МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
АСОСӢ / Таърихи тоҷикон / ЗАМОНИ ТЕМУРИЁН

ЗАМОНИ ТЕМУРИЁН

Дар замони Темуриён вазъияти хоҷагии қишлоқ назар ба замони муғулҳо хеле беҳтар гардид. Ҷангҳои Темур харобиовар буданд, ӯ мардуми бисёреро нобуд сохт, хусусан дар шаҳру қишлоқҳои муқобилатнишондода ваҳшигариҳои бемислу монанде кард. Лекин, дар айни замон, вай барои барқарор намудани иншоотҳои обёрии вайронкардаи муғулҳо ва васеътар гардонидани майдонҳои кишт дар чанде аз вилоятҳои мамлакат баъзе тадбирҳо андешид. Сиёсати молиётии ӯ низ барои вусъат ва инкишофи зироат шароити нисбатан мусоид фароҳам овард. Темуриён (ғайр аз вақтҳои ҷангу ҷидоли байнихудӣ) асосан ин сиёсати муассиси давлати худро давом доданд.[1]

Маълум аст, ки Темур дар воҳаи Марв, водии дарёи Мурғоб корҳои зиёди обёрӣ ташкил намуд. Ӯ фармуд, ки саркардаҳои ҳарбӣ ва шахсони олимансаб аз Мурғоб канал бароранд. Манбаъҳо аз ин қабил каналҳо 20-тоашро ном бурдаанд, ки аксари онҳо ба исми калонтарин саркардаҳо ва соҳибмансабони аҳди темурӣ номида шудаанд. Баъдтар Шоҳрух дар бобати барқарор намудани садди асосии об, ки бо номи «Султонбанд» машҳур буд, инчунин барои тоза кардани каналҳои лойзеркарда чораҳо дид. Қисмати зиёди заминҳои зироат дар воҳаи Марв бо ташаббуси Султон ҳусайн обёрӣ карда шуд. Корҳои обёрӣ дар баъзе дигар вилоятҳои мамлакат (масалан, дар навоҳии ҳирот ва Самарқанд) низ гузаронида шуданд. Дар замони Темуриён ҳар ташаббуси шахсии дар роҳи обёрӣ нишон додашуда мавриди тақдир қарор мегирифт, касони заминҳои бекорхобидаро азхудкарда ба имтиёзҳо соҳиб мешуданд.

Як қатор масъалаҳои муҳими таърихи иҷтимоию иқтисодии Осиёи Миёнаи асри ХV ҳанӯз ҳал нагардидааст ва баъзе аз онҳо, ҳатто пеш гузошта ҳам нашудааст. Аммо таърихшиносони советӣ роҷеъ ба муносибатҳои аграрии он замон таҳқиқоти зиёд ва самараноке анҷом додаанд,[2] ки тавассути он мумкин аст қонуниятҳои асосӣ, протсессҳо ва воқеаҳои ин давраро назар ба давраи гузашта пурратар ва равшантар баён кард.

Андози асосии замин дар замони Темур ва Темуриён хироҷ буд, ки ба ду шакл: яке ба тариқи мол, яъне ҳиссае аз маҳсул ва дигаре аз рӯи масоҳати замин ба тариқи пул ситонида мешуд.[3] Хироҷ асосан ба шакли мол рӯёнда шуда, ҳаҷми муайяне дошт. Аз рӯи баъзе мадракҳо, молиёти замин, одатан, як савуми ҳосилро ташкил мекард.

Дар сарчашмаҳо оварда шудааст, ки амалдоронро барои сӯиистеъмол ва худсарона зиёд кардани ҳаҷми андоз ҷазо медодаанд, гоҳо ҳатто маҷбур ҳам мекардаанд, ки андози барзиёда ситонидаашонро ба деҳқонон баргардонанд. Баъзан ба муносибати ҷашнҳо вилоятҳои ҷудогона ба муддати чанд вақт аз додани хироҷ озод карда мешудаанд.

Вале дар худи ҳамон сарчашмаҳо иттилоъ дода мешавад, ки хусусан дар овони ҷангҳои байнихудӣ аз аҳолӣ дар як сол чанд бор хироҷ меғундоштанд ё ҳаҷми онро зиёд мекарданд ва илова бар навъҳои мавҷудаи он бо ихтиёри худ молиёт меситониданд.

Ба ин муносибат шаҳодате, ки Давлатшоҳ дар бораи нормаи ҷамъ кардани хироҷи пулӣ (на аз ҳиссаи ҳосил, балки аз масоҳати муайяни замин) додааст, ҷолиби диққат мебошад. Аз рӯи гуфтаҳои ӯ маълум мегардад, ки ин норма дар замони Улуғбек назар ба вақти таълифи Давлатшоҳ (1487) камтар будааст.[4]

timuriyonАммо дар хусуси тағйироти хироҷи молӣ, ки чун ҳиссае аз ҳосил ситонида мешуд, ҳоло чизе маълум  нест. Ба ҳар ҳол, ба вуқӯъ омадани ин тағйирот аз эҳтимол дур нест, зеро тағйири нормаи хироҷ яқинан ба ҳамаи навъҳои он дахл мекард.

Ғайр аз хироҷи оидоти замин дар асри ХV боз бисёр андозҳои дигари иловагӣ вуҷуд дошт, ки ба ҳар яки он низ ранги қонунӣ дода, ҳам ба шакли пул ва ҳам ба шакли мол аз мардум меситониданд. Чанде аз ҳамин қабил андозҳои иловагӣ маҳз барои таъмини маоши соҳибмансабон муқаррар гардида буд. Ба дарахтони мева низ андози махсусе мавҷуд буд, ки онро «сардарахтӣ» меномиданд.

Андози сарикасӣ, ки муғулҳо ҷорӣ карда буданд, бо номи «саршумор» дар асри ХV ҳам вуҷуд дошт. Илова бар ин, ба сабаби дуд кардан низ андоз мегирифтанд, ки он бо номи «дудӣ» машҳур гардидааст. Дар қатори ин ҳама боз якчанд ӯҳдадориҳо ба зиммаи аҳолӣ гузошта мешуд, ки вазнинтарини онҳо андози почта–«улоғ» (мувофиқи он аҳолӣ маҷбур буд, ки ба ҳар як қосид ва чопар асп ёфта диҳад) ва «пешкаш» (ба тариқи тӯҳфа ва бахшиш) ба шумор мерафт. Чун ба ин навъ ӯҳдадориҳо ҳадде муқаррар нагардида буд, барои сӯиистеъмол ва ҷабр имконоти васеъ фароҳам меомад. Беҳуда Темур пешкашро тамоман бекор накарда буд. Фақат дар вақти ҷанг аз аҳолӣ андозҳои иловагии махсус гирифтан мумкин буд, вале амалдорон гоҳо ин қабил андозро дар айёми осоиштагӣ низ рӯёниданӣ мешуданд.

Дар замони Темуриён барзгаронро дар сохтмон ва таъмири ҳисору қалъа, кофтан ва тоза кардани каналу корезҳо ва ғайра кор мефармуданд, ки ин шакли маҷбурият «бегорӣ» номида мешуд. Ин барои аҳли меҳнат бори аз ҳама вазнин буд, зеро ба ҷуз дигар ногувориҳо  ононро  аз  кори  асосиашон  мемононд.

Ба ин тариқа, истисмори оммаи халқ аз тарафи табақаи ҳоким умуман ба ҳадди ниҳоӣ расида буд. Бо вуҷуди ин, муҳаққиқон чунин фактро, ки Темур ва баъзе Темуриён дар сиёсати молиётии худ ба нормаҳои муайяншуда риоя мекарданд ва ҳатто гоҳо пеши роҳи сӯиистеъмоли соҳибмансабонро мегирифтанд, мунсифона ҳамчун амри мусбат донистаанд. Ин амр барои тараққиёти хоҷагии деҳқонон ба дараҷаи кофӣ шароити мусоид фароҳам наоварда бошад ҳам, ба ҳар ҳол онро аз харобии тамом нигоҳ дошт.

Бояд қайд кард, ки худи аҳолии шаҳру деҳот низ хеле фаъол буд ва хусусан дар мавридҳои сӯиистеъмол ва андозгириҳои ғайриқонунии маъмурони хироҷ ба муқобили ҳокимият дар шаклҳои мухталиф изҳори эътироз менамуданд. Баъзан оммаи деҳқонон ба вилоятҳои дигар кӯчида мерафтанд ва аз ин сабаб ҳукумат маҷбур мешуд, ки андозҳои аз норма зиёдаро бекор кунад. Дар сарчашмаҳо муқовимати ошкори оммаи халқ, ки дар вақти ҷангҳои байнихудии шаҳзодагони темурӣ аз андозҳои иловагии беохир хонахароб шуда буд, хотирнишон гардидааст. Масалан, вақте ки Султон ҳусайн Хуросонро забт карда, ба девони муставфӣ ду амалдори навро таъин намуд, онҳо ба сари аҳолӣ андозҳои иловагӣ бор карданд. Халқи ҳирот бо чунон як қуввае эътироз намуд, ки ба Султон ҳусайн лозим омад, ҳам ин андозҳоро бекор намояд ва ҳам он амалдорони худсарро аз вазифа дур созад.

ҳодисаи бекор кардани андозҳо ба мӯҳлатҳои гуногун боз чанд бор ба вуқӯъ пайваст. Масалан, ба сабаби он ки аҳолии меҳнаткаш аз андозҳои зиёд ва хусусан аз худсарӣ ва сӯиистеъмоли маъмурони хироҷ ба ниҳояти қашшоқӣ расида буд, андози таъмини маоши аскарӣ чандин маротиба бекор карда шуд. Темуриён барои барқарор намудани қудрати молиётпардозии аҳолӣ ба гузашт ва маҳрумиятҳои муваққатӣ розӣ шуда, дар ин роҳ бо худсарии маъмурон низ мубориза мебурданд. Дар сарчашмаҳо на фақат ҳодисаҳои аз мансаб дур кардан, балки ҳатто қатл намудани ин қабил маъмурони худсар зикр ёфтааст.

Ба ин тартиб, молиёте, ки аз оммаи заҳматкаш ситонида мешуд, бори хеле вазнин ва миёншикане буд. Ин бори гарон баъзе вақтҳо, хусусан дар овони ҷангҳои байнихудӣ, ки боиси чандин мартаба ҷамъ кардани ҳамон як андозу молиёт ва ҷорӣ намудани андозҳои нав мегардиданд, боз ҳам афзунтар мешуд. Бар замми ин, сӯиистеъмоли маъмурони хироҷ, ки фоидаи худро дар назар дошта, андозҳоро аз норма зиёд ҷамъ мекарданд, як фалокати доимӣ ҳисоб меёфт. Бо вуҷуди ин, дар андозу молиёти асосӣ мавҷуд будани меъёри муайян ва кӯшишҳое, ки Темур ва баъзе Темуриён дар роҳи риоя намудани ин меъёр ва ба манфиати хазина пешгирӣ кардани худсариҳои маъмурон ба харҷ медоданд, умуман, вазъияти нисбатан мусоидеро фароҳам оварда буд.

temuriyon

Мумкин аст тахмин кард, ки то оғози асри ХV захираи заминҳои милки деҳқонон хеле кам гардид. Дар аҳди муғулҳо маҳз ҳамин навъ хоҷагиҳои милкии ноустувор мебоист дар навбати аввал хароб мешуд. Вале ба ин нигоҳ накарда, дар асри ХV ба ҳар ҳол қисмати нисбатан имтиёзноки деҳқонон вуҷуд дашт. ҳаҷми молиёти асосие, ки онҳо аз даромади солонаи замин ба давлат мепардохтанд, камтар буд. Аммо онҳо, албатта, аз додани дигар навъҳои андоз озод набуданд. Оммаи асосии деҳқононро, мисли пештара, иҷоранишинони саҳмкор ва барзгарони ҷамоатӣ ташкил мекарданд.

Агар мо барои аҳди муғулҳо аз хусуси мавҷудияти ҷамоати деҳқонон ё худ бақияҳои устувори он аз рӯи далел ва қаринаҳои зеҳнӣ сухан ронда бошем, пас барои асри ХV, ҳарчанд кам бошад ҳам, мадракҳои муайян мавҷуд аст. Е.А.Давидович аз рӯи мадракҳои асри ХVI муқаррар намуд, ки яке аз аломатҳои ғайримустақими мавҷудияти ҷамоатҳо ё худ бозмондаҳои яқини онҳо тақсимнашавандагии замини деҳот (қаряҳо) мебошад. ҳангоми харидуфурӯш ва ё ба вақф бахшидан қитъаҳои ҷудогонаро аз минтақаи умумии замин ҷудо намекарданд (аз ин рӯ, на ин ки ҳудуди як қитъа, балки ҳудуди умумии тамоми минтақа тавсиф мешуд), ки амалан сухан дар бораи андози оидоти солонаи ҳамаи минтақаи замини деҳот мерафт.[5] Мисоли шабеҳи заминҳои тақсимнашавандаро мо метавонем барои асри ХV низ пайдо намоем. Чунончи, бар тибқи вақфномаи соли 1470 қарияи Ҷоиз ба вақф дода шуда, вале аз ин бахшиш 1/24 таноб замини нотақсим ихроҷ гардида.[6] Мувофиқи вақфномаи даври Темур, «сеяки нотақсим»-и деҳаи Рифон ва «чоряки нотақсим»-и деҳаи Нитаи вилояти Самарқанд ба вақф бахшида шуда буд. Дар айни замон, бар хилофи ин, нимаи деҳаи тақсимшуда низ зикр гардида, ҳудуди ин нима ба таври ҷудогона тавсиф меёбад. Дар худи ҳамин вақфномаи даври Темур боз як навъи замин, ки ба зироати ҷамоатӣ марбут аст, зикр гардидааст. Ин токзорест, ки дар ихтиёри деҳа буда, замини «ҷамъияти муайян» номида мешуд.[7]

Мазмун ва моҳияти конкрети заминдории ҷамоатӣ дар ин марҳила ҳанӯз маълум нест. Фақат ҳамин равшан аст, ки ҳамаи аъзои ҷамоат нисбат ба замини он ҳуқуқи баробар доштанд ва, аз ин рӯ, ҳангоми харидуфурӯш, бахшиш ба вақф ва ғ. ягон қитъаи онро ҷудо кардан мумкин набуд. ҳатто ба  токзор  ҳам ҳуқуқи умумӣ вуҷуд дошт. Албатта, шудгору кишт ва парвариши зироат ба таври ҷудогона сурат мегирифт, яъне ҳар як узви ҷамоат дар ин кор ҳиссаи худро мегузошт, вале дар байни аъзои ҷамоат бо ҳудуди муайяне ҷудо шудани қитъаи замин маълум нест. Бешубҳа, ин заминҳо ба ҷамоат «ба таври абадӣ» тааллуқ доштанд, ки ин амри воқеӣ имтиёзи деҳқони ҷамоатиро нисбат ба деҳқони иҷоранишин нишон медиҳад. Ин ҳам қобили қайд аст, ки деҳқони ҷамоатӣ, аз рӯи мадракҳои мавҷуда, оидоти заминро на фақат ба давлат, балки ба соҳибони вақф ва шахсони ҷудогонаи заминдор низ мепардохтанд. Ба таври дигар гӯем, он вақт заминдории ҷамоатӣ ба категорияҳои гуногуни замин: заминҳои давлатӣ, вақф ва милкҳои феодалӣ дахл мекард. Бинобар он деҳқони ҷамоатиро фақат ба заминҳои давлатӣ алоқаманд кардан нодуруст аст.

Қисми зиёди деҳқононро иҷоранишинони саҳмкор ташкил медоданд. Дар вақфномаҳо таъкид шудааст, ки мӯҳлати иҷора набояд аз се сол гузарад. Зарурати иваз кардани замини иҷора боиси беш аз пеш афзудани фоидаи заминдорони иҷорагузор гардида буд.

Категорияҳои моликияти феодалон ба замин. Суюрғол дар асри ХV

Замин ва об аз рӯи ҳуқуқи моликият ба ҳамон категорияҳое, ки собиқан вуҷуд доштанд, тақсим мешуд. Мо дар боло милкҳои деҳқононро хотиррасон намудем. Дар давоми асри ХV захираи заминҳои вақф, хусусан назар ба давраи гузашта, афзунтар гардид. Темур ва Темуриён фаъолияти бинокориро хеле вусъат доданд. Бисёр шаҳрҳои Осиёи Миёна ва Эрон бо иморатҳои зиёди гуногун: мадраса, масҷид, мақбара, хонақоҳ ва ғайра зеб ёфтанд. Ҳамаи ин иморатҳо аз ҳисоби амволи вақф сохта мешуданд. Чанд вақфномаи маҳфузмонда инро собит менамоянд. Дар бораи дигар бахшишҳои калон манбаъҳои хаттии нарратив маълумот медиҳанд.[8]

Амволи вақф дар ихтиёри мутаваллӣ буд. Аксар вақт вақфгузорон худро ва авлодашонро мутаваллӣ таъин мекарданд. Муассисаи махсусе буд, ки идораи вақфро ба таври умумӣ назорат менамуд. Дар сари ин муассиса садр меистод. Дабирхонаи садр аз сарвати вақф молиёти махсусе мегирифт, ки аслан барои таъмини маоши кормандони муассисаи мазкур сарф карда мешуд. Амволи вақф аз чунин назорати садр ва молиёти ӯ фақат бо фармони махсуси подшоҳ метавонист озод гардад. Воқеан ҳам садр ва маъмурони ӯ саъй мекарданд, ки аз оидоти вақф ҳиссаи бештаре ба даст оваранд. Дар ин замина муборизаҳои тунду тезе ҳам ба вуқӯъ меомад. Ба сабаби сӯиистеъмоли аз ҳад берун баъзе аз садрҳоро аз вазифа дур мекарданд.

Дигар навъҳои андозу молиёт аз ҳамаи заминҳои вақф, ба истиснои онҳое, ки бо амри махсуси подшоҳ аз пардохт озод шуда буданд, ба фоидаи хазинаи давлат ситонида мешуд. Дар замони салтанати Темуриён, хусусан дар аҳди Темур, ин тариқа озодкуниҳо аз пардохти молиёт бисёр воқеъ мегардид.

Захираи заминҳои давлатӣ аз ҳама бештар буд. Аммо чун дар замони Темуриён расми ба тариқи инъом ва подош тақсим карда додани замин хеле вусъат ёфт, фақат як ҳиссаи андози оидот ба хазинаи ҳукумати марказӣ дохил мешуд. Суюрғоли асри ХV ягона ва дар як шакли мустақим набуд. Дар ин давра ҳам мисли пештара навъҳои мухталифи подош вуҷуд дошт, ки акнун ҳамаи онҳоро суюрғол мегуфтанд. Яке аз шаклҳои хеле маъмули суюрғол милки хосаи аъзои хонадони салтанатӣ ба шумор мерафт. Онҳо дар шаҳру вилоятҳои бузурги ҳамчун инъом бадастовардаи худ амалан соҳибихтиёри комил буданд. Ин тариқа  инъомро  баъзан  мансабдорони  калон низ  соҳиб  мешуданд ва дар вилояту шаҳрҳо ба таври худ ҳукмфармоӣ мекарданд. Дар амал ҳамаи ин суюрғолҳо аксаран ҳусусияти меросӣ ҳам ба худ гирифта буданд. Аз ин рӯ, гоҳо онҳоро суюрғолҳои «абадӣ» меномаданд. Вале бояд қайд кард, ки ирсият як ҷузъи ҷудонашавандаи ин қабил суюрғолҳои бузург  набуд. Вақте  ки ин суюрғолҳоро ба мерос гузоштанӣ мешуданд, ҳукумати марказӣ онро бо санади ҷудогона  ба расмият медаровард. ҳамчунин маҳдудиятҳои дигаре низ мавҷуд буданд. Баъзан соҳиби суюрғол қисми даромади вилояти худро мебоист ба хазинаи ҳукумати марказӣ месупурд. ҳукумати марказӣ дар баъзе мавридҳо масунияти казоӣ ва маъмурии соҳибони суюрғолро маҳдуд намуд, барои ҳаллу фасли муҳимтарин масоил маъмурони худро ба назди онҳо мефиристонид. Гоҳо ин суюрғолҳо тамоман кашида гирифта ва ё ҳаҷман кам карда мешуданд.

Дар айни замон чунин воқеъ мешуд, ки соҳибони суюрғол амалан ба ҳукмрони соҳибихтиёр табдил меёфтанд ва ҳукумати марказӣ аз муборизаи зидди онҳо оҷиз мегардид.

ҳамин тариқа, ҳатто калонтарин суюрғолҳои асри ХV аз ҷиҳати мазмун ва моҳияти худ якхела набуданд.

Дар баробари ин навъ суюрғолҳои калон суюрғолҳои хурд ҳам вуҷуд доштанд, ки ҳуқуқи соҳибонашон аз бисёр ҷиҳатҳо маҳдуд буд. Дар замони Темуриён ва хусусан дар аҳди худи Темур аксар вақт сипаҳсолорон, ҳатто саркардаҳои хурд ҳам, ки дар майдони ҷанг корнамоие нишон медоданд, ба гирифтани суюрғол мушарраф мегардиданд. Ин суюрғолҳо ҳаҷман хеле гуногун буда, метавонистанд аз вилояти калон то деҳаи хурде бошанд. Баъзан шахси рӯҳонӣ ҳам соҳиби суюрғол мешуд. Умуман, ҳамаи инъоми подошҳо, аз ҷумла, тӯҳфаи пурқимат ҳам бо истилоҳи «суюрғол» ифода меёфт.

Захираи заминҳои милк, ки ба феодалони ашрофӣ ва динӣ тааллуқ доштанд, хеле калон буд. Сарчашмаҳо номи як қатор ашхосеро зикр кардаанд, ки заминҳои онҳо масоҳати бузургеро фаро гирифта ва беш аз пеш вусъат меёфтанд. Ба тариқи мисол амлоки Хоҷа Аҳрорро метавон ном бурд.[9] Ба ӯ 1300 қитъаи замин дар вилоятҳои мухталифи Осиёи Миёна тааллуқ доштанд. Албатта, ин қитъа на аз пораҳои хурди замин, балки аз минтақаҳои тамоме иборат буданд. Ушронае (яъне андози оидоти замин ба миқдори 0,1 ҳиссаи маҳсул), ки Хоҷа Аҳрор аз заминҳои дар як худи вилояти Самарқанд доштаи худ ба давлат мепардохт, баробари 80 ҳазор ман буд. Агар як манро 20 кг ҳисоб кунем, ин миқдор ба 1600 тонна ғалла баробар хоҳад шуд.[10] Аз ин чунин бармеояд, ки қисмати асосии оидоти ин заминҳо ба фоидаи Хоҷа Аҳрор аз рӯи ҳисоби камтарин (агар қисмати асосии оидоти замин 0,3 ҳиссаи маҳсул дониста шавад) беш аз 0,2 ҳиссаи маҳсул, яъне 3200 тонна ғалла хоҳад шуд.

Вақте ки дафтардорони Хоҷа Аҳрор рӯзе барои ҳисобот додан гирд омаданд, аз гуфтаҳои онҳо маълум гардид, ки аксарашон 30-40 ҳазор ботманӣ ғалла ҷамъ кардаанд ва камтарин миқдори ғаллаи ҷамъоварикардаи онҳо ба 10 ҳазор ботман мерасад. Даромади пулие, ки онҳо аз боғу полизҳо ба даст овардаанд, аз ин ҳисоб берун аст. Дар ин ҷо равшан нест, ки кадом ботман ба назар дошта шудааст. Агар ботмани Самарқанд бошад, ки ҳар яке баробари 20 кг аст, пас маълум мешавад, ки ҳар як дафтардор аз 200 то 800 тонна ғалла ҷамъ оварда будааст.

Аз оидоти заминҳои милк фақат як ҳиссааш ба давлат тааллуқ дошт. Аммо дар асри ХV аксари заминҳои милки феодалони ашрофӣ ва динӣ аз чунин ӯҳдадорӣ, яъне аз пардохти як ҳиссаи оидот ба хазинаи ҳукумати марказӣ озод карда шуд. Ин гуна озодшавиҳо ба василаи ярлиқи тархонӣ ба расмият медаромад. Феодалони калоне, ки ба мақоми тархон мерасиданд, боз ҳуқуқи иловагиро соҳиб мешуданд: онҳо ва авлодашон аз ҷазои нӯҳ гуноҳ озод мегардиданд, онҳо бе ҳеҷ мамониат ба назди подшоҳ даромада метавонистанд. Вале касоне ҳам, ки умуман аз пардохти андозҳои давлат озод карда мешуданд, ба худ унвони «тархон»-ро мегирифтанд. Чунин унвон барои як муддати муайян ба сокинони тамоми як шаҳр ва вилоят низ дода мешуд.

Мо намедонем, ки дар асри ХV протсесси пайдоиши моликияти комил ба замин бо чӣ суръате ба амал меомад, вале ҳаминаш маълум аст, ки ин ҳодиса дар ҳақиқат рӯй медод. Моликияти комил ба замин чунин маънӣ дошт, ки феодал тамоми оидоти заминҳои милки худро, бидуни он ки ягон ҳиссаашро ба давлат диҳад, худ соҳиб мешуд ва дар ин маврид вай на аз ҳуқуқи тархонӣ, балки аз ҳуқуқи молики комили замин истифода менамуд. Дар сарчашмаҳои хаттии замони баъдина ин категорияи замин бо номи «милки ҳурри холис» зикр ёфтааст. Роҳи асосии ташкил ва такмили ин категорияи замин дар байни соҳиби мулки хусусӣ ва давлат аз рӯи ҳиссаи оидоти  ба онҳо муқарраршуда тақсим намудани заминҳои милк буд. Чунончи, давлат аз заминҳои милк аз се ду ҳиссаи оидот ва шахси молик аз се як ҳиссаи онро соҳиб мешуд. Акнун пас аз ин тақсимот ҳам давлат аз се ду ҳиссаи заминро гирифт (ва ин қисмат ба категорияи заминҳои давлатӣ дохил шуд), соҳиби мулки хусусӣ бошад, аз се як ҳиссаи онро ба даст овард  (ва ин қисмат моликияти комили ӯ гардид). Дар  бораи чунин тариқаи тақсими каналҳо санади мансуб ба охири асри ХV мавҷуд аст,[11] ки дар он барои ифодаи мафҳуми нисбат ба канал моликияти комил пайдо кардани феодал истилоҳи «мутлақ» кор фармуда шудааст. Аз ин рӯ, моликияти комилро метавон моликияти мутлақ ҳам  номид.

Тиҷорат

Падидаи аз ҳама шоёни таваҷҷӯҳи ҳаёти иқтисодии асри ХV дараҷаи баланди тараққиёти касбу ҳунар ва тиҷорати пулии дохилӣ буд. Чӣ навъе ки аз таҳқиқи қиёсии мадракҳои сиккашиносии асрҳои IХ-ХVIII маълум гардид, маҳз дар асри  ХV, алалхусус, дар чоряки охири он ва чоряки аввали асри ХVI муносибати молию пулӣ ба ҳадди ниҳоии тараққиёти худ расида буд. Маҳз дар ҳамин вақт ҳам ҳаҷми умумии истеҳсоли мол ва ҳам вазни хоси истеҳсоли молҳои сермасриф бағоят афзун гардид. Маҳз дар ҳамин вақт табақаҳои васеи ҷамъияти шаҳр ва қисман аҳолии деҳот ҳам (хусусан, деҳаҳои назди шаҳрҳои калон) ба муносибатҳои молию пулӣ кашида шуданд. ҳеҷ вақт, на дар гузашта ва на дар давраҳои минбаъда, ҳатто то замони ба Россия ҳамроҳ шудани Осиёи Миёна истеҳсоли мол, тиҷорати пулӣ ва андозаи ба муносибати молию пулӣ кашида шудани табақаҳои васеи аҳолӣ ба дараҷаи онвақта нарасидааст.[12]

Тахассуси маҳдуд пайдо кардан дар соҳаи касбу ҳунар, ки афзоиши ҳосилнокии меҳнат ва имконияти хеле вусъат додани ҳаҷми истеҳсоли молро таъмин менамуд, бо ҳамин амри воқеӣ робитаи бевосита дорад.[13]

Тиҷорати пулӣ дар доираи истеъмоли умум ба василаи сиккаҳои мисӣ ба вуқӯъ мепайваст. Ислоҳоти пулие, ки Улуғбек дар соли 1428 ҷорӣ кард, аз ин ҷиҳат аҳамияти хеле калон дошт. Мақсади асосӣ аз ин ислоҳот барои савдои чаканаи молҳои сермасриф фароҳам овардани шароити мусоид буд, ки ба ин беш аз ҳама сокинони оддии шаҳр ва аҳолии деҳот манфиатдор буданд.

Мазмун ва моҳияти ислоҳот аз қарори зайл иборат буд:[14] дар соли 1428 ҳамаи сиккаҳои мисии пастқурби пешина аз эътибор соқит карда шуд. Дорандагони ин пул метавонистанд, онро дар давоми як муддати муайян ба сиккаҳои нави нисбатан баландқурб иваз намоянд. Сиккаҳои нав аз соли 1428 сар карда якбора дар чандин шаҳрҳо: дар Бухоро, Самарқанд, Тошканд, Шоҳрухия, Андиҷон, Қаршӣ ва Тирмиз зарб зада шуданд. Пас аз анҷоми муовизаи пул зарби сиккаҳои мисӣ фақат дар Бухоро ба амал омада, зарробхонаи дигар шаҳрҳо баста шуд. Бухоро дар зарфи чандин сол (то қатли Улуғбек ва пас аз он ҳам) сиккаҳои мисии якхела мебаровард, ки ҳатто санаи зарби онҳо тағйир намеёфт: дар ин сиккаҳо, сарфи назар аз соли зарби онҳо, ҳамеша ҳамон як санаи содир гардидани фармони ислоҳоти Улуғбек сабт меёфт. ҳамин пулҳои Бухоро тиҷорати тамоми давлати осиёимиёнагии Темуриёнро бо як мизон таъмин менамуданд. Бо ин пул дар ҳамаи гӯшаву канори Осиёи Миёна мол харидан мумкин буд. Шакли ягонаи онҳо ҳар гуна мамониатро дар муомилот аз байн бурда, пеши роҳи сӯиистеъмол ва қаллобиро масдуд мекард. Чунин ташкили тиҷорати пулӣ барои феодализм ҳодисаи хеле кам воқеъшаванда ва ғайритипист. Ин ислоҳот ба талаботи объективии тиҷорати дохилӣ ниҳоятдараҷа мувофиқ афтода буд. Истеҳсоли фаровони молҳо барои истеъмолкунандаи оддӣ ба низоми муайян даровардани гардиши маҳз сиккаҳои мисиро тақозо менамуд, ки ин кори муҳимро ислоҳоти Улуғбек анҷом дод. Ҷорӣ гардидани ин ислоҳот ва муваффақияти он, дар навбати худ, барои инкишофи минбаъдаи тиҷорати доираи гардиши молҳои сермасриф шароити мусоид муҳайё сохт.

Қобили қайд аст, ки баъдҳо, хусусан дар даҳсолаи охири асри ХV гардиши умумидавлатии сиккаҳои мисӣ тамоман вайрон гардид. Соҳибони мулкҳо ҳар яке ба таври худ сиккаҳои худро бароварда, ба мақсади ҳар чӣ бештар фоида ситонидан ба ҳар гуна найрангу қаллобӣ роҳ кушоданд. Алалхусус, ҳокими ҳисор — Хусравшоҳ бо сиккаҳои мисӣ хеле густохона амал мекард. Дар натиҷа бӯҳрони гардиши пул сар зада, ӯро маҷбур намуд, ки дар соли 1501 ислоҳот гузаронад. Дар асоси ин ислоҳот вилояти ҳисор ба ҷои сиккаҳои мухталиф ва беэътиборшуда сиккаҳои якхела дарёфт намуд. Хусравшоҳ ба тағйир додани гардиши ин пули нав дигар ҷуръат намекард. Зарробхонаи шаҳрҳои хурд баста шуд. Акнун сиккаҳои мисӣ фақат дар ҳисор, Тирмиз ва Қундуз бароварда мешуд, ки маҳсули зарробхонаи ин се шаҳр дар тамоми мулк як хел гардиш мекард. Барои қулай ва осонтар намудани тиҷорат сиккаҳоро ба се арзиш – якдинора (он вақтҳо сиккаи мисиро динор мегуфтанд), дудинора ва тангаи майда зарб мезаданд.[15]

Дар асри ХV тиҷорати байналхалқӣ низ бисёр равнақ пайдо намуд. Темур ва Темуриён барои ривоҷ ва вусъати робитаҳои тиҷоратӣ бо кишварҳои гуногун хеле саъю кӯшиш мекарданд. Чунон ки зикр гардид, Темур ҳатто ба подшоҳони Франсия ва Англия нома навишта, онҳоро даъват намуд, ки тоҷиронро мутақобилан аз ҳар ҷиҳат пуштибонӣ кунанд. Дар сарчашмаҳои он замон роҷеъ ба сафорати ҳайъати намояндагӣ ба кишварҳои гуногун хабарҳои хеле зиёд дарҷ ёфтааст. Ба ҳирот – пойтахти Темуриён низ аз ҳар гӯшаву канор сафирҳо меомаданд. Дар бозорҳои Осиёи Миёна ва Хуросон молҳои гуногуни хориҷиро харидан мумкин буд. Дар навбати худ бисёр молҳои маҳаллӣ ба хориҷа содир мегардид. Тиҷорати байналхалқӣ яке аз ангезаҳои инкишофи баъзе намудҳои  касбу ҳунар  ва афзоиши ҳаҷми истеҳсоли онҳо  ба  шумор  мерафт ва ҳамчунин ба ривоҷи тиҷорати дохилӣ низ таъсири мусбат мерасонид.

Шаҳр ва касбу ҳунар

Маҳз дар асри ХV ва ибтидои асри ХVI ба болотарин ҳадди тараққиёти худ расидани муносибатҳои моливу пулӣ як ҳодисаи ҷудогона ва мунфарид набуд. Вай ҳамон мавқеи дар ҳаёти шаҳрҳои онвақтаи Осиёи Миёна ишғолкардаи ин муддатро аён намуда, аз пешрафтҳои он давра гувоҳӣ медиҳад. Барои ҳаматарафа таҳқиқ кардани он чи ки шаҳри асри ХV аз ҷиҳати иҷтимоӣ ва иқтисодӣ арзи андом менамуд, мутаассифона, мадракҳои кофӣ ҳанӯз ҷамъ нагардидаанд. Мо дар дасти худ фақат миқдори каме аз тадқиқотеро дорем, ки ба масъалаҳои алоҳида  бахшида шудаанд. Аммо ҳамин мадракҳои ноқис ва мушоҳидаҳои ҷудогона ҳам  имкон медиҳанд чунин хулоса барорем, ки тамоми мухолифатҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисодии шаҳр ҳамчун як ҳалқаи зиддифеодалӣ, дар силсилаи сохти феодалӣ ҳамоно дар асрҳои ХV-ХVI ниҳоятдараҷа тундутез гардида буданд.

Аз як ҷиҳат, фаъолшавии табақаҳои миёна ва поёни шаҳр ба назар мерасад. Муҳаққиқон хотирнишон кардаанд, ки шаклҳои истисмори дар аҳди муғулҳо маъмулгардидаи аҳли касбу ҳунар, ки то ҳолати мамлукӣ ва ғуломӣ расида буданд, дар асри ХV комилан аз байн нарафта бошад ҳам, вале аҳамияти худро торафт аз даст медод. Акнун симои асосии пешаварӣ косиби озод ва шакли асосии ташкилоти пешаварон коргоҳи умумии косибон мегардад. А.М.Беленитский дуруст қайд кардааст, ки коргоҳҳои умумии косибон дар асри ХV устувор гардида, аҳамияти онҳо хеле боло рафт. Яке аз аломатҳои зоҳирии аҳамияти ин коргоҳҳо дар ҳаёти шаҳр иштироки муташаккилонаи онҳо дар ҷашнҳоест, ки Темур ва Темуриён барпо мекарданд. ҳар як коргоҳи косибон дар ин ҷашнҳо ба сари худ ширкат менамуд.[16]

Тадқиқи идеологияи ин давра, ки дар адабиёти бадеӣ ва, умуман, дар ҳаёти маданӣ акс ёфтааст, материали боз ҳам конкреттар ва боварибахштар медиҳад. А.Н.Болдирев далелу санадҳои фаровонеро аз назари таҳқиқ гузаронида, ба таври қонеъкунанда нишон дод, ки нимаи дувуми асри ХV (алалхусус, охири асри ХV ва аввали асри ХVI) бо вусъат пайдо кардани базаи иҷтимоии ҳаёти маданӣ ва эҷоди бадеӣ тавсиф меёбад. Табақаи миёнаи аҳолии шаҳр – пешаварон ва бозаргонон, амалдорон ва рӯҳониёни миёнаҳол истеъмолкунанда ва офарандаи сарватҳои маданӣ мегарданд. Дар тазкираҳои он замон, аз ҷумла дар ёддоштҳои Восифӣ бисёр шоирони аз байни косибон, бозаргонон ва амалдорони хурд баромада зикр ёфтаанд. Албатта, як қисмати хеле ками онҳо шоири касбӣ буданд. Аксарашон нисбат ба адабиёт ва шеъру шоирӣ дилбастагӣ дошта, истеъдод ва соатҳои фароғати худро ба шеърхонӣ ва шеъргӯӣ мебахшиданд. Акнун шоирон, навозандагон ва базлагӯён на  фақат дар боргоҳи аъёну ашроф ҷамъ меомаданд, балки дар дӯконҳои саҳҳофӣ ва китобфурӯшӣ, дар коргоҳи косибон ва дар майдону бозорҳо низ баҳсу мунозираҳои адабӣ, маҷлиси шеърхонӣ ва мушоираҳо барпо мекарданд. Ин қабил маҳфилҳои адабӣ ва ҳунарӣ дар ҳирот, Самарқанд ва бисёр шаҳрҳои дигари давлати Темуриён ба вуҷуд омада буданд.

Боз муҳимтар ин аст, ки идеологияи шаҳр, ақида ва мафкураи табақаҳои миёнаи шаҳрнишинон дар худи адабиёти бадеӣ низ инъикос меёфт. ҳатто махсус «назми доираи ҳунармандон» ба вуҷуд омада буд, ки мундариҷаи асосии онро зисту зиндагии косибон ташкил мекард ва дар ин қабил шеърҳо луғату истилоҳоти касбу ҳунар ба таври фаровон истифода мешуд. Идеологияи шаҳр, ҷаҳонбинии нисбат ба феодализм мухолифи он дар осори барҷастатарин намояндагони равияи пешқадами адабиёти асрҳои ХV-ХVI инъикоси худро пайдо намудааст.[17]

Аз ҷиҳати дигар, шаҳри асрҳои ХV-ХVI ба ҳамон ҳолати феодалии худ боқӣ монда, дар он шаклҳои соф феодалии истисмори аҳли меҳнат беш аз пеш давом мекард. Ин ҷанбаи ҳаёти иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳр дар асоси мадракҳои асри ХV хубтар тадқиқ шудааст,[18] вале  мадракҳои маълуми асри ХV низ ба он шабоҳати комил дорад, аз ин рӯ, ба ин ду аср метавон як тавсифи умумӣ дод. Мо дар шаҳр низ мисли деҳот ҳамон категорияҳои моликияти заминро дучор меорем. Қисмати асосии замин дар ихтиёри давлат ва ё феодалони ашрофию динӣ (ҳамчунин аҳли хонадони салтанатӣ)  буд. Аммо ба истеҳсолкунандаи бевосита фақат як қисмати ночизи он тааллуқ дошт. Аз ин чунин бармеояд, ки дар шаҳр  истеҳсолкунандаи бевосита, агар дӯкон, коргоҳ ва ё манзили ӯ на дар замини худаш, балки дар замини давлат, вақф ва ё милки феодал воқеъ гардида бошад, ҳатман дар ягон шакле ҳаққи иҷораи заминро мепардохт. Аз ин лиҳоз дар байни сокини шаҳр ва деҳқон тафовуте мавҷуд набуд.

Бино ба маълумоти сарчашмаҳо, на фақат замин, балки бисёр муассисаҳои тиҷоратӣ ҳам ба феодалон тааллуқ дошт. Протсесси якҷоякунии муассисаҳои ҳунармандию тиҷоратӣ ва ҳатто биноҳои иқоматӣ хеле босуръат давом мекард. Аз ин чунин бармеояд, ки косибон ва дӯкондорони камбизоат на фақат заминро, балки ҳатто коргоҳ, дӯкон ва манзилро ҳам ба иҷора мегирифтанд, ки ин боиси боз ҳам бештар ба феодал тобеъ шудани онҳо мегардид. Ин тобеият боз аз он сабаб ҳам гаронтар менамуд, ки дар шаҳр ба як даст ҷамъ омадани замин ва биноҳо ба ҳар ранг сурат мегирифт. Масалан, истеҳсолкунандаи бевосита метавонист дӯкони вақферо иҷора гирад, ки дар замини милке воқеъ шудааст, ё баръакс.

Дигар шаклҳои соф феодалии истисмор низ ҳанӯз мавҷудияти худро нигоҳ медоштанд. Муҳит ва ҳайъати косибон якранг набуд. Ба ҷуз косибони озод гурӯҳе ҳам вуҷуд дошт, ки дар дараҷаҳои гуногуни тобеиятӣ «ғайрииқтисодӣ» қарор гирифта буд. Қисми пешаварони аз кишварҳои дигар оваронидаи Темур амалан дар вазъияти ғуломӣ умр ба сар мебурданд. Мадракҳое, ки шаклҳои тобеияти баъзе гурӯҳҳои аслиҳасозонро аён месозанд, боз ҳам муҳимтаранд. Бар тибқи як фармон, гурӯҳи ин қабил косибон ба ихтиёри сардори қӯрхона дода шуд ва ӯ мебоист  ба кори  он назорат мекард. Маъмурони давлат ҳақ надоштанд, ба кори ӯ мудохила кунанд ва аз ин косибон андоз бигиранд. Шакли дигари тобеият ба баъзе гурӯҳҳои косибоне дахл мекард, ки хидмати дарборро дар зимма доштанд. Ин косибон дар коргоҳи умумӣ ҷамъ омада, таҳти роҳбарии халифа кор мекарданд. Халифа, ки аз тарафи ҳукумат таъин мешуд, корро ташкил мекард ва ба сифати он назорат менамуд. Маҳсулоти ин коргоҳ на ба бозор, балки бевосита ба идораи давлат мерафт. Қайд кардан муҳим аст, ки халифаҳои ҳатто ҳамон коргоҳҳои озодро, ки барои бозор кор мекарданд, худи косибон интихоб накарда, балки ҳукумат таъин менамуд.[19]

Боз як аломати асосӣ ин аст, ки аҳолии шаҳр ба давлат баъзе аз он андозҳоеро, ки аз аҳолии деҳот ситонида мешуд (аз қабили андози сарона ё дудпулӣ), мепардохтанд. Онҳо ҳатто аз корҳои иҷборӣ ҳам озод набуданд.

Илова бар ин, албатта, андозҳои бевоситаи тиҷорат ва касбу ҳунар вуҷуд доштанд. Дар асри ХV чунин андози асосии аз муғулҳо меросмонда «тамға» номида мешуд. Аз рӯи баъзе далелҳои ғайримустақим, ҳаҷми тамға хеле калон буд. Вале дар ин ҷо аз ҳама диққатангез он аст, ки феодалон мухолифи ин навъ андоз буданд. Аз ҷумла, феодалони динӣ, бо баҳонаи ин ки тамға андози ғайришаръист, ба муқобили он бо қатъият мубориза мебурданд. Аммо дар асл ин аксуламали феодалон сабабҳои иқтисодӣ дошт – ин навъ андоз бар хилофи манфиати синфии онҳо буд. Ба феодалон фақат тарзҳои соф феодалии истисмори шаҳр, касбу ҳунар ва тиҷорат, ки аз онҳо даромади зиёде ба даст меоварданд, мувофиқат мекард, аммо дигар шаклҳои истисморе, ки ба онҳо зиён мерасонид, ба ҳеҷ ваҷҳ муносиб намеафтод.

Дар шаҳрҳои Осиёи Миёна худидоракунии ҳақиқӣ набуд. Шаҳрро қоиммақоме, ки аз тарафи ҳукумати марказӣ ва ё ҳокими вилояти калон таъин карда мешуд, идора мекард. Шаҳрҳо ҳамеша василаи инъому подошҳои феодалӣ ба шумор мерафтанд.

Ба ин тариқа, мухолифати асосии ҳаёти иҷтимоию иқтисодии шаҳрҳо, ки алалхусус, дар чоряки охири асри ХV ва чоряки аввали асри ХVI шиддат пайдо намуд, аз қарори зайл иборат буд. Аз як тараф, тараққиёти прогрессивии шаҳрҳо, афзоиши ҳосилнокии меҳнат дар риштаи касбу ҳунар, вусъати беназири тавлиди коло, вазни хоси баланди истеҳсоли молҳои мавриди масрафи умум, ба муносибати молӣ ва пулӣ кашида шудани аксари аҳолии шаҳр ва қисман деҳот, фаъолтар гардидани табақаи миёнаи шаҳр ва дар заминаи ин ҳама ҳодисоти муҳим ба зуҳур омадани падидаҳои навин дар соҳаи маданият. Аз тарафи дигар, омилҳои ба тараққиёти шаҳрҳо мамониаткунанда, аз қабили истисмори хеле сахти аҳолии меҳнаткаши шаҳр ва боло рафтани шаклҳои феодалии истисмор; ба дасти ҳамон як феодал даромадани моликияти ҳам қишлоқ ва ҳам шаҳр; ба ихтиёри ҳамон як феодали ашрофӣ ё динӣ–молики заминҳои шаҳру деҳот гузаштани биноҳои тиҷоратию пешаварӣ, яъне (бо андак истисно) ба ҳам омехтани табақаи болои тоҷирону судхӯрони шаҳр ва ашрофи заминдор; шаклҳои феодалии идораи шаҳр.

ҳамаи ин ҷиҳатҳо тадқиқи амиқи конкретию таърихиро талаб менамоянд. Муаррихон ба таҳқиқи шаҳрҳои Осиёи Миёна ва масъалаҳои иҷтимоию иқтисодии онҳо, назар ба муносибатҳои аграрӣ, диққати хеле кам мабзул медоранд. Асарҳое, ки ба масъалаҳои ҷудогонаи ҳаёти шаҳр бахшида шуда бошанд, дар фосилаи солҳои зиёд ва ҳатто даҳсолаҳо ба вуҷуд меоянд. ҳол он ки ин, қабл аз ҳама, аз нуқтаи назари омӯзиши ҷиҳатҳои ба худ хоси феодализми Осиёи Миёна, сабаб ва моҳияти хусусияти заволи он аз масъалаҳои хеле муҳим ҳисоб меёбад.

3. МАДАНИЯТ

Бинокорӣ ва меъморӣ

Аз асри ХV ба замони мо миқдори зиёди ёдгориҳои мӯҳташами меъморӣ боқӣ мондааст, вале ин фақат як қисмати камест аз он чи ки дар он даврони таърих ба вуҷуд омада буд. Темур ва Темуриён сохтмони биноҳоро беш аз пеш вусъат медоданд ва феодалони сарватманд дар ин кор ба онҳо тақлид ва пайравӣ менамуданд. Хусусан дар ду пойтахти давлати темурӣ – Самарқанд ва ҳирот бинокорӣ ба авҷи худ расида буд. Аммо бисёр шаҳрҳои дигар ҳам дар давоми асри ХV бо иморатҳои зебову муҷаллал ороста гардиданд.[20]

Аз қасрҳои сершумори онвақтаи Осиёи Миёна танҳо як қисми пештоқи Оқсарои Шаҳрисабз, ки бо амри Темур бино ёфта буд, маҳфуз мондааст.[21] Бо вуҷуди ин, аз таърифу тавсифи пурваҷди ҳамзамонон ва тасвири муфассали онҳо дар бораи истеъдод ва маҳорати меъморон, ороишгарон ва боғбонони гулдаст тасаввуроти комил ҳосил мегардад. Темур, авлоди ӯ ва дарбориёнаш бо майлу ҳаваси тамом боғҳои қасрдори берунишаҳрӣ месохтанд. Ин боғҳо бо растаҳои сабзу гулгаштҳои хуррам ба қитъаҳои мутаносиб тақсим гардида, дар онҳо гулу буттаҳо ва дарахтони сара бо завқу салиқаи баланд шинонда мешуданд, ҳавзу истахрҳои пуроб ва ҷӯйҳои шилдирросии бо буттагулҳо пӯшидашуда ҳавои боғро серун ва форам мекарданд ва ин манзараи фараҳбахш саҳнаи сайргоҳи дилфиреберо ба назар ҷилвагар месохт; дар дарунтари боғ кӯшки бошукӯҳе бино гардида, бо тамоми василаҳои зинатии замон зебу оро меёфт.[22]

Дар бораи осори меъмории гражданӣ ҳам асосан ба воситаи сарчашмаҳои хаттӣ метавон огоҳ шуд. Он вақтҳо сохтмони ин навъ биноҳо ба миқёси васеъ анҷом меёфт. Масалан, дар Самарқанд, чунон ки зикр гардид, бо фармоиши Темур яке аз хиёбонҳо ба бозорҷои умрону обод табдил дода шуд. Клавихо ҳатто аз дидани сохтмони нотамоми ин бозори хиёбонии тоқу равоқдор ва панҷаракоришуда ба ваҷд омада, онро хеле таърифу тавсиф намудааст. Шоҳрух ҳам дар ҳирот ҳамин гуна як бозоре сохт. Дар ду тарафи хиёбони чорсӯ, ки ин бозор воқеъ гардида буд, биноҳои дутабақаи дӯконҳо сохта шуда, болои хиёбонро саросар гунбазҳои панҷаранок пӯшонида буданд, дар маҳалли якдигарро бурида гузаштани ду хиёбони сарпӯшида бинои гунбазноки Чорсӯ сохта шуда буд, ки вай низ дӯконҳо дошт.[23]

Мадраса, масҷид ва мақбараҳои то замони мо расидаи он давра дар бораи комёбиҳои муҳандисӣ, лоиҳакашию биносозӣ ва ороишгарии меъморони асри ХV тасаввуроти пурра ва вуҷуд меоваранд. Аввалҳо баъзе корҳои марбут ба такмили усули кӯҳнаи сохтани бомҳои гунбазнок, вале баъдтар татбиқи васеи усули нав аз муҳимтарин муваффақиятҳои бинокорони онвақта ба шумор мерафт. Асли моҳияти усули нав аз ин иборат буд, ки акнун гунбаз на бар деворҳои бино, балки ба равоқ ва дигар қисмҳои бино устувор карда мешуд, ки ин ба хеле кам шудани қутри гунбаз имкон медод. Ин чунин маънӣ дошт, ки биноҳои калону васеъро ҳам гунбазпӯш кардан мумкин буд. Аз рӯи ин усули нави гунбазсозӣ дар биноҳои на фақат мураббаъ, балки дарозрӯя ҳам имкони гунбаз ниҳодан фароҳам меомад.

Дар ороишоти ёдгориҳои меъмории он давр майлҳои ҳашаматхоҳӣ ва таҷаммулписандӣ тазоҳуроти равшани худро пайдо намудаанд. Василаҳои ороишгарӣ хеле гуногун ва мукаммал буданд. Дар ин бобат низ комёбиҳои пешинзамон ва бозёфтҳои тоза ба ҳам омехта, мавриди истифода қарор мегирифтанд. Дар асри ХV хотамкории маҷмӯии хеле гарон ва заҳматталаб, ки он вақтҳо ба дараҷаи беназири такомули худ расида буд, ба таври васеъ ба кор бурда мешуд. Тасвирҳои нафиси наботӣ ва ҳандасӣ, интихоби рангҳои асил (аксаран гаммаи рангҳои кабуду сафеду нилобӣ), тарҳи аҷиби луоби нилгун, ки дар замини ялтаросии он тахайюлоти беинтиҳои мусаввир нақшҳои зебое меофарад, аз хусусиятҳои барҷастаи хотамкории он замон ба шумор меравад. Барои ороиши деворҳои дарунӣ усули кундал, ки аз омезиши андудаи тилло бо ягон хел ранг (бештар ранги кабуд) иборат аст, истифода мешуд. Таносуби зарандуд ва ранг гуногун буд: баъзан заминашро зарандуд намуда, бар он шаклҳои барҷастаи рангӣ мекашиданд ва ё, баръакс, ба заминаш ранг молида, дар рӯи он шаклҳои барҷастаи тиллоӣ месохтанд. Дар ҳар ҳолат нақшу нигори аҷиб ва ҷолибе ба вуҷуд меомад ва бесабаб нест, ки мутахассисон ин навъи ороишро ба парчаи зардӯзӣ монанд кардаанд.

Дар ороиши бино мармари суфта ё бо катибаву тасвири кандакорӣ ва ё бо нақшҳои нафиси тиллоӣ зинатдодашуда ба таври васеъ истифода бурда мешуд.

Дар ин асар тамоми усул ва василаҳои ороиши ин асрро тасвир ва тавсиф кардан аз имкон берун аст. Фақат бояд хотирнишон намуд, ки андешаву хаёлоти ороишгарӣ бетағйир намемонданд. Барои охири асри ХIV ва ибтидои асри ХV майли бо нақшу нигор тамоман фаро гирифтани деворҳо хос аст. Баъдҳо усули чидани хиштро бештар ва ба таври васеъ истифода намуда, дар заминаи он аз хиштҳои сирдор катиба ва нақшҳои оддӣ месохтагӣ мешаванд.[24]

Майли таҷаммул ва ҳашаматписандиро дар бинокорӣ ва меъмории он замон, беш аз ҳама, масҷиди Бибихонум, ки солҳои 1399-1404 дар Самарқанд сохта шудааст, дар худ муҷассам менамояд. Як вақтҳо дарвозаи калони тоқдори он ба ҳавлии васее кушода мешуд, ки гирдогирди онро қатори долону айвонҳо иҳота карда, гунбазҳои онҳо болои 400 сутуни мармарӣ устувор буданд. Дар пешгоҳи саҳни ҳавлӣ бинои асосии масҷид: равоқ ва як хонаи барҳавои гунбазӣ воқеъ гардида, бар болои он боз як гунбази пурнақшу нигори баланде сохта шуда буд. ҳоло аз ин масҷид фақат як харобае боқӣ монда бошад ҳам, вай аз шукӯҳ ва азамати пешинаи он ба хубӣ шаҳодат медиҳад.[25]

Мақбараҳои асри ХV аз назаргоҳи меъморӣ гуногуннавъ ва басо диққатангезанд. Мақбараи начандон калон, вале аз ҷиҳати ороиш хеле зебои Шоҳизинда (Ширинбег-ака ва Туман-ака),[26] мақбараҳои Рухобод, Қутби Чаҳордаҳум,[27] ниҳоят, Гӯри Мир аз муҳимтарин ёдгориҳои давраи темурӣ ба шумор мераванд. Аз ин миён Гӯри Мир (1403–1404), ки Темур ва авлоди ӯ дафн шудаанд, хеле ҷолиб аст.[28] Сохт ва тарҳи он бисёр оддист. Танаи ҳаштгӯша, устувонаи мавзун ва гунбади чиндори бо хиштчаҳои нилобиранг рӯкашшуда асоси ин мақбараи машҳурро ташкил намудааст. Ороишоти даруни толори чаҳоргӯшаи тоқчаноки он бо салобати мутантани худ касро дар ҳайрат мегузорад. Санги мармар, ақиқи сабзранг ва оби тилло бо андаке хиратобии умумии рангҳо фақат эҳсоси оромии сукунат ва дурӣ аз дунёи равшанро тақвият менамоянд.

Яке аз беҳтарин ёдгориҳои Улуғбек мадрасаи ӯст, ки дар регистони Самарқанд воқеъ гардидааст.[29] Дар чор тарафи ҳавлии даруни чорравоқа қатори манзилҳои дуошёна, дар гӯшаҳои он чор манораи мавзун ва дар даромадгоҳи асосӣ пештоқи боҳашамате сохта шуда буд. ҳоло чор гунбази болои дарсхона, як манора ва ошёнаи дувуми манзилҳои ин мадраса вуҷуд надоранд. Аммо бо он чи ки акнун ин ёдгории куҳан арзи андом мекунад, боз ҳам дар пеши назари бинанда як асари олии ҳунари меъмориро муҷассам сохта, бо тарҳи зебо, шаклҳои мутаносиб ва нақшу нигори гуногуну дилнишин, вале бисёр босалобати худ таассуроти фаромӯшношуданӣ ба вуҷуд меоварад.

Дар асри ХV боз як навъи мақбара маъмул мегардад, ки ба тарзи иншооти мураккаби чандхонагӣ сохта мешуд. Яке аз ҳамин қабил мақбараҳо Ишратхонаи наздикии Самарқанд мебошад. Толори марказии равоқчадори он андаке тарҳи салибмонанде дорад. Аз ду тарафи ин толор мутаносибан биноҳои дигар: аз як тараф, масҷид, ва аз тарафи дигар, миёнсарои сехонагӣ воқеъ гардидаанд. Маҷмӯи иморати мақбара бо хоначаҳои дуошёнаи идорӣ ба худ шакли тамом гирифта, дар ин асари меъморӣ усули нави қуббасозӣ намунаи барҷастаи татбиқи худро пайдо намудааст. Техникаи нави нигориши кундал ҳам дар ин бино хеле пурра ва моҳирона истифода шудааст. Ба зебу зинати ниҳоятдараҷа фаровони андарун нақшу нигори хеле содаи қисмати беруни бино муқобил воқеъ гардидааст. Маҳз қисмати беруни бино барои беҳтар дарк намудани тамоми ин ёдгории меъморӣ кӯмак мерасонад, зеро ҳангоми аз назар гузаронидани он диққати кас на ба ҷузъиёт, балки ба ҳалли умумии композитсионӣ кашида мешавад ва ба ин восита то чӣ андоза сабук ва муназзам будани сохтмони ин иморати мӯҳташам аёнтар мегардад.[30]

Бинои расадхонаи Улуғбек, ки дар доманаи баландии Чӯпонатои Самарқанд сохта шудааст, аз нодиртарин ёдгориҳо ба шумор меравад.[31] Аз ин бино фақат як теппача ва тӯдаи партовҳои сохтмон боқӣ мондаасту бас. Аммо бо кӯшиши бостоншиносон тарҳи табақаи поини таҳкурсии иморат маълум шуд. Муқаррар гардид, ки бино мудаввар буда, 30 метр баландӣ доштааст ва тавассути чӯбҳои кандакорӣ, сафолҳои сирдори нақшин ва сангҳои мармар ороиш ёфтааст. Ғайр аз ин, аз сарчашмаҳои хаттӣ маълум мешавад, ки расадхона се ошёна доштааст. Бақияҳои олоти асосии расадхона – асбоби дуқӯшаи зовиясанҷ, ки барои мушоҳидаи Офтоб, Моҳ ва зимнан, дигар сайёраҳо кор фармуда мешуд, маҳфуз мондааст. Як нӯги асбоби зовиясанҷ дар чуқурии 11 метр даруни хандақи дар шах кандашуда ва нӯги дигари азбайнрафтаи он тахминан дар баландии 30 метр воқеъ гардида будааст. Ин асбоб ба шакли ду қавси мувозӣ сохта шуда, ба шашяки доираи радиусаш беш аз 40 метр баробар меомад. Қавсҳо самти дақиқи ба меридиан мутобиқ доштанд. Онҳо бо тахтаҳои мармари сайқалёфта рӯкаш гардида буданд. Нури офтоб аз ду равзанаи хурд ба дарун роҳ ёфта, бар ду қавси зовиясанҷ, ки дар рӯи онҳо нишонаҳои дараҷа, дақиқа ва сония сабт шуда буданд, нақши худро мегузошт.[32]

Аз бинокориҳои ҳироти асри ХV хусусан маҷмӯи иморати Мусалло, ки аз масҷид, мадраса ва мақбара иборат аст, шоёни таваҷҷӯҳ мебошад. ҳоло аз ин ёдгории меъморӣ қисмати хеле каме боқӣ мондааст. Манораҳои сеҷузъаи бисёр мавзун ва мақбараи хеле ҷолиби Гавҳаршод, ки яке аз гӯшаҳои мадрасаро ишғол намуда, қисми таркибии он ба шумор мерафт, аз ҳашамат ва азамати он гувоҳӣ медиҳанд.[33]

Санъати наққошӣ ва миниётур

Чунон ки манбаъҳои хаттӣ шаҳодат медиҳанд, иморатҳои бошукӯҳ, алалхусус, қасрҳои Темур ва Темуриён аксаран бо тасвирҳои тамоми рӯи деворҳо зинат меёфтанд. Сюжети онҳоро манзараҳои ҷангу муҳосираи шаҳрҳо, базму зиёфат, русуми пазироӣ ва саҳнаҳои муқаррарии зиндагӣ ташкил менамуданд. Чунин василаи ороишро, махсусан, Темур ташвиқ мекард. Дар рӯи девори қасрҳои сарсилсилаи темурӣ тамоми қиссаҳои базму разми ӯ тасвири худро пайдо карда буданд.

Аз рӯи гувоҳии муосирон, суратҳои худи Темур, фарзандону наберагон ва дарбориёни ӯ, ҳатто маликаҳои хонадони темурӣ ҷузъҳои ҳатмии он сюжетҳои мураккаби тасвироти рӯи девори иморатҳои онзамона ҳисоб меёфтанд. Қитъаҳои боқимондаи чанде аз мақбараҳои Шоҳизиндаи Самарқанд дар бораи он санъати бошукӯҳ тасаввури умумӣ ва тақрибӣ ба вуҷуд меоваранд. Дар ин қитъаҳо фақат ҷӯйҳо, дарахтон, буттаҳо, гулҳо ва дар заминаи наботот ҳавосилҳои паранда тасвир ёфтаанд.[34]

Асри ХV ба олами тамаддун нусхаҳои хаттии олӣ, ки аз коғазу ҷилд то китобату тасвирот – ҳама намунаи санъаткории беназирест, ҳадя намуд.[35] Дар бисёр шаҳрҳои давлати бузурги темурӣ хаттотҳо ва наққошони забардаст зиндагӣ карда, асарҳои хеле зебо ва мӯҳташам меофариданд. Аммо маркази асосии ривоҷу равнақи ин ҳунарҳо ба ҳар ҳол ҳирот ба шумор мерафт. Дар бобати ҷамъ намудани одамони ҳунарвар ва шӯҳратманд ҳеҷ як шаҳр наметавонист бо ҳирот баробар шавад. Дар нимаи аввали асри ХV дар ин ҷо бародари Улуғбек — Бойсунқар ҳамчун донишманд, қадршинос ва ҳомии маданият ном бароварда, чунон ки дар боло гуфта шуд, китобхонае ташкил кард, ки вай на фақат махзани китобҳои нодир буд, балки вазифаи коргоҳи аҳли ҳунарро ҳам адо менамуд. Дар он ҷо беҳтарин миниётурсозҳо, хаттотҳо ва саҳҳофҳо кор мекарданд (як худи хаттотҳо чил нафар буданд). Ғайр аз ин, дар ҳирот китобхона – коргоҳи дарбории Шоҳрух низ мавҷуд буд, ки намунаҳои хеле хуби осори хаттотӣ ва миниётурӣ ба вуҷуд меовард.

Дар нимаи дувуми аср Алишер Навоӣ ва Султон ҳусайн Бойқаро, ки ҳамчунин донандагони қадри ин соҳаҳои ҳунар ҳисоб мешуданд, ҳунармандони мустаидро ҳимоят карда, онҳоро ба дарбор ҷалб менамуданд.

Хусусияти миниётури шарқ, хоҳ барои ороиши китоб хизмат кунад ва хоҳ ба таври ҷудогона (қитъа) сохта шуда бошад, ин аст, ки вай ҳаҷм ва сояравшан, умқ ва дурӣ надорад. Чизҳои ба назари бинанда дар фосилаҳои гуногун воқеъшуда ба тариқи амудӣ, аз паст ба боло: чизҳои наздик дар поён ва чизҳои дур дар боло ҷой дода мешуданд.

ҳаҷми чизҳои дуру наздик таносубан аз ҳам фарқ намекард, яъне чизи дур назар ба чизи наздик ҳаҷман хурд намешуд. Вале ин ҷиҳатҳои миниётурро на ҳамчун нуқсон, балки ҳамчун хусусияти хоси ин навъи эҷодиёти тасвирӣ донистаанд. Нафосати тасвир, обуранги фаровон, ба василаи рангомезӣ ва сохти композитсионии сурат ифода кардани ҳолати рӯҳӣ ва эҳсосот аз ҷиҳатҳои пурарзиши миниётур ҳисоб меёфт. Дар сарчашмаҳои хаттӣ номи бисёр миниётурсозони асри ХV, ки санъаткорони забардасти замони худ буданд, зикр шудааст. Лекин ба сабаби он ки миниётурсозон, одатан, дар асарҳояшон имзо намегузоштанд, таҳқиқи эҷодиёти аксари онҳо бо ниҳояти душворӣ анҷом меёбад.

Дар нусхаи «Шоҳнома»-и соли 1429/30 дар китобхонаи Бойсунқар китобатшуда бист миниётуре, ки чанд нафар ҳунармандон сохтаанд, мавҷуд аст. Муҳаққиқон онҳоро аз беҳтарин намунаҳои марҳалаи аввали равнақи мактаби миниётурсозии аҳди темурӣ ба қалам додаанд. Нафисию мавзунӣ, балки зарифии сурат, равшании ранг ва қисматбандии махсус, ҳатто дар мавзӯъҳои «расмӣ» ҳам ҷиҳати фарқкунандаи ин миниётурҳоро ташкил менамоянд.

Мактаби миниётурсозии ҳирот дар нимаи дувуми асри ХV ба тавассути як идда ҳунармандони моҳир ба авҷи тараққиёти худ расид. Дар байни ин ҳунармандон Камолиддини Беҳзод (тав. байни солҳои 1450-1460 — ваф. соли 1536/37) мақоми хосае ишғол намудааст.

Рассоми бузурги он замон — Мираки Наққош аз қобилияти фавқулоддаи писарбачаи ятим — Камолиддин огоҳ шуда, ӯро тарбият ва сарпарастӣ намуд (мутаассифона, эҷодиёти Мираки Наққош ҳанӯз ба дараҷаи кофӣ омӯхта нашудааст, зеро фақат ду миниётури имзогузоштаи ӯ маълум асту бас). Дар камолоти Беҳзод Алишер Навоӣ низ ҳамчун ғамхор ва мададгор хидмати шоиста намуда, барои ба муҳити одамони истеъдоднок ва маданӣ роҳ ёфтани ӯ имконият фароҳам овард. Дар ташаккули идеалҳои эстетикӣ ва тараққиёти эҷодиёти Беҳзод маҳз ҳамин муҳит таъсири басо муфид ва самарбахш расонид.

Барои миниётурҳои марҳалаи аввали эҷодиёти Беҳзод бештар рангҳои банур ва тазод, қисматбандии динамикӣ, серсуратӣ ва пур кардани ҷо хос аст. Чунончи, миниётурҳои барои «Зафарнома»-и Яздӣ сохтаи ӯ аз ҳамин қабиланд. Дар маркази диққати рассом шиддати муҳориба ва ҷӯшу хурӯши меҳнат қарор гирифтааст. Тасвири майдони муҳорибаи ду қӯшун ба тасвири манзараи мушобеҳ дар нусхаи «Шоҳнома»-и соли 1429/30 ҳеҷ монандие надорад. Дар ин ҷо ду қӯшуни баробар баҳамназдикшаванда не, балки тӯфони разм ба назар мерасад. Дар ин ҷо ҳар як чеҳраи тасвиршуда фардист, задубархӯрди ҷанговарон ногаҳонӣ, пуршиддат ва хеле гуногун аст. Миниётури сохтмони масҷиди ҷомеи Самарқанд аз ҷиҳати мазмун тамоман фарқ мекунад. Вале дар ин ҷо ҳам шиддати ҳаракат баръало ҳис карда мешавад. Дуредгарону кандакорон дам нагирифта кор мекунанд, назораткунанда коргурезеро ҷазо медиҳад, аробаи пур аз санги мармар омада истодааст.

Одамони бисёре тасвир шудаанд, вале ҳама дар қиёфа ва ҳолати гуногунанд: яке серҳаракат, дигаре оромтар, аммо ҳама дар якҷоягӣ ба ташвишу тараддуди кори сохтмон комилан мувофиқат доранд.

Баъзе муҳаққиқон бо имони комил ва баъзе муҳаққиқон бо андак шакку шубҳа якчанд миниётурҳоро, ки дар махзанҳои гуногуни мамлакати мо маҳфуз мебошанд, ба қалами Беҳзод нисбат медиҳанд[36]. Масалан, ба ақидаи санъатшиноси советӣ О.И.Галеркина, якчанд миниётурҳое, ки дар Китобхонаи оммавии давлатии ба номи Салтиков-Шедрини шаҳри Ленинград маҳфуз мебошанд, асарҳои Беҳзод гуфтан мумкин аст[37]. О.Ф.Акимушкин, А.А.Иванов, М.М.Ашрафӣ дар ин бобат хеле бо мулоҳиза изҳори ақида мекунанд ва чунин мешуморанд, ки баъзе аз ин миниётурҳо, бешакку шубҳа, ба қалами шогирдони Беҳзод тааллуқ дорад ва мувофиқи услуби худи Беҳзод кашида шудаанд. Ба ин миниётурҳо композитсияи шинаму мутаносиб, назокату латофати ҳар як печутоби хат, таъсири мукаммалу дилошӯби ранг хос аст, ки ин фақат ба устодони забардаст муяссар мешавад. Ба гуфтаи муҳаққиқони миниётурҳои форсӣ, миниётурҳои аслии Беҳзод соҳиби чунон композитсияи мукаммал мебошанд, ки дар асоси қонуну қоидаҳои аниқу дақиқи математикӣ тартиб ёфтаанд ва одамон дар расм чунон ҷой мегиранд, ки аксар вақт гӯё як доирае пайдо мешавад.

Дар баъзе расмҳои худ Беҳзод ин услуби худро ошкоро ба қалам медиҳад, дар баъзе расмҳояш бошад, баръакс, ба рӯи ин услуби худ парда мекашад ва онро ноаён истифода мебарад. Беҳзод ба қоидаву қонунҳои маълуму муқаррарии расмкашӣ эҷодкорона муносибат мекард, ӯ қоидаву қонунҳоро аз нав месохт, тағйир медод, дигар мекард, маҳз чунин муносибати эҷодкоронаи Беҳзод ва дар айни ҳол, идроки ниҳоят нозуку латифи тобиши ранг ва намуди тарҳ миниётурҳои ӯро ин қадар беҳамтову беамсол кардаанд.

Мактаби миниётуркашии асри ХVI Табриз аз эҷодиёти Беҳзод фаровон баҳра бардоштааст. Соли 1522 шоҳ Исмоили Сафавӣ Беҳзодро ба Табрез бурда, сардори китобхона таъин мекунад, ки вазифаи вай роҳбарӣ ба миниётуркашони дарбор буд. Дар давраҳои аввал услуби миниётуркашии мактаби Табрез дар асоси услуби композитсиясозӣ ва рангубордиҳии равияи ҳирот инкишоф меёфт.

Ба ин ҷиҳати масъала, масалан, рассоми асри ХVI Содиқбеки Афшор низ ишорат намуда навишта буд, ки анъанаи маҳаллӣ бо услуби Беҳзод зич омезиш ёфта буд.[38]

Муҳаққиқон инчунин қайд кардаанд, ки таъсири мактаби ҳирот дар миниётурҳои асри ХVI Бухоро низ ба назар мерасад.

Дар охири асри ХV эҷодиёти Беҳзод бештар ба тафаккур ва эҳсосоти қалбӣ наздик мешавад ва аксаран ба тасвири манзараҳои табиат рӯ меоварад. Чунин кайфияти санъаткори бузург дар миниётурҳои «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Хусрави Деҳлавӣ акс ёфтааст. Мавзӯи ишқи маъсум ва ноком дар осори Беҳзод ифодаи хеле таъсирбахш ва шоиронаи худро пайдо намудааст.

Беҳзод суратгари мумтоз ҳам буд. Дар офаридаҳои ӯ баъзе шахсони таърихӣ аз ҷиҳати қиёфа ба ҳамзамононаш монанд шудаанд. Масалан, дар яке аз миниётурҳо Искандари Мақдунӣ ба худ қиёфаи Султон ҳусайн Бойқароро гирифтааст. ҳамчунин миниётурҳое ҳастанд, ки саҳнаҳои зиндагии дарбориёнро инъикос мекунанд ва дар ин байн сурати Султон ҳусайн ва ё яке аз дарбориён низ ба назар мерасад.

Аммо суратҳои алоҳидаи Султон ҳусайн ва Муҳаммади Шайбонихон аз шоҳкориҳои Беҳзод дар ин навъи санъати рассомӣ ба шумор мераванд.

Беҳзод дар санъат равияи тоза ба вуҷуд оварда, устоди як мактаби махсуси наққошии замон гардид. Ӯ шогирдони бисёре дошт. Яке аз наққошони машҳури он аср — Қосим Алӣ низ, мутобиқи маълумоти баъзе сарчашмаҳо, аз шогирдони вай ҳисоб мешуд.

Муосирон чунин мешумурданд, ки тафовути асарҳои ин ду устоди санъатро фақат донишманди зарофатбин метавонад дарк намояд. Мутаассифона, аз миниётурҳое, ки бидуни шубҳа, ба қалами Қосим Алӣ тааллуқ доранд, ягонто ҳам то замони мо нарасидаанд.

Мактаби миниётурсозии ҳирот дар охири асри ХV ва ибтидои асри ХVI усулан ҳалли қисматбандии (назар ба нимаи аввали асри ХV) камтағйирёфтаро ба амал татбиқ намуд. Дар айни замон, ба ақидаи санъатшиносон, дар миниётурҳои он тамоюли реалистӣ беш аз пеш афзуда, майлу кӯшиши фардикунонӣ ва ҳатто ифода намудани ҳолати рӯҳии персонажҳо тақвият меёбад, тасвири табиат мураккабтар мегардад.

Маҳорат ва ҳунари санъаткорон ба дараҷаи баланди такомули худ мерасад. Асарҳои моҳирона офаридаи миниётурсозони забардасти асри ХV яке аз қуллаҳои маданияти бадеии шарқ ҳисоб меёбад.

Илму адаб дар нимаи дувуми асрҳои ХIV-ХV

Яке аз олимони маъруфи замони Темур, ки борҳо дар мубоҳисаҳои илмии дарбори ӯ ширкат намудааст, Саъдуддин Масъуд ибни Умари Тафтозонӣ (1332-1389) мебошад. Саъдуддини Тафтозонӣ то охири умри худ дар Ғиждувон, Ҷом, Хоразм, Туркистон, Самарқанд, ҳирот ва Сарахс ба дарсгӯӣ машғул шуда, доир ба сарфу наҳв, фиқҳ ва илми баён рисолаҳои зиёде таълиф намудааст, ки ҳанӯз аз вақти дар қайди ҳаёт будани ӯ ба қатори китобҳои дарсӣ дохил гардидаанд.

Муаррихи барҷастаи он давр Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Арабшоҳ (1392-1450) дар Димишқ таваллуд ёфта, аз синни ҳаштсолагӣ дар Самарқанд иқомат намудааст. Асари асосии ӯ «Аҷоиб-ул-мақдур фӣ навоиби Темур» ном китобест, ки дар он хусусиятҳои манфии Темур ниҳоятдараҷа сахт ва нисбат ба он замон хеле ҷасурона мазаммат мешавад.

Дигар аз муаррихони маъруф Низомиддини Шомӣ соли 1404 бо унвони «Зафарномаи Темурӣ» китобе навишт. Шарафиддин Алии Яздӣ (ваф. 1454) дар соли 1425 бо номи «Зафарнома» асари машҳури худро таълиф намуд, ки он ҳам ба аҳди Темур бахшида шудааст.

Дар асри ХIV адабиёти бадеӣ низ тараққӣ карда, адибони барҷастае ба вуҷуд омаданд, ки дар байни онҳо классикони машҳури назми форсу тоҷик Шамсиддин Муҳаммад ҳофизи Шерозӣ (ваф.1389) ва Камоли Хуҷандӣ (ваф. тахминан 1400) мавқеи бузургеро ишғол мекунанд. Дар асарҳои онҳо бештар ғояҳои тараққихоҳонаи замона мунъакис гардидаанд.

ҳофиз дар айёми кӯдакӣ хеле барвақт аз падар ятим монд. Модараш, ки имконияти хонондани фарзандашро надошт, ӯро ба тарбияти шахсе гузошт. Лекин ҳофиз ба зудӣ хонаводаи ин шахсро тарк намуда, ба нонвое шогирд шуд.

Чанд гоҳ дар мадраса ҳам таҳсил карда, як қадар маълумот ба даст овард. Баъдҳо вай зиндагонии дарвешона ба сар бурда, муттасил ба касби дониш машғул гардид ва дере нагузашта ҳамчун шоир шӯҳрат ёфт.

Шеърҳои ҳофиз ҳанӯз дар айёми ҳаёти ӯ дар байни оммаи халқ хеле паҳн шуда, тадриҷан як қисмати онҳо ба фолклор низ дохил гардидаанд. ҳоло ҳам ҳофиз дар Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон аз маҳбубтарин шоирон ба шумор меравад, мардум ашъори дилнавози ӯро бо шавқу завқ мехонанд. Роли ҳофиз дар таърихи адабиёти форсу тоҷик бағоят бузург мебошад. Вай шоирест, ки навъи лирика, яъне ғазалро ба дараҷаи олии такомул расонида, ба он мазмунҳои тоза дохил кардааст. Ба ғазалиёти ҳофиз дар баробари мавзӯи ишқ ва май, зебоӣ ва хушгилӣ, фикру андешаҳои ирфонӣ ҷиҳати эътироз нисбат ба беадолатиҳои иҷтимоӣ низ хос мебошад. ҳофиз дар шароити асри миёна то ба дараҷаи мубориза барои шаъну шараф ва қадру қимати инсон расид. Вай аксар вақт ҳамаи он чизеро, ки дар тафаккури ӯ пайдо мешуд, изҳор карда наметавонист. Шоир, ки бо шароит ва муҳити тираи давр муросо намекард, ғолибан ба худ ниқоби риндӣ кашиданро афзалтар медонист. Бо вуҷуди ин, мазмуни асосии назми ҳофизро на шодиву хушҳолии лоқайдона ва на васфи зебоӣ барои худи зебоӣ, чи навъе ки шарқшиносони буржуазӣ вонамуд карданӣ мешаванд ва на андешаҳои сарбастаи тасаввуф, балки ҳисси норизогӣ нисбат ба беинсофиҳои иҷтимоии замона фароҳам овардааст.

Шеърҳои ошиқонаи ҳофиз эҳсоси баланд ва шавқу рағбати бепоёни одамиро иброз намуда, дурӯғу риёро мазаммат ва писандидатарин хислатҳои инсонро талқин мекунанд. Ба тариқи намуна ин ғазали ҳофизро, ки пур аз маҷозу кинояҳои ҳадафзан мебошад, меоварем:

Ман на он риндам, ки тарки шоҳиду соғар кунам,

Мӯҳтасиб донад, ки ман ин корҳо камтар кунам.

Чун сабо маҷмӯаи гулро ба оби лутф шуст,

Каҷдилам хон, гар назар бар сафҳаи дафтар кунам.

Лола соғаргиру наргис масту бар мо номи фисқ,

Доварӣ дорам басе, ё Раб, киро довар кунам?

Ишқ дурдонасту ман ғаввосу дарё майкада,

Сар фурӯ бурдам дар ин ҷо, то куҷо сар баркунам?

Гарчи гардолуди фақрам, шарм бод аз ҳимматам,

Гар ба оби чашмаи хуршед доман тар кунам.

Ман, ки дорам дар гадоӣ ганҷи султонӣ ба даст,

Кай тамаъ дар гардиши гардуни дунпарвар кунам!

Ошиқонро гар ба оташ меписандад лутфи дӯст,

Тангчашмам гар назар бар чашмаи Кавсар кунам.

Аҳду паймони фалакро нест чандон эътибор,

Аҳд бо паймона бандам, шарт бо соғар кунам…

Бо вуҷуди бенавоӣ рӯ сияҳ бодам, чу маҳ,

Гар қабули файзи хуршеди баландахтар кунам!

Ман, ки имрӯзам биҳишти нақд ҳосил мешавад,

Ваъдаи фардои зоҳидро чаро бовар кунам?!

Шеваи риндӣ на лоиқ буд васфамро, вале

Чун дарафтодам, чаро андешаи дигар кунам?…[39]

Муосирони ҳофиз мазмуни тасаввуфии ашъорашро ба назар гирифта, ӯро ҳанӯз дар вақти зиндагиаш «Лисон-ул-ғайб» номида буданд. Баъзе рӯҳониёни мутаассиб пас аз марги ҳофиз шеърҳояшро соф аз нуқтаи назари динию тасаввуфӣ маънидод карданӣ шуданд[40]. Масалан, онҳо иддао мекарданд, ки образҳои ғазалиёти ӯ гӯё аслан маънии маҷозӣ доранд: «ёр» ишора ба Худост ва ғайра.

Гётеи заковатманд ишорати ҳофизро ҳамчун ифодаи эътирози зидди зӯҳду риё дарк намуд. Ӯ дар «Девони ғарбию шарқӣ»-и худ китоби махсуси шеърҳояшро бо унвони «ҳофизнома» ба шоири бузурги форсу тоҷик бахшид.[41]

Маҷозу кинояҳо дар ашъори ҳофиз барои ифодаи ғояҳои инсондӯстии ин шоири бузург хизмат менамуд.

Камоли Хуҷандӣ. Айёми кӯдакии худро дар Хуҷанд гузаронида ва давраи таҳсилашро дар Самарқанд ба итмом расонида, сипас ба Табрез рафт ва дар дарбори ҳокими он ҷо қарор гирифт. Вақте ки хони Олтин Ӯрда- Тӯхтамишхон Табрезро забт намуд, Камол ба асирӣ афтода, ба Сарой (пойтахти Олтин Ӯрда) бурда шуд. Ӯ пас аз чанд соли маҳбусӣ ба Табрез баргашта, тахминан дар соли 1400 вафот кард.

Камоли Хуҷандӣ низ яке аз барҷастатарин устодони назм мебошад. Ғазалҳои ӯ хеле равон ва хушоҳанг буда, баъзе аз онҳо бо мавзӯъ ва мазмуни худ ғазалҳои ҳофизро, ки Камол бо вай робитаи дӯстӣ доштааст, ба хотир меоранд. Ғазали зерин ғаму ҳасрати шоирро дар ёди ватан хеле хуб ифода намуда, бо як силсила ғазалҳои халқии тоҷик, ки ҳамчун шеърҳои «ғарибӣ» маъруфанд, пайваст мешавад:

Дил муқими кӯи ҷонон асту ман ин ҷо ғариб.

Чун кунад бечораи мискинтани танҳо ғариб.

Орзуманди диёри хешаму ёрони хеш,

Дар ҷаҳон то чанд гардам бесару бепо ғариб?!

Чун ту дар ғурбат наафтодӣ, чӣ донӣ ҳоли мо?

Меҳнати ғурбат надонад ҳеҷ кас, илло ғариб.

ҳаргиз аз роҳи карам рӯзе напурсидӣ, ки чист –

ҳоли зори мустаманди монда дур аз мо ғариб?

Чун дар ин даврон намеафтад касе бар ҳоли мо,

Дар чунин шаҳре, ки мебинӣ, кӣ афтад бо ғариб?

Дар ғарибӣ ҷон ба сахтӣ медиҳад мискин Камол

Во ғарибӣ, во ғарибӣ, во ғарибо, во ғариб! [42]

Дигар аз шоирони он замон Носири Бухороист (ваф.1378), ки аз ҷиҳати услуб ва мазмуни эҷодиёти худ ба ҳофиз ва Камол наздикӣ дорад.

Дар ашъори бузургтарин шоирони асри ХIV, ғолибан дар ғазал онҳо бар хилофи қасидасароиҳои расмӣ, кайфияти эътирозомези халқ, ки дар шӯру ошӯбҳои он ба таври равшан ифода меёфт, дар шакли ба худ хос мунъакис мегардид. Қимат ва арзандагии махсуси ин ғазалҳо ва сабабҳои дар байни халқи тоҷик шӯҳрат пайдо кардани онҳо дар ҳамин аст.

Илму адаб махсусан дар аҳди салтанати Улуғбек равнақу ривоҷ пайдо намуд. Мо дар боло роҷеъ ба фаъолияти ҳамаҷонибаи эҷодии Улуғбек сухан рондем. Ӯ, дар ҳақиқат ҳам, тавонист барҷастатарин намояндагони афкори илми нуҷум ва ҳандасаи замонро ба Самарқанд ҷамъ намояд.

Дар соли 1428 Улуғбек сохтмони бинои расадхонаи бузургеро ба итмом расонда, онро бо асбобу олоти мукаммал муҷаҳҳаз сохт.

Ин расадхона дар тараққиёти илми нуҷуми он давра роли бағоят муҳиме бозӣ кард. Дар ин расадхона нахустин бор вазъияти як қатор ситораҳоро муқаррар карда, тавассути он дар соли 1437 ҷадвалҳои нуҷумие, ки аҳамияти умумиҷаҳонии илмӣ касб намудаанд, тартиб дода шуданд. Бояд қайд кард, ки ин ҷадвалҳо аслан ба забони тоҷикӣ тартиб ёфта, баъдҳо ба забони арабӣ тарҷума гардидаанд. Дар онҳо вазъияти беш аз ҳазор ситораи ба чашм аён ва мавқеи тақрибан ҳамаи шаҳрҳои шарқи исломӣ нишон дода шудааст.

Ҷадвалҳои нуҷумии Улуғбек, чи дар шарқ ва чи дар ғарб, дар зарфи чандин аср ҳамчун китоби дарсии доир ба таҳқиқи авзои кавокиб хидмат намуданд. Аҳамияти ин ҷадвалҳо боз дар ҳамин ҷост, ки онҳо барои омӯхтани вазъияти илми нуҷум дар миёнаҳои асри ХV манбаи пурқимате мебошанд.

Улуғбек на фақат ба тараққиёти илму фан, балки дар айни замон ба пешрафти адабиёт ва санъат низ хеле аҳамият медод.

Дар ин вақт Самарқанд ва ҳирот марказҳои бузурги маданияти шарқ гардида буданд. ҳирот, ки ҳанӯз аз замони Шоҳрух ба пешравӣ оғоз карда буд, дар нимаи дувуми асри ХV, яъне дар айёми ҳукмронии Султон ҳусайн Бойқаро (1469–1506) ба калонтарин маркази илму маданият табдил ёфт. Аз тамоми гӯшаву канорҳои Мовароуннаҳр ва Эрон ходимони илму санъат ба ҳирот ҷамъ омадан гирифтанд. Ба ин ҷиҳат, дар ҳирот илмҳои тиб, ҳуқуқ, ахлоқ, инчунин адабиёт ва санъат низ тараққӣ карданд.

Бузургтарин намояндаи адабиёти ин давра шоир ва донишманди маъруф Нуриддин Абдурраҳмони Ҷомӣ (1414-1492) мебошад. Ҷомӣ дар деҳаи Ҷом, наздикии Нишопур, таваллуд ёфта, таҳсили худро дар ҳирот ба анҷом расонид ва баъдҳо фаъолияти илмӣ ва адабиашро асосан дар ҳамин ҷо давом дод. Ӯ якчанд дафъа ба Самарқанд низ сафар кардааст. Аз он қасидае, ки Ҷомӣ дар соли 1487 оид ба шарҳи ҳоли худ навиштааст, чунин маълум мешавад, ки вай илми шеър ва қофия, сарфу наҳв, мантиқ, ҳикмати шарқ ва Юнон, табииёт, риёзиёт ва илми ҳайъатро омӯхта, баландтарин дараҷаи дониши замонаро азхуд карда будааст. «Баҳористон» ном асари ӯ, ки дар равияи «Гулистон»-и Саъдӣ таълиф ёфтааст, аз беҳтарин намунаҳои насри асри ХV маҳсуб мегардад. Ҷомӣ дар асарҳои худ ҳамаи навъҳои адабиро моҳирона такмил дод ва бо ҳамин ба тараққиёти минбаъдаи адабиёти тоҷик таъсири хосае расонидааст.

Абдураҳмони Ҷомӣ дар тамоми таърихи адабиёти асри миёнаи тоҷик аз сермаҳсултарин шоирон мебошад. Муаллифи тазкираи «Миръот-ул-хаёл» Шерхони Лудӣ чунин навиштааст: «Ҷомӣ наваду нӯҳ китоб тасниф намуд, ки ҳамаи онҳо дар Эрон, Тӯрон ва ҳиндустон назди аҳли дониш мақбул афтод ва ҳеҷ кас ангушти эътироз бар ину он натавонист ниҳод».

Аз асоситарин асарҳои манзуми Ҷомӣ «ҳафт авранг» мебошад, ки аз ҳафт достони бузурги мисли достонҳои «Хамса»-и машҳури Низомӣ фароҳам омадааст (аз ҳафт маснавӣ сетоаш: «Тӯҳфат-ул-аҳрор», «Лайлӣ ва Маҷнун» ва «Хирадномаи Искандарӣ» назира ба достонҳои «Хамса»-и Низомист). Дар бештарини асарҳои ӯ ғояҳои инсониятпарварона тараннум гардида, истибдоди ашрофи ҳукмрон танқид ва мазаммат карда мешавад. Вале эҷодиёти Ҷомӣ аз мухолифатҳои фикрӣ холӣ набуда, дар қатори ғояҳои нисбат ба он замон тараққихоҳона ба асарҳои ӯ ғояҳои динию тасаввуфӣ низ роҳ ёфтаанд.

Ҷомӣ дар «Хирадномаи Искандарӣ» ном яке аз достонҳои «ҳафт авранг» дар пайравии Форобӣ ва Низомӣ кишвари хаёлиеро тасвир намудааст, ки сокинони он ҳама дар мусовот зиндагӣ карда, дар байни онон аз дорову нодор ва аз золиму мазлум асаре дида намешавад.[43]

Дар аҳди салтанати Темуриён, ки давраи ташаккули адабиёти бадеии ӯзбекизабон низ мебошад, протсесси таъсири мутақобили адабиётҳои ӯзбек ва тоҷик беш аз пеш қувват мегирад. Фаъолияти даҳои адабиёти ӯзбек — Мир Алишер Навоӣ (1441-1501) маҳз ба ҳамин давра тааллуқ дорад.

Навоӣ соли 1441 дар хонадони шахси соҳибмаърифате ба дунё меояд. Дар байни наздикони ӯ шоирон, мусиқичиён ва хаттотон ҳам буданд.

Ӯ аз хурдсолӣ нисбат ба шеър майлу рағбат пайдо карда, ба тоҷикӣ ва ӯзбекӣ шеър гуфтан оғоз намуд ва аз синни понздаҳсолагӣ ба шоирӣ шӯҳрат ёфт.

Пас аз ба тахти ҳирот нишастани Султон ҳусайн Бойқаро (1469) Навоӣ мақоми ходими давлатро соҳиб гардид. Ӯ бо унвони амир олитарин мансаби давлатиро ишғол намуд. Навоӣ қариб тамоми умри худро дар ҳирот гузаронид.

Дар ташаккули даҳои Навоӣ муносибати дӯстона ва алоқаи эҷодии ӯ бо Ҷомии бузургвор роли калоне бозидааст. Навоӣ худро шогирди Ҷомӣ ҳисоб мекард. «…Мулоқоти Навоӣ ва Ҷомӣ,– менависад Е.Э.Бертелс,– дар воқеъ, дӯстиеро ба миён овард, ки то охири умри Ҷомӣ давом намуд. Решаи ин дӯстӣ, албатта, на фақат бар ҷиҳатҳои фардии хислатҳои ин ду марди бузург, балки дар заминаи умумияти ҷаҳонбинӣ, мувофиқати комили ақидаву назарҳои онҳо ба мақсад ва вазифаҳои адабиёт қарор гирифтааст».[44]

Дар солҳои 1483–1485 Алишер Навоӣ ба забони ӯзбекӣ «Хамса»-и худро эҷод менамояд, ки ин ҳам мисли «ҳафт авранг»-и Ҷомӣ назираест ба силсилаи достонҳои шоири бузурги асри ХII Низомии Ганҷавӣ.

Бисёр сухансароёни забардаст ба равияи Низомӣ «Хамса» навишта, дар офаридани ин навъ асарҳо анъанаи шоистаеро ба вуҷуд овардаанд.

Навоӣ дар ин силсилаи маснавиёти худ бисёр фаслҳоро ба танқиди зулму тааддӣ, ҳирсу оз ва ҷоҳталабӣ бахшидааст.

Вақте ки соли 1492 Абдурраҳмони Ҷомӣ вафот намуд, Навоӣ ва дӯстони ӯ як соли тамом азодорӣ карданд. Навоӣ барои абадӣ гардонидани хотираи дӯсти бузургвори худ «Хамсат-ул-мутаҳаййирин» ном асаре навишта, яке аз таълифоти Ҷомиро ба ӯзбекии қадим тарҷума кард.

Дӯстии Алишер Навоӣ ва Абдурраҳмони Ҷомӣ тимсоли дурахшони дӯстии ду халқи бародар – ӯзбекон ва тоҷикон аст, ки таърихи он ба қадимтарин замонҳо рафта мерасад.

Навоӣ дар охири умри худ (ваф.1501) маснавии «Лисон-ут-тайр» ва асари пандомӯзи «Маҳбуб-ул-қулуб»-ро, ки ба бисёр ҷиҳатҳои ҳаёти ҷамъиятии онрӯза дахл мекунад, инчунин асарҳои зиёди дигарро таълиф намудааст.

Алишер Навоӣ яке аз бузургтарин шоирони асримиёнагии шарқ ва дар айни замон олим ва мутафаккири забардаст, мусиқидон ва наққоши моҳир, инчунин арбоби намоёни сиёсист.

«Навоӣ марди бузург аст. Истеъдоди гуногунҷанбааш ӯро ба қатори нобиғаҳои ҷаҳон мегузорад. Офаридаҳои ӯ кайҳост, ки дастраси тамоми инсоният гардидаанд. Роли онҳо махсусан дар инкишофи адабиёти туркизабон бағоят калон аст.

Бузургтарин шоири озари асри ХVI Фузулӣ, шоирони туркман Андалеб, Махдумқулӣ, Мулло Нафас ва дигарон аз офаридаҳои Навоӣ илҳом гирифта, дар бисёр бобатҳо ба ӯ пайравӣ намудаанд. Навоӣ дар миёни шоирони Туркия низ шӯҳрати зиёде дорад.

Хизмати Навоӣ дар адабиёти ӯзбек аз ин иборат аст, ки ӯ ин адабиётро ба арсаи ҷаҳон баровард. Навоӣ бо офаридаҳояш барои халқи ӯзбек имконияти ба забони модарӣ тараққӣ додани маданияти худро фароҳам сохт.

Қувваи истеъдоди Навоӣ дар он аст, ки офаридаҳои ӯ асрҳоро паймуда, ба ёди мардум ҷой гирифтанд ва имрӯз ҳам ба онҳо рӯҳ ва илҳом мебахшанд».[45]

Дар ин давра адабиётшиносӣ низ бисёр тараққӣ карда, дар бораи қофия, вазн, мувашшаҳ, муаммо ва ғ. асарҳои зиёде ба вуҷуд омаданд. Масалан, Ҷомӣ бо унвони «Муаммои сағир» ва «Муаммои кабир», «Рисолаи қофия»; Камолиддин ҳусайнӣ бо номи «Рисола фил-муаммо»; Сайфӣ бо номи «Арӯз» асарҳо таълиф намуданд.

Дар соли 1486 яке аз муқаррабони дарбори Султон ҳусайн Бойқаро Давлатшоҳи Самарқандӣ, ки аксар вақт аз сӯҳбатҳои Ҷомӣ ва Навоӣ баҳраманд мегардид, асари машҳури худ — «Тазкират-уш-шуаро»-ро ба вуҷуд овард. Ин асар дар бораи беш аз сад нафар шоир маълумот медиҳад.

Аҳамияти мактаби адабии ҳирот ниҳоятдараҷа бузург аст. Махсусан бояд таъкид кард, ки ба якдигар наздик шудани адабиёти ду халқи ҳамсоя–тоҷикон ва ӯзбекон маҳз аз ҳамин давра сар карда торафт қувват мегирад.

Дар ин ҷо баъзе хулосаҳои илми советиро доир ба давраи савуми тараққиёти назми классикӣ, ки асрҳои ХIII–ХV, яъне давраи пас аз истилои муғулро дарбар мегирад, иҷмолан баён мекунем. Аз солҳои 50-уми асри ХIII ба зулму истибдоди тоқатшикан нигоҳ накарда, дар марказҳои мадании баҷомонда ҳаёти адабӣ дубора ба равнақ даромад. Тадриҷан ҳамон гуногунии жанрҳо, ки ба давраи якум (асрҳои IХ–ХI) хос буд, хусусияти асосии адабиёти ин давраро ташкил дод ва равияи оппозитсионии гуманистӣ, ки дар давраи дувум (асри ХI–ибтидои ХIII) пайдо шуда буд, дар ин давра боз ҳам қувват гирифт.

Таҷдиди анъана нисбат ба асарҳои ҷамъбасткунандаи «адабиётшиносӣ» (мисли тазкираҳои Авфӣ, Давлатшоҳ ва ғ.) зарурат ба миён овард. Мадеҳагӯӣ ба насри таърихии пуртумтароқ, ки ба ситоиши Темур ва ворисони ӯ бахшида мешуд, роҳ ёфт. Қасидаҳои мадҳия низ аз нав равнақ гирифтанд (Хусрави Деҳлавӣ ва диг.). Назирагӯӣ ҳам ба воситаи «Хамса»-и Хусрави Деҳлавӣ, «ҳафт авранг»-и Ҷомӣ, «Хамса»-и Навоӣ (ба забони ӯзбекии қадим) умри дубораи худро шурӯъ намуд. Дигаргунӣ дар назми тасаввуфӣ аз он иборат буд, ки шеърҳои шаклан (аз ҷиҳати луғат ва воситаҳои тасвир) сӯфиёна, вале аз ҷиҳати мазмун хеле гуногун ба вуҷуд омаданд.

Комёбии басо пурарзиши назми ин давра ғазалиёти ҳофиз ва Камол буданд. Ҷомӣ бо эҷодиёти худ адабиёти ин давраро ҷамъбаст намуд. Ӯ тамоми навъҳои адабиро инкишоф дод, синтези тамоми таҷрибаҳои адабиро ба вуҷуд овард ва консепсияи бадеии инсони комилро кор карда баромад. Аммо дар назми асри ХV унсурҳои тақлид низ беш аз пеш роҳ ёфта, диққати асосӣ ба ороиши зоҳирии шеър, шаклпарастӣ ва суханбозӣ равона карда шуд.

Тараққии адабиёти бадеӣ дар асри ХV ба пешрафти дигар санъатҳои алоқаманд таъсир накарда наметавонист. Хусусан дар миёнаҳои асри ХV санъати мусиқӣ ва рақс хеле ривоҷ гирифт. Дар ин давра на фақат мусиқачиён, балки бастакорони хубе ҳам ба камол расиданд.

Пешрафти санъати мусиқӣ то дараҷае расида буд, ки дар ин соҳа асарҳои назариявӣ ба вуҷуд омаданд. Яке аз ин қабил асарҳо «Рисолаи мусиқӣ»-и Абдурраҳмони Ҷомист, ки дар бораи омӯхтани санъати мусиқии асри ХV аз муҳимтарин сарчашмаҳо ҳисоб мешавад.

Дар ин давра инчунин оид ба илми ахлоқ бисёр асарҳо таълиф ёфтанд. Ҷалолиддини Давонӣ (1426-1502) соли 1467 бо номи «Ахлоқи Ҷалолӣ» китобе навишт. Дар соли 1494 ҳусайн Воизи Кошифӣ дар масъалаи ахлоқ ва тарбия «Ахлоқи Мӯҳсинӣ»-ро офарид, ки аз чил боб иборат буда, ба шоҳзода Мӯҳсин бахшида шудааст. Ғайр аз ин, ӯ китоби машҳури «Калила ва Димна»-ро бо номи «Анвори Суҳайлӣ» аз нав таҳрир намуд.

Комёбиҳои соҳаи таърихнависӣ низ дар ин давра кам набуданд. Яке аз асарҳои муҳими ин фан «Зубдат-ут-таворих»-и ҳофизи Абрӯ (ваф. 1430) мебошад, ки нақли воқеаҳои таърихиро то соли 1427 расонидааст. Абдураззоқи Самарқандӣ, ки давомдиҳандаи корҳои вай аст, бо унвони «Матлаъ-ус-саъдайн ва маҷмаъ-ул-баҳрайн» китобе навишт, ки аз вақти таваллуди Абӯсаиди ҳулокуӣ то Абӯсаиди Темурӣ, яъне воқеаҳои таърихии байни солҳои 1304 ва 1469-ро дарбар мегирад.

Муинниддин Муҳаммади Исфизорӣ дар соли 1491 бо номи «Равзат-ул-ҷаннот фӣ авсофи мадинат-ул-ҳирот» асаре ба вуҷуд оварда, на фақат таърихи шаҳри ҳирот, балки таърихи тамоми вилоятҳои давлати Султон ҳусайнро тасвир намудааст.

Муҳимтарин асари таърихии давраи Темуриён китоби «Равзат-ус-сафо» мебошад. Муаллифи ин китоб Муҳаммад ибни Ховандшоҳ (ваф. 1498), ки дар таърих бо номи «Мирхонд» шӯҳрат дорад, аслан аз вилояти Балх буда, давраи минбаъдаи ҳаёт ва фаъолияти худро дар ҳирот гузаронидааст. Ӯ яке аз иштироккунандагони фаъоли ҳаёти мадании ҳирот ва аз ҳамкорони наздики Ҷомӣ ва Навоӣ ба шумор меравад. «Равзат-ус-сафо» иборат аз ҳафт ҷилд аст, ки таърихи мамлакатҳои исломӣ, аз ҷумла, Эрон ва Осиёи Миёна, хусусан давраи Темуриёнро то охирҳои салтанати Султон ҳусайн Бойқаро дарбар мегирад. Охири ин китоб, яъне ҷилди ҳафтуми он, ки нотамом монда буд, аз тарафи бародарзодаи муаллиф — Хондамир ба итмом расонида шуд.

Албатта, ин ҳама комёбиҳои маданӣ ба мо асосе намедиҳанд, ки вазъияти давлати Султон ҳусайнро зиёда ситоиш кунем. Чӣ навъе ки дар боло қайд гардид, худи султон ва маъмурони ӯ халқи меҳнатиро бераҳмона ғорат мекарданд. Тамоми харҷи бинокориҳои шаҳри ҳирот чун бори гарон бар дӯши оммаи заҳматкаш ҳамл мешуд. Ин аст, ки мо дар осори бисёр нависандагони он замон шикоят аз зулму истибдоди давраи темурӣ ва айёми ҳукмронии Султон ҳусайнро мушоҳида мекунем.

[1]Жуковский В. А., 1894, с. 71; Бартольд В. В., 1964, с. 62; 1965 а, с.

151-152; 194-195; Маҳмудов Н., 1966, с. 13.

[2]Азимҷонова С. А., 1954 ва 1957; Беленицкий А. М., 1945; Маҳмудов Н., 1966; Молчанов А. А., 1940; Чехович О. Д., 1965; Якубовский А. Ю., 1946 ва uайра.

[3]Аммо на ҳамеша хироҷи дар манбаъҳо ба тариrи пул ифодаёфтаро ба таври механикӣ шакли пулии даромади солонаи замин ҳисобидан мумкин аст. Масалан, ба гумони Н.Маҳмудов (1966, с. 70) хироҷе, ки яке аз ҳокимон ба Темур мепардохт ё худ хироҷе, ки гумоштаҳои Темур аз хироҷuундорандагони Хуросон ҷамъ карда, мебоист ба Самарrанд мерасониданд, шакли пулии худро доштааст. Дар ин ҷо дар бораи воrеан, шакли пулӣ доштани даромади замин сухан рондан на он rадар ҷоиз аст. Ин ҷо шояд ҳамон ҳодисае зикр ёфта бошад, ки одатан хироҷро ба тариrи мол ҷамъ карда ва аз рӯи арзиш ба пул гардонида, пулро ба хазинаи ҳукумати марказӣ мефиристоданд.

[4]Бартольд В. В., 1964, с. 132; Чехович О. Д., 1965, с. 303–304 ва диг.

[5]Давидович Е. А., 1961 а, с. 37.

[6]Чехович О.Д., 1965 а, с. 346.

[7]Чехович О.Д., 1951 а, с. 62, 65-66.

[8]Миrдори зиёди ин rабил мадракҳоро Н. Маҳмудов (1966, с. 56–59) ҷамъ овардааст.

[9]Набиев Р. Н., 1968, с. 35 ва мобаъд.

[10]Давидович Е. А., 1970, с. 90. Дигар муҳаrrиrон як манро 8 пуд ҳисоб кардаанд, ки нодуруст аст.

[11]Маҳмудов Н., 1966, с. 52-58

[12]Давидович Е. А., 1965, с. 83-91

[13]Беленицкий А.М., 1940, с. 44.

[14]Давидович Е. А., 1965, с. 274-299.

[15]Давидович Е. А., 1965 б, с. 44–48

[16]Беленицкий А. М., 1940 а, с. 189 ва мобаъд.

[17]Болдырев А. Н., 1957, с. 253 ва мобаъд.

[18]Иванов П. П., 1954, с. 42–43; Давидович Е. А., 1961 а, с. 40–42.

[19]Беленицкий А. М., 1940, с. 45–46.

[20]Доир ба санъати меъмории давраи Темуриён тадrиrот ва нашрияҳои зиёде мавҷуданд, ки мо аз ин ҷумла асарҳои умумӣ ва ҷамъбастии зеринро rайд мекунем: Булатов М. С., 1969; Денике Б. П., 1939; Засыпкин Б. Н., 1928; 1948; 1961; «Таърихи Самарrанд», ҷилди I, 1969; Массон М. Е., 1948; 1950 в; 1957 а; Пугаченкова Г. А., 1951; 1957; 1958 6; 1965; 1968; Пугаченкова Г. А., Ремпель Л. И., 1958; Ремпель Л. И., 1961. Оид ба сарзамини Тоҷикистон, аз ҷумла, ниг.: Веймарн Б. В., 1947.

[21]Массон М. Е., Пугаченкова Г. А., 1953.

[22]Пугаченкова Г. А., 1951.

[23]Беленицкий А. М., 1946, с. 181-183.

[24]Ин тарзи ороиш аз тарафи Б. П. Денике (1939) ва Л. И. Ремпель (1963) муфассалан тавсиф ёфтааст.

[25]Роҷеъ ба масҷиди Бибихонум ниг: Массон М. Е., 1929: Ратия Ш. Е., 1950; Пугаченкова Г. А., 1953.

[26]Булатова В. А., 1965; Немцева Н. Б. ва Шваб Ю., 1968

[27]Пугаченкова Г. А., 1962.

[28]Массон М. Е., 1929 а; Масҷиди Гӯри Мир, 1905; Пелтнев И. Е., 1968; Семенов А. А., 1948, 1949; Шишкин В. А., 1946.

[29]Веймарн Б., 1946; Массон М. Е., 1929 б, 1950 в.

[30]Массон М Е., Пугаченкова Г. А. ва диг, 1958

[31]Доир ба ёдгориҳои Чӯпонато ниг.: Uуломов Я. U., 1948.

[32]Роҷеъ ба ҳафриёти расадхона ниг.; Вяткин В. Л., 1962; Массон М.Е., 1941 Шишкин В А., 1953, 1965; Uуломов Я.U. ва Буряков Ю.Ф., 1968. Таҷдиди бинои азбайнрафтаи расадхона мавриди баҳсу мунозира rарор гирифтааст, ниг.: Нильсен В. А., 1953; Пугаченкова Г. А., 1969.

[33]Пугаченкова Г. А., 1963, с. 147–157

[34]Денике Б. П., 1939, с. 200–208; Ремпель Л.Н., 1961, с. 318–325, 332– 337; Бородина И. Ф., 1965

[35]Адабиёти ин соҳа хеле зиёд аст. Ин ҷо фаrат баъзе асарҳои характери умумидоштаро ном мебарем: Денике Б.П., 1938, с. 68-120; Семёнов А.А., 1940; 1946 б; Пугаченкова Г.А.; Ремпель Л.И., 1965; «Персидские миниатюры», 1968, с. 6-17; 3(с. 6-7; Stchoukinӯ I., 1954; Ӯttinhausӯn R., 1960; Grау В., 1961 (ҳамон ҷо феҳристи муфассал).

[36]Акимушкин О Ф., Иванов А. А., 1968, с. 17; Ашрафӣ М. М., 1974. с. 22

[37]Galӯrkina О., 1970

[38]Садиг-бек Афшар, 1963, с. 6.

[39]{офиз, 1893, с. 284–285.

[40]Дар баъзе байтҳои {офиз ба риштаи назм кашида шудани оятҳои ҷудогонаи Rуръон шояд ба чунин иддао асос гардида бошад.

[41]Брагинский И., 1966, с. 220–253.

[42]Камоли Хуҷандӣ, 1955, с. 14.

[43]Роҷеъ ба он ниг.: Айнӣ С., 1948; Бертельс Е. Э., 1965 а; Ҷомӣ, 1965. Нашри осори Ҷомӣ ва тарҷумаи онҳо: Ҷомӣ, 1964; Абдурраҳмони Ҷомӣ, 1964.

[44]Бертельс Е. Э., 1965 а, с. 124.

[45]Кор-оглы Х. Р., 1968, с.63. Осори Алишер Навоӣ иборат аз 15 ҷилд дар Тошканд нашр шудааст.

Назди admin

Инчунин хонед инро

hulbuk

ШАҲРҲОИ ОСИЁИ МИЁНА ДАР АСРҲОИ ХI–ХII

Тараққиёти босуръати шаҳрҳо, истеҳсолоти молӣ ва тиҷорати пулӣ аз муҳимтарин аломатҳои давраест, ки мо ба …