МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / ХУН — ЧИСТ ВА ЧИ ФОИДА МЕОРАД
Хун

ХУН — ЧИСТ ВА ЧИ ФОИДА МЕОРАД

Мизоҷи хуни ҳамаи ҳайвонот гарм ва тар аст. Хислатҳои шифобахши он: хуни ҳар як ҷонварро ба чашм кашанд, гули чашмро дафъ мекунад ва агар бимоланд, варамҳоро таҳлил медиҳад. Агар онро бирён намуда бихӯранд, исҳолро мебандад, заҳрҳоро аз бадан дафъ мекунад. Хуни боли кабӯтарро, ки нав пар бароварда бошад, ба чашм кашанд, шабкӯриро сиҳат мекунад.

Агар хун дар шикам ё дар даруни сина, ё дар рӯдаҳо, ё дар хичак шах шавад, кайфияти заҳр пайдо мекунад ва аз он рӯйдодҳои нохуш ба амал меоянд: борикии набз, сустии бадан ва беҳолӣ, пайдарпай беҳушшавӣ, хунукии дасту поҳо, гулӯгиршавӣ. Муолиҷаи ин монанди муолиҷаи шах шудани шир аст дар меъда, ки бо ошомидани панирмоя ислоҳ мегардад, хусусан 9 грамм панирмояро бо 25 грамм сиркои тунд ё ошомидани оби пудина бо сиканҷабини турш; нӯшидани обе, ки дар он тухми карафс ҷӯшонида шуда бошад, бо шахдоб (асалоб) аст.

Назди admin

Инчунин хонед инро

Бемории простата

Табобати Аденома простата, дору барои бемории мардон!

Аденомаи простата ё худ онро гиперплазияи ғадуди простатаи безарар мебошад, ки яке аз маъмултарин бемориҳои …