АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / Харбуза ва фоидаи у

Харбуза ва фоидаи у

Ин самари маълум аст ва навъҳои бешумор дорад. Харбуза ҳарчанд ширинтар ва гуворотар бошад, хубтар аст ва ҳарчанд шахшӯлтар ва бемазатар бошад, барои табобат бад аст.

Мизоҷи харбузаи миёнаҳол дар гармӣ ва сардӣ мӯътадил аст, вале тариаш дар дараҷаи дувум мебошад. Ширини он дар охири дараҷаи дувум гарм. Вале мизоҷи ҳандалак дар гармиву тарӣ мӯътадил аст.

Харбуза

Хислатҳои шифобахши он: хӯрдани харбуза дарунро пок мегардонад, зуд таъсиркунанда аст, майнаро аз рутубат таъмин мекунад, баданро фарбеҳ мегардонад, гиреҳҳои узвҳоро мекушояд; барои иллатҳои истисқо (водянка) ва зардпарвин фоида дорад, хусусан дар гармаки он ин хислат зиёдтар аст; инчунин шири занҳо, пешоб ва арақро равон мекунад, сангҳои гурда ва хичакро майда карда мерезонад. Ҳангоми хӯрдани ин дар бадан кадом хилт, ки бисёр бошад, ин ҳам ба ҳамон модда ҳамроҳ мегардад ва табдил меёбад. Ва агар дар одамоне, ки фишори хунашон баланд ва моддаи сафро дар бадани онҳо зиёд бошад, дарди чашм пайдо мекунад, инчунин дар касони гарммизоҷ низ чунин аст. Агар инро бисёр ва бардавом бихӯранд, ҳар чӣ аз ахлоти мавҷуда дар меъда бар он бирасад, шуста мебарад, ҳоли бади гурдаро ислоҳ мекунад, захмҳои ботиниро шифо мебахшад, шикамро мулоим менамояд ва баъзан дарди сар ҳам медиҳад.

Агар одамоне, ки ба хӯрдани ин одат накарда бошанд, аз болои таом дарҳол харбуза хӯранд, зуд дарунро меронад; агар инро ба дили наҳор бихӯранд, ба табҳои гарм гирифтор мекунад. Агар бо ғизоҳои вазнин, масалан, бо панир бихӯранд, дар узвҳои бадан гиреҳҳо пайдо мекунад. Беҳтарин вақти тановули он мобайни ду таом аст, ки таоми аввал хӯрдашуда ҳазм ёфта, аз меъда фуромада бошад. Ва агар ин зарар кунад, сирко бинӯшанд, зиёнашро барҳам медиҳад.

Тухмашро кӯфта гузошта банданд, варам ва дарди чашмро сокин мегардонад, инчунин варамҳои сахтро таҳлил медиҳад. Агар инро бо танакор даромехта гузошта банданд, доғи кунҷидак ва доғҳои дигари пӯстро дафъ мекунад. Пӯсташро кӯфта гузошта банданд, барои дафъи назлаҳо ва варами мағзи сар ва пардаҳои он, хусусан дар кӯдакон бошад, шифо мебахшад.

  7 грамм пӯсти хушки харбузаро кӯфта бихӯранд, сангҳои гурда ва хичакро майда карда мерезонад. Агар пӯсти харбузаро дар дег биандозанд, боиси зуд пухтани гӯшт мегардад.

  Решаашро аз 4,5 то 9 грамм кӯфта бихӯравд, сахт қай меоварад. Агар кӯфтаи онро бо асал хамир карда гузошта бавданд, решҳоеро, ки рутубаташон ба асал мемонад, шифо мебахшад.

  Мизоҷи тухми харбуза дар дараҷаи якум гарм ва дар дувум тар аст.   Агар инро бихӯранд, гиреҳҳои ҷигарро мекушояд, пешобро меронад, гурда, хичак ва рӯдаҳоро аз моддаҳои бегона пок мегардонад, дарунро мулоим мекунад, бодро бармеангезад, моддаҳои беҳаракатмондаро ба ҷунбиш меоварад, сурфаи гармро даво мешавад, дарди узвҳои даруни синаро таскин медиҳад, дағалии ҳалқ ва забонро ислоҳ мекунад, табҳои гарм ва мураккабро басанда месозад, ташнагиро мешиканад, сӯзиши пешобро (сӯзокро) сиҳат мебахшад; шахшӯлӣ ва захми сӯрохи закарро, ки аз харошвдани сангмавдаҳои фуроянда ба ҳам расанда бошад, сиҳат мебахшад. Барои расонидани қуввати давоҳо ба ҷигар ва ба роҳҳои пешоб бағоят таъсирбахш аст.

  Тухми харбузаро бо пӯсташ кӯфта гузошта банданд, пӯсти баданро аз ҳар гуна доғҳо бағоят пок мекунад, доғи кунҷидакро бетаъхир дафъ мекунад.    Мегӯянд, ки хӯрдани тухми харбуза ба сипурз зарар дорад. Ин зарарро ошомидани асал ва бунафша ба ислоҳ меоварад.

  Микдори як бор хӯрдан аз тухми харбуза дар як рӯз аз 7 то 17,5 грамм асг.   Пӯст ва тухми харбузаро якҷо кӯфта гузошта банданд, варами чашмеро, ки аз сармозадагӣ ва аз таъсири барф содир шуда бошад, сиҳат мекунад. Инчунин пешоб дар сӯрохи закар ях карда бошад, хусусан тухми онро ношуста бо рипггаҳои тухмаш дар косаи пӯсташ гузошта хушк карда бошанд, кӯфта гузошта банданд, хуб аст.

Назди admin

Инчунин хонед инро

балут

Дорчинӣ ва фоидаи ин чиз

Дорчинӣ —   Ин пӯсти шохҳои дарахтесг, ки маконаш асосан ҷазираи Сарандеб (Цейлон) мебошад ва дар …