АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / Зарпечак ё худ зардпечак — растании зараровар

Зарпечак ё худ зардпечак — растании зараровар

Зарпечак ё худ зардпечак (ба забони руссӣ повилика) — Ин растаниест монанди ришта, зардранг ва зарди сурхтоб, ки ба растаниҳои дигар печида, аз ҳисоби онҳо зиндагӣ мекунад ва афзоиш меёбад. Баргҳояш бисёр реза ва тухмаш аз арзан ҳам майдатар, рангаш сурхи моил ба зардӣ, ки ҳанӯз гулаш норехта тухм мебандад, ранги гулаш сурхи моил ба тирагӣ ва решааш мӯй барин асг. Тухмаш ба замин афтода, баъд сабзида, ба набототи наздашбуда мепечад. Дар тиб шохҳои риштамонанд ва тухмаш истифода мешаванд.

зарпечак

  Мизоҷи ин агар дар ҷоҳои гарм рӯйида бошад, дар дараҷаи севум гарм ва хушк аст, вале агар дар минтақаҳои мӯътадил бирӯяд, гармиаш дар дараҷаи якум аст.

  Хислатҳои шифобахши он: инро бихӯранд, моддаҳои балғам ва савдоро аз бадан хориҷ мекунад, агар бо бунафша якҷо карда бихӯранд, хилти сафроро ҳам аз бадан дур мегардонад. Барои бемориҳои вобаста ба магзи сар ва асабонӣ, чунончӣ: дарди сар, ҷингак шудани аъзо аз бисёрии балғам, саръ (припадка), молихулиё (меланхолия), навъҳои гуногуни девонагӣ, дар хоб сиёҳӣ зер кардан, васвоси савдовӣ, фолиҷ (шал шудани нимаи бадан ба дарозӣ), каҷ шудани рӯй, карахтӣ, дардҳои гуногуни буғумҳо, саратони решгашта, хурсанд кардани дил — барои ҳамааш дору мебошад. Зеро хилти (моддаи) савдоро, ки баамаловарандаи бемориҳои мазкур мебошад, аз бадан ва аз даруни майна ронда, ҳамаро пок мегардонад, инчунин кирмҳои меъда ва бодҳоро дафъ мекунад. Ин гиёҳ барои мизоҷҳои пирон мувофиқ аст. Хуллас, барои бемориҳои аз ғалабаи хилти савдо баамаломада ва пок гардонидани узвҳои бадан аз савдо давои хубест, гиреҳҳоро мекушояд. Агар инро бо мурч ва давоҳои дигари хушбӯй ҳамроҳ карда бихӯранд, қуввати ронданаш зиёда мегардад.

  Чун як ҳафта ҳар рӯз 35 грамм зарпечакро дар 150 грамм шири навдӯшида тар кунанду бо 70 грамм сиканҷабин (сиркоасал) бинӯшанд, барои дафъ кардани дарди сари савдовӣ, яъне барои дарди сар аз бисёр шудани моддаи савдо дар сар, молихулиё, ҷингак шудани аъзо аз зиёдатии балғам, ваҳшат (тарсончакӣ) ва дилтапак (дилбозӣ) давои аҷибест. Низ 21 грамми онро ҳар қадаре шири гӯсфанди навдӯшида дохил карда биёшоманд, барои дарди сари савдовӣ даво мешавад, вале барои ин аввал баданро аз хилти савдо танқия карда, баъд инро бинӯшанд. Инчунин 25 грамми онро бо оби панир биёшоманд, барои дарди сари вобаста ба ҳолати дил, ки дар натиҷаи дохил шудани савдо дар ин узв, мизоҷаш вайрон шуда бошад, шифо мебахшад. Чун 21 грамми онро бо 35 грамм мавизи бедона дар об ҷӯши сабуке дода, соф карда, ба он обе, ки дар он сари бунафша ҷӯшонида шуда бошад, ҳамроҳ карда, бинӯшанд, барои васвоси савдовӣ ва ихроҷ кардани кирми дарози меъда дору мешавад. Агар ба ҳамаи ин таркиб барги говзабонро изофа кунанд, таъсираш зудтар зоҳир мегардад. Ҳамчунин 35 грамм зарпечакро бо оби панир даромехта бихӯранд, молихулиёро шифо мебахшад.

  25 грамм зарпечакро сабук кӯфта, дар шири навдӯшида андохта, бо шакари сафед ширин карда биёшоманд, барои молихулиё, навъҳои гуногуни девонагӣ, сиёҳӣ зер кардан дар хоб ва аксари иллатҳои

савдовӣ дармон мешавад.

  Агар 25 грамм зарпечакро кӯфта, бо 25 грамм сиканҷабин даромехта бихӯранд, хилти савдоро аз бадан башиддат меронад, сипурзро пок мегардонад ва барои молихулиёи вобаста ба вайрон шудани феъли сипурз нафъ дорад. Агар ҳар ҳафта як мартаба аз ин таркиб хӯрда шавад, нофеъ аз барои молихулиё, девонагӣ ва ҳамаи иллатҳои савдовӣ мебошад.

  Чун зарпечакро дар об як-ду ҷӯше дода, баъд молида, соф карда, дар оби софи он гулқанд ҳал намуда, аз нав соф карда бинӯшанд, сарро аз ахлоти мурдори савдовӣ пок мекунад ва барои иллати дар хоб сиёҳӣ пахш кардан, ки сабабаш ба сар баромадани бухори меъда бошад, нафъ дорад.

  Агар аз 21 го 35 грамм зарпечакро дар майи пухтагӣ камтар биҷӯшонанд ва баъд молида, фишурда, соф гардонида бихӯранд, барои ҷингак шудани узвҳо аз ғалабаи балғам, карахтй, саратони решгапгга нофеъ аст. Агар 15 грамм зарпечакро кӯфта, бо камтар асал ва андаке намак бихӯранд, моддаҳои савдо ва балғамро бо исҳол хориҷ мегардонад.

  Огоҳ намоем, ки таркиби зарпечак бисёр нозук аст. Бинобар ин онро бисёр маҳин кӯфтан, дар об ва дигар давоҳои рақиқ (суюқ) муддати дароз чӯшонидан лозим нест. Агар маҳин бикӯбанд ва ё бисёр ҷӯшонанд, хислати давогиаш гум мешавад. Ҳангоми ҷӯш надода истеъмол кардан кӯфта, пачақ намудан кифоя аст ва агар ҳатман ҷӯшонидан мурод бошад, як-ду ҷӯш хӯрад, басанда асг.

  Хӯрдани зарпечак ба одамони сафровӣ ва гарммизоҷон, инчунин ба ҷавонон зарар дорад: ғамгинӣ, беҳушӣ ва ташнагиро ба зуҳур меоварад. Дар ин ҳолат заъфарон, катиро ва бо равғани бодоми ширин чарб карда бихӯранд, зиёнаш ислоҳ меёбад. Ба қавле ба шуш ҳам зарар дорад. Дар ин маврид шилми бодомҳоро бихӯранд, безиён мегардонад.

  Миқдори як бор хӯрдан аз зарпечак дар як рӯз то

17,5  грамм аст ва барои дар об ҷӯшонидан  35 грамм меандозанд.

Назди admin

Инчунин хонед инро

bouna

Бобуна чиро табобат мекунад?

Бобуна (русс. ромашка) —   Гули ин дар сохт ба гули бобунаи говчашм монанд аст, вале …