МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
АСОСӢ / ГУНОГУН / Хар — фоидаи табобатии он
xar_osel_ishak

Хар — фоидаи табобатии он

Хар — ин ҳайвони маълум аст. Мизоҷаш дар аввали дараҷаи дувум гарм ва дар аввали дараҷаи севум хушк аст. Хислатҳои шифобахши он: гӯшташ дерҳазм ва гаронҳазм аст. Ҷигарашро кабоб карда, ба дили наҳор бихӯранд, саръ (припадка) ва таби дурӯздармиёнро шифо мебахшад. Сумашро сӯхта, ос карда, аз он ҳар рӯз 15 грамм бихӯранд, иллатҳои кузоз (столбняк) ва саръро дафъ мекунад.

Саргинашро бо сирко хамир карда, ба пешонӣ бимоланд, хуни биниро қатъ мекунад. Оби саргини тарашро ҳар рӯз дар бинӣ бичаконанд ё хушкашро ос карда, ба он сирко пошида, дар бинӣ кашанд, барои саръ фоида дорад.

Пешобашро бинӯшанд, дарди гурдаро дафъ мекунад. Саргинашро фишурда, обашро гирифта бинӯшанд, зардпарвинро шифо мебахшад, сангҳои гурда ва хичакро (пешобдонро) майда карда мерезонад, бачаи занони ҳомиларо аз шикам меафтонад, ҳамроҳаки (ёраки) бачаро зуд хориҷ мегардонад.

Сумашро сӯхта, занҳои ҳомила дар вакти таваллуд кардан худро ба дудаш бидоранд, зоиданро осон мекунад. Агар сумашро бо сӯҳон тароша (реза) карда бихӯранд, заҳрро аз бадан дафъ мекунад, иллати махавро шифо мебахшад.

Ин сумашро сӯхта, ос карда гузошта банданд, пӯсти таркида ва кафидаи баданро, ки кӯҳна шуда бошад, ба ибро меоварад; агар инро бо равғани зайтун хамир карда, гузошта банданд, ханозерро (хукгарданро) шифо мебахшад; иллатҳои буғумҳо ва носурро дафъ менамояд. Ҷигарашрю сӯхта, бо равғани зайтун хамир карда, муттасил гузошта банданд, ханозерро таҳлил медиҳад; агар бо шароб хамир карда, гузошта банданд, каҷии нохун ва доғҳои сафеди рӯйи нохунро дафъ мекунад.

Равғанашро гузошта банданд, доғи аз захм ва реш боқимондаро барҳам медиҳад, ҷароҳатқои узвҳои даруни шикамро сиҳат мебахшад. Саргини хари гиёҳхӯрро дар шароб як шабонарӯз тар карда, онро соф намуда биёшоманд, каждумгазидаро даво мешавад. Агар мағзи сарашро бо равғани зайтун сиришта бимоланд, мӯй мерӯёнад ва онро дароз мекунад.

Дандони онро ба зери болишт бигузоранд, одамони бехобро хоб меоварад. Сипурзашро занҳо бихӯранд, шири онҳоро зиёда мегардонад.  Хуни онро бимоланд, бавосирро дафъ мекунад. Ширашро дар даҳан бигардонанд, дарди дандонро таскин медиҳад. Агар инро биёшоманд, сурфаи гарми кӯҳна, сил ва иллати диқро, ки баданро бағоят лоғар мегардонад, фоида дорад.

Мӯйи думи онро дар шароб андохта, баъд он шаробро бинӯшанд, арбада меоварад. Пешоби онро бар ҳар заврақ, ки бимоланд, ба он ҷо моҳиён бисёр ҷамъ мешаванд. Пӯсти пешонии онро ба гардани тифлони тарсончак биёвезанд, онҳо аз ин беморӣ наҷот меёбанд.

Ним грамм чирки гӯши онро ба тифлони гирёнчак бихӯронанд, онҳоро аз гиря манъ мекунад. Ҳакими асри якуми милод Ҷолинус гуфтааст, ки равғани онро се бор то чор маротиба бимоланд, донаи бавосирро меафтонад.

Агар каси каждумгазида назди хар рафта, ба гӯшаш бигӯяд, ки маро каждум газид, ҳар фукҳояшро ба ҳаракат меоварад, гӯё ки кавша мекарда бошад, дардаш сокин мегардад — ин аҷиб аст. Агар закари онро дар кӯзаи обнадида андохта, ба оташ гузоранд, ки қариб ба сӯхтан расад, баъд онро кӯфта, бо равғани зайтун сиришта, ба сар бимоланд, мӯй мерӯёнад ва онро дароз мекунад.

Назди admin

Инчунин хонед инро

Руеи ман - Начмиддин Садриддин

Садриддин — суруди руёи ман 2017

Суруди нави Садриддин Наҷмиддин бо номи «Рӯёи ман» , ки соли 2016 сабт шудааст хеле …