МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / ЗАРГӮШ дар Канзи Шифо (Китоб)
Заргуш

ЗАРГӮШ дар Канзи Шифо (Китоб)

Заргӯш ё худ (Заргуш) —  ин ҳайвони даштии алафхур аст, ки ҷангалӣ ва кӯҳӣ мебошанд. Мизоҷаш гарм дар дараҷаи севум ва тар дар дувум аст. Хислатҳои шифобахши он: гӯшташро бо дам бирён карда, бо кӯфтаи дорчинӣ, мурч, кокутӣ, ҳардал (горчица) ва тухми шибити бо сирко турш кардашуда бихӯранд, саръ (припадка), фолиҷ (шал шудани нимаи бадан ба дарозӣ), нотавон шудани узвҳои бадан, каҷ шудани рӯй, паридани узв ва ларзакро шифо мебахшад, инчунин, карахтиро низ бартараф месозад. Низ дигар бемориҳои аз хунукӣ ба зуҳур омада, иллатҳои асабонӣ, дардҳои пайвандҳо, инчунин, ҳангоми хоб ба ногаҳ шошиданро барҳам медиҳад. Қайлаи он низ бемориҳои зикрёфтаро ба ибро меоварад.

Дар ширдони бачаи алафнохӯрдаи ин ҷонвар панирмоя мавҷуд аст. Аз ҳамон панирмоя камакакеро ба кӯдак бихӯронанд, онро аз саръи тифлона эмин медорад ва дар вақти хоб тарсидани онро дафъ мекунад. Аммо ба кӯдак он вақт бихӯронанд, ки дар меъдааш шир набошад. Вале агар шири хӯрдааш ҳазм гашта, аз меъдаи он поён нафуромада бошад, он ширро шах мегардонад ва боиси бемориҳои дигар мешавад.

Агар занҳо баъди пок шудан аз ҳайз пас аз се рӯз 2,5 грамм панирмояи онро бихӯранд, ҳомила шудани онҳоро манъ мекунад ва агар 9 грамми онро бихӯранд, аз бачадон бисёр рафтани рутубатро ислоҳ мекунад. Камтар аз як грамм панирмояи онро бо шароб бихӯранд, таби дурӯздармиёнро шифо мебахшад. 4,5 граммашро бо оби нахӯд бихӯранд, хуни дар хичак шахшударо, ки боиси банд шудани пешоб гашта бошад, тит ва ҳал мекунад.

Аз 0,2 грамм то 2,5 грамм панирмояи заргӯшро бо сиркои ангурӣ бихӯранд, саръро дафъ мекунад ва шири дар меъда шахшударо таҳлил медиҳад; мори афъӣ газида бошад, таъсири заҳри онро мешиканад, инчунин чӣ навъе, ки заҳри қотил хӯрда бошанд, бар зидди онҳо тарёк мегардад. Агар ин миқдор панирмояи онро ҳангоми сайд кардан гармогарм бо равғани зайтун даромехта фурӯ баранд, ба касоне, ки хобида нафас гирифта наметавонад ё дар вақти ҳаракат нафас мезада бошанд ва нафасашон ба онон ёрӣ намешавад, шифо мебахшад.

Агар касе талхаашро бинӯшад, хоб ба дарачае ғалаба мекунад, ки то сирко нахӯронанд ё онро дар биниаш накашонанд, бедор намегардад. Чун хояи заргӯшро хушк карда, бо намаксанг ва гули испарак намаксуд намуда, як грамми онро дар бинӣ бирезанд, кач шудани рӯйро нафъ дорад. Саргини онро занҳо аз таг бардоранду муҷомаат намоянд, зуд ҳомила хоҳанд гашт.

Майнаи заргӯшро бирён карда бихӯранд, иллати ларзакро дафъ мекунад. Агар инро ба милки тифлон бимоланд, зуд онҳо дандон мебароранд. Агар бо сирко ва равғани зайтун сиришта, ҳар кас бар бадани худ бимолад, аз он шахс ҷонварони газанда мегурезанд ва наздикаш намеоянд. Агар ҳар рӯз то ҳафт рӯз майнаашро ба миқдори ду донаи ҷав бо шири навдӯшида бихӯрад, мӯяш сафед намегардад.

Хокистари мағзи сари заргӯшро бо равғани хирс, шаҳдоб (асалоб) ва оби пиёзи ансул даромехта бимоланд, ба ҷоҳои гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш мӯй мерӯёнад. Майнаашро дар об ҷӯш дода, дар он об даромада нишинанд, барои иллати ниқрис (подагра), инчуннн, ба дарди буғумҳо дору мебошад. Хокистари устухони онро гузошта банданд, иллати ханозерро хукгардонро) ба ибро меоварад.

Саргини заргӯшро аз 1,5 то 3,5 грамм бихӯранд, иллати дар вақти хоб ба ҷогаҳ шошиданро шифо мебахшад. Пешобашро дар чашм чаконанд, чашмро тез мекунад. Хунашро гармогарм бимоланд, доғҳои кунҷидак ва доғи сафеди пӯстро дафъ мекунад, инчунин решҳои сарро, ки аз онҳо рутубати сафеди монанди шир таровиш мекарда бошад, шифо мебахшад. Агар онро бирён карда бихӯранд, захми рӯдаҳоро ислоҳ мекунад ва даруни рафта истодаро мебандад.

Хунашро дар латтае бигиранду баъд хушк намуда, нигоҳ доранд ва вақти ҳоҷат камеро аз он дар шири модари тифл, ки иллати саръ дошта бошад, ҳал карда бихӯронанд, кӯдак аз саръ наҷот меёбад. Равғанашро ба сар бимоланд, тарқидан ва рехтани мӯйро манъ мекунад. Агар инро бихӯранд, бавосирро қатъ мекунад ва инчунин ба бадани он кас хунукӣ таъсир нахоҳад кард.

Мӯйи заргӯшросӯхта, ос карда бипошанд, хуни равоншударо аз ҳар узв, ки бошад, манъ мекунад. Бинобар он, ки маҳсулоти заргӯш дар мизоҷ гарм аст, истеъмолаш барои одамони гарммизоҷ зарарнок мебошад. Агар зарар кунад, коснӣ, сирко ва анори майхуш бихӯранд, зарари онро ислоҳ месозад. Инчунин, гӯшти заргӯшро дар бухори оби гарм бо шибит пухта, бо равған бихӯранд, зарари онро бартараф мегардонад. Барои дардҳои пайвандҳои бадан ҳеҷ чиз монанди гӯшти заргӯш даво нест. Дар ин бобат ба ин гӯшт фақат гӯшти оҳубарра метавонад рақобат кунад. Чун маҷмӯъи заргӯшро, яъне ҳамаи ҳастии заргӯшро бо бутуниаш дар зарфе бисӯзонанд ва аз он 15 грамм бихӯранд, санги гурдаро майда карда мерезонад. Аз заргӯш чизҳои дарунашро гирифта, дур сохта, монанди дар боло гуфташуда бисӯзонанду бо равғани гули сурх сиришта, ба ҳар ҷойи бадан, ки бимоланд, мӯй мерӯёнад.

Назди admin

Инчунин хонед инро

tarkibi-xun

Таркиб ва вазифаҳои хун ва плазмаи он

Аҳамият ва вазифаҳои хун. Хун ҳамчун моеъи дохилии организм дар системаи махсуси худ ҳаракат карда, …