МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / ХУК ВА БАРДАВОМИИ САЛОМАТИ

ХУК ВА БАРДАВОМИИ САЛОМАТИ

ХУК — ин ҳайвон ҳам аҳлӣ ва ҳам ваҳшӣ низ мебошад. Гӯшташ ширин, монанди гӯшти инсон аст. Пеш аз пайдоиши мазҳаби ислом тоҷикон гӯшти онро мехӯрданд ва дар бозорҳо фурӯхта мешуд. Баъд дини ислом онро ҳаром ҳукм кард ва хӯрдан, инчунин фурӯхту харидаш манъ гардид. Мизоҷи хук дар аввали дараҷаи дувум гарм ва дар дараҷаи севум тар аст.

Хислатҳои шифобахши он: агар инро бихӯранд, гиреҳҳои узвҳоро мекушояд, баданро фарбеҳ месозад, барои мизоҷи инсон мувофиқтарин гӯшт аст, ҳамаи он баъд аз ҳазм ёфтан ҷузъи бадан мегардад, ба қавле дар бадан хилти (моддаи) ғафс пайдо мекунад, ҳирси шадидро ба амал ва дарди давомнок меоварад, ба иллати филпо, ки пойҳои одамӣ монанди пойҳои фил ғафс мегарданд, гирифтор менамояд; бинобар тарии мизоҷаш дар буғумҳо дард пайдо мекунад; ақлро паст месозад, мурувватро нест мекунад, яъне камҳиммат мегардонад; ғайратро суст менамояд. Ҳамаи ин хислатҳои бадашро шароб нӯшидан, шакар ва қанд ошомидан ба ислоҳ меоварад.

ХУК - СУРАТ ВА РАСМАШ
ХУК — СУРАТ ВА РАСМАШ

Ҳангоми истеъмоли гӯшти хук бояд синну соли кас, меъёр ва миқдори хӯрданаш, инчунин мизоҷи хӯранда риоя карда шавад. Яъне ба кӯдакон ва ҷавонон, азбаски мизоҷи онон тари баланд аст, зарар дорад, зеро мизоҷи кӯдакон ва ҷавонон аксар ба тарӣ моил мебошад, тармизоҷон бояд инро нахӯранд ва дигарҳо низ миқдори бисёр истеъмол нафармоянд ва ғайра.

Буҷулаки пойи онро орд барин кӯфта, 9 грамми онро бо шароб бихӯранд, барои газидани ҷонварони заҳрнок дору мебошад. Агар ин ордакро бо асал хамир сохта, гузошта банданд, доғи песро дафъ мекунад — ин озмуда шудааст; 4,5 грамми онро ба дараҷаи сафед шудан сӯхта бихӯранд, дард ва бодҳои рӯдаҳоро, ки кӯҳна шуда бошанд, дафъ мекунад.

Пешоби хуки ваҳширо бинӯшанд, санги хичакро (пешобдонро) майда карда мерезонад. Пешобашро бимоланд, доғи кунҷидакро аз пӯст пок мекунад; бо сирко даромехта бимоланд ё дар даҳан бигардонанд, дарди дандонро таскин медиҳад. Агар инро бо ҳазориспанд ҷӯшонида, бо он узви карахтро бишӯянд, ба ҳис меоварад, яъне шифо мебахшад.

Чун зираро як шабонарӯз дар пешоби хукбача тар карда, баъд онро бароварда хушк намуда, маҳин кӯфта, ҳар рӯз мувофиқи бардошти мизоҷ аз ин тановул намоянд, ба иллати истисқо (водянка) фоида дорад. Инро бо пешоби одами даромехта, бемори таби дурӯздармиёндоштаро поҳо бишӯянд, шифо мебахшад.

Саргини хушки онро бо об ё бо шароб бихӯранд, хун қай карданро, ки он хун аз даруни сина меомада бошад, дафъ мекунад, дарди паҳлӯро шифо мебахшад.

Саргини онро бо сирко хамир сохта, гузошта банданд, сустии мушакҳоро ба ибро меоварад; бо муми занбӯри асал ва равған якҷо омехта гузошта банданд, асабҳои печидаро рост мегардонад.

Заҳраи онро чаконанд, реш ва захмҳои даруни гӯшро сиҳат мекунад; агар инро ба бавосир бимоланд, онро дафъ месозад; бо асал ва мурчи кӯфта хамир сохта, бимоланд, мӯйи сари калро мерӯёнад. Бо равғанаш ҳукна (клизма) кунанд, иллатҳои рӯдаҳоро дафъ мекунад. Чарбиашро ба зери ноф гузошта банданд, дардҳои бачадон ва мақъадро таскин медиҳад, сӯхтагии оташ ва сармозадагиро шифо медиҳад.

Равғани кӯҳнашудаи онро бихӯранд, дарунро мулоим ва гарм мегардонад. Равғани онро бо шароб шуста, ба оҳак ё хокистар даромехта гузошта банданд, варамҳои гарм ва варамҳои пардаҳои даруни синаро таҳлил медиҳад.  Ҳакими машҳури асри якуми милод Ҷолинус гуфтааст, ки мӯмиёро дар равғани бенамаки он ҳал карда, дар гӯш чаконанд, карии гӯшро, ҳатто агарчи модарзод бошад, шифо мебахшад.

Равғани онро ба узвҳои ҷингакшуда бимоланд, онҳоро ба ибро меоварад; агар муттасил бимоланд, барои пучак ва ханозер (хукгардан) дору мешавад. Хуни хук дар ҳама бобат монанди хуни инсон аст. Агар инро бимоланд, пистони бузурги занҳоро кӯчак мегардонад, шир дар пистон шах шуда бошад, таҳлил медиҳад ва инчунин варамҳоро мегардонад.

Устухони сӯхтаи онро ос карда, бар бавосир бимоланд, онро сиҳат мебахшад. Сумашро сӯхта, ос карда, бихӯранд, беихтиёр равон шудани пешобро ба ислоҳ меоварад. Мӯяшро бо муми нефт якҷо сӯхта, бо равғани гули сурх даромехта бимоланд, захмҳои бедаворо шифо мебахшад.  Гуфт ки аз пӯсти хук пашшаҳо мегурезанд.

Назди admin

Инчунин хонед инро

Бемории простата

Табобати Аденома простата, дору барои бемории мардон!

Аденомаи простата ё худ онро гиперплазияи ғадуди простатаи безарар мебошад, ки яке аз маъмултарин бемориҳои …