МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
АСОСӢ / ГУНОГУН / Муҳаммад ибни Алӣ ибни Ҳасан Заҳирии Самарқандӣ

Муҳаммад ибни Алӣ ибни Ҳасан Заҳирии Самарқандӣ

Муҳаммад ибни Алӣ ибни Ҳасан Заҳирии Самарқандӣ аз дабирон ва адибони асри 12 форс-тоҷик буда, доир ба ҳаёт ва фаъолияти илмию адабии ў маълумоти хеле кам аст. Мувофиқи гуфтаи Муҳаммад Авфии Бухороӣ дар тазкираи «Лубоб-ул-албоб», Заҳирии Самарқандӣ муддате дар дарбори Қарохониҳои Самарқанд котибӣ карда, «Соҳиби девон»-и иншои Рукнуддин Масъуд будааст.

Муҳаммад ибни Алӣ ибни Ҳасан Заҳирии Самарқандӣ

Муаллифони тазкираҳо таъкид кардаанд, ки Заҳирии Самарқандӣ дар насри мусаҷҷаъ се китоби бузург таълиф карда будааст. Китоби якуми ў «Самъ-уз-Заҳир фӣ ҷамъ-из-заҳир » («Гуфтори Заҳир барои маҷлиси хос») ном дошта, зоҳиран дар бобби усули давлатдорӣ будааст. Ин асар то замони мо боқӣ намондааст. Китоби дуюми ў-«Ағроз-ус-сиёсат фӣ аъроз-ир-риёсат» («Мақсадҳои сиёсат дар идора кардани давлат») китоби таърихшиносӣ дар боби сиёсат ва усули давлатдорӣ буда, аз гуфтори шоҳони асотирӣ- Ҷамшед то шоҳони асриXII — Санҷар ибни Маликшоҳ, паҳлавонон, донишмандони эронию араб, юнонӣ ва ғайра фароҳам омадааст. Заҳирии Самарқандӣ дар ин китоб ҳангоми шарҳу тавзеҳи гуфтаҳои гузаштагон аз баъзе воқеаҳои замони худ ёдовар шудааст, ки аҳамияти таърихӣ доранд.

Муҳимтарин асари Заҳирии Самарқандӣ, ки ўро дар таърихи адабиёти форс-тоҷик ҳамчун насрнавис машҳур кард, “Синбоднома” мебошад. “Синбоднома” бо услуби ҳикоят андар ҳикоят таълиф шуда, таърихи хеле қадима дорад. Қадимтарин нусхаи ин асар ба замони Ашкониён (250 то м. — 224 м.) тааллуқ дорад. Аммо сарчашмаи имрўзаи “Синбоднома” ривояти паҳлавии асар буда, дар асри 8 аз паҳлавӣ ба арабӣ тарҷума шуда, ба таркиби китоби “Ҳазору як шаб” даромадааст. Дар асри VIII инчунин, матни арабии он ба суриёнӣ ва дар асри XI матни суриёнӣ ба забони юнонӣ ва баъдтар ба забонҳои испанӣ, ибронӣ, арманӣ, гурҷӣ, туркӣ, лотинӣ, фаронсавӣ, италиявӣ, англисӣ, немисӣ, русӣ, руминӣ, шведӣ ва ғайра тарҷума шудааст. Дар адабиёти форс-тоҷик чанд таҳрири мустақили манзуму мансури “Синбоднома” вуҷуд дорад.

Аввалин таҳрири “Синбоднома” ба қалами устод Рўдакӣ тааллуқ дорад, ки то замони мо аз он байтҳои пароканда боқӣ мондааст. Таҳрири дуюм ба адиб ва тарҷумони асри X Абулфавориси Фанорўзӣ тааллуқ дорад. Мувофиқи гуфтаи Заҳирии Самарқандӣ, Нўҳ ибни Мансури Сомонӣ ба Абулфавориси Фанорўзӣ супориш додааст, ки ў китоби “Синбоднома” — ро аз забони паҳлавӣ ба тоҷикӣ тарҷума кунад Абулфавориси Фанорўзӣ солҳои 950-951 “Синбоднома” ро аз паҳлавӣ ба тоҷикӣ тарҷума кардааст. Матни тарҷумаи Фанорўзӣ то замони мо нарасидааст.

Дар асри XI Азрақии Ҳиравии шоир матни тарҷумаи Фанорўзиро ба назм даро вардааст. Заҳирии Самарқандӣ нимаҳои асри XII матни тар ҷумаи Фанорўзиро аз нав таҳрир кардааст, ки матни он соли 1948 дар Истамбул (Туркия), соли 1953 дар Теҳрон ва соли 1971 дар Душанбе бо номи «Китоби Ҳаким Синбод» ба табъ расидааст. Мазмуни мухтасари «Синбоднома» чунин аст:

— Дар сарзамини Ҳинд Қурдис ном подшоҳи одилу доное буд. Ин подшоҳ аз бефарзандӣ доимо ғам мехўрд. Аз қазо дар пиронсолӣ писаре ёфт. Таълиму тарбияи ин фарзандро ба гардани Синбоди Ҳаким гузоштааст. Шоҳзода дар илму дониш рўз то рўз комил мегашт ва аз рўи одат, ў бояд дар назди дарбориён имтиҳон месупорид. Барои ҳамин устодаш Синбод пеши офтоб устурлоб гузошта, муайян кард, ки то ҳафт рўз ҷони шоҳзода дар хатар аст, барои ҳамин аз шоҳзода хоҳиш кард, ки ў то ҳафт рўз бо касе гап назанад ва худаш ба сафар баромад. Яке аз канизакҳои шоҳ, ки кайҳо боз ошиқу мафтуни ў гашта буд, ба назди шоҳзода рафта арзи дил кард. Шоҳзода ишқи канизакро рад карда, таъкид

намуд, ки баъди ҳафт рўзи хомўшӣ ба назди шоҳ рафта бевафоии канизакро хоҳад гуфт. Канизак аз тарси ҷон роҳи хабаркаширо пеш гирифт. Ў ба назди подшоҳ рафта, шоҳзодаро ба хиёнат муттаҳам кард. Подшоҳ аз хабар ба хашм омад ва ба қатли шоҳзода фармон дод. Дар ин миён ҳафт вазири донову хирадманди подшоҳ ба ҳимояти шоҳзода бархоста, дар бевафоии занон ва зарари беандешагӣ ҳикоятҳои тамсилӣ меоварданд ва бо ҳамин иҷрои қатли шоҳзо-

даро ба қафо мепартофтанд, то ки ҳафт рўзи наҳс бигузараду шоҳзода бегуноҳии худро исбот кунад. Заҳирии Самарқандӣ мувофиқи завқи бадеъии замони худ матни аз паҳлавӣ ба дарӣ гардонидаи Абулфавориси Фанорўзиро бо сабки маснўъи пуртакаллуф таҳрир карда, гоҳгоҳе дар мавридҳои мувофиқ шеърҳои тоҷикию арабиро ҷой додааст.

Заҳирии Самарқандӣ дар зимни асар ақидаҳои иҷтимоии хешро дар боби усули мамлакатдорӣ, шоҳи маърифатпеша ва давлати обод ифода кардааст, ки ин як навъ дастурест барои шоҳону амирони давру замони ў.

Назди admin

Инчунин хонед инро

dili-odam

Кори дил

Хосияти автоматикии дил. Дил дар ҳолати нисбатан ором дар як шабонарўз тахминан 100000 маротиба кашиш …