МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
Зуф - Барги зулф

Зуф

Зуф (барги зулф)- ин растанӣ ду навъ мебошад. Якеро баргаш камбару дароз, аз миёни баргҳояш пояи борике мехезад, ки дар сари он поя тухм мебандад. Навъи дигареро барг васеъ ва шакли он дароз нест, назар ба барги хели якум калонтар. Агар банди барг ё баргашро аз бандаш ҷудо кунанд, чизҳои риштамонанд аз он зоҳир мегардад. Ин навъаш аз миёнаи поя то нӯгаш зич тухм мебандад. Баргашро барги зуф меноманд. Мо ба воситаи мушоҳидҳои худ низ муайян намудем, ки ҳар ду навъаш ҳам барои давогӣ мешояд. Тухми навъи дувумаш сиёҳтоби кулӯла ва майдатар аз навъи якум мебошад.

Мизоҷаш дар дараҷаи дувум сард ва хушк аст, вале дар тухм ва решааш хушкӣ зиёдтар мебошад. Хислатҳои шифобахши он: ҳар як қисми зуфро бихӯранд, хун қай карданро манъ мекунад ва тамоми хунравиҳоро аз ҳамаи узвҳои ботинӣ банд менамояд (аз ҷумла, хуни биниро ҳам) ва барои иллати саръ даво мешавад. Агар инро дар бинӣ бирезанд ё дар пеши сар ва сина гузошта банданд, ҳамин таъсирро дорад.

Обашро нимгарм батакрор дар гӯш чаконанд, дарди гӯшро, ки аз гармӣ бошад, таскин медиҳад.

Решаашро дар об ҷӯшонида, он обро дар даҳан гардонанд ё баргашро бихоянд, дарди дандонро таскин медиҳад, ҷӯшиш ва дигар бемориҳои даҳанро шифо мебахшад, хатто доначаҳои дар он дамидаро ҳам, ки бадтарин иллати даҳан аст, дафъ мекунад; милки дандони сустгаштаро мустахкам менамояд ва хунравиро аз он бозмедорад. Ва ё оби навъи борикбарги онро дар даҳан гардонанд, ҷӯшиши даҳанро дафъ мекунад.

Оби зуфро хоҳ бичаконанд ва ё бимоланд, дарди чашмро, ки аз гармӣ бошад, шифо мебахшад. Доруҳои чашм дар оби ин гиёҳ соида мешаванд ва худаш низ ба давоҳои чашм дохил карда мешавад. Тухмашро бихӯранд, хунравиро аз дарун манъ мекунад.

Наскро бо барги он якҷо пухта бихӯранд, дамкӯтаҳиро шифо мебахшад. Усораи онро, ки оби дар офтоб ғафс гардонидашудаи он аст, биёшоманд, барои иллати диқ (лоғаркунанда), сил, хун қай кардан, захми шуш, дамкӯтаҳӣ аз ғалабаи хун, яъне аз фишори баланди хун ва саръ даво мешавад. Хӯрдани усораи он ҷигар, сипурз ва гурдаи гарммизоҷро қавӣ мегардонад, инчунин гиреҳи ин узвҳоро мекушояд, шиддати ташнагиро мешиканад, вайронии ҳазми таомро дафъ мекунад, хун қай карданро бозмедорад, хунравиҳоро, ки аз ҳар як узвҳои ботинӣ бошанд, манъ менамояд, сӯзиши пешоб, яъне сӯзокро шифо мебахшад, вале хуни ҳайз ва бавосирро мебандад.

Реша, барг ё тухми онро бихӯранд, гиреҳи ҷигар, гурда ва хичакро мекушояд, инчунин ин ба давоҳои кушояндаи гиреҳҳои онҳо дохил карда мешавад, илова бар ин барои захми рӯдаҳо дармон мебошад. Наскро бо барги он якҷо пухта бихӯранд, ба ҷойи барги лаблабу барои иллати истисқо (водянка)-и гарм дармон мешавад.

Инро ба намак, наск ва сирко пухта бихӯранд, исҳоли хунинро мебандад. Оби баргашро бо шароби тило (мусаллас) биёшоманд, барои дарди гурда ва хичак даво мебошад. Усорааш, яъне оби баргашро дар офтоб ғафс гардонида биёшоманд ё тухми онро дар об чӯш дода, бо он об нимгарм ҳуқна кунанд, захми рӯдаҳоро шифо мебахшад ва хуни бавосирро мебандад.

Агар кӯфтаи барги зуфро занҳо аз таг бардоранд, дарди бачадонро, ки аз ҳуқна кардан ба ҳам расида бошад, таскин медиҳад. Гуфтаанд, ки агар се адад решаи онро бихӯранд, таби рӯздармиён ва чор адад решаи онро бихӯранд, таби дурӯздармиёнро шифо мебахшад. Агар усораи барги инро бо 113 грамм шароб даромехта биёшоманд, табҳои тезро дафъ мекунад.

ЗуфРешаи зуфро бо намак кӯфта гузошта банданд, заҳри саги девона газидаро дафъ мекунад. Барг ва решаи инро кӯфта гузошта банданд ё хушкашро кӯфта бардавом бипошанд, захмҳоро аз рим пок месозад ва решҳои хабисаи кӯҳна, ҷароҳатҳои чуқуррафта, сӯхтагии оташ, нори форсӣ ва решҳои давандаи хӯрандаро шифо мебахшад. Агар инро бо сафедоб (белила) даромехта гузошта банданд, ҷамра (карбункул) ном реши муҳлик ва филпоро аз афзоиш манъ намуда, баъд дафъ мекунад.

Решааш ё баргашро кӯфта гузошта банданд, варамҳои гармро таҳлил медиҳад; мӯрчагазак, шаро (аллергия), сурхбод, варами пушти гӯш ва ханозер (хукгардан)-ро шифо мебахшад. Агар решаашро ба гардан овезанд ҳам, барои ханозер хуб таъсир мекунад.

Вале мегӯянд, ки истеъмоли ин ба дарун барои шуш зарар дорад. Барои дафъи ин зиёнаш асал бояд хурд. Инчунин усораашро бихӯранд, ба сипурз зиён дорад — дар ин ҳолат мустако бояд биёшоманд, то ки зарари он ислоҳ ёбад.

Миқдори як бор нӯшидан аз оби барги он дар як рӯз аз 50 то 150 грамм аст. Ба ҷойи ин туршаки (щавели) бӯстониро истеъмол намоянд, раво мебошад. Хосияти тухмаш монанди усораи барги он аст. Аз ҷумла 3,5 грамм аз ин биёшоманд, хунравиро аз қисми поёни бадан манъ мекунад.

Ин тухмашро тафсонида бихӯранд, исҳолро мебандад; агар бо равғани бодоми ширин ё равғани гулисурх чарб карда бихӯранд ё танҳо худашро дар об ҷӯшонида, он обро бо тухмҳояш якҷо биёшоманд, дарди рӯдаҳоро дафъ мекунад, хунравиҳоро, ки аз дарун бошанд, мебандад. Миқдори як бор хӯрдан аз тухмаш дар як рӯз то 10,5 грамм аст.

Ин ҷо ду калима аз бозёфтҳои худ дохил намоем. Ҳар рӯз ба дили наҳор оби барги зуфро ним ё як соат пеш аз ношито ва бегоҳи рӯз низ аз 150 то 180 грамм то як моҳ бинӯшанд, саратони меъдаро шифо мебахшад.

Назди admin

Инчунин хонед инро

Пиёзи Ансул

Пиёзи ансул

Пиёзи ансул (Анзур ба русс.) — Номи инро барғалат «анзур» мегӯянд, ки ҳатман таҳриф аст. Ин …