МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
Зарингиёҳ

Зарингиёҳ

Зарингиёҳ — ин растании кӯҳистонист, решааш аз рӯ тира ва дарунаш зард аст. Бинобар зард будани решааш ҳамин тавр номида шудааст. Дар кӯҳсорҳои Осиёи Марказӣ бисёр мерӯяд. Ба русӣ золотой корень меноманд. Гулаш зард аст. Қади гиёҳаш то як ваҷаб мехезад, баргҳояш сербар ва дурушт мебошанд.

Мизоҷаш гарм ва хушк аст. Хислатҳои шифобахши он: усораи решаи тари онро, яъне оби решаи онро дар офтоб ғафс гардонида, донаи гандум барин аз он бо майи пухтагӣ бихӯранд, ирқуннасоро шифо мебахшад, хуни дар хичак шахшударо гудохта хориҷ мекунад, пешоби бандшударо мекушояд ва душвор шошиданро осон мекунад, инчунин ҳайзи бандшударо равон мегардонад. Вале агар инро бисёр бихӯранд, ба хичак зарар дорад. Дар ин ҳолат самари балут, яъне ҷуфти балутро тановул намоянд, ислоҳи зарар менамояд.

Сурати решаи Зарингиёҳ

Решаи Зарингиёҳ

Назди admin

Инчунин хонед инро

Бемории простата

Табобати Аденома простата, дору барои бемории мардон!

Аденомаи простата ё худ онро гиперплазияи ғадуди простатаи безарар мебошад, ки яке аз маъмултарин бемориҳои …