МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / ХОРПУШТ Ё ХОРПУШТАК ЧИ МАНФИАТ ДОРАД?
Хорпушт

ХОРПУШТ Ё ХОРПУШТАК ЧИ МАНФИАТ ДОРАД?

Хорпушт (хорпуштак) ҷонварест руйи шикамаш мӯй дорад, вале пушташ хорнок аст. Чун хорпушт ба хавф ё ба хашм ояд, сари худро ба даруни хорҳои пушташ, ки бо он печида мешавад, ҷо мекунад. Мизоҷаш гарм ва хушк аст дар аввали дараҷаи дувум.

Хислатҳои шифобахши хорпуштак: гӯшти хорпуштро бихӯранд, рутубатҳои нодаркор ва зиёдатии баданро, инчунин захмҳоро хушк мекунад, моддаҳои ғализро башиддат таҳлил медиҳад ва рехта шудани моддаҳои номатлубро ба узвҳои даруни шикам ва сина манъ мекунад. Ҷигари хушки он ва хокистари сӯхтаи он поккунанда, таҳлилдиҳанда ва хушккунанда мебошад.

Гӯшти намакхӯрдаи онро бо сиканҷабин (сиркоасал) бихӯранд, дарди сарро таскин медиҳад; бо обе, ки дар он юнучқаи зардак ҷӯшонида шуда бошад, бихӯранд, фолиҷ, ҷингак шудани аъзо, бемориҳои асаб, филпо ва агар таб намегирифта бошад, истисқо (водянка) ва дарди гурдаро низ шифо мебахшад; ва агар гӯшти бенамаки онро бихӯранд, вайрон шудани мизоҷ, сил, ҳангоми хоб ба ҷогаҳ шошидани кӯдакон ва ғайри кӯдаконро дафъ мекунад, ҳатго агар дар хӯрдани он мудовамат намоянд, ҳоли шошиданро душвор мегардонад; аммо боҳи тармизоҷ ва сардмизоҷонро қувват мебахшад.

Ҷигарашро дар офтоб хушк карда бихӯранд, истисқоро шифо мебахшад. Пӯсташро сӯхта, бо шароб биёшоманд, фолиҷро ба ибро меоварад ва агар бо сиканҷабин бихӯранд, ҳар гуна варамҳои гӯшти баданро мегардонад.

Гӯшташти хорпуштро пухта бихӯранд, барои ханозер (ҳукгардан) ва махав дору мебошад; агар онро гузошта банданд, ғуддаҳо ва гиреҳҳои сахти дар узвҳо пайдошударо мегудозад — таҳлил медиҳад. Пӯсташро сӯхта гузошта банданд, решҳои римнокро ба ибро меоварад ва агар он решҳо гӯшти ҳаром дошта бошанд, онро мехӯрад; захмҳоро хушк мекунад, зеро ки ин поккунанда ва хушксозанда мебошад.

Гӯшти хушккардаи хорпуштакро соида як муддат бихӯранд, иллати махавро шифо мёбахшад. Хокистари онро бимоланд, доғи кунҷидаки тунукро дафъ мекунад; инро бо заф (қатрон) даромехта бимоланд, ба ҷоҳои гирдак- гирдак мӯйрехтаи сар ва риш мӯй мерӯёнад ва кӯтурро шифо мебахшад. Агар бо хокистари он бишӯянд, решҳои сарро нест мекунад.

Хӯрдани гӯшти хорпуштак табҳои кӯҳна ва заҳри ҷонваронро аз бадан дафъ мекунад. 1,75 грамм аз пӯсти сӯхтаи он бихӯранд, таби дурӯздармиёнро нест месозад.  Вале агар хорпушт ва маҳсулоти онро аз ҳад бисёр бихӯранд, мизоҷи меъда ва ҷигарро вайрон мекунад ва ранги рухсорро паст мегардонад. Давои ин зарарҳояш гӯшти онро дар об муҳарро пухта хӯрдан ва бо равған пухта, бо равғани бодоми ширин ва сиркою коснӣ хӯрдан аст.

Мизоҷи заҳраи хорпуштгарм ва хушк аст, хислати пок ва хушккунанда дорад. Агар инро ба чашм кашанд, гули чашмро дафъ мекунад. Агар инро бимоланд, паҳн гаштани захм ва решҳоро дар бадан манъ месозад, барои махав ҳам фоида дорад. Заҳраи онро бо муми занбӯри асал даромехта, зани ҳомила бихӯрад ё аз таг бардорад, бачаашро аз шикам меафтонад.

Назди admin

Инчунин хонед инро

Бемории простата

Табобати Аденома простата, дору барои бемории мардон!

Аденомаи простата ё худ онро гиперплазияи ғадуди простатаи безарар мебошад, ки яке аз маъмултарин бемориҳои …