АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / Зирк чи андоза фоида дора?

Зирк чи андоза фоида дора?

Зирк (русс. Багульник)  —   Инро тоҷикони баъзе маҳалҳо зелол низ меноманд. Зирк буттадарахти маълум аст, ки танаш хорҳои сегона дорад ва чӯбаш дар зери пӯстлохаш зард мебошад. Гулаш зарди сафедтоб, самараш дар хӯша, дар вақги ғӯрагӣ кабудсабз ва баъди пухтан сиёҳ ва сурх мегардад. Қисми беҳтаринаш он аст, ки самараш дарозак бошад, он чӣ кулӯла аст, шарбаташ кам ва барои давогӣ суст аст.

zirk

Мизоҷаш хунук ва хушк дар дараҷаи севум аст. Хусусиятҳои нигохдорандагӣ, яъне қабзият ва тарёқӣ дорад.

Хислатҳои шифобахши он: чойники миёнаҳаҷмро бо оби ҷӯш чайқонида, ҳар як бемор як чанголи худ аз самари хушки зирк дар он андозаду аз болояш оби ҷӯш пур карда, баъди хунук шудан оби онро бинӯшад, ҳамин тавр се рӯз давом диҳад, хилти сафроро қатъ мекунад; ташнагӣ, тафси меъда ва ҷигарро таскин медиҳад, фишори баланди хунро ба эътидол меоварад ва аз дарун рафтани хунро, ки аз ҳар як узве бошад, манъ мекунад; дил, ҷигар ва меъдаи гармро қувват мебахшад ва намегузорад, ки моддаҳои зарарнок ва нодаркор ба ин узвҳо рехта шаванд, инчунин барои бавосир ва рафтани рутубати беҷо аз бачадон низ мумкин аст, биёшоманд.

Вале барои кушодани гиреҳи ҷигар, дафъ кардани истисқо, қувват бахшидан ба ҷигари хунукмизоҷ ва дигар узвҳои даруни шикам ва даруни сина, барои манъ кардани исҳол аз сустии ҷигар ё бар зидди таби кӯҳнае, ки аз бисёрии балғам мегирифта бошад, бо дорчинӣ ва асал бихӯранд, шифо мебахшад. Агар он оби зирк тар кардашударо бо оби талхшувоқ якҷо бинӯшанд, узвҳои ҳозимаро (меъда, ҷигар, сипурз ва рӯдаҳоро ) қавӣ мегардонад; бо заъфарон бинӯшанд, барои сахтии ҷигар ва рондани пешоб дору мешавад. (Дар омади гап, қайд кунем, ки агар ҷигар сахт гардад, инро бо усули тибби қадим илоҷ накунанд, ранги бемор торафт заҳиртар тофта, иллат рӯз ба рӯз бадтар мегардад ва оқибат гирифтораш барҷомонда гашта, аз олам чашм мепӯшад).

Самари зиркро кӯфта гузошта банданд, ҷоҳои сахтгаштаи баданро мулоим мекунад.

  Оби меваашро бинӯшанд, қай ва беҳузур шудани дилро манъ месозад.

  Тухмашро маҳин кӯфта бихӯранд, захми рӯдаҳо ва харошида шудани сатҳи даруни онҳоро шифо мебахшад, инчунин исҳолеро, ки аз сустии узвҳои шикам ҳодис шуда бошад, бозмедорад.

  Чун бигиранд як миқдор оби меваи зирк ва баробари он оби себи пухтагӣ, оби лиму чоряки он, ки нисфи яке мебошад, шакари сафед дар он ҳал карда, ба қивом оваранд, то ки ғафс гардад ин тарёқи ҳар гуна заҳрҳои қаттол аст. Ин таркиб барои газидани мори афьӣ, иллатҳои дилтапак (дилбозӣ), беҳушшавӣ, ғамгинӣ ва сустии иштиҳо дору мешавад. Агар ба ин таркиб туршак (щавель), турунҷ ва ҳали марворид изофа намоянд, ҷойи тарёқи кабирро мегирад. Тарёқи кабир- ин беҳтарин давои мураккаби тибби Шарқ мебошад, ки барои аксари бемориҳои сардмизоҷ нафъ дорад.

  Хуллас, зирк ба одамони гарммизоҷ ва сафровимизоҷ фоидабахш ва мувофиқ аст, вале барои касони хунукмизоҷ, яъне ба онон, ки дар баданашон хилтҳои савдо ва балғам зиёд бошанд, зарар дорад, инчунин ба беморони қулинҷ ва иллати бодӣ доштагон низ зиён мекунад. Агар ба хунукмизоҷон зарар расонида бошад, бояд қаранфули гардан бихӯранд ва агар ба одамони дорои мизоҷи дигар зарар кунад, шакар ва дигар шириниҳоро истеъмол фармоянд, безарар мегардад.

  Микдори як бор нӯшидан аз оби самари зирк то 100 грамм аст дар як рӯз ва миқдори хӯрдан аз тухмаш то 14 грамм аст. Агар тухми зирк ёфт нашавад, ба ҷойи он ҳамин миқдор тухми гули сурхро ба кор баранд, раво мебошад.

  Аз реша ва чӯби зирк қивом ҳам тайёр мекунанд ба ин тариқ. Решаашро бо теша тароша карда, дар зарфи калон аз болояш об рехта, муддате то қувваташ ба об гузалгган меҷӯшонанд. Баъд он обро ҷудо намуда, ба офтоб мегузоранд, ки қивом гардад. Ҳамин қивоми зирк аст ва хеле талх мебошад.

  Мизоҷи қивоми зирк дар дараҷаи якум гарм ва дар дувум хушк аст.

  Агар аз ин қивом камеро дар гулоб ҳал карда, дар чашм кашанд ё чаконанд, рутубатҳои равони чашмро хушк мекунад ва бақияи дарди онро, ки кӯҳна шуда бошад, дафъ месозад. Агар пеш аз дард карданаш ба чашм кашанд, дарди чашмро пешгирӣ мекунад.

  Агар инро бихӯранд, исҳолро мебандад ва намегузорад, ки моддаҳо дар бадан бадбӯй гарданд ва агар бӯйи бад гирифта бошанд, манъ мекунад, гиреҳхоро мекушояд, пухтани (ҷӯшиши) даҳан ва сустии милкҳои дандонро шифо мебахшад, чашми заифро қавӣ мегардонад.

  Инро бипошанд, реш ва захмҳоро хушк мекунад.

  Қивоми хушки зиркро маҳин ос карда, чун сурма ба чашм кашанд, чашмро қавӣ мегардонад. Агар инро дар об ҳал карда, он обро дар даҳан гардонанд, бадтарин дарди даҳан ва ҷӯшиши бехи дандонҳоро шифо мебахшад, дарди дандонро таскин медиҳад ва милки дандонро мустаҳкам мекунад. Камтарашро аз он дар шароб ҳал карда бинӯшанд, иллатҳои номбурдаро шифо мебахшад.

  Аз қивоми зирк ҳар рӯз ба андозаи донаи ҷав дар об ҳал карда бинӯшанд ё онро бо об фурӯ баранд, дар муддати як ҳафта ё даҳ рӯз кирми ҷигарро нест мекунад. Агар инро бо шароб бихӯранд, дарди ҷигари бетабро даво мешавад, вале бо оби хунук биёшоманд, дарди ҷигари табнокро ба ибро меоварад.

  Инро дар об ҳал карда, бо он нимгарм ҳуқна (клизма) кунанд, захми рӯдаҳоро аз чирк пок мекунад.

  Вале хӯрдани қивоми зирк ба одамони сурфа дошта зарар мекунад. Дар ин маврид асал бихӯранд, зиёнаш ислоҳ мегардад.

Назди admin

Инчунин хонед инро

миробалан- халила

Ҳалила ва фоидаи у

Ҳалила (ба русс. Миробалан) — Ин самари дарахти ҳиндист, дар ҳаҷм ва намуд гуногун мебошад, ки …