АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / ЗАҒИР дар Канзи Шифо (Китоб)
ЗАҒИР

ЗАҒИР дар Канзи Шифо (Китоб)

ЗАҒИР (Загер) — Ин растании зироатӣ ва маълум аст, қадаш то 50-70 сантиметр мехезад ва камтар аз он низ мешавад. Гулаш бунафш, тухмаш дар қуббае пур ва зич ҷой гирифтааст, қариб ба тухми кунҷид монанд аст. Аз пояи он нахҳо ҳосил карда, матоъ мебофанд. Либосаш дар гармои тобистон бисёр салқин медорад.

Мизоҷи растаниаш хунук ва хушк аст. Хислатҳои шифобахши он: пӯшидани либоси зағирпоягӣ ҷароҳати баданро дафъ, арақи баданро кам ва хушк мекунад; барои иллатҳои қӯтур, хориши бадан ва варами сахт фоида дорад; ин яке аз либосҳои одамони гарммизоҷ ва фасли гармо мебошад. Дар либоси ин шапуш назар ба пӯшоки пахтагин камтар ҷамъ ва пайдо мешавад, зеро ки бар бадан хуб намечаспад, либоси ношустаи он хушккунанда мебошад, хусусан дар зимистон.

Хоҳ нахаш ва хоҳ гиёҳашро сӯхта дудашро бигиранд, гиреҳи мағзи сар ва зукомро мекушояд, ҳоли нохуши бачадонро ислоҳ мекунад. Агар сӯхтаи инро бипошанд, хуни равони ҷароҳатро манъ мекунад ва захми онро ба ҳам оварда сиҳат мебахшад. Инчунин даруни захмҳоро бо латтаи зағирпоягӣ пур кунанд низ, даҳани онҳоро ба ҳам оварда сиҳат мекунад.

Ҳакими машҳур Шариф гуфтааст: «Агар хоҳанд, ки бадан лоғар гардад, дар зимистон либоси зағирпоягии нав, яъне ношустаи онро бипӯшанд ва дар тобистон либоси шустаи онро бипӯшанд. Агар ҳар кас хоҳад, ки лоғар нагардад, дар зимистон шустаи онро ва дар тобистон нави онро бипӯшад».

Гули зағирро бихӯранд, фараҳ меоварад, дилро қавӣ мегардонад. Ранги тухмаш гуногун аст: зарди тира, моил ба сурхӣ, қисме сиёҳ ва навъе аз он сафед аст. Мизоҷи тухмаш дар дараҷаи якум гарм ва хушк аст. Хислатҳои шифобахши он: тухмашро кӯфта, бо оби хунук сиришта гузошта банданд, дарди сареро, ки аз варам кардани пардаҳо ва худи майна бошад, шифо мебахшад; хориши майнаро дафъ мекунад ва захмҳои сарро ба ибро меоварад.

ЗАҒИР10 грамм тухми зағирро дар 200 грамм об биҷӯшонанд, он об моддаи шилмак мегардад, ҳамин луоби тухми зағир ҳисоб меёбад. Луоби тухми зағирро дар чашм чаконанд ё онро ба чашм бимоланд, сурхии онро дафъ мекунад.

Зағирро кӯфта, бо асал хамир сохта, лесида бихӯранд, сурфаи балғамиро шифо мебахшад. 20-грамм тухми зағирро кӯфта бихӯранд, узвҳои даруни синаро аз моддаҳои зарарнок ва нодаркор пок мегардонад, варами ҷигарро пазонида таҳлил медиҳад ва дигар узвҳои бадан варам карда бошанд, варами онҳоро мегардонад. Агар ин миқдорро бирён карда, кӯфта бихӯранд, хун қай кардан ва сурфаи тарро шифо мебахшад.

Ҳар рӯз 2,25 грамми онро кӯфта бихӯранд, дарди рӯдаҳоро нест мекунад, пешобро меронад, арақ меоварад, шири занҳо ва ҳайзи онҳоро равон мекунад, дарунро мулоим мегардонад, захми гурда ва хичакро ба ибро меоварад.

Чун 11 грамм тухми он аз хасҳо пок карда, дар об ҷӯшонида, луоби онро якҷо бо тухмҳояш биёшоманд ва чанд рӯз бо ин мудовамат намоянд, санги гурдаро майда карда мерезонад. Агар ин, яъне луоби тухмноки онро бо асал ширин карда бинӯшанд, варами сипурзро таҳлил медиҳад. Ба ин луоби тухмдораш, ки бо асал ширин карда шудааст, 4-5 дона мурчро кӯфта, ба он дохил намуда, ҳамаашро биёшоманд ва ҳамин тавр шаш-ҳафт рӯз мудовамат намоянд, барои касоне, ки аз мардиашон маҳрум гашта бошанд, аз нав барқарори хислати мардӣ медиҳад.

Агар камтареро дар об ҷӯшонида, бо он об нимгарм ҳуқна, яъне клизма кунанд, моддаҳои бегонаро ихроҷ менамояд, сӯзиши рӯдаҳо ва бачадонро таскин медиҳад. Дар обе, ки тухми зағир ҷӯшонида шуда бошад, ба такрори амал занҳо то ноф даромада нишинанд, ҳоли бади бачадонро ислоҳ мекунад ё агар ба дудаш бидоранд ҳам, ҳамин навъ таъсирро дорад.

zagir-2

Тухми зағирро кӯфта гузошта банданд, варами сахтро таҳлил медиҳад, решҳои сарро шифо мебахшад. Инро бо анҷир сиришта бибанданд, доғҳои кунҷидакро дафъ мекунад; бо танакор ва хокистар даромехта гузошта банданд, озахҳоро хушк карда мерезонад; бо равғани кунҷид хамир сохта гузошта банданд, захмҳоро шифо мебахшад ва инчунин дард ва сӯзиши онҳоро таскин медиҳад. Тухми зағирро сӯхта, соида, бипошанд, ҷароҳатҳоро хушк мекунад, инчунин дарду сӯзиши онҳоро ҳам таскин медиҳад.

Вале истеъмоли тухми зағир ба дарун аз ҳад зиёд гардад, чашмро торик мекунад, дар ин ҳолат кашниз бояд хӯрд, ки ислоҳи зарари он намояд; ба ҳозима ҳам зарар мекунад — дар ин маврид сиканҷабин бихӯранд; ба хояҳо ҳам зиён дорад — давои ин асал хӯрдан аст. Миқдори як бор хӯрдан дар як рӯз аз тухми зағир аз 10,5 то 14 грамм аст.

Ба ҷойи ин ҳулбаро истеъмол намоянд, раво мебошад. Мизоҷи равғани зағир гарм ва тар аст. Агар равғани зағирро бо равғани гули сурх ҳамроҳ карда, бо он ҳукна кунанд, дарди ҷароҳати рӯдаҳоро таскин медиҳад.

Ин равғанро аз рӯ бимоланд, дарди дилро таскин медиҳад, шукуфаи пӯст ва ҷароҳатро шифо мебахшад, инчунин дарди ҷароҳатро ҳам сокин мекунад. Равғани зағирро хоҳ доғ карда ё доғ нокарда биёшоманд, қулинҷи инсонро, ки ба забони русӣ колит меноманд, дафъ мекунад. Агар инро бардавом бимоланд, чашмро заиф ва боҳро суст мекунад — давои ин зарарҳояш сиканҷабин хӯрдан аст.

Назди admin

Инчунин хонед инро

shoxi-daraxti-gor-lavr

Дарахти Ғор

Ғор —  Ин дарахтест, ки баргашро ҳамчун хӯриши хушбӯйи таом ва ҳазмовар дар вақти пухтан ба …