МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / ЮНУЧҚАИ ЗАРДАК
Юнучқаи зардак

ЮНУЧҚАИ ЗАРДАК

Юнучқаи зардак — инро тоҷикон дар як қатор маҳалҳо говришқа ва ришқаи зардак ҳам меноманд. Баргаш ба барги юнучқа шабоҳат дорад, вале гулаш зард аст. Шохҳои баъзе навъаш ба замин паҳн шуда месабзад ва баъзе навъи он поядор мебошад. Мизоҷаш мӯьтадил дар гармиву сардӣ мебошад. Аз ин рӯ, ҳамаи мизоҷҳоро форам аст. Хислатҳои шифобахши он. Хусусиятҳои умумиаш: пазонанда, қувватбахш, таҳлилдиҳанда аст.

Гиёҳи инро кӯфта, бо равғани гули сурх сиришта, ба сар гузошта банданд, ҳамчунин онро дар об ҷӯшонида, бо он оби гармаш бишӯянд, дарди сар, чарх задани сар, сиёҳ задани чашм, паридани аъзо, сакта (мурда барин беҳаракат мондан), каҷ шудани рӯй ва нотавон гаштани узвҳои баданро, ки сабаби ин иллатҳо зиёд гаштани балғам ва сафро бошанд, шифо мебахшад.

Инро дар об ҷӯшонида, ҳар рӯзу шаб бухорашро дар ҳаммом бигиранд ва инчунин молиданн равғани ин барои бемориҳои номбаршуда, инчунин барои беҷо шудани зеҳн, аҳмақӣ, телбагӣ, молихулиё ва нисён (фаромӯшхотирӣ) шифо мебахшад.

7 грамм юнучқаи зардакро бо 17,5 грамм асал бихӯранд ва оберо, ки ин гиёҳ дар он ҷӯшонида шуда бошад, ба сари бемори васвоси савдовӣ дар ҳар се рӯз як мартаба дар ҳаммом бирезанд, бемор аз он иллат наҷот меёбад. Барои фолиҷ (шал шудани нимаи бадан ба дарозӣ) ва нотавон шудани узвҳо кӯфтаи онро ба мабдоъи (саршавии) асабҳои бемор гузошта мебанданд. Барои таранг кашида шудани узве ва кузоз (столбняк), ки аз афзудани балғам ҳодис шуда бошанд, оберо, ки дар он ин гиёҳ ҷӯшонида шудааст, нимгарм ба меъда ва сари бемор бирезанд, ба ибро меоварад.

Инчунин юнучқаи зардакро дар об ҷӯш дода, он обро бардавом бинӯшанд, аз бемориҳои дар боло зикрёфта, иллатҳои меъда ва ғайра наҷот хоҳанд ёфт. Инчунин ин обро биёшоманд, дарди меъда, дарди ҷигар, дарди сипурзро низ фоида дорад. Ва агар ба ин об талхшувоқ ҳамроҳ карда биёшоманд, варамҳои ҳарсеи ин аъзо ва инчунин варами бачадонро таҳлил медиҳад. Онро кӯфта, аз рӯ ба ҳамин узвҳо гузошта банданд низ, ҳамин навъ таъсирро дорад.

Гиёҳи инро дар об ҷӯш дода, он обро бинӯшанд, моддаҳои зиёдатии узвҳои ботиниро таҳлил медиҳад, яъне пароканда месозад, хусусан бо анҷир ва асал биёшоманд, манӣ ва ширро зиёда мегардонад, зарари заҳрҳоро дафъ мекунад, пешоб ва ҳайзро равон месозад, ташнагиро, ки аз афзудани балғам ба ҳам расида бошад, таскин медиҳад. Агар онро пухта батанҳоӣ ё бо майи пухтагӣ хамир карда гузошта банданд, захмҳои шадиди сарро, ки рутубаташон монанди асал аст, шифо мебахшад; бо гарди осиё хамир карда гузошта банданд, варамҳои гарми мураккаби чашм, гӯш, мақъад, бачадон ва хояҳоро мегардонад. Агар пухтаи онро бо майи пухтагӣ хамир карда, ба варамҳои гарм ва сахт гузошта банданд, онҳоро таҳлил медиҳад.

younuchqai_zardОби гиёҳи тарашро дар офтоб қивом кунанд, инро усораи говришқа, яъне усораи юнучқаи зардак меноманд. Инак, аз усораи он 11 грамм бо майи пухтагӣ биёшоманд, варамҳои узвҳои дохили баданро таҳлил медиҳад. Усораи инро дар равғани гули сурх ҳал карда чаконанд, дарди гӯш ва дарди сареро, ки аз хунукӣ бошад, таскин медиҳад.

Гиёҳи инро дар об ҷӯшонида, он обро бардавом бинӯшанд, сангҳои гурда ва хичакро майда карда мерезонад. Ва бо ин об нимгарм ҳуқна (клизма) кунанд, рӯдаҳоро қувват мебахшад, онҳоро аз чизҳои ғайрӣ пок мегардонад ва дардашонро ҳам таскин медиҳад. Барг ва шохҳояшро дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд, пешоб ва ҳайзро равон мекунад ва бачаро аз шиками ҳомила меафтонад. Бо он об бадан ва сарро бишӯянд, захмҳои шаҳдияро, ки рутубаташон асалмонанд аст, шифо мебахшад ва агар хояҳоро бо ин бишӯянд, хориши онҳоро дафъ мекунад.

Вале истеъмоли ин ба дарун барои хояҳо зарарнок аст. Дар ин ҳолат анҷир, мавизи ангур ва асал бихӯранд, зарари онро ислоҳ мекунад. Миқдори як бор хӯрдан аз гиёҳи хушкаш дар як рӯз то 9 грамм аст ва аз оби фишурдаи гиёҳи тару тозааш то 70 грамм аст. Ба ҷойи юнучқаи зардак бобунаро истеъмол фармоянд, раво мебошад.

Аз ин гиёҳ, равған ҳам тайёр мекунанд ба ин тариқ. Оби юнучқаи мазкурро ду миқдор гирифта, аз болояш ним вазни ин об равғани зайтун бирезанду бо оташи мулоим биҷӯшонанд, то об тамоман бухор шуда раваду равған бимонад, ин равғани юнучкаи зардак мебошад. Инро ба сар бимоланд, дарди сареро, ки дар натиҷаи зарба хӯрдан ва аз чалақидани майна ба амал омада бошад, дафъ мекунад. Ба рӯй бимоланд, каҷ шудани онро ислоҳ мекунад.

Назди admin

Инчунин хонед инро

Бемории простата

Табобати Аденома простата, дору барои бемории мардон!

Аденомаи простата ё худ онро гиперплазияи ғадуди простатаи безарар мебошад, ки яке аз маъмултарин бемориҳои …