АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / Харбузаи сагак

Харбузаи сагак

Харбузаи сагак — инро сабчаи сагак ҳам мегӯянд. Ба забони ӯзбекӣ итқовун ва ба русӣ кукумис сорнополевой меноманд. Гиёҳаш дар заминҳои ғайри корам мерӯяд. Баргаш монанди барги харбуза ва бодиринг, шахшӯл, дар биёра, самараш хурдгар аз тухми мурғ, монанди харбуза дарозак, дар хомиаш сабз ва бирасад, зард мегардад Таъмаш талх аст. Беҳтарин қисми растаниаш самари расидаи зарди он аст.

xarbuzai-sagak

  Самари инро чун пиёз варақ-варақ бурида, ба ришта кашида, дар соя хушк мекунанду барои истифода дар фаслҳои дигари сол гирифта мемонанд.

  Мизоҷаш дар дараҷаи дувум гарм ва хушк аст.

  Хислатҳои шифобахши он: агар инро бихӯранд, моддаҳои ғафсро дар бадан рақиқ (суюқ) мегардонад, майнаро аз моддаҳои зарарнок ва нодаркор пок менамояд, моддаҳои сафро, балғами хом ва инчунин зардобро бо исҳол дафъ мекунад; барои фолиҷ (шал шудани нимаи бадан ба дарозӣ), каҷ шудани рӯй, саръ (припадка), байза (дарди бефосила ва шиддатноки тамоми сар), дарди буғумҳо, ниқрис (подагра), ирқуннасо (радикулит), сурфаи сард, дамкӯтаҳӣ, зиқ-ун- нафас (астма), бодҳои ғализ, истисқо (водянка), зардпарвини сиёҳ ва бавосир даво мешавад; сангҳои гурда ва хичакро майда карда мерезонад, пешоб ва ҳайзро равон мекунад.

  Самар, барг ва решаи онро агар бихӯранд, хусусиятҳои поккунандагӣ, тахдилдиҳандагӣ ва хушккунандагӣ дорад. Хислати хушккунандагӣ дар пӯсги он назар ба баргаш зиёдтар аст, вале тезӣ дар усораи барг ва решаи он бештар мебошад.

  Усораи он, яъне оби онро дар офтоб ғафс гардонида, бо шири ҷавонзанон даромехта, дар бинӣ бирезанд, дарди нимсари шадидро шифо мебахшад ва байза ва инчунин ҳамаи дардҳои аз сардӣ баамаломадаи кӯҳнаро ба ибро меоварад. Лекин пеш аз он ки инро дар бинӣ бирезанд, ба воситаи давоҳои махсус баданро аз моддаҳои бегона пок намудан даркор аст; инчунин барои каҷ шудани рӯй, карахтӣ, кузоз (столбняк) ва саръ даво мешавад.

  Инро бо шир даромехта, ба даруни сӯрохҳои бинӣ бимоланд, моддаҳои зарарноки бисёрро аз сар мекашад ва байза ном дарди тамоми сарро, ки шадид ва беист мебошад, инчунин дарди сари кӯҳнаро шифо мебахшад.

  Усораи баргаш аз худаш заифтар аст барои давоӣ. Решамайдаҳои он дар хислати хушккунандагӣ аз қисмҳои дигараш қавитар мебошад.

  Решаҳои борики онро кӯфта, бар баногӯш гузошта банданд, варами онро тахдил медиҳад. Инро пухта, бо орди ҷав хамир карда, гузошта банданд, низ варами баногӯшро мегардонад.

  Обашро нимгарм дар гӯш чаконанд, дарди онро таскин медиҳад.

  Онро дар об ҷӯшонида, он обро дар даҳан гардонанд, дарди дандонро, ки аз хунукӣ бошад, таскин медиҳад.

  Усораи онро бо равғани зайтун даромехта, дар офтоб гарм карда, чанд қатра дар гӯш чаконанд, дарди онро таскин медиҳад, инчунин гаронии гӯш, ҷаранг ва садоҳои гуногуни даруни гӯшро, ки аз бисёрии бод ва моддаҳои ғализ ҳодис гашта бошанд, дафъ мекунад. Обашро батанҳоӣ гарм карда, дар гӯш чаконанд, кирми онро мекушад.

  Оби самари онро бо асал даромехта ва бо равғани зайтун сиришта ё бо заҳраи гов омехта бимоланд, варами ҳалқум ва дарди гулӯро шифо мебахшад.

  Усораи онро бо равғани зайтун ва асал даромехта, ба ком бимоланд, дарди гулӯро, ки сабабаш ҷамъ шудани балғам дар ин мавзеъ бошад, сиҳат мебахшад ва варами ҳалқумро таҳлил медиҳад.

  Усораи инро биёшоманд, барои вайрон шудани низоми нафас даво мебошад.

  Оби решаашро ба миқдори як грамм бинӯшанд, суулқиня (сустии ҷигар), истисқо (водянка) ва зарднарвини сиёҳро бо як аҷобате шифо мебахшад бе ҳеҷ гуна заҳмат.

  Ду грамм решаи онро ё муддати се рӯз 3 грамми худашро бо шаҳдоб (асалоб) биёшоманд, хилтҳои балғам ва сафроро ба қай дафъ менамояд, инчунин балғами хом, сафро ва зардобро ба осонӣ ва беазият бо исҳол рафъ месозад.

  Ҳар рӯз пӯсти самари онро 6 грамм бо шаҳдоб биёшоманд, исҳоли некӯ меоварад. Чун қадареро аз он дар об ҳал карда, пари мурғро ба он олонда, ба бехи забон ва атрофи он бимоланд, қай меоварад. Ва агар зудтар бихоҳанд, инро дар равғани зайтун ё равғани савсан ҳал карда, ҳамон тавр бимоланд. Чун қайи бисёр оварад ва аз қай кардан безор шаванд, шаробро бо равғани зайтун даромехта бинӯшанд. Агар бо ин ҳам қай бознаистад, орди нимбирёнро бо оби сард ё сиркоро бо об бинӯшанд, ё дар оби хунук даромада нишинанд ва оби хунук бар сар бирезанд; инчунин чизҳои дигари манъкунандаи қай бихӯранд.

  Чун решаи онро 150 грамм гирифта, дар 900 грамм шароб як ҳафта андохта, ҳар рӯз 90 грамми онро то се рӯз ба дили наҳор биёшоманд, барои иллати истисқо даво мебошад.

  Усораи онро бо шири ҷавонзанон даромехта, дар бинӣ бирезанд, зардпарвинро даво мешавад.

  Решаашро пухта, кӯфта, бо майи пухтагӣ хамир сохта, гузошта банданд, истисқои гӯштиро шифо мебахшад.

  Усораи решаи онро батанҳоӣ биёшоманд, пешоб ва ҳайзро равон мекунад. Агар инро занҳои ҳомила аз таг бардоранд, бачаро дар шиками онҳо мекушад.

  Чун оби решаи онро нимгарм карда, ба зери ноф бимоланд, кирмҳои шикамро кушта берун меоварад; чун бар меъда бимоланд, қай меоварад; чун ба хояҳо бимоланд, дардашро таскин медиҳад ва оби дар онҳо фуромадаро ба таҳлил мебарад.

  Решаашро пухта, бо орди ҷав хамир карда гузошта банданд, варами балғамии кӯҳнаро таҳлил медиҳад ва пучакҳоро мекафонад. Ва агар усораи инро гузошта банданд, дар бобатҳои мазкур қавитар аст.

  Усораи онро бихӯранд, дарди пайвандҳои бадан, ҳамаи дардҳои савдовӣ ва балғами дасту поҳо ва ҳамаи аъзоро ва инчунин карахтиро шифо мебахшад.

  Агар онро, яъне решаашро дар об ҷӯшонида, бо он об нимгарм ҳуқна (клизма) кунанд, ирқуннасоро шифо мебахшад. Онро пухта, бо сирко ё бо майи пухтагӣ сиришта, гузошта банданд, дарди пушт ва ниқрисро шифо мебахшад.

  Гулашро кӯфта гузошта банданд, дарди пайвандҳои бадан, яъне дарди буғумҳоро таскин медиҳад ва агар пухтаи онро гузошта банданд, низ чунин таъсирро дорад.

  Хушкашро кӯфта бипошанд, қӯтури решгашта ва шукуфаи пӯстро ба ибро меоварад. Агар инро бо асал ва сирко ва ё бо шароб сиришта, гузошта банданд, низ барои кӯтури решгашта, озахҳо, шукуфаи пӯст, доғи сафеди пӯст, доги сиёҳи рӯй ва барои доғҳои дигари бадан даво мебошад.

  Барг ва решаашрю дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд, барюи иллати махав фоида дорад.

  Чун оби ин сабчаи сагакро дар равгани кунҷид ё дар равғани зағир то обаш батамом бухор гаштан бо оташи мулоим биҷӯшонанд, баъд он равғанро бар бавосир бимоланд, онро дафъ мекунад.

  Чун самари нопухтаи онро реза-реза карда ва ё оби онро гирифта, бо дучанди он равғани зайтун дар зарфе андохта, даҳанашро маҳкам карда, чил рӯз дар офтоб гузоранд ё ба рӯйи ахтари оташ бигузоранд, то ки рутубаташ хушк гардад, баъд он равғанро бар бадан бимоланд, сардии баданро дафъ мекунад, моддаҳои зарарнокрю берун мекашад; доғҳои кунҷидак ва донаҳои наскмонандеро, ки ба рухсора бармеоянд, дарди буғумҳои кӯҳна ва монанди инҳоро ба ибро меоварад. Агар ин равғанро бардавом биёшоманд, низ ҳамин манфиатро дорад.

  Миқдори як бор хӯрдан аз усораи он дар як рӯз аз 0,2 то 1,1 грамм аст, аз решааш 2,25 грамм ва аз обе, ки дар он ҳар як қисми сабчаи сагак чӯшонида шуда бошад, то 50 грамм аст; аз тухм ва гули он то 3,5 грамм бо орди ҷав ва катиро. Дар ҳуқнаҳо зиёда аз 3,5 грамм ба кор набаранд, зеро ки ба одамони гарммизоҷ ва баданҳои заиф зарар дорад: қай меоварад, рӯдаҳоро мехарошад.  Давои ҳамаи ин зарарҳояш: дар қайи барзиёд луоби тухми биҳӣ, луоби тухми зағир ва луоби гулихайриро бо равғани сардмизоҷ хӯрдан аст. Чун усораашро истеъмол кардан бихоҳанд, набояд батанҳоӣ биёшоманд, зеро ин рӯдаҳоро мехарошад. Бинобар ин бо сабир (алоэ), савринҷони сафед, заъфарон, дорчинб, арпабодиён, тухми карафси кӯҳӣ ва бӯстонӣ, шилмҳои гуногун ва равғанҳо ҳамроҳ карда истеъмол фармоянд. Микдораш он аст, ки 0,5 грамм усораи онро соида, бо ҳамвазни он шилми бодомҳо ва ё бо ним вазни он нишоиста сиришта бихӯранд.

Назди admin

Инчунин хонед инро

точи хурусак

Бустонафрӯз

Инро тоҷикон гули тоҷи хурӯс низ мегӯянд. Ин гули маълум аст бо намудҳон гуногун.   Мизочи …