МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
АСОСӢ / Маориф / Ёрии аввалин ҳангоми зарар дидани скелет

Ёрии аввалин ҳангоми зарар дидани скелет

Ёрии аввалин дар вақти ёзидани пойҳо ва баромадани буғумҳо. Дар натиҷаи ҳаракатҳои ноҷо ё зарбхўрӣ мумкин аст пайҳои пайвасткунандаи устухонҳои буғум зарар бинанд. Дар натиҷа атрофи буғум варам карда дардманд мешавад. Чунин ҷойи зарарёфтаи баданро ёзиш меноманд.

Ҳангоми расонидани ёрии аввалин ба ҷойи зарбхўрда халтачаи ях ё латтаи ба оби хунук тар кардаро гузоштан лозим аст. Хунуккунии ҷойи зарардида дардро сабук карда, варамкуниро нигоҳ медорад ва хунравии дохилиро кам мекунад. Ҳангоми ёзиши пойҳо ҷойи латхўрдаро сахт докапеч кардан лозим аст.

skelet

Дасту пойи зарардидаро ёзондан, кашидан ё гарм кардан мумкин нест. Баъди ёрии аввалин ба духтур муроҷиат кардан лозим аст. Ҳаракатҳои ноҷо боиси беҷошавии устухонҳо ва баромадани онҳо мегарданд. Дар ин ҳолат сараки устухон аз холигии дигар баромада, боиси ёзидан ва баъзан канда шудани бандакҳо мегардад, дар натиҷа дарди сахт пайдо мешавад. Ёрии аввалин ҳангоми баромадани устухонҳо аз он иборат аст, ки буғуми зарардидаро дар ҳолати оромии том нигоҳ доштан лозим аст. Дасти баромадаро бо рўймолча ё дока ба гардан кашол кардан даркор аст.

Пойро бошад, аз воситаҳои мавҷуда (тахтача, картони сахт) истифода бурда, тахтабандӣ кардан зарур аст. Барои сабук кардани дард ба буғуми зарардида халтачаи ях ё оби хунук монда, баъд осебдидаро ба духтур бурдан лозим аст.

Ёрии аввалин ҳангоми шикастани устухонҳо. Устухонҳо сарфи назар аз боқувватиашон баъзан ҳангоми захмдоршавӣ, сахт лат хўрдан, афтидан мешикананд. Бисёртар устухонҳои дасту пойҳо мешикананд. Агар ба шикастани устухон гумон пайдо шавад, танҳо пурра беҳаракат бастани ҷойи зарардида дардро сабук мекунад ва беҷошавии устухонпардаҳои шикастаро пешгирӣ менамояд, зеро онҳо метавонанд бо канорҳои тезашон атрофро захмин созанд.

Даст ё пойи шикастаро бо тахтабанди беҳаракат нигоҳ доштан мумкин аст. Тахтаҳои махсуси шикастабандӣ дар табобатхонаҳо мавҷуданд. Дар ҷойи воқеа онҳоро метавонанд аз тахтача, навдаи дарахтон ва картон тайёр кунанд.

Тахтачаро натанҳо дар ҷойи шикастагӣ, балки дар қисми сиҳати пой ҳам ҷойгир мекунанд.  Чӣ тавре ки дар расм нишон дода шудааст, ҳангоми шикастани банди даст тахтача бояд ҳам қисми бозу ва ҳам панҷаро дар бар гирад. Дар ин ҳолат устухонпораҳои шикаста беҷо намешаванд.

Тахтачаро ба дасту пой бо докаи сербар, сачоқ ва ғайра маҳкам мебанданд. Агар тахтача набошад, дасти шикастаро ба тан ва пойи шикастаро бо пойи сиҳат докапеч кардан мумкин аст. Таҷрибаҳо нишон дод, ки на ҳар устухони шикастаро тахтабанд кардан мумкин аст. Ба ин пеш аз ҳама устухони қафаси сина, қабурғаҳо, сутунмўҳра, косахонаи сар ва ғайра дохил мешаванд.

Масалан, ҳангоми шикастани қабурға одам бояд бисёртар чуқур нафас бароварда, рўякӣ нафас гирад. Дар вақти шикастани сутунмўҳра зарардидаро ҳатман ба ҷои ҳамвору сахт ба шикам хобонида, ёрии таъҷилиро хабар додан даркор аст.

Дар сурати захмдоршавии косахонаи сар беморро ба пушт хобонда, сарашро бояд оҳиста боло бардошт, то ки хунравии дохили косахонаи сар пешгирӣ карда шавад.

  1. Дар вақти латхўрӣ ва ёзидани пайҳо чӣ хел ёрии аввалин расонидан лозим аст?
  2. Дар вақти баромадани устухонҳо чӣ хел ёрӣ расонидан мумкин аст?
  3. Ҳангоми шикастани дасту пойҳо чӣ тадбирҳо бояд андешид?
  4. Дар вақти шикастани қабурғаҳо, сутунмўҳра ва косахонаи сар чӣ хел ёрии аввалин расонидан мумкин аст?

Назди admin

Инчунин хонед инро

dili-odam

Кори дил

Хосияти автоматикии дил. Дил дар ҳолати нисбатан ором дар як шабонарўз тахминан 100000 маротиба кашиш …