалаи матои абрешим бояд ҳаминро гуфт, ки пештар мавҷуд будани онро бечуну чаро ба содироти Хитой вобаста мекарданд. Навтарин бозёфтҳои археологӣ далолат мекунанд, ки кирмакдорӣ ва шоҳибофӣ дар ибтидои асрҳои миёна дар Осиёи Миёна пурра азхуд шуда буд. Дар боби ҳунармандии Суғд дар ин бора таваққуф хоҳем кард. Алҳол фақат хотирнишон менамоем, ки дар қасри Зангхона (вилояти Сурхондарё) дар қабатҳои асрҳои V–VIII пилла ёфт шудааст.[65]

Аз рӯи суратҳои рӯи девори Балаликтеппа аён, ки бойҳои тахорӣ сару либоси бодабдабаи гуногунранги хушдӯхт мепӯшиданд. Гули матоъ, ки бағоят кам такрор мешавад, баъзан тамоми вусъати матоъро фаро мегирад. Дар байни ин гулҳо гулҳои муқаррарии ҳандасӣ (яъне қатори маинчаҳои якранг), гулҳои наботӣ (себаргаву сербарга) ва ғ. ҳастанд. Баъзан тамоми рӯи матоъро тасвири рамзии моҳӣ, шохи оҳу ва ғ. пӯшидааст. Нақши рӯи матое ҷолиби диққат мебошад, ки иборат аз чанд доираи андарҳамаст ва дар мобайн сурати кадом як махлуқи афсонавӣ менамояд, ки забонашро бароварда истодаасту дандонҳои ашки вай намоён аст. Рӯи дигари матоъ пур аз доираҳои пайваста буда, андаруни ҳар яки он суроби як паҳлӯи сари марде нақш ёфтааст. Аҷоибаш ҳамин, ки сарулибоси хизматгороне, ки дар ҳамин суратҳо тасвирёфтаанд, аз матои якранги бегул дӯхта шудааст.

Дар тани мардоне, ки дар сурати рӯи девори Балаликтеппа кашида шудаанд, яктаҳи борику дарозе ҳаст, ки гиребони секунҷаи тарафи рости он хеле калон буда, чаппа шуда истодааст. Яктаҳ ба тан часпида истодааст ва аз миён бо тасмае баста шудааст. Занон дар бар китфпӯшаки васеи беостин, аз таги он яктаҳи остинвасеъ ва боз куртае доранд, ки фақат остини тангу борики он менамояд. Дар суратҳои рӯи девори Аҷинатеппа мардоне, ки инъому тӯҳфаҳо овардаанд, дар бар яктаҳи борику шинами бегиребон доранд ва аз рӯи миёнашон маҳкам бастаанд. Камарбанди онҳо хотамкорӣ аст – дар рӯи он пулакчаҳои зард (яъне тилло) ва сиёҳ (шояд оҳанин бошанд?) менамоянд. Дар пои ҳама маҳсӣ ҳаст. ҳайкали бошукӯҳи кадом як бое, ки аз Аҷинатеппа ёфт шуд, дар бар яктаҳи шинами гиребонкушод дорад.[66]

Хуллас, гуфтан мумкин, ки ҳунари бофандагӣ ба авҷи тараққиёт расида, беҳтарин намунаҳои маҳсулоти он ба дараҷаи асари ҳақиқии санъат расида буд ва зиёда аз ин, дар ҳунари дӯзандагӣ ҳам комёбиҳои беназир ба назар мерасанд.

Аз дигар касбҳо, пеш аз ҳама, кулолиро ном бурдан даркор. Гарчанде сафололоти асри V–VIII аз бисёр ҷиҳатҳо ба дараҷаи сифати сафололоти Кушониён нарасад ҳам, истеҳсолоти сафололот ақиб гуфтан хатои калон мебуд. Сафололоти зиёде истеҳсол карда мешуд – аз ҷинчароғҳои нӯгборики ниҳоят хурдакаки сафолӣ сар карда (дар як худи Аҷинатеппа зиёда аз 350 дона ин гуна ҷинчароғҳо ёфт шудаанд), то хумҳои ниҳоят бузург сохта мешуд. Сифати зарфҳои ҳаррӯза ва идона хеле баланд буда, баъзеи онҳо шаклан ба зарфҳои металлӣ шабоҳат доштанд. Инчунин дигар касбҳо – чармгарӣ, дуредгарӣ, устухонтарошӣ,[67] дорусозӣ ва ғ. мавҷуд буданд.

Аз вусъати бениҳояти тиҷорат ҳамин чиз шаҳодат медиҳад, ки савдогарони тахорӣ ба кишварҳои дуртарин рафтуомад мекарданд.[68] Аз Тахористон, махсусан аз Хатлон, аспҳои хушзот ба фӯрӯш мерафт. Масалан, қайд шудааст, ки солҳои 681, 720, 748 (аз Тахористон) ва солҳои 729, 733, 746, 750 (аз Хатлон)[69] галаи ин гуна аспҳоро ба Хитой овардаанд. Инчунин миқдори зиёди сангҳои қиматбаҳо ба фурӯш мерафт, ки як қисми он ба шакли санги носуфта ва қисми дигари он ба шакли маснуоти тайёр содир карда мешуд. Ҳоҷат ба он нест, ки дар ин ҷо тамоми мадракоти маъхазҳоро зикр кунем. Фақат чанд сухан дар бораи лоҷувард мегӯем. Дар давраҳои сонӣ ин санг дар Хитой бо номи «санги Хутан» маъмул буд ва дар давраҳои қадим ва асрҳои миёна аз он барои аъёну ашроф ашёи зебу зинат хеле бисёр тайёр карда мешуд. Вале Хутан фақат ҷое буд, ки санги мазкурро аз ҳар куҷо меоварданду баъд аз ин ҷо ба дигар шаҳру мамлакатҳо мебурданд ва ё, аз афти кор, дар ҳамин ҷо сай-қал ҳам медоданд, вале ҷои истихроҷи он ба ҳар ҳол, худи Бадахшон буд.[70]

Аз Тахористон хеле навъҳои дору ҳам ба фурӯш мерафт – масалан, ҳаббҳое буданд, ки дар намуди ин ё он мева аз маъҷунҳои гуногун тайёр карда мешуданд, инчунин гиёҳҳои доруӣ ва малҳамҳое ба фурӯш мерафтанд, ки ба назари аҷнабиён «аҷоиб» менамуданд. Citқagandha ном доруе бисёр ба фурӯш мерафт, ки аз чанд моддаи хушбӯй тайёр карда мешуд. Ин дору ҳангоми зах-ми бадан ва шоридани хун беҳтарин даво будааст. Зӯрии ин дору хитоиёнро ба дараҷае моту мабҳут кард, ки дар байни онҳо чунин овоза ҳам паҳн шуд – агар дасту пои кандашуда бо ин дору ба тан часпонда шавад, мисли пештарааш сиҳат шуда меравад.[71]

Мубодилаи тиҷории байни Тахористон ва дигар мулкҳои Осиёи Миёна низ хеле ҷоннок буд. Дар Аҷинатеппа тангаҳои суғдӣ ёфт шудааст. Ҷолиби диққат мебошад, ки тангаҳои нимаи дувуми асри VII ва нимаи якуми асри VIII мисли тангаҳои суғдӣ сикка зада мешуданд.[72] Ёфт шудани миқдори зиёди тангаҳои мисин аз шимоли Тоҷикистон далолат мекунад, ки савдои дохилӣ, аз ҷумла, на фақат савдои умумӣ, балки савдои чакана ривоҷ ёфта, муомилоти пулӣ дар зиндагии рӯзмарра мустаҳкам ҷой гирифта буд.

Бинокорӣ. Меъморӣ

Дар Тахористон бисёр шаҳрҳо, қасрҳои деҳқонон ва ибодатгоҳҳо ҳафриёт шудаанд. ҳафриёте, ки дар Тирмиз шуд (солҳои 1936–1938 зери раҳбарии М. Е. Массон), маълумоти аниқи равшан надод, ки дар он давраҳо сохт ва баъзе унсурҳои ин шаҳри калонтарини Тахористон чӣ гуна буд. Баръакс, ҳафриёти ҷойҳои нисбатан хурдтар – масалан, қасрҳои Балаликтеппа, Зангтеппа, димнаи Кофирқалъа ва ғайра бештар натиҷа доданд.

Кофирқалъа дар ибтидои асрҳои миёна маркази водии Вахш буд ва онро Сюан-сзан ҳам зикр кардааст. Ин димнаи чоркунҷа, ки дар райони Колхозобод мебошад, 360Х360 м андоза дорад. Димна иборат аз шаҳристонест, ки пур аз дӯнгию пуштаҳо мебошад ва дар таги онҳо харобаи иморатҳо ниҳон аст. Дар кунҷи шимолу шарқии димна харобаи арк ҳаст. Суфаи чоркунҷаи болоии ин арк (60Х60 м) солҳои 1968–1970 хеле ҳафриёт карда шуд. Арк девори мустаҳкаме дошту дар гӯшаҳои девор бурҷҳои хиштӣ ва похсагӣ менамуд. Гунбазро ҳам бо қатори хишту похса бардоштанд. Беруни девори арк пур аз тоқчаҳои зина-зина ва дар мобайн як иншооти бурҷмонанде буд. Девор саросар тиркашҳои қалбакӣ дошт. Дар гӯшаи шимолу шарқии арк иморати бузурге ёфт шуд (20Х10 м), ки аз афти кор, толори қабул будааст. Таг-таги ин толор суфа бардоштаанд. Яке аз суфаҳои мобайнии девори паҳлуии хона нисбат ба дигар суфаҳо болотар буда, андак ба дарун ҳам рафтааст ва зоҳиран замоне дар болои ин суфа тахт меистоду дар он малик ва дар атрофаш муқаррабони вай менишастанд. Рӯ ба рӯи ин тахтасуфаи баланд дигар тахтасуфаи пасттаре ҳаст, ки дар миёнҷои он оташдони азими маросимӣ боқӣ мондааст. Дар ин толор осори катибаҳо ба даст омад. Дар арк дигар биноҳои чоркунҷаю росткунҷа ҳастанд, ки бо нимсутунҳо зинат ёфтаанд ва бо долонҳо пайваст мебошанд. Осори суратҳои рӯи девор ва нақшҳои рӯи сафололот ба назар мерасанд. Дар яке аз гӯшаҳои арк маъбади хурдакаки буддоӣ ҳаст, ки аз як ҳуҷраи гунбаздор ва долони атрофи он иборат мебошад. Даруни девори ҳуҷра пур аз суратҳои Буддо аст. Ҳавлии болои арк камаш се маротиба аз нав сохта шудааст.

hulbuk

Шаҳри дигар, ки он пойтахт набуда, балки баръакс, як шаҳрчаи хурдакак аст, димнаи Қалъаи Кофарниҳон мебошад, ки дар 80 км ҷанубу ғарбии шаҳри Душанбе ва 0,8 км шимолтари деҳаи Эсамбой воқеъ гардидааст.[73]

Дар ин маҳал водии соҳили чапи дарё ниҳоят танг буда, баръакс, водии соҳили рост хеле васеъ (то 1 км) мебошад.

Дар тарафи шарқ, тахминан 5–6 км дуртар аз димна аз самти шимол ба тарафи ҷануб қаторкӯҳи асосӣ тӯл кашидааст ва мутавозӣ ба қаторкӯҳ чанд қатор адирҳо низ ҳастанд, ки ҳар қадар ба дарё наздик бошанд, ҳамон қадар паст шуда, ниҳоят ба теппаю дунгиҳои пастакак табдил меёбанд, ки хушку холиву бедолу дарахтанд ва баъзе ҷои онҳоро набототи нимбиёбонӣ фаро гирифта аст, фақат дар доманаи кӯҳ ва ёнаҳои он андак арчазор ва дар баъзе ҷойҳо чашмаҳо ҳастанд.

Дар болои яке аз ҳамин гуна теппаҳои соҳили дарё, ки зоҳиран ба мунчакӯҳи алоҳида мемонад, димнаи Қалъаи Кофарниҳон ҷой гирифтааст.

Димна аз ду қисм иборат – як қисми он аркест, ки аз манзилгоҳҳо бо хандақ ҷудо мебошад. Тарҳи худи манзилгоҳ чоркунҷаи тӯлонӣ буда, дар ҷануб танг шуда меравад. Андозаи он чунин аст: аз шимол ба ҷануб 275 м, аз шарқ ба ғарб 150 м ва 100 м (дар ҷануб якҷоя бо арк). Тарҳи арк панҷгӯша аст, андозааш 55Х30 м. Масоҳати димна  қариб 3,5 га.

Аз шимоли димнаи Қалъаи Кофарниҳон сой мегузарад, ки аз он андак об ҷорӣ аст. Соҳилҳои сой серҷар, дар назди димна ҷарӣ то 20 м баландӣ дорад. Дар шарқи димна вайронаҳои деворе ҳаст, ки дар масофаи баробар дар болои он (дар ҳар 22–27,5 м) дунгичаҳое менамояд, ки замоне бурҷҳои девор буданд. Баландии бурҷҳо ва девори байни бурҷҳо нисбат ба сатҳи худи димна он қадар намоён нест (тақрибан 1–1,5 м баланд мебошанду бас). Фақат девори байни бурҷи охирини шимолӣ ва бурҷи паҳлӯи он фарқ дорад, яъне он нисбат ба бурҷҳо 3,5 м пасттар мебошад. Ҳатто таъсири «мурури замон»-ро ҳам ба назар гирем (аз ин ҷо ҳозир ҳам роҳи калон мегузарад), ин ҷо аз аввал ҳам паст будааст. Зинаи бепоғундае, ки таг-таги девор тӯл кашида, аз ҷануб ба шимол баланд шуда меравад, маҳз дар ҳамин ҷо қатъ мегардад. Аз имкон берун нест, ки ин ҷо замоне дарвозаи асосӣ будааст.

Ин ҳам аз эҳтимол дур нест, ки ин дарвозаи дувуми (дарвозаи иловагии) девори кӯтоҳи ҷанубӣ мебошад, осори девори ғарбии рӯ ба дарё буда ба назар намерасад. Аз афти кор, онро борону барф шуста рафтааст.

Майдони шаҳристон пур аз дӯнгичаҳо мебошад ва он дӯнгичаҳои бо тартиби муайян ҷойгирифта шаҳодат медиҳанд, ки шаҳр аз рӯи нақшаи пешакӣ сохта шуда буд. Дар шимол қад-қади майдони лаби ҷарӣ осори иморатҳое менамоянд, ки бари он 35 м аст ва зимнан дар гӯшаи шимолу шарқии ин майдон теппае ҳаст, ки аз шимол ба шарқ тӯл кашидааст.

Аз дарвозаи шарқӣ 30–35 м ғарбтар осори равшани кӯчае менамояд, ки мутавозӣ ба девори қалъа сӯи ҷануб меравад. Бари ин кӯча 5–7 м, тӯлаш 115 м аст. Дар охир ин кӯча якбора тоб хӯрда, ба сӯи ғарб меравад ва бо кӯчаи дигаре мепайвандад, ки бо канори ғарбии димна мутавозӣ ҷой гирифтааст. Бари ин кӯча андак тангтар менамояд, тӯлаш 135-140 м аст.

Ҳафриёти асосӣ дар худи шаҳристон гузаронда шуд.

Маълум гардид, ки ин ҳисор дар давраи Кушониён сохта шуда ва дар ҳамон давраҳо ин ҷо маркази калони Кушониён буда, дар аввалҳои асрҳои миёна ҳам вуҷуд доштааст.

Ба туфайли ҳафриёт дар қисми ҷанубии шаҳристон комплекси калони иморатҳои бошукӯҳ кашф шуд. Маркази комплекс толори қариб чоргӯша, аниқтараш ромбшакл мебошад (андозааш 7,35х7,55 м), ки аз тарафи шимол даромадгоҳи равоқӣ дорад. Деворҳо ҳама похсагӣ буда, фақат 2–3,1 м он боқӣ мондааст. Таг-таги девор суфаи дуболо ҳаст, як ҷои он – айнан рӯбарӯи дари даромад пеш баромада, як навъ «эстрада» барин шудааст. Дар мобайни хона дӯнгичаи лоии чоркунҷае ҳаст, ки аз бисёр алавмонӣ мағз андар мағз пухта рафтааст. Аз афти кор, ин оташдони муқаддас буду дар он доимо оташ дармегирифт. Шифти толор ба чор сутун такя мекард, деворҳои хонаро лавҳаҳои тахтагини мусаввари бошукӯҳ зинат медоданд. Ба касофати сӯхтор як қисми чӯбҳои иморат ва лавҳаҳои мусаввари тахтагин нобуд шудаанд. Се тарафи то-лори асосӣ – ҷанубӣ, ғарбӣ ва шимолӣ долон  дорад (зоҳиран, аслан дар шарқ ҳам долон будааст), ки гирдогирди биноро фаро гирифтаанд ва хеле баъдтар баъзе қисмҳои онро вайрон карда, ба тарзи дигар сохтаанд. Дар хамгашти шимолӣ ва ғарбии долон як тӯдаи бетартиби чӯбҳои шифт ва пораҳои лавҳаи чӯбини мусаввар ёфт шуд, ки мазмуни онҳо нақши навдаи ток мебошад.

Кӯчаи танги шаҳр ин комплексро аз маъбади буддоии шаҳр, ки дар ҷануб воқеъ мебошад, ҷудо кардааст. Тарҳи умумии ин маъбад чунин мебошад: бинои марказӣ ибодатхонаест, ки ду дари рӯ ба якдигар ҷойгиршуда дорад ва аз берун се тарафи онро долоне печонида гирифтааст, тарафи чоруми он, яъне тарафи яке аз дарҳо долон не, балки айвони чорсутуна дорад. Аз ҳамон қисми долон, ки дар тарафи дигари бино рост ба муқобили айвон ҷой гирифтааст, гузаргоҳе менамояд, ки ба ҳуҷраи хурдакаке мебарад ва он дар як тарафи меҳвари шартие, ки дарҳоро мепайвандад, воқеъ гардидааст, гузаргоҳи дигар аз они иморатҳои берун аст (он ду биноест, ки бо долони дароз ба ҳамдигар пайваст шудаанд). Дар пеши айвон ҳавлии калони гирдогирд девордоре ҳаст, ки алҳол фақат як қисми ғарбии он тадқиқ шудааст.

Тарҳи дарунии ибодатхонаро чоркунҷа гуфтан  ҳам мумкин (тарафҳояш 4,65х4,45 ва масофаи як кунҷ то кунҷи муқобили он 6,8 ва 5,68 м). Ғафсии деворҳои ибодатхона 1,2–1,25 м ва худи ибодатхона аз берун ҳам чоркунҷа менамояд ва андозаи он 7Х7,4 м аст. Тарафи беруни деворҳо рост не, балки хеле ба дарун уреб сохта шудаанд. Дар мобайни ду девори мутақобил ду равоқ ҳаст (бари равоқи тарафи дарун 1,8 м, бари равоқи тарафи айвон 1,68 м). Дар девори ҷанубӣ ҳам гузаргоҳ будааст, ки сонитар дар мағзи он ду пояи ҳайкал устувор кардаанд (аз тарафи худи ибодатгоҳ ва тарафи долон) ва дар он пояҳо ду ҳайкали Буддои нишастаро устувор кардаанд, ки онҳо гӯё пушт ба ҳамдигар менишастанд ва байни онҳо як деворчаи тунук буду бас. Девори муқобил, яъне девори тарафи шимолӣ ҳозир тамоман хароб аст, вале шубҳае нест, ки он ҳам гузаргоҳ дошт. Дар мобайни ибодатгоҳ пояи дуболои панҷгӯша ҳаст. Ин гуна пояҳо дар чор кунҷи бино ҳам ёфт шуд ва дар ҳамаи онҳо ҳайкалҳои барқад буданд. Ғайр аз ҳайкалҳои маъбад нақшу нигори аҷибе ҳам дошт.

Дар ин димна ғайр аз иншооти мазкур ҳавлии кадом як ашроф ва гузари косибон низ ҳафриёт карда шуд.

Ба туфайли ҳамин навъ ҳафриёт таърихи иморати Балаликтеппа ошкор шуд. Таги иморат теппаи дастисохти баланд мебошад (андозааш 30Х30 м бо баландиаш 6 м). Дар атрофи ин таҳкурсӣ девори ғафсу мустаҳкаме сохтаанд, ки баландии он аз сатҳи худи таҳкурсӣ андаке болотар аст. Дар майдони ин таҳкурсӣ чанд иморат бино кардаанд. Дар миёнҷо ҳавлии чоркунҷае ҳаст, ки гирдогирди он хонаҳои тангу борик мебошад. Ин хонаҳоро бо ҳамдигар ва бо ҳавлӣ долоне мепайвандад. Иморат барои мудофиа мос карда шуда буд – дар девори беруни ҳар як хона ду-се тиркаши борик ҳаст: ғайр аз ин дар яке аз гӯшаҳои девори ҳавлӣ бурҷе ҳаст, ки он ҳам тиркашҳо дорад. Мувофиқи тахмини муҳаққиқон, дарвозаи арк дар таги ҳамин бурҷ будааст ва ба дарун фақат бо кӯпруки болошаванда даромадан имкон дошт. Пас аз муддате тамоми қасрро аз нав сохтанд. Дар рӯи ҳавлӣ чанд иморат карданд ва яке аз онҳо толори азими кабуд буд, ки таги-таги девори он қатор-қатор суфаҳо сохта шуд. Дар таги яке аз деворҳои ин толор суфаи гирдаи баланде ҳаст, ки аз афти кор, дар болои он оташи муқаддас меафрӯхтанд. Боми толор ҳамвор буд ва болорҳояш кандакорӣ шудааст, дар миёнҷои бом равзане буд, ки аз он равшанӣ медаромаду дуд мебаромад. Хоначаи дигари суфадор ҳам ҷолиби диққат аст. Девори даруни ин хона пур аз расмҳои олиҷаноб мебошад. Ин хона ҳам баъди фатарот шудан аз нав таъмир шуда будааст. Ба ақидаи Л.И. Албаум, ин хона дар асри V бино ёфта, дар охирҳои асри V ё аввали асри VI таъмир шудааст ва деворҳои он бо расмҳо оро ёфта ва худи Балаликтеппа дар чоряки аввали асри VII тамоман хароб шудаст.[74]

Дар наздикии Балаликтеппа дар худи ҳамон райони Анҳори вилояти Сурхондарё димна ва қасри Зангтеппа ҳаст. Атрофи ин димнаи на чандон калон девори мустаҳкаме дошт. Дар гӯшаи шимолу ғарбии димна қасри калон ёфт шуд. Ин қасри калони чоркунҷа (дарозии як тарафаш қариб 50 м) алҳол хароб шуда бошад ҳам, то баландии 20 м қомат афрохтаасту намуди бошукӯҳе дорад. Қасри мазкур дар болои иморатҳои асрҳои якуми милодӣ бино ёфтааст, яъне аввал он иморатҳоро вайрон карда, хеле шибба намудаанду теппае бардоштаанд ва дар болои ҳамин теппа қаср сохтаанд. Ин қаср истеҳкоми дастнорасе буд. Ҳар як гӯшаи он бурҷи баланди мустаҳкаме дошт. Саросари девори қаср аз тиркашҳо ва аз тоқчаҳо, ки андаруни онҳо ҳам тиркаш дошт, пур буд. Дар майдончаи боло чанд иморат ёфт шуд. Иморатҳои давраи аввал (асрҳои V – VI) ба иморатҳои Балаликтеппа монанд аст. Вале сонитар (асрҳои VI – VII) иморатҳо тамоман аз дигар сохта шуданд, аксари деворҳои хонаҳоро бардоштанд ва иморати нав аз иморатҳои Балаликтеппа ба куллӣ фарқ пайдо кард ва аз чанд иморатҳои алоҳидаи беробита иборат гардид. Дар қатори хонаҳои ташрифот инчунин хонаҳои истиқоматӣ, ошхонаҳо ва ғ. ҳастанд ва тамоми ин маҷмӯи иморатҳо бо ҳаёти деҳқон – феодал зич вобаста аст. Ба ин асбоби анҷоми рӯзгори ин қаср ҳам далолат мекунад. Дар ҳамин ҷо нодиртарин бозёфт — катибаи буддоии рӯи пӯсти дарахт дастрас гардид.[75]

Ҳавлиҳои камбағалон низ ёфт шуданд, ки онҳо ҳам дар болои суфаҳои баланд сохта шудаанд. Ҳар як ҳавлӣ чанд кулбаи тангу хурде дошту бошишгоҳи як оила буд (масалан, чунин аст Чаёнтеппа, Тоштеппа ва ғ.). Ин манзили ҷамоати сернуфуси деҳот – манзили оилаи патриархалӣ буд. Инчунин бошишгоҳҳое дучор шуданд, ки як аҳли деҳот дар он ҷо зиндагӣ мекарданд – чунин аст Яхшибойтеппа.[76]

Намунаи иморати ибодат Аҷинатеппа ном маъбади буддоист, ки дар асрҳои VII ва аввали VIII сохта шуда, дар водии Вахш 12 км шарқтари Қӯрғонтеппа ҷой дорад. Ин обида на чандон калон аст (вусъаташ 100Х50 м, алҳол баландиаш 6 м). Осор аз ду қисми чоркунҷа иборат мебошад. Қисми аввал ҳавлии чоркунҷаест, ки гирдогирд хонаҳои бисёр дорад. Дар мобайни ҳар як тараф иморате ҳаст, ки аз ду қисм иборат – аз толори чоркунҷа (дар тоқчаҳои яке аз онҳо муҷассамаҳо ёфт шуд) ва аз айвоне, ки рӯ ба ҳавлӣ мебошад. Байни айвонҳо долоне ҳаст, ки гӯшаи онҳоро ба ҳам мепайвандад ва бо рӯи ҳавлӣ алоқаманд мекунад.

Дар миёнҷои ҳавлӣ ступае ҳаст: ступа иншооти калонест, ки шаклан махрутӣ буда, дар болои суфаи зинадор гузошта шудааст; дар болои ступа замоне сарпӯши нимдоира ва чанд чатр буд (ки онҳо боқӣ намондаанд). Суфаи ступа аз чор тараф чор зина дошт. Иморати атрофи ступа аз иморати дигар қисмҳои осор фарқи калон надорад. Дар ин ҷо низ ҳамон долонҳои васеи 16–17-метра ва ҳамон толорҳои айвондор ҳастанд. Вале ин толорҳо нисбат ба толорҳои қисми якуми осор андак хурд мебошанд. Дар долонҳо, дар тоқчаҳо ҳайкалҳои калони (аз қади одам баландтари) Буддо ёфт шуд; девору шифти хонаҳо ҳам аз расмҳои худи Буддо ва суратҳои дар мавзӯи дини буддоӣ кашидашуда пур аст. Дар яке аз долонҳо дар болои суфае Буддои хуфтаи дувоздаҳметра ёфт шуд, ки дар ҳолати нирвана мебошад. Боми иморатҳои долонмонанд боми муқаррарӣ ва боми хонаҳои хурдтари чоркунҷа гунбазӣ аст. Боми яке аз толорҳои калон чор сутун дошт, ки аз афти кор, чӯбин будаанд.

Шумораи зиёди ҳайкалҳои Буддо ва суратҳои бисёри он, худи сохти маъбад равшану возеҳ исбот мекунад, ки Аҷинатеппа дайри буддоист ва мувофиқи тамоми маҷмӯи мадракот, аз ҷумла, маълумоти тангаҳо, ба асри VII ва аввали асри VIII нисбат дорад. Осор аз ду қисм иборат аст, ки он қисмҳоро шартан қисми «дайрӣ» (масалан, дар ҳамин қисм хонаҳову ҳуҷраҳои роҳибон, толори тоату ибодат ва ғ. воқеъ буд) ва қисми «маъбадӣ» номидан мумкин ва ступаи марказӣ дар ҳамин ҷо, дар атрофи ступа ва дар долону толорҳо, ки пур аз ҳайкалу суратҳои Буддо буд, роҳибон ва диндорон тоату ибодат мекарданд.

Тарҳи хоси Аҷинатеппа: тамоми қисмҳои ин иморат аниқу дақиқ мутаносиб буда, асоси таносуби байни қисмҳои иншоот мавҷуд будани тарҳи чорайвон мебошад. Баъди ғалабаи дини ислом ҳам, яъне дар давраҳои асрҳои миёнаи мутараққӣ ҳам, дар баъзе иншоотҳои меъмории Осиёи Миёна тарҳи меъмории чорайвон ба назар мерасад, ки ин аз робитаи дайри буддоии сангхарама ва мадрасаи асримиёнагии Осиёи Миёна шаҳодат медиҳад.[77]

ҳам иморати Қалъаи Кофарниҳон ва ҳам маъбади буддоии Кофирқалъа тарҳи муайяни мутамарказ доранд ва ин ҳолат чунин ақидаҳоро барбод медиҳад, ки гӯё иморатҳои динии тоисломӣ ин гуна тарҳ надоштаанд. Б.А.Литвинский таъкид карда буд, ки санъати меъмории буддоӣ дар ташаккули санъати меъмории мақбарасозии Осиёи Миёна аҳамияти ниҳоят калон дошт.[78] Қалъаи Кофарниҳон ва Кофирқалъа ин даъворо бори дигар тасдиқ карданд. Материалҳои навтарин исбот мекунанд, ки тамоми ҷузъиёти сохти меъмории мақбараҳои давраи исломии Осиёи Миёна – ҳам композитсияи меъмории он, ҳам сохту услуби он, ҳам зинату ороиши он дар давраҳои тоисломӣ ташаккул ёфта буданд. Тарҳи зоҳиран доирашакл ва дохилан чоркунҷаи мақбараҳо гӯё бо василаҳои меъморӣ тасаввуроти ҳиндуэронии аз чор унсур иборат будани оламро таҷассум менамоянд.

Мактаби меъмории Тахористон дар он даврае, ки мавриди тадқиқоти мо қарор гирифт, айнан ҳамон масолеҳи бинокорӣ ва усули меъмориро истифода мебурд, ки дар дигар вилоятҳои Осиёи Миёна кор фармуда мешуд, вале ҳаминро ҳам гуфтан лозим, ки он баъзе хусусиятҳои ба худ хос дошт. Масолеҳи асосии бинокорӣ похса ва хиштҳои калони нимметра буд. Хишти пухта хеле кам – фақат барои фарши хонаҳо ва пойсутунҳо истифода мешуд. Болои иморатҳои танг бо тарзи муқаррарии бомпӯшӣ, бе истифодаи харӣ, фақат ба воситаи болорҳо пӯшида мешуд. Барои бардоштани гунбазҳо худи ҳамон хишти чоркунҷа ба кор мерафт.

Боми баъзе хонаҳои чоркунҷа гунбазӣ буд. Дар баробари гунбазҳои оддӣ, ки бевосита аз сари деворҳои хона бардошта мешуд (масалан, дар Мунҷиктеппаи Шаҳртуз), инчунин гунбазҳои мукаммалу мураккаб низ буданд, ки бевосита ба девори хона не, балки ба доираи махсуси таги гунбазӣ ‘шинонда мешуданд. Худи гунбазро аз ду масолеҳ, ҳам аз похса ва ҳам хишт низ месохтанд (масалан, Кофирқалъаи Колхозобод).

Кодокҳои махсуси таги шифтро, ки бори бомро хеле сабук мекард, яке аз комёбиҳои калони санъати меъморӣ гуфтан мумкин аст (Аҷинатеппа). Чанд навъи равоқ истифода мешуд. Ба ҳамин тариқ, усули бомпӯшии он давра хеле гуногун ва мукаммал буд. Дар баробари усулҳои мазкури бомпӯшӣ, инчунин бомҳои муқаррарӣ низ буданд, ки ба сари деворҳо ё ба сутунҳо такя дода мешуданд. Хонаҳои ташрифоту зиёфат бо суратҳои аҷоиби рӯидевор, бо ҳайкалу муҷассамаҳо ва ҳаккокию кандакорӣ зебу оро дода мешуданд.[79]

Санъати тасвирӣ

Санъати рассомӣ дар Балаликтеппа, Аҷинатеппа ва Қалъаи Кофарниҳон махсусан муфассал инъикос шудааст. Дар яке аз хонаҳои чоркунҷаи Балаликтеппа дар сатҳи девори кабудранги сиёҳча як силсила расмҳо кашида шудааст. Расм тасвири зиёфатест, ки дар он занону мардон иштирок доранд ва онҳо дар рӯи қолинчаҳо нишастаанд ё якпаҳлӯ дароз кашидаанд. ҳар як шахси дар расм тасвиршуда ба тарафи шахси дар паҳлӯяш нишаста андак тоб хӯрда нигоҳ мекунад. Дар паси нишастагон хизматгорон менамоянд, ки онҳо нисбат ба нишастагон қариб ду баробар хурдтар кашида шудаанд. Зиёфат дар айни ҷӯшу хурӯш аст. Ба ақидаи Л.И.Албаум, ки ӯ ин осори олиҷанобро кашф кардааст, сурати Балаликтеппа тасвири «саҳнаи зиёфати динӣ мебошад. Вале азбаски дар маслаки ҷамъияти ибтидои асрҳои миёна дин бо маишат зич алоқаманд буд, ба ин сабаб сурати мазкурро маишӣ номидан ҳам мумкин аст».[80] Л.И.Албаум ин ақидаи худро бо чанд бурҳону далел исбот мекунад, вале онро комилан ба исбот расида ҳисоб кардан мумкин нест. Г.А.Пугаченкова[81] ва Б.А. Литвинский[82] дуруст мегӯянд, ки ин расм тасвири зиёфати муқаррарии аъёну ашроф аст ва ин гуна зиёфатҳо дар байни бойҳои он давра хеле маъмул буд. Албатта, минбаъд батафсил тавзеҳ додани ҳар як ҷузъиёти ин расм кори ниҳоят мураккаб аст. Г.А. Пугаченкова ҳаракат карда буд, ки расми мазкурро чун инъикоси яке аз лавҳаҳои «Шоҳнома» ба қалам диҳад. Вале ин кор ба назар гӯё ҳеҷ асос надорад. Аниқи гап бояд ҳамин бошад, ки расми мазкур инъикоси камубеш умумии базмест, ки дар қасри яке аз ҳокимон ё бойҳои маҳаллӣ барпо шуда буд.[83] Тасвироти Балаликтеппа хеле моҳирона анҷом дода шудааст. Рангубори равшану гӯёи расм пур аз нишоту тараби зиндагӣ мебошад. Дар расм баъзе унсурҳои шартӣ низ ба назар мерасанд, масалан, рӯ ба кадом тараф будани нишастагон бо ҳамдигар кам мувофиқат дорад, дар ваҷоҳати нишастагон аломати феълу хӯи онҳо дида намешавад, симои онҳо ягон эҳсосеро ифода наменамояд. Дар расм ҷиҳатҳои умқӣ ва ҳаҷмии манзара инъикос наёфтааст. В.А.Нилсен менависад, ки дар як симои барҷастаи расм тасвири идеалии ин ё он аъёну ашроф ҳаст. «Дар расми мазкур тавсифоти реалӣ нест ва он ба андозае шартӣ мебошад». Дар айни замон ҳар як ҷузъиёти сарулибос, ҳар як асбобу анҷоми нишастагон хеле бо ҳавсала, аниқу дақиқ кашида шудааст.

gulduziЛ.И.Албаум робита ва аҳамияти сурати Балаликтеппаро тадқиқ кардааст. Инчунин, бояд қайд кард, ки ба ақидаи яке аз машҳуртарин донандагони санъати шарқ, олими хориҷӣ М. Буссалйи кашфиёти Балаликтеппа «ба таври баҳснопазир нишон дод, ки аллакай дар асрҳои V вилояти ғарбии олами Осиёи Миёна (вай Тахористонро чунин номидааст.-.Б. Ғ.) ба сабку услуби навъи «эроникунанда» майл дошт ва ин сабку услуб ба санъати сосонӣ ё бегона аст ё ҳеҷ набошад, бо ҳуҷҷатҳои лозима ба таври равшан исбот нашудааст, ки ба санъати сосонӣ алоқаманд мебошад. Бинобар ин мо бояд эътироф кунем, ки баъзе равияҳое, ки дар маркази Сериндия (Туркистони шарқӣ) инкишоф ёфтаанд, дар ҳақиқат, равияҳои эҷодии шарқиэрониро (яъне осиёимиёнагиро.– Б.Ғ.) такрор мекунанд». Ба Сериндия дохил шудани ин равияҳоро М.Буссалйи аз ривоҷи тиҷорат ва аз алоқаҳои иқтисодӣ медонад. Муҳаққиқ, аз тарафи дигар, қайд мекунад, ки санъати Балаликтеппа ба санъати Афғонистони марказӣ, аз ҷумла, ба санъати Бомиён таъсири зӯр расонд.[84] Ғайр аз ин маҳз санъати Балаликтеппа қадимтарин намунаи санъати тасвирии Осиёи Миёна мебошад. Сабку услубе, ки дар санъати Балаликтеппа ташаккул ёфт, дар санъати Панҷакент, Варахш ва дигар осори асри VII ва миёнаи асри VIII минбаъд ба камол расид.

Суратҳои Аҷинатеппаро аз рӯи сужет ба се тақсим кардан мумкин: суратҳои Буддо ва ниёгони вай, ашхоси дунявӣ ва нақшу нигор. Саросари шифт пур аз қатори Буддои нишаста аст. Буддо инчунин дар дигар ҳолатҳо низ тасвир ёфтааст, ки чанд «авзои рӯҳии» вайро ифода мекунад. Дар девори долонҳо Буддо (ба андозаи калон) ва дигар ашхоси вобаста ба вай (ба андозаи нисбатан хеле хурд) тасвир карда шудаанд. Дигар суратҳо, аз ҷумла сурати ашхоси дунявӣ ҳам, бо мавзӯи умумӣ, бо равияи умумии ғоявии тамоми иншоот алоқаманд карда шудааст. Масалан, дар девори даҳлези яке аз селлаҳои хурд саҳнае тасвир шудааст, ки дар он ду марди мусаллаҳ дузону нишастаанд ва ҳар ду ба якдигар зарфи пур аз гулро дароз мекунанд (зарфи яке тиллоӣ, дигаре нуқрагин). Ин саҳна инъикоси маросими ба мазор назр додан аст, ки бо номи прандхиҳо дар дини буддоӣ маълум мебошад ва аз Сейлон сар карда, то ба Туркистони шарқӣ дар санъати тасвирӣ дучор мешавад. Ин сурат бо суратҳои Балаликтеппа хеле монанд мебошад, вале онро рассоме анҷом додааст, ки нисбат ба таъсири ашхоси дунявӣ иконографияи буддоиро хеле хубтар медонистааст.[85]

Долоне, ки гирдогирди сӯмиаи маъбади буддоии Қалъаи Кофарниҳонро печонида гирифтааст, саросар пур аз расму суратҳо буд. Як қисми ин суратҳо дастраси мо гардидааст. Аз тамоми расми долон фақат қисми марказии он ва як порчаи сурати дуқабата нисбатан кам зарар дидааст. Аз сурати дуқабата фақат аз 1/3 қисми болоии он ва қисми поёниаш пурра боқӣ мондааст. Сурати қисми боло аз расми Буддои нишаста иборат мебошад, ки дар мобайн кашида шудааст, дар ду тарафи он боз ду одами ростистода тасвир гардидааст, қабати поён бошад, қатори одамонеро тасвир мекунад, ки ба тарафи рост рафта истодаанд. Дар расми қабати поён композитсияи серодаме ба назар мерасад, ки расми баъзе одамон қариб 70 см баланд аст ва дар мобайни онҳо расмҳои хурдтари одамон низ менамоянд. Дар тарафи чапи расм сурати ду зан ҳаст, ки рост истода 3/4 дараҷа ба тарафи рост тоб хӯрдаанд. Яке аз занҳо дар даст гул ва дигаре шамъи шамшодӣ дорад. Либоси онҳо аз куртаи дароз ва ҷомаи пешкушоде иборат аст, ки то пошнаи пои онҳо мерасад. Баъди занҳо расми хурди марде менамояд, ки дар камар шоф дорад ва дузону нишастааст. Дар пеши ин мард расми марди дигар ба назар мерасад, ки рост истодааст ва зоҳиран ба габр мемонаду як китф ва дасташ луч мебошад. Ин мард ба дасти росташ шохчаи хамидаи гулеро ба сари синааш зер карда истодааст. Пеш аз ин мард боз расми хурди ду марди дигар ҳаст, ки рӯбарӯи ҳамдигар нишастаанд ва яке аз онҳо дар даст ҷоми тилло дорад.

Ғайр аз инҳо расми боз як одаме ҳаст, ки хеле зарар дидааст ва ниҳоят хира менамояд.

Ба ақидаи Б.А.Литвинский, ин сурат тасвири маросимест, ки ҳангоми он ба сӯмиа назру ниёз меоварданд. Ин гуна манзара дар осори буддоии Туркистони шарқӣ ниҳоят маъмул аст. Аз эҳтимол дур нест, ки дар ин расм ҳокими шаҳр, хешу ақрабои вай ва габрҳои сӯмиа тасвир шудаанд.

Муҳаққиқи номбурда имони комил дорад, ки сурати Қалъаи Кофарниҳон маҳз мардумони маҳаллии тахористонӣ, сарулибоси онҳо, чизу чораи онҳоро инъикос менамояд. Ин чиз ҳам аз аҳамият холӣ нест, ки сурати хушобурангу назаррабои Қалъаи Кофарниҳон бо санъату маҳорати олидараҷаи бадеӣ кашида шудааст. Услубан ин сурат ба силсилаи суратҳои аҷоибу беамсоли Балаликтеппа андаке шабоҳат дорад, вале айнан мисли онҳо нест. Шояд сабаб ҳамин бошад, ки сурати Қалъаи Кофарниҳон хеле сонитар эҷод шудааст, бинобар ин дар байни санъати Балаликтеппа ва Аҷинатеппа мақоми алоҳидаи мобайниро ишғол мекунад.

ҳайкалтарошӣ, кандакории чӯб ва дигар намудҳои санъат

Баъзе асарҳои санъати ҳайкалтарошӣ дар осори гуногун дучор мешаванд. Дар Аҷинатеппа як силсила муҷассамаҳои буддоӣ ба даст омад. Тамоми ҳайкалҳои буддоӣ аз лой буда, аз дарун қафасаи чӯбин надоранд. Қисмҳои калони ҳайкал аз лой сохта шуда, ҷузъиёти он бо қолаб тайёр карда мешуд. Сари ҳайкалҳои андозаашон хурд ва миёна бо қолаб сохта, аз нӯги по то фарқи сари ҳайкалҳо ранг дода мешуд. Сарулибоси Буддоро сурх, дасту пояшро сафед ва мӯяшро кабуд ё сиёҳ мекарданд.

budoКалонтарин ҳайкали ин маҷмӯа ҳайкали Буддо дар ҳолати нирвана аст. Ин ҳақиқатан як муҷассамаи бениҳоят бузург мебошад, вале он рост наистода, балки дар суфаи таги девор дароз кашидааст. Ҳайкал ба паҳлӯи рост хобидааст, дасти чапашро дароз карда, ба паҳлӯ гузоштааст. Дасти росташ қат буда, дар таги сараш мебошад ва дасту сар дар болои болиштаки панҷқисма қарор гирифтааст. Ба андозаи ҳайкал ҳамин далолат мекунад, ки дарозии кафи пои он 1,7–1,9 м мебошад. Худи ҳайкал аслан 12 м будааст. Рӯи бадани Буддоро қатҳои либоси сурх пӯшидааст, фақат панҷаи даст ва пой луч мондааст. Дар пои Буддо кафши сабуке будааст, ки онро бо тасма ба пойҳо мебастаанд. Фақат баъзе қисмҳои сар боқӣ мондааст. Мӯйсари Буддо ҷолиби диққат аст – ҳар як тори онро мавҷвор шона зада, хеле шинам хобонда мондаанд. Агар дар санъати буддоӣ ҳайкали Буддо тасвир шавад, он одатан дар ҳолати нирвана – якпаҳлӯ гузошта мешуд ва дар ин сурат ҳайкалтарошони буддоӣ ҳатто ҳаракат намекарданд, ки хусусияти аъзои бадани каси хобидаро аниқ таҷассум намоянд. Ҳайкали мазкури Буддо ҳам бо услуби мутлақо шартӣ таҳия шудааст. На тасвири воизи ба зинаи ҳақ расида, балки офаридани рамзи азими сукунати илоҳӣ – чунин буд вазифаи ҳайкалтарош. Тасаввур кардан душвор нест, ки ин ҳайкал 13 аср пеш чи таъсири азиме дошт ва буддоиёни мӯътақидро то чи андоза моту мабҳут мекард. Аз дигар ҳайкалҳои Буддо ҳайкалҳоеро ном бурдан даркор, ки дар тоқчаҳо истодаанд. Онҳо нисбат ба Буддои хуфта хеле хурд, вале аз қади одам 1,5 баробар калонтар мебошанд. Ин ҳайкалҳои Буддо дар ҳолати падмасана таҷассум шудаанд. Дар болои сари ҳар як ҳайкали Буддо аломати фаҷри гирдаест, ки барҷаста буда, ранг дода шудааст.

Инчунин бисёр ҳайкалҳое ёфт шуданд, ки 3/4 ва 1/2 андозаи қади одам буда, аз ҷиҳати бадеӣ аз ҳама мукаммал мебошанд. Дар ин ҷо инчунин сари Буддо ҳаст, ки дар фарқаш махсус ғуррӣ («ушниша») дорад. Аксари ин ҳайкалҳо асари баландсифату олидараҷаи санъат мебошанд. Тарҳи мавзуну шинам ва таносуби мукаммалу ҳусни бенуқс – хусусияти асосии ин асарҳо аст. Илова бар инҳо тасвири бодисатваҳо ва дигар ашхос ба даст омадааст. Алалхусус қомати ким-чи гуна деватҳо ниҳоят дилрабо баромадааст. Ҷавони танлучи зебо, ки дар бар танҳо лӯнгие дорад, хеле аҷиб истодааст: синааш ба тарафе хамида, миёну пойҳояш ба сӯи дигар хамида ва илова бар ин яке аз пойҳояш ба қафо партофта. Дар синаи нақшини ҷавон асбоби зиёди зинат. Баъзе ҳайкалҳо пур аз кирдору рафтор ва илова бар ин бағоят мавзуну дилкашу нозук. Дар тасвири рӯҳониён ҳайкалтарош аз ҳама гуна банди урфу одатҳои динӣ озод буд ва маҳз дар ҳамин асарҳо вай ба камоли эҷодиёт расидаасту реализми ҳақиқиро касб кардааст. Яке аз ҳайкалҳо, ки сари пирамарди хаставу лакоти пешонаву пеши чашмонаш пур аз чину оҷинг аст, мӯйсафедони имрӯзаи тоҷикро ба хотир меоварад. Инчунин сари ҳайкале низ ҷолиби диққат аст, ки салла дорад. Ҳайкалҳои Аҷинатеппа бисёр дигар ашхосро низ таҷассум менамоянд.

Ҳайкалҳои Аҷинатеппа гарчанде ба дигар осори санъати буддоӣ (масалан, ба санъати осори буддоии Фундуқистони Афғонистон, ки инчунин ба асрҳои VIII нисбат дорад) шабоҳат дошта бошад ҳам, ба ҳар ҳол, санъати ба худ хос ва бесобиқа аст.

Дар ин санъат чанд анъана фароҳам омадааст — ҳам анъанаи гандхарии давраҳои сонии Ҳадда, ҳам анъанаи санъати гуптҳои Ҳиндустон ва ғ. ва ҳамаи онҳо бо анъанаи тавонои санъати ба худ хоси маҳаллии бохтару тахорӣ омезиш ёфтааст.[86]

Девори бисёр хонаҳои Аҷинатеппа гаҷкорӣ буда, тоқчаву равоқҳоро оро додааст.

Ҳайкалҳои Қалъаи Кофарниҳон ҳам хеле мароқангез мебошанд. Беҳтарини онҳо аз ҷиҳати нафосат, ҳатто аз ҳайкалҳои Аҷинатеппа болотар меистанд. Яке аз хусусиятҳои ин ҳайкалҳо ҳамин, ки онҳо полихромӣ, яъне рангоранг мебошанд.

Дар Балаликтеппа ва дар Ҷумалактеппа (вилояти Сурхондарё) чӯбҳои кандакорӣ боқӣ мондаанд. Алалхусус, дар Ҷумалактеппа ин хел чӯбҳо бисёр. Дар ин ҷо болорҳои чортарош ҳастанд, ки нақши ба ислимӣ монанде доранд ва ё худ доиранақш канда шудаанд, инчунин лавҳаҳои калони чӯбини нақшин ҳастанд ва нақши онҳо иборат аз доираҳои калони гирдашон хол-хол буда, дар мобайни доира гулбаргҳои зебое тасвир шудаанд. Ғайр аз ин қисмҳои арақаи аҷоибе ёфт шуд, ки онро як навъи махсуси нақш ба равоқҳои ҷудогона тақсим кардааст ва дар мобайни ҳар як равоқи пурнақши гулбарг сурати аз миён болои одам тасвир ёфтааст.[87]

Дар қисми тоҷикистонии Тахористони шимолӣ чӯби кандакоришуда аз Қалъаи Кофарниҳон ба даст омад. Аз ин ҷо зиёда аз панҷоҳ пораҳои лавҳаҳои кандакоришудаи чӯбин ва қисмҳои чӯбини иморат ёфт шуданд. Муҳимтарини он пораҳо лавҳаи чӯбини кандакории думетра аст. Дар ин лавҳа ду товус тасвир шудааст, ки рӯ ба ҳамдигар думҳои худро бо шукӯҳи тамом ҷилва дода, рафта истодаанд ва дар минқори худ гул доранд. Нақши маъмули дигар лавҳаҳо расми пурпечутоби навдаи ток, расми хӯшаҳои ангур, барги ток ва печакҳои навдаи ток мебошад. Инчунин нақшае бисёр вомехӯрад, ки қатори равоқчаҳоро мемонад. Нақши қисмҳои чӯбини иморат аз занҷираҳои гуногун иборат аст. Услуби кандакорӣ бағоят равшану гӯё буда, бо маҳорати тамом анҷом дода шудааст.

Дар Тахористон инчунин санъати рақс ва мусиқӣ ривоҷ ёфта буд. Дар Хатлон ва Қумод раққосаҳои фаттоне буданд. Ҳокимони ин вилоятҳо ба ҳокимони давлатҳои хориҷа чун инъом раққосаҳоро мефиристоданд. Баъзе мусиқачиёни Осиёи Миёна, ки ба хориҷи мамлакати худ бурда шуданд, ба аҳли дарбор маъқул нашуда бошанд ҳам, дар байни халқи ом шӯҳрати азим ёфтанд. Масалан, чунин аст таърихи мусиқачиёни Қумод, ки ниёгони навозандагони имрӯзаи Помир мебошад.[88] Шикастапораҳои асбобҳои мусиқӣ – косаи чӯбини тор, дастаи ғижжак ва ғайра аз Балаликтеппа ёфт шуданд.[89]

Дин

Мардуми Тахористон дар асрҳои V–VII чанд динро мепарастиданд. Дар партави маъхазҳои таърихӣ ва мадракоти археологӣ аниқ гуфтан мумкин, ки қисми асосии мардуми Тахористон, мисли давраҳои қадим зардуштӣ буданд. Вале падидаҳои яқин ва шаклҳои парастиши ин дин қариб мутлақо маълум нест. Бар хилофи Суғд, Чоч, Хоразм маросими дафн дар устадонҳо дар ин кишвар расм набуд, гарчанде дар баъзе ҷойҳо худи устадонҳо ёфт шуданд (Данғара, Ҳисор).

Аз хеле паҳн шудани оташпарастӣ чилими калони сафолие шаҳодат медиҳад, ки аз Балаликтеппа ба даст омадааст. Чилим аз пояи офтобашакли пурнақш ва аз сархона иборат аст. Ин хел чилимҳо дар Хайрободтеппа[90] ва дар ҷануби Тоҷикистон вомехӯранд. Дар Кофирқалъаи Колхозобод оташдони муқаддас ёфт шуд.

Мавқеи дини буддоӣ басо мустаҳкам буд. Рости гап, ҳайтолиён дар аввалҳо дини буддоиро намепарастиданд. «Аз афти кор ҳокимони гуногуни вилоятҳои ҷудогонаи ҳайтолиён нисбат ба дини буддоӣ муносибати ҳархела доштанд. Дар рафти ҷанг дар баъзе ҷойҳо маъбади буддоиён хароб гардида, талаву тороҷ мешуданд. Вале, умуман гирем, тамоми маълумотҳо далолат мекунанд, ки дар Осиёи Миёна дар давраи ҳайтолиён дини буддоӣ таъқиб карда намешуд ва баъзе ҳокимони ҳайтолӣ дини буддоиро дастгирӣ мекарданд».[91] Дини буддоӣ ба туркҳо пеш аз ба Осиёи Миёна омадани онҳо таъсир дошт.[92] Дар охири асри VI ва аввали асри VII баъзе ҳокимони ғарбии туркҳо ба дини буддоӣ эътиқод мебанданд ва ҳам дар ҷануби Осиёи Миёна, ҳам дар Афғонистону шимоли Ҳиндустон ба сохтмони ибодатгоҳҳои буддоӣ шурӯъ менамоянд ва буддоиёнро тарафгирӣ мекунанд. Сайёҳи асри VIII хабар медиҳад, ки дар Тахористон «шоҳу аъёну фуқаро» бут мепарастанд. Худи ҳамин гап дар ҳаққи Хатлон ҳам гуфта шудааст. Дар асри VII дар пойтахти Тахористон шаҳри Балх садҳо дайр, дар Тирмиз қариб даҳҳо дайр, дар Шумон ду дайр, дар Қабодиён се дайр ва ғ. мавҷуд буд. Дар ҳар як дайр шумораи муайяни роҳибон – аз 2 то 50 роҳиб буд. Дини буддоӣ ба Помир ҳам сар даровард, масалан, дар Вахон дайру роҳибон будаанд. Мувофиқи баъзе маълумотҳо, баъзе дайрҳо соҳиби сарватҳои калон – соҳиби замину молу мулк будаанд. Ҳафриёти Аҷинатеппа ва Кофирқалъа ин ахбори маъхазҳои хаттиро пурра тасдиқ кард. Топонимика ҳам баъзе ишоратҳо додааст. Дар ҷануби Тоҷикистон, дар поёноби дарёи Қизилсу Фархор ном маркази район ҳаст. Забоншиносон исбот карданд, ки номи Фархор аз калимаи санскритии «вихара», яъне «дайри буддоӣ» бармеояд.

Дар Зангтеппа -катибаҳои буддоии рӯи пӯсти дарахт ёфт шудаанд. Ин катибаҳо бо хати марказиосиёгии браҳмӣ навишта шуда, забонаш санскрити омехта мебошад. Ин катиба чандин маҷмӯаи матнҳои буддоӣ буда, яке аз онҳо «Виная» мебошад ва он қоидаву қонунҳои рафтору кирдори роҳибону роҳибаҳо ва дигар эътиқодмандони қаторист, ки пайрави дини буддоӣ шудаанд. Боқимондаҳои ин гуна дастнависҳо аз Кофирқалъа ҳам ёфт шудааст.

Ҳамаи ин маълумот далолат мекунад, ки дар Тахористон дини буддоӣ хеле интишор дошт.[93]

Дигар дине, ки дар Осиёи Миёна ва аз ҷумла, дар Тахористон реша давонда буд, дини монавия мебошад. Дар ибтидои асри VIII қароргоҳи пешвои ин мазҳаб дар Тахористон буд. Соли 719 ба сифати сафири Чағониён марде аз аҳли монавия фиристода шуд, ки унвонаш «дабири кабир» будааст. Монавия аз худи ибтидои дар Осиёи Миёна паҳн шуданаш ба аъёну ашроф ва ҳокиму волиён такя менамуд ва сафир будани яке аз аҳли монавия далели равшани ин даъво мебошад.[94]

Ниҳоят боз як дини дигар – дини насронӣ[95], аниқтараш, тариқати нестории ин дин хеле паҳн шуда буд. Мувофиқи маълумотҳо, дар байни ҳайтолиён дини насронӣ маълум будааст, туркҳои тахорӣ ин динро мепарастидаанд ва аз Тахористон сафорате омада будааст, ки мақсад доштааст, тариқати несториро паҳн кунад ва ғ.

Хуллас, дар асри VI ва ибтидои асри VIII дар Тахористон чандин дин баробар вуҷуд дошту ҳар яки он барои «банда» кардани мардум мубориза мебурд, ба ҳамдигар таъсир мерасонд ва аксар вақт бо ҳамдигар омехта шуда мерафт.

[1] Müllӯr T. W. K., 1948, s. 575.

[2] Chavannӯs Ӯ.,1903, p. 155.

[3] Ӣӯal S., 1906, p. ХCII-ХCIII.

[4] Бичурин, II, с. 268–269.

[5] Мандельштам А. М., 1957, с. 101, 107.

[6] Бичурин, II, с. 286.

[7] Веal S., 1906. I, р. 37–38; Chavannӯs Е., 1903, р. 196. Дар масъалаи хатти Тахориён мо дар боби боло таваrrуф карда будем. Фаrат ҳаминро илова карданием, ки муаллифи асри ХII Самъонӣ аз Вашгирд (Висагирд, rарибии Файзобод) сухан ронда менависад, ки: «то ислом ин ҷо ҳуруфе буд маълум ва мазбут дар кутуб» (Самъонӣ, вараrи 576 б; Бартольд В.В., 1964, с. 469)

[8] Ӣailӯy H. W., 1937, р. 886.

[9] Веа1 Н. S., 1906, I, р. 38–41.

[10] Веа1 Н.S., 1906, II, р. 289–290.

[11] Веаl Н.S., 1906, I, р. 42, N. 140; ниг. инчунин: Минаев И., 1979, с. 65,

[12] Marquart J., 1901, 234.

[13] Беленицкий А.М., 1950, с. 110.

[14] Дар бораи ин муrоисаҳо ниг.: Мандельштам А. М., 1957, с. 109 ва мобаъд.

[15] Номи «Домоситеди» тобиши санскритӣ дорад ва И.Маркварт ҳам диrrати муҳаrrиrонро ба ин ҷалб намуда, тахмин карда буд, ки Домоситеди таъбири истилоҳи санскритии Dharmasthiti, яъне «манзили аrоиди ҳбуддоӣ]» мебошад. Вале И.Маркварт фикрашро давом дода менависад, ки ба гумон аст дайрҳои хилвати буддоии Вахон бо ин дабдаба пойгоҳи дини буддоӣ ном гирифта бошанд. Эҳтимол, ин ном яке аз синонимҳои санскритию буддоии номи маҳаллии Вахон мебошад (Маrquаrt J., 1901, s. 225). Ин фарзияи И.Маркварт хеле ҷолиби диrrат аст.

[16] Веаl S., 1906, р. 291–296.

[17] Вӯal S., 1906, р. 42-48; II р. 285–292.

[18] Бичурин, II, с. 321.

[19] Дар ҳамон ҷо, с. 333.

[20] Дар ҳамон ҷо, с. 323–324; Chavannӯs Е., 1902, р. 162–165.

[21] Marquart J., 1901, S. 224.

[22] Chavannӯs Е., 1901, р. 165, N 1.

[23] Бичурин, I, с. 236.

[24] Fuchs W., 1930, S. 449.

[25] Дар ҳамон ҷо, S. 452.

[26] Дар ҳамон ҷо, S. 452–453.

[27] «Тhе lifӯ оf Hsuan-Тsаng», 1959, р. 48–49.

[28] Marquart J., 1901, S. 69.

[29] Ставиский Б. Я-, 1957, б. 89.

[30] Табарӣ, II, 1040 ва мобаъд; 1152 ва мобаъд; 1583.

[31] Marquart J., 1901, S. 303.

[32] Fuchs W., 1938,S. 452.

[33] Табарӣ, II, с. 1618.

[34] Marquart J., 1901 S. 301; Сhаvаnnеs Е., 1903, р. 168, Беленицкий А.М., 1950 а, с. 117.

[35] Муфассалтарин: Беленицкий А.М., 1950 а, с. 112–113.

[36] Chavannӯs Е., 1903, р. 200-201; О.И. Смирнова (1969, с. 218) барuалат «панҷсад ҳазор» навиштааст.

[37] Marquart J., 1901; Беленицкий А.М., 1950 а; Смирнова О.И., 1969.

[38] Альбаум Л.И., 1975, с. 55–56.

[39] Chavannӯs Е., 1903, р. 223.

[40] Дар ҳамон ҷо, р. 226–227.

[41] Лившиц В.А., 1962 б, с. 40, эзоҳи 75.

[42] Marquart J., 1901,S. 226.

[43]Лившиц В.А., 1965 б.

[44] Дар бораи тавсифи муфассали канали Кофир ва ёдгориҳои атрофи он ниг.: Зеймаль Т.И., 1962; Литвинский Б.А. ва Зеймаль Т.И., 1964; Зеймаль Т.И.,1971, с. 39-47.

[45] {анӯз Страбон (ХV, I, 8) rайд кардааст, ки дар Бохтар шолӣ мекоранд.

[46] Schafӯr Е.Н., 1963, р. 142.

[47] Бичурин, II, с. 321.

[48] Альбаум Л.И., 1960, с. 67–68, 101.

[49] Дар бораи истилоҳоти ин соҳа ниг.: schaftr Е.Н., 1963, р. 76.

[50] Schafӯr Е.Н., 1963, р. 222, 230–235.

[51] Бичурин, II, с. 321.

[52] Дар ҳамон ҷо, с. 326; СhavannӯsЕ., 1903, р. 167.

[53] Альбаум Л.И., 1960, с. 79–81.

[54] {айъати сафорати Тахористон ба як ҳокими аҷнабӣ, ҳатто «либоси тиллоӣ» инъом кардааст (соли 682) -Schafӯr Е.Н., 1963, р. 197.

[55] Дар бораи таҳаввулоти ин камон дар Осиёи Миёна ниг.: Литвинский Б.А.,1966 в/

[56] Литвинский Б.А., 1965, расми 8.

[57] Масалан, дар Мунҷиктеппа, ниг.: Мандельштам А.М. ва Певзнер С.Б., 1959, саҳ 313

[58] Альбаум ЛИ., 1960; Литвинский Б.А. ва Зеймаль Т.И. 1968.

[59] Бичурин, II, с. 321. Тафсилоташро ниг.: Schafеr Е.Н., 1963, р. 159.

[60] Бичурин, II, с. 265.

[61] Бичурин, II, 1950 б, с. 322; инчунин ниг.: Schafеr Е.Н., 1963, р. 235–236.

[62] Альбаум Л.И., 1960, с. 76–78.

[63] Schafӯr Е.Н., 1963, р. 202.

[64] Альбаум Л.И., 1960, с. 101–103.

[65] Альбаум Л.И., 1963, с. 81.

[66] Литвинский Б.А. ва Зеймаль Т.И., 1968.

[67] Масалан, ниг. шашхолеро, ки аз Мунҷиктеппа ёфта шуда буд (Мандельштам А.М. ва Певзнер С.Б., 1958, с. 313, расми 22).

[68] Schafӯr Е.Н., 1963, р. 20.

[69] Дар ҳамон ҷо, р. 64, 269. Дар бораи аз Тахористон оварда шудани айuирҳо дар соли 720 ниг. дар ҳамон ҷо, р. 76.

[70] Schafӯr Е.Н., 1963, р. 230–234.

[71] Schafӯr Е.Н., 1963, р. 159, 183–184, 191.

[72] Литвинский Б.А. ва Зеймаль Т.И., 1971, с. 15.

[73] Бо ҳафриёти он солҳои 1974–1976 Экспедитсияи муттаҳидаи Институти шарrши-носии АФ СССР ва Институти таърихи ба номи Аҳмади Дониш машuул шудааст (сар-дораш Б.А. Литвинский).

[74] Альбаум Л.И., 1960, с. 114–125; Нильсен К.А., 1966, с. 154–163.

[75] Альбаум Л.И., 1963; Нильсен В.А., 1966, с. 163–172.

[76] Нильсен В.А., 1966, с. 173–179.

[77] Litvinsky В.А., 1968, р. 57–63, 64–73; Литвинский Б.А. ва Зеймаль Т.И., 1971.

[78] Литвинский Б.А., Зеймаль Т.И., 1971, с. 43–45.

[79] Нильсен В.А., 1966, Литвинский Б.А. ва Зеймаль Т.И., 1971.

[80] Альбаум Л.И., 1960, с. 198; В.А. Нильсен дар бораи худи сурат ҳарфе назада, rатъиян даъво мекунад, ки дар ин хона фаrат зиёфатҳои динӣ баргузор мегардид (Нильсен В.А., 1968, с.162).

[81] Пугаченкова Г.А., Ремпель Л.И., 1965, с. 137–138.

[82] Литвинский Б.А. ва Зеймаль Т.И., 1971.

[83] Ё худ саҳнаи пазироии меҳмонон дар rаср аст (Нильсен В.А., 1966, с. 284.

[84] Ӣussagli М., 1963, S. 36, 39.

[85] Литвинский Б.А. ва Зеймаль Т.И., 1968. Масъалаи тадrиrи ин тасаввурот дар адабиёти советӣ ва хориҷӣ муфассал баён шудааст, бинобар ҳамин мо дар бораи он таваrrуф намекунем.

[86] Литвинский Б.А. ва Зеймаль Т.И., 1971, с. 76–109.

[87] Нильcен В.А., 1966, с. 303–307.

[88] Schafӯr Е.Н., 1963, р. 54–56.

[89] Альбаум Л.И., 1960, с. 99-100.

[90] Дар ҳамон ҷо, с. 71–76.

[91] Litvinsky В.А., 1968, р. 33–34.

[92] Gaӣain А.V., 1961 ва мобаъд.

[93] Тавсифи муфассали инро ниг.: Litvinsky В.А., 1968, р. 55-57, истинод адабиёту маъхазҳо дар ҳамон ҷо.

[94] Беленицкий А.М., 1954; Литвинский Б. А. ва Зеймаль Т.И., 1971, с. 120–121.

[95] Бартольд В.В., 1893; Литвинский Б. А. ва Зеймаль Т.И., 1971, с. 122–123.

Назди admin

Инчунин хонед инро

hulbuk

ШАҲРҲОИ ОСИЁИ МИЁНА ДАР АСРҲОИ ХI–ХII

Тараққиёти босуръати шаҳрҳо, истеҳсолоти молӣ ва тиҷорати пулӣ аз муҳимтарин аломатҳои давраест, ки мо ба …