МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
Есамин

Ёсамин

Ёсамин (Жасмин ба забони руссӣ) —  инро есаман гуфтан ҳам дуруст мебошад, вале на «ёсуман». Ин гулест хушбӯй, рангҳои сафед, зард, кабуд дорад ва пушти гули баъзе навъаш бунафш аст. Ба ғайр аз навъи зардаш дигарҳои он бӯстонӣ; саҳроӣ ва кӯҳӣ мебошанд. Қисми сафеди он хушбӯй аст ва бисёртар вомехӯрад, вале кабуди он камёб аст. Растании ин на монанди дарахт рост ва на шохҳояш бар рӯйи замин паҳн мебошад, хусусан навъи сафеди он. Навъҳои кабуд ва зарди он дар намуди дарахт аст ва дар баъзе сарзаминҳо дарахташ калон мешавад. Танаи навъи сафеди он андак печдор, баргҳояш андак резаи дарозак ва бар ду ҷониби шохҳои он рӯйидааст, гулаш хушбӯй ва банди гулаш борики миёнхолӣ аст.

Хуллас, мизоҷи Ёсамин дар дараҷаи дувум гарм ва хушк, ҳатто то дараҷаи севум низ гуфтаанд. Хислатҳои шифобахши он: бӯйидани гули он майнаро қувват мебахшад; дарди сареро, ки аз сардӣ бошад, сокин месозад, бодҳои майнаро дафъ мекунад барои одамони калонсол ва сардмизоҷон фоида дорад.

Инро дар об ҷӯшонида, он обро кам-кам ва бардавом бирезанд, барои дарди сар ва дардҳои узвҳои дигари хунукмизоҷ даво мешавад. Ошомидани гули ин балғам, савдо ва зардобро бо исҳол дафъ мекунад, гиреҳҳои баданро мекушояд, бодҳои ғализро таҳлил медиҳад; иллатҳои фолиҷ, каҷ шудани рӯй, карахтӣ ва дардҳои буғумҳоро шифо мебахшад, фараҳ меоварад, боҳро ба ҳаракат медарорад, ҳамаи навъҳои кирми меъда ва рӯдаҳоро ихроҷ мекунад, пешоб ва ҳайзро равон месозад.

Чун андаке аз гули Ёсамин родар шароб андозанд, миқдори ками ин шароб мастии бисёр меоварад. Се рӯз пай дар пай 7 грамм оби гули инро бинӯшанд, хунравиҳои гуногунро қатъ мекунад. Баргашро дар об ҷӯшонида, он обро дар даҳан гардонанд, дарди дандонро таскин медиҳад, ҷӯшиши даруни даҳан ва милки дандонро сиҳат мебахшад.

Инро кӯфта, ба пушт ва закар гузошта банданд, олати мардиро ба ҳаракат меоварад ва онро калон мегардонад. Агар гули инро бихӯранд, бар зидди ҳамаи намудҳои заҳр тарёқ мешавад, инчунин инро кӯфта гузошта банданд, ҳамин таъсирро дорад.

Ёсаминро кӯфта гузошта банданд, доғи кунҷидакро дафъ ва рухсораро сурх мекунад. Агар дар ҳаммоми гарм бо гули ин бишӯянд, мӯйро сафед мегардонад, ҳатто кӯфта бипошанд ҳам, ҳамин тавр таъсирро дорад. Вале гули ёсамин ба одамони гарммизоҷ зарар дорад, дарди сар мекунад ва агар инро бисёр бихӯранд, ранги рӯйро зард мегардонад. Давои ин зарарҳояш бунафша, гули сурх ва сирко хӯрдан аст.

Миқдори як бор хӯрдан аз ҷирми ёсамин дар як рӯз то 10,5 грамм аст, аз обаш то 35 грамм мебошад. Ба ҷойи ин ёсамини зардро истифода баранд, равост. Ва дар гарм кардани бадан ва сафед гардонидани мӯй навъҳои зардаш қавитар аст. Ба ҷойи ҳар дуи навъаш ёсамини саҳроиро истеъмол фармоянд, ҷоиз аст.

Ёсамин Аз гули ёсамин равған ҳам тайёр мекунанд ба ин тариқ. Ба даруни шиша то нима равғани кунҷиди тоза меандозанд ва он равғанро аз гули ёсамин пур карда, ба офтоб мегузоранд. Ранг, бӯй ва қуввати гул ба равған гузарад, яъне баъд аз 5-6 рӯз гулро фишурда дур намуда, аз нав гули дигар меандозанд. Ҳамин тариқ, 5-6 мартаба гулро иваз намуда, баъд гули охиринро ҳам фишурда мепартоянд. Ин равған равғани ёсамин ҳисоб меёбад.

Мизоҷи равғани ёсамин гарм ва тар аст. Хислатҳои шифобахши он: агар инро бихӯранд, пӯсти баданро мулоим мекунад, варамҳои бадан ва моддаҳои ғализи дарунро таҳлил медиҳад, бемориҳои сардмизоҷи асабҳоро шифо мебахшад, барои одамони кӯҳансол фоида дорад.

Миқдори як бор хӯрдан аз ин равған дар як рӯз аз 10,5 то 17,5 грамм аст. Агар ин равғанро гарммизоҷон бибӯянд, дарди сар мекунад ва биниро хуншор мегардонад.

Назди admin

Инчунин хонед инро

Бемории простата

Табобати Аденома простата, дору барои бемории мардон!

Аденомаи простата ё худ онро гиперплазияи ғадуди простатаи безарар мебошад, ки яке аз маъмултарин бемориҳои …