МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / ХОРИ ХАСАК дар Канзи Шифо (Китоб)
Хасакхор -хори хасак

ХОРИ ХАСАК дар Канзи Шифо (Китоб)

Хасакхор (Хори хасак) — ин гиёҳест сохти баргаш монанди барги тарбуз қайчибарги кунгурадор, вале хеле аз он майда, инчунин, соқаш ҳаммонанди биёраи тарбуз бар замин паҳн шуда месабзад, ки дар ҷоҳои намнок мерӯяд. Самараш сегӯшаи хорнок ба бузургии ду нахӯде. Дар наздики банди баргҳои биёрааш самар мебандад. Гулаш зарди бисёрреза. Ин гиёҳро дар баъзе маҳалҳо тоҷикон хори почадарроз низ меноманд. Ба забони руси онро «Якорцы стелющиеся» меноманд.

Мизоҷаш мӯътадил аст дар гармиву сардӣ ва хушкӣ. Хислатҳои шифобахши он: истеъмоли ин ба дарун узвҳои даруни шикамро аз моддаҳои нодаркор ва зарарнок пок мекунад, пешобро меронад, дарди хичакро таскин медиҳад, маниро меафзоёнад, санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад, моддаҳои бозмондаи дарунро мепазонад ва пароканда месозад; қулинҷро (колитро), ки аз гармӣ бошад, дафъ мекунад, дарунро мулоим мегардонад, ннчунин, намегузорад, ки моддаҳои зарарнок ба узве рехта шаванд; агар инро бо шароб бихӯранд, зарари давоҳои заҳрнокро нест мегардонад.

Оби барг, реша ва самари онро дар офтоб қивом карда бихӯранд, захми роҳҳои пешобро, ки сӯзок меноманд, ба ибро меоварад; боҳ (пушти камар)-ро қавӣ месозад, сангҳои гурда ва хичакро майда карда мерезонад, душвор шошиданро ислоҳ мекунад, қулинҷро шифо мебахшад. Оби ҳар як қисми ин растаниро бо асал даромехта, ин таркибро дар даҳан гардонанд, пухтани даруни даҳан, яъне ҷӯшишҳои даруни даҳан ва бӯйи бади онро дафъ мекунад, барои дарди милки дандон дору мешавад, варамҳои мушакҳои ҳалқумро мегардонад ва таҳдил медиҳад.

Ин гиёҳро дар об чӯшонида, он обро дар офтоб ғафс гардонида, баъд гузошта банданд, варамҳои гармро рад мекунад ва намегузорад, ки варам аз нав пайдо шавад, инчунин моддаҳои зарарнокро аз рехтан ба узвҳо, манъ мекунад. 9 грамм оби дар офтоб ғафсгардонидаи хори хасаки саҳроиро бихӯранд, заҳри мори афъиро аз бадан дафъ мекунад.

Гиёҳи инро дар об ҷӯшонида, он обро ба ҷойи лозима бипошанд, ҳамаи кайкҳоро бартараф мегардонад. Нахӯдро дар оби ин гиёҳ се шабонарӯз тар карда бихӯранд, бағоят боҳро афзун мегардонад. Миқдори як бор хӯрдан аз ин гиёҳ дар як рӯз то 17,5 грамм аст. Вале истеъмоли ин ба дарун ба сар зарар мекунад. Дар ин маврид бодоми ширин ва равғани кунҷид бихӯранд, ислоҳи зарар менамояд.

Хосиятҳои тухмаш дар ҳама ҷиҳат монанди оби дар офтоб қивом кардаи он аст. Аз ин растанӣ равған ҳам тайёр мекунанд. Як миқдор оби онро дар зарфе андохта, аз болояш ду баробари он равғани кунҷид мерезанду бо оташи мулоим меҷӯшонанд. Ҷӯшишаш басанда гардад, ин аломати тамоман бухор шуда рафтани оби он аст, яъне равған тайёр шудааст. Вале эҳтиёт кунанд, ки равған доғ нагардад.

Агар ин равғанро бихӯранд ё бимоланд ва бо он нимгарм ҳуқна (клизма) кунанд, боҳро қавӣ мегардонад, дарди буғумҳоро таскин медиҳад, ранги рухсорро неку месозад, дарди гурда ва миёнро шифо мебахшад, ба душворӣ шошиданро ислоҳ мекунад; ва агар инро дар сӯрохи закар бичаконанд, инчунин ба зери ноф ва аз рӯ ба гурдаи санг доштагӣ бимоланд, санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад. Миқдори як бор дар як рӯз хӯрдан аз ин равған 32 грамм аст, ба ҳамин шарт бо майи пухтагӣ ва асал ё бо қанди сафед мехӯранд. Агар тухми онро то се мартаба дар шири навдӯшида биҷӯшонанд, баъд аз ҳар бор ҷӯшонидан хушк карда, баъд кӯфта бихӯранд, барои қавӣ кардани боҳ (пушти камар) давои бемисл аст.

Назди admin

Инчунин хонед инро

Мухаллас

Мухаллас дар Канзи Шифо (Китоб)

Мухаллас (лотинӣ: Dianthus tetralepis), (русӣ: гвоздика четырёхгранная ) —  Ин гиёҳ аз як реша то 15-20 соқ бармеоварад, гиреҳдор, …